September 2018

28 September 2018

Ватанпарастиро пинҳонӣ даъво кардан нашояд

Ҳама он тағйироту пешравиҳое, ки дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ба вуқӯъ омадаанд, ба хотири беҳсозии зиндагии мардум нигаронида шуда аст. Дар зарфи 27 сол сатҳи зиндагии ҳар хонаводаи тоҷик ба таври чашмрас рушд кардаву боло рафт. Аз ҳама муҳим, халқи тоҷик ҳамчун халқи сулҳпарвар ва тамаддунофар муаррифӣ гардид.

Барои ин ҳақиқатро пазируфтан 27 сол муқаддам, бо айби ба ном «наҳзатиёни исломӣ» баринҳо кишвар оғуштаи хоку хун гашта буд, ки имрӯз боз даъвои Ватану ватандорӣ мекунанд. Имрӯз мо - тоҷикистониён аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат розиему шукргузор.

Чанд рӯз инҷониб дар сомонаҳои интернетӣ, махсусан, «Фейсбук» дар бораи баргузории ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА маводҳои зиёде ба нашр мерасанд. Бояд қайд намуд, ки сомонаҳои кисагии ТТЭ ҲНИ, “имзо”-и ба ном Паймони миллӣ байни аъзои як гурӯҳро чунон ба қалам додаанд, ки гӯё миллати огоҳи тоҷик аз нақшаҳо ва амалҳои шуми наҳзатиён хабар надошта бошад. Аммо аксари шаҳрвандони худогоҳи Тоҷикистон дақиқ медонанд, ки ин ҳама созмону созмончаҳо, ки гӯё муттаҳид шуданд, маҳз бо ташаббуси Муҳиддин Кабирӣ ва пуштибони молиявии хоҷагони хориҷии онҳо таъсис дода шуда, аъзои ангуштшумор доранд. Ин амалкардҳои наҳзатиён дар хориҷи кишвар низ ба хандахариш шудани онҳо сабаб гардид.

Қобили таассуф аст, ки тавассути минбари ба ном «бонуфӯз»-и САҲА мошинҷаллобону бозорчиҳо низ амсоли Илҳом Ёқубову Муҳиддин Кабирӣ даъвои ватанпарастӣ мекунанд ва дар бораи як кишвар «фикр»-у «андешаҳо»-и беасоси худро баён намоянд. Ин ҳолат ба гурбаи тар ва гуруснае монандӣ дорад, ки ҳайрон аст даъвои хӯрданӣ надоштан кунад ё дар ягон кунҷи танҳоӣ пинҳон шавад.

Таассуфовар аст, ки дар ҷаласаи САҲА чунин нафарони ватанфурӯш ва бозорӣ ба минбар баромада, Тоҷикистонро туҳмат кардаанд. Аз ҷумлаҳои подарҳавои Илҳом Ёқубов маълум, ки ӯ аз кӯчаи суханварӣ нагузаштааст ва забони русиро дуруст намедонад, ҳатто мактаби миёнаро дуруст нахондааст.

Дигар ба касе пӯшида нест, ки дини Ислом барои роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок маҳсуб шуда, дар ин ҷода арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигарон «як пули пучак» арзиш надорад. Сарфи назар аз гузашту ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҳзатиҳоро марому мақсад дигар буду ин раванд аз ҷониби хоҷагонашон муайян ва мушаххас мегардид. Бояд тазаккур дод, ки нақшаю ниятҳои душманонаи наҳзатиён ба зидди миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» аз забони собиқ аъзои фаъоли ин ҳизби террористӣ Айёмиддин Сатторов садо дода, парда аз рӯи асрори нангини ТТЭ ҲНИ бардошт.

F.САНАВВАРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Читать далее

Адолати судӣ аз афкори ифротӣ вобаста нест!

Саркардагони ҷиноятпешаи ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо афкору кирдори  ғаразноки  худ  паст задани аҳамияти  арзишу дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистонро  дар зеҳни мардум ҳадафи худ қарор дода, бо ин васила  соҳиби  “садақаву хайрия” шуданд.

Лекин, бо афкору ангезаҳои моҷароҷӯии худ онҳо ҳаргиз ба ҳадафи худ намерасанд.

Тавассути  шабакаи интернет паҳн  шудани маърузаи яке аз пайравони ҳизби ҷиноии наҳзат, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубов бо мақсади олуда кардани адолати судӣ дар Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин гуна андешаву афкор ба бедор кардани фазои нобоварӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолати мардум роҳандозӣ шудааст. Дар сурати надонистани ҳақиқати ҳол хонандаи оддӣ мумкин аст, бинобар  фориғболию  бехабарӣ  ба маводи дурӯғ пурра ё қисман бовар  ва нисбат ба адолати судӣ шубҳае пайдо кунад. Бинобар ин, ба ин масъала аз нуқтаи назари қонун баҳо дода, қайд кардан зарур аст, ки адолати судӣ аз рӯи хоҳиш, ирода, розигӣ ё норозигӣ амалӣ намешавад. Маълумоти  нашркардаи И.Ёқубов,  ғайр аз дарду алами шахсӣ ва норозигиву эътирози ботинӣ дигар чизе нест. Чунки мувофиқи қоидаҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон тамоми имкониятҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд, ки  қонунӣ, асоснок ва одилона  баррасӣ ёфтани парвандаҳо таъмин гардад.

Ғайр аз ин, тибқи талаботи қонун дар ҷараёни пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқу озодиҳои шахсро, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок мекунанд, ҳимоя намуда, бобати татбиқи онҳо шароит фароҳам меоранд, барои қонеъ намудани талаботи қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ сари вақт чораҳо меандешад. Аз як тараф, агар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷиноят ва ҷинояткорӣ вазифаи асосии мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бошад, аз ҷониби дигар, дар ҳама марҳалаҳои судӣ барои амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ шароит муҳайё карда мешаванд.

Тартиби муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, обрӯ ва молу мулки иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» муайян кардааст. Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, татбиқ намудани чораҳои амниятие, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки онҳо (муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзил ва молу мулк; додани воситаҳои махсуси мудофиаи шахсӣ, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар; таъмини махфияти маълумот дар бораи шахси ҳимояшаванда; кӯчонидан ба маҳалли дигари истиқомати муваққатӣ; иваз намудани ҳуҷҷатҳо; тағйир додани симои зоҳирӣ; дигар кардани ҷои кор (хизмат) ё таҳсил; ҷойгиркунонии муваққатӣ дар маҳалли бехатар; татбиқ намудани чораҳои амниятии иловагӣ нисбат ба шахси ҳимояшаванда, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад ё дар маҳалли адои ҷазо қарор дорад, аз ҷумла гузаронидани ӯ аз як маҳалли дар ҳабс нигоҳдорӣ ё адои ҷазо ба дигар маҳал) равона гардидаанд, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда (аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ аз рӯи тартиб ва андозаи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии яквақта ва нафақа таъин карда мешавад) бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ гардонида мешаванд. Ҳангоми  баррасии судии парвандаҳо риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он кӣ дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси масъулияти муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, тартиби мурофиавии судии номбаршуда дар Тоҷикистон маҷмӯи қоидаҳои пешқадамеро дар бар гирифтаанд, ки ба ҳар шахс дастрас будани адолати судиро  таъмин мекунанд. Ин гуна афзалиятҳои ҳуқуқӣ дар низоми  ба амалбарории адолати судии  на ҳама давлатҳо дида мешавад.

Бинобар ин, андешаву хаёли хоми ифротгароён ва хиёнаткорон асосҳои адолати судиро коҳиш дода наметавонад, баракс дур нест рузе, ки аъмоли хавфноки ҷинояткорон ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва дигарон, ки ба Ватану миллати худ хиёнат кардаанд, мавзӯи баррасии судӣ қарор гирад.

 А.Раҳматулоев,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Хатари ҲНИ аз хатари бомбаи атомӣ кам нест!

Дар таърихи навини инсоният рушди фаъолияти ташкилотҳои террористӣ-экстремистии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Маъмулан, хатари ин зуҳуроти номатлуб сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои мазҳабӣ мегардад. Бар асари ин ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра зери хавфу хатар монда, ҳазорҳо одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд.

Мутаассифона, имрӯз бархе аз мардуми кишвари мо аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои нопок гардида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил мегарданд. Баланд бардоштани дониши дурусти динӣ ва дунявии мардум метавонад омили паст шудани ҷалби мардум ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар ҷомеа гардад.

Дар барномаҳои ТТЭ ҲНИ дарки дурусти омӯзиши дини мубини Ислом ба роҳ монда нашуда аст. Онҳо барномаҳои таълимию тарбиявии муттаҳидсозиро барои худ пеша накарда буданд. Яке аз сабабҳои тақсимшавии ҷомеаи мусулмонон дар рӯйи олам ин гурӯҳсозӣ ва парокандагӣ мебошад.

Имрӯз дар ҷомеаи исломии – радикалӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод менамоянд. 

Тавре таҷриба шаҳодат медиҳад, аз амалҳои ТТЭ ҲНИ бармеояд, ки мақсаду мароми он халалдор гардонидани зиндагии осоишта, гумроҳ кардани мардуми Тоҷикистон  мебошад. Оқибати ихтилофот бадбахтист. ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин мардум бо нидои ба ном «Аллоҳу акбар» дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани мусулмони  бегуноҳ ҷиҳод аст? Магар шахси маргталаб шаҳид аст? Ҳаргиз не! Дини ислом чунин нест! Он дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст. Бинобар ин, мо бояд истиқлолияти сиёсӣ ва ваҳдати миллии таҳаммулпазиронаи худро нигоҳ дорем ба қадри тинҷию оромӣ бирасем ва намонем, ки байни мардуми шарифи тоҷик ғояҳои ифротии ТТЭ ҲНИ ва роҳбарияти хиёнаткори он паҳн гардад.

Б.САМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес 
ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Минбари САҲА минбари ТТЭ ҲНИ

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бехатарӣ ва демократикунонии ҳаёти кишварҳои дунё  кӯмак мерасонад. Ҷанбаи дигари фаъолияти созмони мазкур барқарор намудани сулҳу оромӣ дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон аст. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмон ҳамкории дуҷониба дошта, намояндагиҳои он дар пойтахти кишвар ва шаҳру ноҳияҳо фаъолияти пурсамар доранд. Дар ҷамъомадҳои САҲА масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон, истиқрори сулҳу оромӣ, мубориза алайҳи экстремизму терроризм, пешгирии истеъмол ва паҳншавии маводи мухаддир муҳокима гардида, тавсияҳои зарурӣ ба давлатҳои аъзо пешкаш мегардид.

Мутаассифона, давоми ду-се соли охир ин созмони байналхалқӣ ба ҷаласаҳое, ки дар кишварҳои гуногуни Аврупо баргузор мекунад, намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро, ки бо сабаби хиёнаткорӣ нисбат ба давлат ва миллат  фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шудааст, даъват намуда, имкон медиҳад, дар ҳаққи давлати Тоҷикистон буҳтон ва  суханони бардурӯғро паҳн намояд. Давоми солҳои Истиқлолият ТТЭ ҲНИ  ба манфиатҳои давлату миллат хиёнат намуда, борҳо кӯшиш кардааст, ки вазъи иҷтимоиро дар кишвар муташанниҷ гардонад.

Ба ғайр аз намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубов, ҳамоҳангсози Анҷумани рушд ва ислоҳоти Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ва узви Анҷумани озодандешони тоҷик Алим Шерзамонов дар мавзӯъҳои ба ном актуалии худ, сиёсати имрӯзаи кишвари моро зери танқиди беасос  кашиданд. Лек ин ҳама фиреби навбатии наҳзатиёни хоин буд, ки ними ҷаҳон аллакай бохабаранд.

С.МУРТАЗОЕВ, 
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Чӯҷаи зоғи зулматсиришт...

 

 

 

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтам, ки як зумра мунофиқони фирории тоҷик, ки дар мамолики хориҷи кишвар зери қаноти хоҷагони худ, бо дастгирии “чӯҷаи зоғи зулматсиришт” оғои Муҳиддин Кабирӣ дар Лаҳистон гирди ҳам омада, кӯшиш ба харҷ додаанд, то санги маломате ба ватани аҷдодии худ зананд.

Бояд қайд намуд, ки Кабирӣ сурат ва сирати аслии худро нишон дод. Ӯ ҳамон “чӯҷаи зоғи зулматсиришт” мебошад, ки дар ҷаннати рӯи замин - Тоҷикистони азиз ҷой гирифта буд. Обу дону нуқли ӯ аз ҳисоби халқи одии заҳматкаш буд.

Аммо, ин чӯҷаи зоғ аз анҷири ҷаннат ва обу ҳавои мусаффои он қаноат накарда аз гиребон гирифт.

Кунун Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чун зоғҳои манқурт зери болу пари аҷнабиён афтода, ба як санги сиёҳи Тоҷикистони азиз зор хоҳанд шуд. Зеро фармудаанд:

 Шавад оқибат бачаи зоғ-зоғ,

Кашад ранҷи беҳуда Товуси боғ.

 

                                                     Б.ҚУДРАТОВ,
мудири бахши дин, танзими анъана
ва ҷашну мароисми шаҳри Бӯстон

 

 

 

 

Читать далее

Таҳқири беасос ба кӣ лозим?

Ҳафтаҳои охир аз тарафи намояндагони ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ атрофи чигунагии ҳокимияти сиёсӣ, мақомоти судӣ ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон андешаҳои бисёр баён мешаванд.

Илҳом Ёқубов яке аз он наҳзатиест, ки дар Варшава зери мавзӯи мустақилияти озодии сухан ва васоити ахбори омма суханронӣ намуда, ба бисёр масъалаҳо изҳори норозигӣ баён менамояд. Ӯ бояд донад, ки низоми демократия дар Тоҷикистон алҳол дар шароити инкишофёбист ва он аз реҷими демократии кишварҳои Аврупо ва ИМА хеле фарқ мекунад. Инҷо масъалаи фарҳанги миллӣ ва таҷрибаи таърихии миллат низ ба эътибор гирифта шавад, ки тоҷикон соҳиби кадом аз таҷрибаҳои маданияти сиёсӣ мебошанд.

Дар ҳамаи давлатҳои пешрафтаи демократӣ васоити ахбори оммаи пурра мустақил вуҷуд надорад. Тоҷикистон низ дар ин масъала истисно нест. Муқоисаи вазъи озодии баёни давлатҳои дигари демократӣ бо Тоҷикистон, ки таҷрибаи беш аз 200-солаи демократӣ доранд, нишони соддалавҳист.

Аз ин лиҳоз, камина ба андешаҳои Илҳом Ёқубов розӣ нестам. Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва чигунагии фаъолияти он ба ҳолати сиёсиву фарҳангӣ марбут буда, он дар шароити инкишофёбист.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

27 September 2018

Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.

Читать далее

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимию созанда масъалаҳои таъмиқи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз мешавад

Моҳҳои октябр-ноябри соли 2018 дар ҳудуди вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ва ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар ин бора қарори Раиси вилоят аз 7 сентябри соли 2018, №416 ба тасвиб расид.

Тибқи ин қарор барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, комиссияи вилоятӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъсис дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ифтитоҳи Толори қабули меҳмонони расмӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

26 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Толори қабули меҳмонони расмии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро ифтитоҳ карданд.

Толори қабули меҳмонони расмӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дар сатҳи баланд ва тибқи анъанаҳои накуи меҳмоннавозии миллати тоҷик пазироӣ кардани намояндагони расмии кишварҳои хориҷ, аз ҳисоби маблағҳои даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд шудааст.

Читать далее