02 November 2018

ХАР РАФТА МАККАВУ МАДИНА, БОЗ ОМАДА ҲАМОН ХАРИ КАДИМА

(Дар ҳошияи ривояти  «Хари Даҷҷол» ва  ё сафари аъзои ГМҶ-и ш.Хоруғ ба ш.Душанбе)

Пеш аз он, ки ба асли матлаб бирасем, муҳим аст, муқаддимаи навпойи худро бо гуфтае дар бораи маъниву тафсири полони хар ҳусни матлаъ бахшем, гиреҳ бизанем ва даромезем.  Бо узру маъзарат, ки суханро аз ҳайвоне шуруъ мекунем, ки беозор аст ва меҳнаткаш. Зеро ин пешгуфтор муҳим аст, хеле муҳим аст.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар таърихи навини давлатдории мустақили тоҷикон ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, ҳамватанони азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо хушбахтиву осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагй, пешрафт ва комёбиҳо орзу менамоям.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба пойдории  сулҳу субот,  фароҳам овардани шароит барои пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ шуд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро таҳти сарварии Раиси Ҳизби Либерал — Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи коркарди “Санги хоро” ва ҶММ “Ҷавонӣ”

Роҳбарияти корхонаи коркарди “Санги хоро”-и шаҳри Хуҷанд тасмим доранд бо воридсозии таҷҳизоти наву замонавӣ доираи фаъолиятро васеъ, ҳаҷми истеҳсолро афзун ва ҷойҳои кориро зиёд намоянд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи мазкур рӯзи 1 ноябр сурат гирифт ва роҳбари корхона Абдулҳақ Бобоҷонов ба Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори истеҳсолии корхона афзун карда мешавад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо раванди корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд

Рӯзи 1 ноябри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо раванди корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва тезонидани суръати корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят сохтмону бунёди садҳо иншооти муҳим, аз ҷумла таъмиру мумфарш ва чароғонкунии роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Читать далее

Иттилооти иғвоангезонаи наҳзатиёни хоин рӯи худашонро сиёҳ мекунад!

Душманону хоинони  давлату миллат бо ҳар роҳу васила дар васоити ахбори омма, махсусан дар сомонаҳои иҷтимоии худ маълумотҳои бардурӯғро доир ба фаъолияти кунунии Ҳукумати Ҷумҳурӣ паҳн намуда истодаанд.

Яке аз чунин сомонаҳои иғвоангези наҳзатиён ин торномаи payom.net  аст. Аз ҷумла ҳафтаи охир дар сомонаи мазкур мақола доир ба сафари роҳбарияти  кишвар ба Ҷопон нашр гардид. Дар он қайд мешавад, ки ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат ночиз аст. Лекин боз ҳамин сарчашма маълумот медиҳад, ки агар ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ҷопон аз соли 2010 то соли 2017 ба 10 миллион доллари амрикоӣ баробар бошад, пас соли 2017 он ба 30 миллион расидааст.

Беақлии таҳлилгарони наҳзатӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин тоифаи хоинон аз зиёдшавии ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, аз вориди ташҳизотҳои пешқадами  ҷопонӣ ба соҳаҳои саноат ва маориф дар ташвишанд. Аз нигаронии наҳзатиён ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки  онҳо бар зидди инкишоф ва рушди давлат, аз ҷумла давлати аграрӣ ба давлати индустриалӣ гузаштани Тоҷикистонанд.

Бо ин васила душманони миллат бо нашри маълумотҳои бардурӯғ дар ҷомеа тухми низову кинаро кишт карданианд.  Инчунин дар мақола  қайд мешавад, ки ягон санади муҳими ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон имзо нагардидааст. Албатта ин ҳам нодуруст аст, зеро ҳафт санадҳои байнидавлатии имзошуда фарогири ҷанбаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, варзишӣ ва фарҳангианд.

Пас ин ашхосро месазад, ки қабл аз навиштан авал андеша намоянду дурӯғу найранги худро ба мардуми мо бор накунанд.

Аз таҳлилҳои бемантиқӣ наҳзатиёни хоин бармеояд, ки аз мақолаҳои эшон бӯи ҷангандозӣ, низову адоват меояд.

Мо, шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки ҳамарӯза зиракии сиёсии худро аз даст надода, зери сиёсати созандаи давлату ҳукумат сарҷамъ бошем, баҳри ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллии худ, ваҳдат, сулҳу субот кӯшиш намоем. 

Ҳ.Қурбонов,
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Сулҳу суботи ҷомеа аз ҳар яки мо вобаста аст!

Даврони соҳибистиқлолии давлати мо барои пешрафт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва гӯшаву канори мамлакат заминаҳои асосии рушд ва пешрафтро гузошт.

Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти Тоҷикистони азиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мадди назари роҳбарияти давлат, қарор дошт. Тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ сохтмон ва ба истифода додани садҳо корхонаву идора ва муассисаҳои таълимӣ далели комили таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат нисбат ба мардуми ин минтақаи кӯҳистон ба шумор меравад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои муҳими дорои имкониятҳои фарох, заминаҳои муҳими инфрасохторӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати мунтазам рушд ёфтани ҳамасола аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Мардуми шарифи Бадахшон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз дастгириву пуштибонии давлату ҳукумат баҳраманд гашта, баҳри боз ҳам ободу рушд ёфтани ин минтақа саҳми хешро мегузоранд. Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар ба истифода додани 1700 иншооти таъиноти гуногун аз ҷумла, дар тандурустӣ, мактабу маориф, сохторҳои қудратӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин нишонаи аз рушд ва ишкишофи ҳамаҷонибаи ин вилоят ба шумор меравад.

Баробари ин, мутаассифона, имрӯз ба назар мерасад, ки баъзе ашхоси дасисабозу хиёнаткор ба қадру қиммати оромиву осудагӣ ва пешрафту шукуфоии ин минтақа нарасида, ба амалҳои нангини ҷиноятӣ даст мезананд, ки боиси ташвиши аҳолӣ гардидааст. Ба гурӯҳҳои ифротӣ аъзо шудани ҷавонон, ба ақидаҳои дасисабозони дода шудани онҳо боиси нигаронии ҳам мақомот ва ҳам шаҳрвандон гаштааст. Фирефта шудан ба андешаву афкори манфиатҷӯёнаи гурӯҳи хиёнаткорон низ ба мушоҳида мерасад.

Хиёнаткороне ба мисли Алим Шерзамонов ва чанде аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа чун Толиб, Боқир, Ёдгор ва дигарон, ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон даст ба ҳар гуна амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ мезананд, мекӯшанд, ки ҳадафҳои нопоки хоҷагонашонро амалӣ созанд. Ин ашхосони ноҷавонмарди зархарид ва фурӯхташуда ва он гурӯҳҳои ифротгаро асосан ба хотири пӯшидани ҷинояту гуноҳҳояшон талош мекунанд. Аммо аз хориҷи мамлакат истода, тадбирҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро, ки ба хотири таъмини осоишу босуботи аҳолӣ ва нигоҳ доштани тартиботи дохилии вилоят амалӣ гардонида истодаанд, ба мардум баръакс маънидод мекунанд.       

Мебояд дар ин рӯзҳои ҳассос ва душвор, ки раванди бенизоми ҷаҳонишавӣ тамоми минтақаҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, мардуми сарбаланди Бадахшон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон, таъмини амнияти сартосарии ҷомеа дар паҳлӯи мақомотҳои давлатӣ истода, барои ошкор намудани гурӯҳҳои ҷинояткор  ва безарар гардонидани онҳо кӯмак расонанд. Зеро ҳадафи асосии ин амалиёт ба хотири оромӣ ва осоиштагии нафақат ин минтақа балки тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

М.Хоҷаева,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ҚАТЛУ КУШТОРУ ҒОРАТ БО НОМИ ДИН

Нафароне пайдо мешаванд, ки хилофи шариат амал намуда, барои манфиатҳои шахсӣ ва ё гурӯҳӣ бо номи Ислом ҳизбҳои динӣ ташкил мекунанд, қатлу кушторро пешаи худ сохта, дар таълимоти худ зулму тааддиро мояи фахр медонанд.

Аз чунин ташкилотҳо, ки имрӯз ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардидаанд, ҳизби Ихвонул-муслимин дар Миср, Созмони Фатҳулло Гулен дар Туркия ва ҳизби хиёнаткори наҳзат дар Тоҷикистон мебошанд.

Ҳафтаи дуввуми ҳамин моҳ дар масъалаи "Мубориза бар зидди терроризм" дар шаҳри Коҳираи Миср ва шаҳри Истамбули давлати Туркия ду конфронси байналмилалӣ барпо гардид, ки дар ҳарду ҳамоиш раиси Шӯрои уламои  Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми Миср дар сад соли охир аз дасти аҳзоби динӣ азият мекашад, то замони Ҷамол Абдулносир аз дасти ихвониҳо ҳазорон мардуми Миср кушта шуданд ва ҳангоме соли 2012 Муҳаммад Мурсӣ  ба сари қудрат омад, аввалин шуда Муҳиддин Кабирӣ ба мулоқоти ин ихвонӣ  шитофт. Соли 2013 Мурсӣ ҳамчун террорист ҳабс ва ҳизби диниаш ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардид.

Дар Туркия бошад, бо кирдори нохалафонаи роҳбари Созмони динии Гулен - Абдуллоҳ Гулен ҳаракати табаддулоти давлатӣ ба вуҷуд омад, ҳазорон одамон зарар диданд. Вале адолат ғолиб омад, Гулен ва ҳампешагонаш шикаст хӯрданд ва ин созмони динӣ экстремистӣ-террористӣ эълон карда шуд.

Ҳар сол дар Миср ба фатвои шаръӣ таҷдиди назар ва агар зарурат пайдо шавад, бо иттифоқи уламо фатво содир карда мешавад.

Дар конференсия Саидмукаррам Абдукодирзода дуруст пешниҳод намуд, ки дар ҳаққи ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористии  байналмилалӣ фатво содир карда шавад.

Дар ин ҳол Кабирӣ ва ҳамтабақонашро давлатