November 2018

30 November 2018

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, рафти корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад.

Читать далее

Баррасии масъалаҳои муҳим

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ

30 ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Раиси вилоят, намояндаи комилҳуқуқи Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ Раҳматзода Рустам Мирзо иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои вилоятӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Сараввал муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №89 «Дар бораи татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2017 – 2020» гузориш дод.

Мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида дар вилоят корҳои назаррас амалӣ гардида, бобати пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Чунончӣ, моҳи июни соли равон ба вилоят аз хориҷи кишвар як дармонгоҳи сайёр ворид гардида, то ин дам дар 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 3 ҳазор нафар аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 5 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сироятии ВНМО ошкор гардид.

- Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва бо дарназардошти афзоиши бемории ВНМО дар вилоят теъдоди марказҳои бемориҳои сироятӣ (ВНМО) ба 14 адад расонида шуд, - изҳор дошт Маъруфҷон Ҳоҷибоев.

Мавриди зикр аст, ки давоми соли равон дар вилоят 308 ҳодисаи мубталошавӣ ба ин бемории табобатнашаванда ошкор гардидааст, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 50 адад зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, алҳол дар вилоят 2319 нафар ба бемории ВНМО гирифтор шудаанд, ки аз ин миқдор 800 нафарро зан ва 21 нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумотҳо аз ин беморӣ то ин дам дар вилоят 713 нафар фавтидаанд, ки боиси нигаронист.

Муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо бобати тақвияти фаъолияти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин самт ҳарф зада, таъкид дошт, ки бояд корбарӣ дар самти татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020 дар вилоят пурзӯр карда шуда, ҷиҳати пешгирии он аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода карда шавад.

Ин бемории хавфнокро бесабаб вабои аср наномидаанд. Алҳол дар ҷаҳон беш аз 40 миллион одамон ба ин беморӣ мубтало буда, сол аз сол теъдоди гирифторони ин бемории хавфнок меафзояд.

Дар ҷаласа аз рӯи масъалаи дуюм – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Очилзода сухан ронд. Номбурда изҳор дошт, ки қабули пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» барои мардуми Тоҷикистон мояи ифтихор аст. Ин пешниҳод чорумин ташаббуси Тоҷикистон марбут ба масоили об мебошад. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал ҳадафҳои бузургу некро пайгирӣ менамояд, ки ҷомеаи инсонӣ ба он ниёзманд аст. Яке аз он масоил ин мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ мебошад.

Дар ҷаласаи навбатӣ аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ Шуҷоат Ҳасанова, Қурбонҷон Мирзоева, Илҳом Юсуфов, Сарфароз Абдуфаттоҳзода, Биҳоҷал Раҳимова, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Аҳмадҷони Раҳматзод ва дигарон ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои судманд ва таклифу пешниҳоди амиқи хешро иброз доштанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ дар соли 2018 мавриди ҷамъбаст қарор гирифта, Низомномаи намунавӣ ва нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд барои соли 2019 тасдиқ гардид.

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятиро муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ҷамъбаст намуда, роҷеъ ба тавсеа ва густариши минбаъдаи фаъолияти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, бобати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои босифати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар назди аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

САДОИ ТИРУ ТУФАНГ БА МО ЛОЗИМ НЕСТ!

Чуноне, ки ба хамагон мусаллам аст, ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ дар замони Шӯравӣ ташкил гардида, бо ҳизбу созмонҳои ифротии ҷаҳонӣ, ба монанди “Ихвонул-муслимин” ва “Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон” ба таври махфиёна робитаи дӯстиро ба роҳ монда буд. Маҳз аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ маблағу воситаҳои тарғиботиро гирифта, дар байни сокинони ҷомеаи мо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонд.

Маҳз фаъолияти пинҳонкоронаи наҳзат буд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, наҳзатиён худро мухолифини ҳокимияти конститутсионӣ ном ниҳоданд. Мохи июни соли 1993 роҳбарияти ТТЭ ҲНИ Иттиходи нерӯҳои мухолифини тоҷикро (ИНМТ/ИНОТ) ташкил намуданд, ки ба хайати он ба ғайри наҳзатиён боз ҳизбу созмонҳои наздик ба наҳзат, аз қабили “Лаъли Бадахшон”, “Растохез” ва демократҳо (аъзоёни Ҳизби демократӣ)  шомил буданд. Дар тӯли солҳои 1993 то 1997 размандагони ИНМТ сарҳади давлатиро вайрон карда, аз ҷониби Афғонистон ба давлати мо барои ба амал оварлани амалҳои террористӣ дохил мешуданду шаҳрвандону сокинони гирду атрофи вилояти Хатлон (собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро) мавриди тири худ қарор медоданд. Бо ин ҳам басандагӣ накарда аз ҷониби қотилони наҳзатӣ нобиғаои илму адаб ва сиёсату фарҳанги мо аз дами теғ гузаштанд. Аз ҷумла академик М.Осимӣ, Ю.Исҳоқӣ ва М.Ғуломов, сарояндаи машҳур К.Қурбон, нависандаи варзида С.Афардиву ҷурналисти ҳақиқатнигор Муҳиддини Олимпур ва садҳо дигарон мавриди ҳамлаи ноҷавонмардон гаштанд. Ҷанг ба соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ҳисороти моддиву маънавӣ расонид.

Хушбахтона мардуми тоҷик ва Президенти кишвар баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ аз гуноҳи ҷинояткорони наҳзатӣ гузашт ва дар ҷомеаи ваҳдат тантана кард. Лек ба ҳаёти осоишта ин турфа инсонҳои пастфитрат одат накарда, боз даст ба ҷинояткорӣ заданд. Ҷинояти вазинини онҳо ин хоинӣ буда, соҳи сентябри соли 2015 табаддулоти давлатиро роҳандозӣ намуданд, ки паси он раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ меистод. 29 сентябри соли 2015 аз чониби Суди Олии мамлакат ҲНИ-ро хамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо мамнӯъ эълон кард. 

Имрӯзҳо гарчанде дар хориҷи мамлакат бошанд ҳам, саркардагони наҳзатӣ фаъолияти тарғибукоронаи худро бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондаанд. Мутаассифона мухолифини давлати мо аз кардаи худ пушаймон набуда, дар бохти интихоботиву сипас дар табаддулоти давлатӣ гуноҳро ба сари мақомот ва Президент бор мекунанд, ки ба эътирози наҳзатиён хандаи кас меояд.

Мо устодону омӯзгорон дар шароити кунунӣ баҳри аз байн бурдани ақидаҳои ифротии душманони миллат, аз қабили наҳзату ҳаммаслакони онҳо дар вақти машғулиятҳои дарсӣ корҳои тарбиявиро ҷоннок намуда, симои аслии ҳизбу ҳаракатҳои ба ном диниву мазҳабиро ба донишҷӯён ошкор созем. Нагузорем, ки садои тиру туфанги душман, садои шодиву сурури модарону кӯдакони моро иваз намояд.

М. Атоева,
дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ

Читать далее

ЧӢ ТАВР ШЕРЗАМОНОВ БА КАБИРӢ МУҲРИ МОТ ЗАДА, НАҲЗАТРО ЯТИМ МОНД

Дар ҷомеа дар баробари инсонҳои солимақлу соҳибхирад боз инсонҳоеро дучор шудан мумкин аст, ки бо рафтору кирдори разилонаи худ мехоҳанд ҷомеаро ба сӯи нооромиву бесуботӣ кашанд.

Ин тоифа инсонҳоро, ки танҳо сурати онҳо ба инсон монанд аст аз ҳайвон фарқ намекунад, зеро аз ин қабил афрод ҳайвоноти нафърасон дар ҷомеа нуфузи бештар доранд. Ба қавли бузургмарде:

Говону харони борбардор,

Беҳ з-одамиёни мардумозор.

Албатта аллакай ба хонанда маълум шуд, ки сухан дар бораи аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом меравад. Ин тоифа хоинони миллат, ки як бор кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд, бори дигар мехоҳанд дар мамлакат бо пуштибонии хоҷагонашон қатлу куштор ва бенизомиро оғоз кунанд. Қаблан, ки террорист Муҳиддин Кабирӣ худро шикастнопазир ва озодандеш унвон медод дар як фурсати на чандон дур инсоне, ки ба ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом ҳеҷ робитаи қавӣ надошт, яъне Алим Шерзамонов фикри ӯро зуд нисбати наҳзат дигаргун карда, ӯро аз раҳбарии наҳзат маҳрум сохт.

