01 November 2018

Танзими муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон

Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич мизи мудаввар дар мавзӯи «Танзими муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо барои меҳнати созанда дар кишвар» баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ, паст намудани сатҳи муҳоҷират дар ноҳия, ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба меҳнати созанда дар ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои терорристию экстремистӣ мебошад. Дар чорабинӣ наздик ба 100 нафар ҷавони фаъоли ноҳия иштирок доштанд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия В.Қулдошев, мудири бахши муҳоҷират С.Баҳодурова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия З.Аҳмадҷонова, мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Д.Маматқулова доири мавзӯъҳои ҳалталаби рӯз аз қабили сабабҳои зиёд гаштани муҳоҷирати ҷавонон, уҳдадориҳои онҳо ҳангоми муҳоҷират, ҷалб намудани онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ ва корҳои бунёдкориву созанда, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон андешаронӣ намуданд.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
мутахассиси шуъбаи таблиғоту
иттилооти КИҲХДТ ноҳияи Деваштич

Читать далее

Дидбонгоҳҳои назорати андозӣ дар коргоҳҳои пахтатозакунӣ

Аз 11 сентябр дар 41 корхонаи қабул ва коркарди пахтаи вилоят дидбонгоҳҳои назорати андозӣ гузошта шуданд. Мақсади гузоштани онҳо таъмини назорати андоз дар фаъолияти субъектҳои ба коркарди пахта машғулбуда, ба ҳисоб гирифтани гардиши молии онҳо ҷиҳати муайян намудани уҳдадории андозӣ, таъмини пардохти қарзи андози ҳоҷагиҳои деҳқонии пахтакор мебошад.

Муҳлати фаъолияти дидбонгоҳҳои назорати андозии шабонарӯзӣ як моҳ муқаррар шудааст. Гурӯҳҳои корӣ ва шахсони мутасаддии дидбонгоҳҳои назорати андозӣ вазифадор гардидаанд, ки рафти қабул ва ё хариди пахтаи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, коркарди пахта ва фурӯши маҳсулоти аз он истеҳсолшавандаро зери назорат қарор диҳанд.

Бо назардошти он, ки қарзи соҳаи кишоварзии вилоят дар назди буҷети давлатӣ хеле зиёд аст, ба ҳар як дидбонгоҳ рӯйхати хоҷагиҳои бақияпулиҳои андоз дошта, дастрас ва ҳар даҳрӯза маълумоти пахтасупорӣ бо нишондоди номгӯи хоҷагиҳо дар шакли электронӣ ба Нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои пахтакор ирсол карда мешаванд. Зикр бояд намуд, ки 41 корхонаи қабул ва коркарди пахтаи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ашт, Конибодом, Гулистон ва Ҷаббор Расулов ҷойгир мебошанд.

Гурӯҳҳои корӣ муваззаф шудаанд, ки ҳар ҳафта аз натиҷаи фаъолияти дидбонгоҳҳои назорати андозӣ ба Раёсати андози вилоят гузориш диҳанд. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҳосилғундории пахтаи соли 2017 низ дар коргоҳҳои қабул ва коркарди пахтаи вилоят дидбонгоҳҳои назорати андозӣ гузошта шуда буданд ва натиҷаҳои хубу назаррас доданд.

Бо ташкил гардидани дидбонгоҳҳои назорати андозӣ дар корхонаҳои пахтатозакунӣ нишондоди ҳаҷми пахтаи қабулшуда дар ҳамаи коргоҳҳои қабул ва коркард зиёд гардид. Ҳолатҳои бе ҳуҷҷати қабули пахта харидорӣ намудани пахта пешгирӣ карда шуд.

