September 2018

25 September 2018

Кабирӣ мурдори сиёсиест, ки бо супориши хоҷагонаш ба САҲА рафт

Пӯшида нест, ки роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом террорист Муҳиддин Кабириро хоҷагонаш мудом дастгириӣ ва пуштибонӣ намуда, ӯро мунтазам сармоягузорӣ мекунанд. Вагарна Кабирӣ на сиёсатмадор ва на олими дин ва на ягон мутахассис ва на ягон ҳунарманд аст, ки дар хориҷа бо меҳнати ҳалол рӯзӣ пайдо намуда, худ ва аҳли оилаашро хӯронад. Аз ин нуқтаи назар ҳамагон медонанд, ки Кабирӣ меҳнати ҳалол кардан, заҳмат кашидан ва бо арақи ҷабин дарёфтани ризқу рӯзиро бад дида, мехоҳад доимо бо пайсаи муфти хоҷагонаш рӯзӣ пайдо кунад.

Дар ҷаласаи САҲА ин маротиба Кабирӣ на бо ниқоби наҳзат, балки бо ниқоби демократия ширкат намуда, хостори ба аҳли олам нишон додани он буд, ки гӯё ӯ акнун ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузораду арзишҳои диниро канора мекунад.

Аммо ҳамагон хуб медонанд, ки Кабирӣ аллакай дар хиёнаткориву фиребу қатлу куштор ва ҷаҳолату авбошиву туҳмату буҳтон таҷрибаи кофӣ дорад ва қаблан барои расидан ба татбиқи ин амалҳо ӯ ниқоби дин ба бар намуда буд. Акнун, ки аҳли ҷаҳон аз сӯйистифода ва бадномкуниҳои наҳзат аз дини мубини ислом огоҳ гардиданд, Кабирии разил ин маротиба мехоҳад ба худ ниқоби демократия кашида, боз ҳам ҷавонони ноогоҳро гумроҳ намуда, ҳаёти босаодати онҳоро зери суол барад.

Дар ин маврид суоле пеш меояд, ки ин ҳама бадрафториву бадтинатӣ ва пастфитратиро Кабирӣ барои чӣ анҷом медиҳад? Албатта барои ба даст овардани пайсаи муфти хоҷагон. Чун хоҷагони Кабирӣ, ки имкони бо дасти худ анҷом додани амалҳои ноҷавонмардонаро надоранд, Кабирӣ ва кабирибаринҳо – яъне мурдорҳои сиёсиро барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Барои Кабирӣ сулҳу субот, оромиву тинҷӣ, хурсандии пиру барно, хандаи беғами кӯдакон, осудагии модарон ва ваҳдату якдилӣ ҳеҷ арзише надорад, зеро Кабирӣ ҳамаи ин арзишҳоро бо пайсаи бедардимиёни хоҷагонаш иваз намудааст.

Аз ин рӯ, агар Кабирӣ дар ҳазор ҷаласаҳои САҲА ширкат ва тӯтивор сухан ронаду худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳад ҳам, Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар аз хиёнатҳои ӯ огоҳанд ва Кабириву хоҷагонашро маҳкум менамоянд.

Фарҳод Воҳидов,
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

Паймони бепаймони хоинони миллат

ИЗҲОРОТИ кафедраи  иқтисодиёт ва идораи ДПДТТ дар мавриди ташкили «Паймони миллӣ» аз ҷониби хоинони миллат

Мо, устодони  донишкада аз «дастгириву баҳамоӣ»-и душманони миллат, ки зери «Паймони миллӣ» имзо гузоштанд, шадидан маҳкум мекунем. Ин нафарон, ки чанде қабл идеяи яке аз олимони саршиноси тоҷики муқими Аврупо Ҳафиз Бобоёровро моли худ карда, мехоҳанд эътилофи қавие созанд. Аммо ҳамонтавре, ки ба таркиби ин «иттиҳоду ҳамбастагӣ» назар меандозем, аён мегардад, ки роҳбарони онҳо ҳамон шахсиятҳоеанд, ки аз косаи оби наҳзатиён об хӯрдаанд. Яъне, ҳамон Алим Шерзамонов «лидери наҳзатиён» дар Бадахшон, Шарофиддин Гадоев, косалеси ширкати «Умед- 88» ва Илҳом Ёқубов, чапдасти хуҷандӣ аст, ки солҳои сол мардумро дар рӯзи равшан фиреб намуда, шабҳо назди дӯстони наҳзатиаш корномаҳои рӯзгорашро ситоиш менамуд. Ин «иттиҳоду ҳамбастагӣ» ҳамон рӯзи таъсисёбиаш обрӯи худро аз даст дод. Зеро дигар ҳамақидаҳои онҳо ин «сарҷамъшавӣ»-ро мазҳакае хонданд. Аз ҷумла Дадоҷони Атовулло, ки худро оппозитсияи қавӣ ном мебарад, дар шабакаҳои иҷтимои хандахариш унвон кардааст.

Мо, устодон пайваста дар баробари таълими илми дунявӣ шогирдонамонро ҳушдор медиҳем, ки дониши сиёсии ҳудро қавӣ созанд. Дар муқобили ин ҳама носипосон бо дониши қавии худ истодагарӣ намоянд. 

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

ҶАВОНОН-НЕРӮИ ШИКАСТНОПАЗИР!

ИЗҲОРОТИ

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар мавриди  таъсиси Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон

Мо-ҷавонони фаъол, ватандӯст ва соҳибиродаи вилояти Суғд  «иқдом»-и навбатии гурӯҳе аз хоинони миллатро, ки дар шаҳри Варшава дар нишасти САҲА  иштирок карданд, қатъиян маҳкум мекунем. Зеро ин тӯдаи авбош, ки худро «рақибони сиёсӣ»-и Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд, дар ҷомаи наҳзатиён гурӯҳҳои худро созмон дода, бо ин амалашон мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор диҳанд, ки гӯё зидди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон як рақиби сиёсӣ не, балки чор ниҳоди пурқудрат мубориза мебарад. Аммо ҳамон Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва Шарофиддин Гадоев дар гузашта аъзо ва думравони ҲНИ дар минтақаҳо буданд. Имрӯз ин нафарон бо таъсиси “Паймони миллӣ” қудрат ва тавоноии худро мехоҳанд нишон диҳанд. Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик гумроҳзада нест ва медонад, ки ин нақшаву тарҳ аз ҷониби кӣ шурӯъ шудаву муалллифи ин мазҳака кист.

Интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари ин «Паймони миллӣ» бори дигар гуфтаҳои болоиро шаҳодат медиҳад. Гузашта аз ин, аъзоёни «Паймони миллӣ» ҳамагӣ он нафаронеанд, ки собиқ дӯстону ҳамҳизбиёни худро дар чорраҳаи тақдир танҳо гузошта, аҳдшиканона тарки диёр намудаанд ва имрӯз хориҷ аз кишвар бо маблағҳои хоҷагонашон фақат иғвову дасисаро ба ҷомеа паҳн мекунанд.

Ин амалҳои хиёнатпешаи душманони миллати рӯҳи моро шикаста намегардонад, балки моро боз ҳам муттаҳидтару қавитар мегардонад.   Миллати мо аз имтиҳонҳои сахту сангин борҳо гузаштааст. Иродаи қавӣ, масъулияти бештар дар муқобили ин ҳама тадбиркориҳои «дӯстони миллат» моро ҳатман пирӯз мегардонад. Мо ҳама баҳри ободии диёр саҳм хоҳем гирифт. Зеро мо миллати тавоно, шикастнопазир ва бузургем!

Мирзоқосим Каримов,
сардори Раёсати кор бо ҷавонон
ва варзиши вилояти Суғд

Читать далее

24 September 2018

Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Шоми 23 сентябр дар майдони назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд чорабинии калони идона доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо мақсади иштирок дар чорабинии Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба идгоҳ омада буд, нахуст аз хаймаи маҳаллаҳо, муасссиҳои таълимию тиббӣ, варзишӣ ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ боздид намуд.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода шунида шуд.

Читать далее

Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд

Рӯзи якшанбеи 23 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, бунёду сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ идома дорад.

Читать далее

Муаррифии «Тӯҳфат-ул-хонӣ»

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ муаррифии китоби «Тӯҳфат-ул-хонӣ» баргузор шуд. Китоби  мазкур дар таҳияи устодони донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ва Нурулло Ғиёсов аз нашр баромадааст.

Маҳфилро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки омода шудани китобе, ки бозгӯи таъриху тамаддуни асри 18 мебошад, пайки фараҳбахши олами илму адаби кишвар аст.  Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нашр расонидани таърихномаҳои қадима анъанаи дерина аст. Бо таъсис ёфтани Маркази паҷӯҳиши тамаддуни Сомониён чандин асарҳои таърихӣ ва илмиву адабӣ  нашр гардиданд.  ҳамкориҳои илмӣ тавассути асарҳои ин марказ бо кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд. 