Албатта Алим Шерзамонов дар паси ин бозиҳои моҳирона ва зери тахтаи шоҳмоташ нақшаҳои зиёде дорад. Аммо Кабирии гумроҳгари ҷавонон ин бор худ аз гумроҳ шуданаш бехабар монд. Акнун фурсати он расидааст, ки бо пеши по задани наҳзати ислом Кабирии разилро хоҷагонаш пешпо хоҳанд зад. Зеро Кабирӣ тифли нозпарвари хоҷагонашро ятим монду модарии тифли навтавлидашро ба уҳда гирифт. Он рӯз дур нест, ки Алим Шерзамонов, ки ба Ватан-модари худ хиёнат кард ба Кабирӣ низ хиёнат карда, модарии наҳзати ятимро ба уҳда хоҳад гирифт, зеро барои хоҷагонашон сарпарастии наҳзат аз сарпарастии дигар созмонҳои ба дин марбутнабуда болотар аст ва барои Шерзамонов низ ин замон пул ва мол аз ҳама арзишҳо боло меистад ва ҳадафи фирораш аз Тоҷикистон низ марбут ба қарздориву мардумфиребиаш ҳаст.

Шояд хонандаи азиз дар ин ҷо оиди модарии наҳзат ва дигар ташкилотҳоро ба уҳда гирифтани Кабириву Шерзамонов андеша ронад, ки чаро инҳоро падари ташкилотҳо унвон надодем ва модар унвонашон кардем. Инро хурду бузурги кишвар медонанд, ки падарӣ ва ё сарпарастии ташкилоту созмону паймонҳоеро, ки Кабириву Шерзамонов ва дигар хоинони миллати тоҷик бар уҳда доранд хоҷагони хориҷӣ ба зиммаи худ гирифтаанд ва ин борҳо собиту ошкор шудааст.

Аз ин нигошта бар меояд, ки чӣ тавр Кабирии худхоҳи "ботаҷриба"-ро Шерзамонови бетаҷриба зуд гумроҳ карда наҳзаташро аз дасташ гирифт ва бо раҳбарии паймони миллиро бар уҳда гирифтани Кабирӣ ба ӯ муҳри мот зад. Умедворем, ки Кабирии бадандеш ва бадкешро акнун рӯзҳои сахту бад дар пеш аст ва рӯзе мерасад, ки Кабириро хоҷагонаш мисли Абдуллоҳи Нурӣ ба "разбор" даъват мекунанд ва қасдашонро хоҳанд гирифт.

Ф. Воҳидов

Читать далее

Арзишҳои миллиамонро гиромӣ дорем

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Фаъолияти мақомоти олӣ, маҳаллӣ, қудратӣ корхонаю ташкилот ва ҳар як шаҳрванд дар асоси Конститутсия, Қонунҳои қабулгардида ва санадҳои байналмиллалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар кишвар озодию баробарии тамоми миллатҳо, халқиятҳо таъмин мебошад.

Мардуми кишвар бо фаъолияти ободкориву созандагӣ, ташаббускорӣ, бунёдкорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволӣ машғуланд.

Мутаассифона, дар ҷаҳони пур аз тазод, ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳо ва ашхосе мавҷуданд, ки дар ҷудоиандозӣ, хиёнаткорӣ ва амалҳои номатлуби террористӣ машғул буда, фазои орому сулҳу суботи кишвари маҳбубамонро ноором сохтаниянд.

Яке аз аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо умр ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пӯшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромӣ ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро бар зидди мардум муаррифӣ мекунад.

Бо имзои чор тан Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов гӯё онҳо Паймони миллӣ таъсис додаанд. Таъсиси ташкилоти мазкур орзу ва пешниҳоди Кабирӣ буд. Кабирие, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун террорист шинохта шудааст, худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, барои иҷрои супоришҳои хоҷагонаш кӯшиш менамояд.

Мо бояд шукронаи Ватани орому осуда кунем, онро сидқан ва самимона дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намоем. Ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки Тоҷикистони биҳиштосо дорем ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат, пешрафту ободии он ва гиромидошти арзишҳои  миллиамон ҳамеша омода бошем. Зеро Ватани асливу муқаддаси мо, зодгоҳи мо, орзуву умед ва сарчашмаи хушбахтиву саодат  Тоҷикистони азизамон аст.

Озодҷон АЮБОВ

Читать далее

Ба қисмати Ватан бетараф нестем!

Дар замони муосир терроризм ва экстремизм ба амнияту рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст. Дар охири асри ХХ дар баробари тараққиёти техникӣ терроризм доман паҳн карда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфт.

Амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мегарданд, мавзеъҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешаванд.  