Раёсати андоз дар вилоят тасмим дорад, нишондодҳои дидбонгоҳҳои назорати андозӣ, маълумоти оморӣ ва СИА “Баҳисобгирии андозҳо”-ро ба якдигар муқоиса карда, баъди ҷамъбасти пурраи мавсими ҳосилғундорӣ дар коргоҳҳои қабул ва коркарди пахтаи вилоят ҷаласаи корӣ баргузор намуда, барои ислоҳи камбудиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА

Читать далее

Шароити хуби баргузории мусобиқаҳо

Муассисаи давлатии Варзишгоҳи ба номи 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дорои комплексҳои «Қасри варзиш», «Корти теннис» ва «Варзишгоҳ» мебошад. Майдони футболи ин муассиса соли 2009 бунёд гардида, дорои 25 ҳазор ҷои нишаст аст. Аз замони ифтитоҳ то имрӯз дар ин ҷо чандин мусобиқаи байналмилалии футбол баргузор гардидааст. Ёдовар шудан лозим аст, ки мусобиқаи футбол оид ба роҳхати Ҷоми ҷаҳон миёни дастаҳои яккачини Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ маҳз дар ин варзишгоҳ баргузор шуда буд.

Ҳамчунин, бозиҳо байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия, Ливия, Баҳрайн ва Ҷоми Осиё оид ба футбол байни дастаҳои яккачини қитъаи Осиё баргузор гардидааст, ки дар он «Истиқлол» - и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд» - и Хуҷанд, «Равшан» - и Кӯлоб ва «Регар - ТадАЗ»- и шаҳри Турзунзода хуб қувваозмоӣ намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд.

«Қасри варзиш» - и ин муассиса моҳи сентябри соли 2013 бо намуди замонавӣ бунёд гардид. Он дорои 2700 ҷои нишаст буда, мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, баскетбол, волейбол, намудҳои гӯштини самбо, дзюдо, камарбандӣ ва муҳорибаҳои омехтаю якҳарба, инчунин бокс гузаронида мешаванд.

Бино ба иттилои директори муассиса Наим Сулаймонзода, дар «Қасри варзиш» мусобиқаҳои сатҳи Осиёӣ низ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, чемпионати Осиё оид ба футболи хурд, муҳорибаҳои омехта, ҷанги дастӣ ва самбо писанди дӯстдорони варзиш аст. - Дар ин толор барои таҳким бахшидани дӯстиву рафоқати байни кишварҳо намоишҳои фарҳангиву иқтисодӣ низ баргузор гардидааст.

Намоишҳои сирки давлатҳои Миср, Россия, Ӯзбекистон, молу маҳсулоти Ҳиндустон тасдиқи гуфтаҳои болост, - иброз дошт номбурда. Тибқи маълумоти масъулон муассиса барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ омода аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Ҳафт мӯъҷизаи водии Зарафшон

Ҳафткӯл мавзеъест, ки қариб ба аксарият ошно аст. Он иборат аз силсилакӯлҳоест, ки дар водии Зарафшон ҷой гирифтааст. Ҳоло ин макон яке аз минтақаҳои зебоманзару тамошобоб ва дилфиреб маҳсуб ёфта, ҳамарӯза ба он сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ баҳри истироҳату ва фароғат ва тамошо меоянд. Мавқеи ҷойгиршавӣ, иқлим ва манзараҳои аҷиби он воқеан ҳам диқ диққатҷалбкунандаву ҳайратовар аст.

Аз таърихи пайдоиши Ҳафткӯл

Доир ба пайдоиши ин кӯлҳо байни мардуми маҳаллӣ афсонаву қиссаҳои зиёде мавҷуданд, ки ин ҷо мехоҳам аз онҳо ёдовар шавам. Аз ҷумла мардуми деҳаи Рашнаи Поён, ки дар қисмати поёнии кӯли якуми ин водӣ, яъне Миҷгон ҷойгир аст, нақл мекунанд, замоне дар ин водӣ дар оилае ҳафт духтари зебочеҳра зиндагӣ доштаанд, ки дар ҳусну ҷамол беҳамто будаанд. Иттифоқо ҳафт дев мехоҳанд, ки ба висоли ин ҳафт духтари соҳибҷамол бирасанд. Духтарон бошанд, аз ин огоҳӣ ёфта, мехоҳанд, ки фирор намоянд. Девон онҳоро пайгирӣ мекунанд. Раҳораҳ духтарон аз Худованд мехоҳанд, то онҳоро аз дасти девони одамхор наҷот диҳад. Дуояшон мустаҷоб мегардаду ҳафт духтар ба ҳафт кӯл ва ҳафт дев ба ҳафт кӯҳ мубаддал мешаванд.