Ба нашр расонидани китоби «Тӯҳфат-ул-хонӣ», ки ба қалами Муҳаммадвафои Карминагӣ тааллуқ дорад, нишонаи арҷгузорӣ ба таърихи миллат ва мардуми Осиёи Марказӣ мебошад. Ин асари таърихӣ дар доираҳои илмӣ ва олимон шинохта шуда буд, аммо то кунун ба таври оммавӣ нашр нагардида, дар ҳолати зарурат олимон аз дастхатҳои он истифода мекарданд. Воқеан, аҳамияти ин асар на танҳо барои таърихи тоҷикон, балки барои таърихи мамлакатҳои Осиёи Миёна муҳим мебошад.

Таҳиягари дигари китоб номзади илҳои филология, дотсент Нурулло Ғиёсов дар бораи аҳамияти «Тӯфат-ул-хонӣ» барои илми тоҷик ҳарф зад. Қайд шуд, ки китоби мазкур аз рӯи дастхатҳо ва нусхаҳои қадима омода шуда, дар шинохти таърих ва муҳити адабиву фарҳангии замонаш кӯмак мекунад. «Тӯҳфат-ул-хонӣ» асаре аст, ки перомуни масъалаҳои забон, воқеаҳои таърихии он даҳҳо асару мақолаҳо таълиф гардида, масъалаҳои мухталифи дар китоб зикршударо муаррихон ба монанди Анке фон Кюгелген, Бӯрӣ Ахмедов, Семенов ва дигарон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Мудири кафедраи таърихи ватан ва археология, номзади илмҳои таърих Ҷ.Исомаддинов дар мавзӯъи ««Тӯҳфат-ул-хонӣ»- ҳамчун сарчашмаи таърихӣ» маърӯза намуд. Ӯ гуфт, ки ба дасти чоп расидани китоби мазкур барои беҳтару хубтар шинохтани замони таълифи асар мусоидат хоҳад кард.

Масъалаҳои матшиносии китоб дар суханронии директории Муассисаи давлатии «Маркази илимии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов ҳаллау фасл ва баррасӣ шуд. Баҳром Раҳматов пешниҳод намуд, ки нусхаи форсии ин китоб таҳия гардад то форсизабонони ҷаҳон низ аз файзи он баравар шаванд. 

Маърӯзаи декани факултети забонҳои шарқ, номзади илмҳои филологӣ Ислом Раҳимов дар мавзӯъи «Санъати тарфгарӣ ва силоҳҳои оташфишон дар «Тӯҳфат-ул-хонӣ»» ҷолибу шуниданӣ буд.

Асари номбурда аз лиҳози омӯзиши фарҳанги мардумӣ, этнография, этикети дарборӣ асари пурмӯҳтаво ба шумор рафта, минбаъд хоҳишмандон метавонанд, ки бо мутолиаи китоб доир ба ин масъалаҳо низ таҳқиқот гузаронанд. Доир ба ҷуғрофияи таърихӣ низ асари номбурда метавонад, ки маводи пурарзишро пеши рӯи муҳаққиқон боз кунад.

Маҳфил бо музокироти илмии мутахассиони соҳа ба итмом расид.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҷинояткор беҷазо намемонад

Яке аз мушкилоте, ки имрӯз олам, махсусан, ҷаҳони Исломро таҳдид мекунад, ҷараёни такфирӣ (кофир хитоб кардани дигарон), ифротгароӣ ва терроризм аст.               

Феълан, мардуми олам барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд.

Воқеаҳои охир гувоҳи онанд, ки ҷавонони зиёде ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравида, зери ниқоби Ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд. Аз рӯи маълумоти расмӣ 1100 нафар ҷавонон аз кишвари мо дар набардҳои мусаллаҳонаи мамолики Ироқу Сурия меҷанганд. Саволе ба миён меояд, ки ҷавонони гумроҳшудаи қувваҳои террористӣ ба кадом мақсад зану фарзанди худро ба вартаи ҳалокат мекашанд?  

Муттахассисон бар он ақидаанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ пуштибони дини Ислом нестанд, балки зери ниқоби дин манфиатҳои моддиву сиёсии худ ва муассисонашонро амалӣ мекунанд. Онҳо зуҳури тарсро дар дили инсонҳо пайдо мекунонанд.

Вақти он расидааст,  ки мо эҳтироми арзиши Ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагиву муттаҳидиро донем зеро оқибати ихтилоф бадбахтист.

Гулбаҳор Худойбердиева

Читать далее

Деваштич: Фиреби назар баҳри чӣ?!

Бунёди корхонаву коргоҳҳо ва бо ин васила таъмини аҳолӣ бо ҷойи доимии корӣ, мусоидат ба беҳдошти некӯаҳволии мардум яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти вилоят маҳсуб ёфта, дар ин раванд корҳои басо назаррас ба сомон расида истодаанд. Аммо ҳайҳот, баробари пешравиву дастовардҳои назаррас масъулони баъзе соҳот баҳри аз худ соқит намудани дастуру супоришҳои роҳбарони сатҳи болоӣ фактҳоро нодида гирифта, маълумоти бардурӯғ пешниҳод менамоянд.

Зимни сафари хизматӣ, ки тибқи нақша ва дастури роҳбарият сурат гирифт, баробари масоили дигар мебоист бо фаъолияти коргоҳҳои навтаъсиси дӯзандагӣ шинос гардем. Тибқи маълумоти ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳоднамудаи масъулони ноҳия соли равон 5 коргоҳи дӯзандагӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ, аз қабили «Деваштич», «Дилшод–79», «Насиба», «Саидқосим Алӣ», Мирзоазим Бобоев ва Раҳматулло Нуруллоев бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 85 ҷойи корӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, давоми 8 моҳ қариб 10 ҳазору 700 либоси мактабӣ истеҳсол ва ба мактабҳо дастрас гардид.

Хоҳиш ҳаст, имконият надорем …

Насиба Ҳомидова чанд сол инҷониб бо ҳунари дӯзандагӣ зиндагиашро пеш бурда, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудааст.

– Дар бинои собиқ мағозаи хӯрокворӣ, ки ба падарам тааллуқ дорад, ҷой гирифта, бидуни пардохти иҷорапулӣ дӯзандагӣ мекунам. Имсол борҳо ба қабули раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф рафтам, то ки барои дӯхтани либоси мактабӣ ба ман ҳам иҷозат диҳанду бо ягон мактаб шартнома бандам. Пас аз борҳо назди масъулон рафтан иҷозат шуд, ки ба мактаби миёнаи рақами 28-уми ноҳия 350 адад либоси мактабӣ дӯзам. Аз моҳи апрел ба дӯхтани либосҳо оғоз карда, як моҳи охир се нафарро ба таври шартнома, яъне корбайъ ба фаъолият ҷалб намудам. Оғози соли хониш 300 адад либос ба фурӯш рафту халос. Умед дорам, ки соли оянда боқимондаашро ба яке аз мактабҳо фурӯшам.

Ба суоли мо бобати таъминот бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ посух дод, ки дар маҷмӯъ 4 дастгоҳ дорад, ки яке аз онҳо дастгоҳи дарздӯзии замонавӣ буда, боқимонда тугмашинонию кисадӯзӣ, ҳошиядӯзӣ ва як мошинаи тариқи пойҳо идорашаванда мебошад. Ин суҳбати як дӯзандаи оддие буд, на ягон роҳбари ба ном «коргоҳи дӯзандагӣ». Намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, ки шоҳиди мусоҳиба буд, ҳар замон мехост Насиба маълумоти бардурӯғи идораи маорифро тасдиқ кунад. Дар маълумот омадааст, ки гӯё «коргоҳи дӯзандагии ба ном «Насиба» 700 либоси ягонаи мактабиро истеҳсол кардаву фурӯхта бошад. Ҳайҳот, ин ҷо низ аз хусуси ягон коргоҳ сухан намеравад, танҳо фиреби назар асту халос!

Коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи дурдаст

Дар деҳаи Росровути ҷамоати деҳоти Росровут дар аввали сол бо супориши раиси ноҳия дар бинои собиқ мағоза коргоҳи дӯзандагии «Дилшод-79» мавриди истифода қарор дода шуд. Бо роҳбари он Фатҳулло Зарипов дар марказ вохӯрдем ва бинобар дурии роҳ ва тангии вақт ба коргоҳ рафта натавонистем. Соҳибкор афзуд, ки 15 нафар занони маҳаллӣ бо кор таъмин гаштаву бинобар мавсими картошкағундорӣ коргоҳ фаъолият надорад.

Тибқи нақша қариб 1700 либоси мактабиро ба макотиби деҳаҳои дурдаст дастрас намудааст. Бо сабаби зикргардида аз фаъолияти коргоҳ шинос шуда натавонистем, вале умедворем, ки гуфтаҳои ин соҳибкор рост аст. Таъкид бамаврид аст, ки ҳадафи давлату Ҳукумат қабл аз ҳама пешрафти иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва таъминоти мардум бо ҷойи корӣ мебошад.

Синфхона ё коргоҳи дӯзандагӣ?

Тибқи маълумоти бахши иқтисодии ноҳия яке аз коргоҳҳои дӯзандагӣ ин ҶДММ - «Саид Қосим - Саид Аскар» мебошад. Масъулон моро ба мактаби миёнаи рақами 38 оварданд, ки дар яке аз синфхонаҳо ин «коргоҳ» ҷойгир шудааст. Баъди қариб 20 дақиқаи интизорӣ сарвари мактаб дари онро боз намуд. Дар дохили утоқи хурд, ки масоҳаташ тақрибан 3 бар 5 метрро ташкил мекард, чор дастгоҳи дӯзандагӣ, аз он ду адад куҳнаву гумон аст, ки дар ҳолати корӣ бошад, ҷойгир шуда буд. Ҳолати утоқ басо ифлосу чанголуд ва ба ягон талаботи стандартию гигиенӣ ҷавобгӯ набуд!

Дар тааҷҷуб мондем, ки наход барои хок пошидани чашми масъулин чунин маълумоти бардурӯғ дода, утоқи хурдеро коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 20 ҷойи корӣ (?!) нишон диҳанд. Бо ин дурӯғи худ масъулин киро фиреб доданианд?

ҷДММ «Шаҳнура» ҳарчанд дар ноҳияи ҷаббор Расулов ҳамчун коргоҳи дӯзандагӣ ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, масъулини ноҳияи Деваштич онро дар маълумоти хеш чун коргоҳ дар ноҳияи худ пешниҳод намудаанд. Бобати фаъолияти ин коргоҳ хостем тариқи телефонӣ бо сарвари он Гузал Файзуллоева дар тамос шавем, лекин ӯ аз посухи суолҳои мо саркашӣ намуд. Аён гашт, ки муассисаҳои соҳаи маориф чанд сол инҷониб асосан аз ин ду коргоҳи дӯзандагӣ, яъне ҷДММ «Саид Қосим - Саид Аскар» (ин коргоҳ низ расман дар ноҳияи дигар номнавис аст) ва «Шаҳнура» либосҳои мактабиро харидорӣ менамудаанд.

Дастгирӣ набошад, ба умеди кӣ шавем?

Бо мудири шуъбаи рушди иқтисод ва ислоҳоти иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Алиҷон Обидов ба коргоҳҳои дигари дар маълумот буда раҳсипор гардидем, то аз фаъолияти он аз наздик огоҳ бошем.

Оид ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии ҷДММ «Раҳматулло» номбурда изҳор дошт, ки «…аввали сол ба кор оғоз намуда, коргоҳ бо сабабҳои номаълум сӯхтаасту худи соҳибкор Раҳматулло Нуруллоев дар Федератсияи Русия қарор дорад». Намояндаи маорифи ноҳия бошад, дар навбати худ изҳор дошт, ки соҳибкор аз уҳдаи кор набаромадаасту аз ин лиҳоз коргоҳ фаъолият надорад. Зимни суҳбат роҳбарияти ноҳия изҳор доштанд, коргоҳ насӯхтаасту алҳол фаъолият дорад. Аз ин посухҳои номуайяну духӯраи масъулин ба ҳайрат афтода, худи соҳибкор Р.Нуруллоевро дарёфтем, то ӯ ба масъала равшанӣ андозад.

- Соли 2015 бо дастури роҳбарияти вилоят Маркази ҳунармандии атласу адрасбофии ҷДММ «Раҳматулло» ташкил шуда буд ва имсол бо ҳидояти раиси ноҳия дар заминаи ҳамин Марказ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат коргоҳи дӯзандагӣ кушодем. Дар оғози фаъолият роҳбарияти ноҳия моро бовар кунонданд, ки аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ хоҳанд кард. Бо боварӣ ва болидарӯҳии том ба истеҳсоли либосҳои ягонаи мактабӣ омодагӣ дидем. Вале ҳайҳот, намунаи либосҳоро ба мактабҳо бурда, борҳо дар ҷаласаҳо бо волидони хонандагон вохӯрдан ҳам натиҷае надод. Масъулони маорифи ноҳия аз ҳамкорӣ даст кашида, моро дастгирӣ накарданд, аз ин лиҳоз, фаъолият бурда натавонистем, - гуфт соҳибкор.

Коргоҳи дӯзандагии «Деваштич» ба соҳибкор Баҳодур Хӯҷакалонов тааллуқ дошта, моҳи феврали соли равон ба фаъолият оғоз кардааст. Зимни суҳбат Б. Хӯҷакалонов изҳор дошт, ки пеш аз оғози фаъолият роҳбарияти ноҳия маро бо ваъдаҳои калон аз Федератсияи Русия барои ҳамкорӣ даъват карданд.

– Аз сафар омада, биноро таъмир ва ба маблағи қариб 800 ҳазор сомонӣ дастгоҳҳоро харидорӣ намуда, бо таъсиси 15 ҷойи корӣ ба кор оғоз намудем. Моҳи март бо масъулони маорифи ноҳия дар мактабҳо бо волидону омӯзгорон вохӯрда, маҳсулотамонро нишон додем, ки беш аз 50 фоиз барои харидории либосҳои мактабӣ розӣ шуданд. Аз рӯи нақша мебоист 10 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол кунем, вале бо назардошти он, ки аксарияти оилаҳо имконияти харидани либоси нав надоштанд, то моҳи август 3 ҳазору 500 адад маҳсулот тайёр намудем. Дар ин хусус шартнома байни коргоҳи мо ва шуъбаи маорифи ноҳия мавҷуд аст, – мегӯяд ин соҳибкор.

– Чун соли хониш оғоз гардид, ба мо мактабҳое, ки қаблан рафта розигиашонро гирифта будем, «мо аз шаҳри Хуҷанд либоси мактабӣ харидорӣ намудем, пешпардохтамонро баргардонед» - гӯён даъво карданд. Охир, давоми 8 моҳ ба ваъдаҳои роҳбарияти ноҳия бовар карда, ба кормандон маош додам, маблағи андозу барқ ва дигар сохторҳои заруриро пардохтам. Алҳол беш аз 3000 адад либоси мактабӣ ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ дар коргоҳ хобидааст. Албатта, ин омилҳо ба иқтисодиёти коргоҳ зиёни калон расонидаву алҳол як моҳ инҷониб коргаронро ҷавоб додаам, рӯз аз рӯз қарз зиёд мешавад. Борҳо дар ин хусус ба раиси ноҳия ва масъулони маориф муроҷиат намуда бошам ҳам масъала ҳалли худро наёфтааст! Раиси ноҳия дастур медиҳад, вале масъулин ҳатто кӯшиши иҷрои онро надоранд. Ба ҳоли худ хандам ё гирям, намедонам, – бо шикваву таассуф гуфт соҳибкор.

Чун бобати ин масъала аз раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф пурсон шудем, изҳор доштанд, ки гӯё сифати маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳ паст бошад. Суоли матраҳ он аст, ки чаро ҳангоми оғози фаъолият мақомоти дахлдор ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии вобаста ба стандарту сифати матоъҳоро тасдиқ кардаву кунун муаммо месозанд?! Чаро аз аввал соҳибкоронро бо ваъдаҳои хушку холӣ дилгарм намуда, барои ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ даъват карданду дар охир соҳибкор ба ҳолати қариб муфлисӣ расидааст?

Аз ин бармеояд, ки масъулини шуъбаи маорифи ноҳия манфиатҳои шахсии хешро авлотар дониста, аксари дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоятро танҳо дар рӯи коғаз иҷро менамоянду дидаву дониста, маълумоти бардурӯғ пешниҳод мекунанд!

PS: Саҳлангории масъулони шуъбаи маорифи ноҳияро дар самтҳои дигар дар маводи минбаъда ифшо хоҳем кард.

Маъмурахон Самадова,
Нодир Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

21 September 2018

Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ

“Бародарии шикастнопазир - 2018”

21 сентябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамъбасти машқҳои муштараки амалиёти зиддитеррористӣ, ки миёни низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдаррон” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ин ҷамъомади ҳудудии мудофиавӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиёти стратегии зиддитеррористӣ бо тирпарронии ҷангӣ 18 сентябри соли равон оғоз гардида буд.

Читать далее