Ташкилоти террористиву экстремистӣ ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада биҳиштӣ аст. Ҳатто, бо овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ, суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд. Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад, аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад.

Ташкилоти террористӣ то ба андозае аз инсони оддӣ “робот” тайёр мекунанд, ки новобаста аз тағйирёбии вазъият фикри худро иваз нанамояд.

Ташкилоти террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтани инсони носолимфикр ба кор мебаранд.

 Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз он ҷумла терроризму экстремизм ҳар як ҷавони солимфикрро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа зарур аст, ки баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд, дониши сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносии миллии худро бо мутолиаи маводи илмӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ баланд бардорад,  нисбат ба вазъи равонии аҳли оила, наздикону пайвандон ва воқеаҳои атрофи худ бетараф набошад, аз вазъи ҳамарӯзаи ҷаҳон тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳӣ ёбад ва ба он баҳои воқеӣ диҳад, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва саҳм гузоштан дар ободии он, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатиро воситаи комёбиҳои беназир ва хушбахтии беканор донад, воситаҳои техникӣ, шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводи шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроварӣ ва ифротгароӣ худдорӣ намояд, зеро гуруҳҳои ифротгаро шабакаи интернетро воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб намудаанд.

Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.

Муталлиб МАҲМУДОВ,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Фоҷиасозии наҳзатиён

Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди супориши Сарвари давлат баҳри дар амал тадбиқ намудани волияти қонун дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравии таъмини амният ташкил гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи он аз байн бурдани ҷинояту ҷинояткорӣ ба ҳисоб мерафт.

Таҳлилҳои Ситоди мазкур нишон дод, ки дар ҳақиқат, тӯли чандин солаҳо ҳудуди минтақаи Бадахшон ба як нуқтаи фурӯши озодонаи маводи мухаддир ва лавозимоти ҳарбӣ мубаддал гашта, нисбат ба бартараф кардани ин ҷинояткорӣ ягон амлиёт аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ бурда нашудааст. Лек баъди боздиди Президенти кишвар аз Бадахшон ҳаёти ҷомеаи он куллан дигар шуд. Дар минтақа тантанаи адолат ва қонуният ба роҳ монда шуда, қонун ва давлат амнияти сокинони ҷомеа ва манфиатҳои онҳоро дар мадди аввал қарор дода, ҳаёту фаъолияти онҳоро зери ҳимоя худ гирифт.

Аз ҷумла Ситоди байниидоравии таъмини амният дар изҳорти худ чунин баён намудааст: “.. то имрӯз дар Хоруғ 136 мил силоҳи оташфишон, аз ҷумла 57 Калашников, 2 пулемёт, 2 гулӯлаандоз (гранатомёт) як комплекси зенитӣ, 27 таппонча, 8 карабин, 29 силоҳи суфтамили ТОЗ, 1 силоҳи хориҷӣ, инчунин 2686 тир ва ним кило маводи тарканда мусодира шудааст. Аз 21 ҷинояткори таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта, 11 нафарашон худро ба мақомоти қудратӣ супуриданд”.

Бояд қайд намуд,  Бадахшони моро дар тамоми дунё бо номи «Боми ҷаҳон» мешиносанд ва баландтарин қуллаи он “Қуллаи Исмоили Сомонист”, ки 7495 метр баландӣ дорад. Маҳз бо табиати зебо ва захираҳои табииаш  ин мавзеъ солиён аст, ки сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб мекунад. Аммо баъзе хоинони миллат, ки баъди шикасти табаддулоти моҳи сентябрии худ роҳи гурезро пеш гирифтанд, имрӯз хабару овозаҳои бардурӯғро нисбат ба давлати мо ва сиёсати Президенти кишвар роҳандозӣ намудаанд, ки аз беимонии онҳо дарак медиҳад. Иғвогариву иттилооти дурӯғу фақат аз ҷониби аъзо ТТЭ ҲНИ, ки аллакай тоҷикону тоҷикистониён онҳоро гӯрондаанд, меояду халос.

 Ман ҳамчун шаҳрванди зиёӣ, ҳамаи амалиёти пасипардагии ТТЭ ҲНИ-ро қатъиян маҳкум менамоям.

М.АТОЕВА,
дотсенти кафедраи забони русии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес
ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ТТЭ ҲНИ ва Кабирӣ лофи ватандорӣ мекунанд, лек...

Аз воситаҳои ахбори омма дар  бораи таъсис ёфтани ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи “Паймони миллӣ” огаҳӣ пайдо намудем ва фаъолияти ғаразноку хоинонаи чунин созмонеро, ки бо ташаббуси як гурӯҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қотеъона маҳкум менамоем.

Ташкилот ба ниҳодҳое, ки то дирӯз ба кӯмак ва  пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш ва бо роҳнамоиҳои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ хиёнат ба миллату ватан намуда, бадгӯиҳо мекарданд ва нафароне буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш хостори ноором кардани фазои осудаи Тоҷикистони азизи мо мебошанд.

Роҳбарони ин ташкилот нотавонбинона дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллиро инкор намуда, бешармона ва бешарафона зидди халқу кишвари мо ҳарф мезананд. Соҳибистиқлолӣ ва муқаддасоти миллӣ ин моли мардуми тоҷик асту бас. Ҳамаи инҳоро нодида гирифтану фитнаҷӯӣ кардан аз кӯрнамакӣ беш нест. Имрӯз ин ватанфурӯшон  ҳеҷ ҳуқуқи маънавӣ надоранд аз номи миллати тоҷик сухан  гӯянд.

Ҳамагон якҷоя бояд шукргузорӣ кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат иҷозат надиҳем, ки ин Ватани соҳибистиқлол ва азизу мӯътабар – пораи хоки муқаддасро бадном кунанд, ё дар андешаи парокандагии он бошанд. Албатта, ҳаргиз ин хоинону душманони халқу миллати шарифи тоҷик ба ҳадафҳои нопоки худ намерасанд.

 Ин ташкилотро мо аслан паймони душманону хоинони миллат унвон мегузорем, ки онҳо солиёни дароз дар фикри ноором кардани фазои кишвари мо буданд ва ҳастанд. Аз ин рӯ, мо аз тамоми шаҳвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи дасисаву суханҳои ғаразноки ин гурӯҳҳои хиёнаткор нашаванд. Дар ин радиф ҳамагонро зарур аст, ки ҳушёриву  зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро ин Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рӯи замин, ононе, ки соҳибватананд, азиз ва муқаддас мебошад.

Дар сурате, ки САҲА мавқеи кулли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва гурӯҳи калони мамлакатҳои узви хешро дар мавриди эътирофи ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба эътибор нагирифта, онҳоро пуштибонӣ менамоянд, пешниҳод менамоем, ки ин созмон ҳатман ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон хотима бахшад.

Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии ҳукумати кишвар буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Имрӯз баъзе шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол заиф гардида, дар назди виҷдони худ азоб накашида, аз яктараф "лофи ватандорӣ" мезананд ва аз тарафи дигар бо роҳҳои гуногун фарзандони болиғ ва қобили худро аз хизмати ҳарбӣ мегурезонанд ва ё бо сабабҳои дигар ҳатто наврасони пур аз орзӯю омолро ба роҳи торику пурпечутоби ғарибӣ гусел мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу наҷод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳиллаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати хуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оинҳои миллӣ ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд.

Ҳамин тариқ, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали  Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, хамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.

Мо, кулли омӯзгорон, устодон, олимон, ва зиёиёни кишвар ин амалҳои нопоку ғаразнок ва куллан манфури аъзоёну ҷонибдорони ба ном Паймони миллӣ ва ҳаммаслакони онҳоро бо андешаҳои солими хеш сад дар сад маҳкум менамоем ва куллӣ боварӣ  дорем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамеша шукуфону дурахшон аст. Умед ва боварии комили халқи тоҷик ба давлату миллат хеле калон буда, дар ин радиф ормонҳои халқу миллат тоҷик бо Сарварии ин фарзанди фарзонаи миллат дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат торафт пурраву комил амалӣ мегарданд.

М.ХОҶАЕВА,
д.и.п., профессор,
муовини ректор оид ба
корҳои тарбияи ДДҲБСТ

Читать далее

Эътирози наҳзат асоси воқеӣ надорад!

Одами боақл баъди мутолиаи таҳлилҳои бебунёди наҳзатиёнро дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ангушти ҳайрат мегазад. Хамон наҳзатиҳо, ки дар вақташ тамоми қонунҳои мавҷударо зери по карда, бенизомӣ, бесарусомонӣ, ҷангу ҷидол, террорро роҳандозӣ намуда, имрӯз ба кишварҳои ғарбу шарқ фирор карданд, тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи маҳдуд будани демократия ва озодии баёни афкор дар Чумҳурии Тоҷикистон ҷор мезананд.        

Аъзоёни фирориии ТТЭ ҲНИ, як бор даст ба сари сина гузошта  этироф кунед, баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ҳокимияти конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистон 30% вазифаҳои масъули давлатиро (мувофиқи шартнома), аз муовини аввали сарвазири мамлакат сар карда, то сарварии вазорату кумитаҳоро ба ихтиёри ба ном қувваҳои мухолифин вогузор намуд, ки аксарияташон аъзои ҳизби наҳзат буданд, нашрияҳои сершумор, аз ҷумла нашрияи ҳизбӣ рӯи чоп омаданд- яъне демократикунонии васеи ҷомеа сурат гирифт. Лекин худатон тоқозо кунед, кадоме аз онҳо аз сидқи дил, ҳалолкорона ба миллату ватани худ хизмат карданд? Тамоми  тоҷикистониён хуб медонанд Хоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Қиёмидини Ғозӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов ва нашрияи онҳо «Наҷот», чӣ «хизматҳои хирсонае” барои миллат карданд.

Дуруст аст, ки дастрасӣ ба иттилоот асоси озодии инсонӣ ба ҳисоб меравад, лекин агар иттилоот моҷароҷӯёна, таҳрифкорона, таҳлукаангез, иғвогарона бошад, дар тамоми кишварҳои дунё  маҳкум ва маҳдуд карда мешавад. Тоҷикони ғарбитабор гашта, як бор мулоҳиза кунад, дар кишварҳои ба ном демократии ғарб, агар ягон воситаи ахбор ё рӯзноманигор дар Англия ё дар Лаҳистон дар ҳаққи сарвари давлат бадгӯӣ кунад, бар зарари давлат ахборот паҳн намояд чӣ кор мекунанд? Ҳатман маҳдуд ва маҳкум мекунанд. Шумоён дар Аврупову Эрон қарор дошта дар ҳаққи Ватан бӯҳтонҳоро паҳн мекунед, ҳатто бо намояндагони давлат даст ба гиребон мешавед ва даъвои демократикунонии кишварро доред.

Шумо даво мекунед, ки дар давлати мо озодии баён маҳдуд аст, ҷурналистон маҳорати касбии худро такмил намедиҳанд, танқиди рӯзноманигор  таъқиб карда мешавад. Гӯё, ки Сайфуллозодаи бечораи бегуноҳ (собиқ сармуҳаррири “Наҷот”) дар маҳбас аст ва ниҳоят гӯё халқ аз ин ноқисиҳо ба хашму ғазаб омадааст. Ин ҳама гуфторҳо ягон асос ё навигарӣ надорад, чунин ақидаҳо бӯхтони маҳз буда, аз тарафи ба ном «таҳлилгарони сиёси”-и наҳзатиён коркард гардида бо супориши хоҷагони ғарбию шарқии наҳзатиён ки онҳоро хӯрондавӯ пӯшонда истодаанд паҳн карда мешавад. 

Ҷанобони наҳзатӣ,  ки  зери парчами ислом амал мекунед, як бор «астағфируллоҳ» гӯед, як бор ба зодгоҳатон бо чашми ғарбиён неву,бо чашми кӯдакиву наврасиатон нигоҳ кунед. Давраҳои беҳтарини зиндагии ҳар яки Шумо маҳз дар Тоҷикистон гузаштааст. Агар аз Ватани худ даст кашида бошед, ҷои гап ҳам нест. Зеро Шумо ва шумобаринҳо мазҳабатонро дигар кардед ва айни ҳол дар раванди дигар кардани миллату Ватани худ қарор доред! Худи Шумо ин эродро ба инобат намегиред, лек ҳақиқат талх аст. Қазоват аз худи Шумост, наҳзатиён ва тарафдорони наҳзат!

Алимов Б.
н.и.т., дотсент,
мудири кафедраи муносибатҳои
байналхалқии ДДҲБСТ

Читать далее

Истифодаи сармояи хориҷӣ – асли фаъолияти наҳзатӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ радду бадалҳои рӯзноманигор ҳарамгули Қодир бо фаъолони ТТЭ ҲНИ баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст. Муҳтавои баҳс ин аст, ки ҳарамгули Қодир иддаои онро мекунад, ки соли 2015 намояндагони ҳизби «Адолат»-и Туркия ба ТТЭ  ҲНИ ҷиҳати озод намудани адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров маблағи пулӣ додаанд.

Аммо ин маблағи пулиро сухангӯйи наҳзат Бобоҷони Қаюм (Бобоҷон Қаюмов) аз худ кардааст. Он чи ки ҳарамгул дар қолаби як баҳс бо наҳзатиҳо ироа доштааст, бедалел буда наметавонад, зеро ки ҳарамгул солҳои пештар бо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳҳои гуногун ҳамкорӣ кардааст ва муддате аз ҳавохоҳони он ҳам ба шумор мерафт. Аммо асли қазия фаротар аз он аст, ки ҳарамгул мегӯяд. Илова бар ин, баҳси истифода ва ё сӯйистифода аз сармоягузориҳои берунӣ аз ҷониби раҳбарияти наҳзатӣ баҳси тозае низ нест.

ТТЭ ҲНИ дар давраи роҳбарии Кабирӣ аз оғози фаъолият бо сармояи хориҷӣ сару кор дошт. Маълум аст, ки наҳзат таҳти васояти чанд сарпарасти хориҷӣ фаъолият кардааст ва ин раванд то имрӯз идома меёбад. ҳанӯз дар мусоҳибаи махсуси матбуотӣ собиқ қумондони мухолифин ҳаким Қаландаров (ҳафтаномаи «Фараҷ», №50 (576) аз 13 декабри соли 2017) паҳлуҳои норавшани қазияи наҳзатӣ ва раҳбарияти онро, ки ба масоили пулӣ иртиботи бевосита доштааст, ошкор карда буд. Дар қисмати аввали мусоҳибаи мазкур сухан аз «4 миллион доллари дар Покистон дар оборот» будаи наҳзатиҳо меравад ва ҳангоми машварат дар хонаи Тураҷонзода дар Эрон ин масъала рӯ мезанад ва парда аз рӯйи баъзе воқеиятҳоро бозмекушояд.

Акнун таваҷҷуҳ мекунем, ки миқдори 4 миллион доллар, ки барои беҳбуд бахшидани вазъи молӣ, идорӣ, низомӣ ва сиёсии ТТЭ ҲНИ пешбинӣ шуда буд, дар дасти наҳзатиён ба хотири пур кардани ҷайб ва ҷамъоварии сарват истифода гардидааст. Қабл аз мусоҳибаи матбуотии қумондони собиқ ҳаким Қаландаров, собиқ корманди амниятии наҳзатӣ Сиёҳаков таъкид карда буд, ки барои роҳандозӣ намудани тарҳҳои гуногун ба ТТЭ ҲНИ маблағҳои калони пулӣ ворид мегардид ва тавассути ин маблағҳо, аз як тараф  лоиҳаи нооромиҳо дар мамлакат  кашида мешуд ва аз дигар ҷониб ҷайби баъзе масъулини наҳзатӣ лабрез  мегардид.

Махсусан, дар замони сукунат дар Туркия роҳбарияти фирории наҳзатӣ аз ҷониби гурӯҳҳо ва созмонҳои муайян сармоягузорӣ мешуд ва табиист, ки он маблағҳои пулӣ ҳамагӣ ба кори идеологӣ ва сиёсӣ масраф намегардид ва масъулин - бизнесменони наҳзатӣ ҳатман аз он ҳадяҳо дар бизнеси хонаводагӣ истифода бурдаанд.

Баҳси гармеро, ки ҳарамгул дар мавриди истифодаи шахсии маблағҳои хориҷӣ аз тарафи наҳзатиён ба миён овардааст, собиқаи таърихӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, на танҳо Бобоҷони Қаюм, балки ҳар як наҳзатии дар дохилу хориҷ сукунатдошта аз ин навъ сармоягузориҳо ва ҳадяҳои пулию молӣ беибо истифода бурда ва мебарад.  Охир, бозии наҳзатӣ аз ибтидо бо пулу мол ва сарвату қудрат иртиботи мазмунӣ ва ғоявӣ дошт. Гузашта аз ин, тими наҳзатӣ имрӯз аз ҳар замоне дида ба сармояи хориҷӣ ва лабханду илтифоти сиёсиёни ғарбӣ ниёз дорад ва ин ниёзмандӣ онҳоро ба вартаи ҳар гуна ҳиллаю ҷинояткорӣ ва ё тақаллуби пулию молӣ тела медиҳад.

Фаридун Ориёӣ,
таҳлилгар

Читать далее