Воқеан ҳам дар канори ҳар як кӯли ин минтақа кӯҳ низ мавҷуд аст. Албатта, ин яке аз қиссаҳоест, ки мардуми деҳаҳои дар водии Ҳафткӯл буда ба пайдоиши кӯлҳо нисбат медиҳанд. Баъзеҳо пайдоиши ин кӯлҳоро ба ривояти дигар нисбат медиҳанд, ки он мазмунан чунин аст: дар водии мазкур ҳафт зебосанами моҳлиқову камонабрӯ, гесӯдарозу сарвқомат, хушлиқову хушсухан ва чун гавҳари ноёб зиндагӣ мекардаанд. Иттифоқо шоҳе аз ин ҷо мегузашт, овозаи ҳусну ҷамол ва камоли ҳафт гавҳарро мешунаваду дар дилаш майли висоли онҳо пайдо мешавад.

Ҳафт нозанин ин қарори шоҳро шунида, ба даргоҳи Худо муноҷот менамоянд, то аз чанги шоҳи золим раҳоӣ бахшад. Дуояшон мустаҷоб мешаваду ҳамагӣ ба кабӯтар мубаддал мегарданд. Ҳафт кабӯтари зебову нозанин дар ин водӣ шоду масрур мезистанд. Баъди чанде шоҳро дар дил ҳаваси шикор пайдо мешаваду дар шикоргоҳ қасди сайд намудани кабӯтаронро менамояд. Ин навбат ҳам кабӯтарон баҳри раҳоӣ аз чанги шоҳ дуову зорӣ мекунанду ба кӯл табдил меёбанд. Ҳамин тавр, ҳафт кабӯтари нозанин ба ҳафт кӯли зебову мусаффо табдил мегарданд.

 Ҳафт кӯли ин минтақа чун ҳафт рамзи нотакрори водии Зарафшон, чун василаи шуҳрату эътибори минтақа, чун болидагии мардуми шарифу меҳмоннавози водӣ маҳбубият доранд.

Боби тамошову диданҳо

Кӯлҳои ин водӣ чунин ном доранд: Миҷгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма. Дар атроф ва ё соҳили аксарияти ин кӯлҳо деҳаҳо ҷойгиранд. Ҳар яке аз ин номҳо низ вобаста ба муҳит, табиат ва мавқеи кӯл гузошта шудааст.

Мардум мегӯянд, ки оби як кӯл ба кӯли дигар мерезад, қисман зеризаминӣ ва қисман чун дарёча ҷорӣ шуда, дар ниҳоят дарёи шӯху мусаффо ба водиҳо ҷорӣ мегардад, ки аз он ҳазорон нафар истифода менамоянд. Кӯли аз ҳама пасттарини ин водӣ дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуюм дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст. Тамошои кӯлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи мушкилгузарест.

Аксаран сайёҳон пиёда роҳро тай намуда, дар соҳили кӯлҳо нишаставу аз тамошои он ҳаловат мебаранд. Аҳолии маскуни ин минтақаҳо ақида доранд, ҳар нафаре, ки ақаллан як маротиба аз тамошои Ҳафткӯл баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯли охирини ин водӣ дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Миҷгон бо ранги ғайриодии обашон хеле зебову ҷолиб ба чашм мерасанд. Акси осмони соф ва табиати атроф дар оби кӯлҳо воқеан ҳам манзараи тамошобобу диданиеро ба вуҷуд меорад.

Эълон гаштани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкон фароҳам меорад, ки баҳри инкишоф ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳои туристии кишвар корҳои назаррас ба сомон расонида шаванд.

Рустамбек АҲМАДОВ,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее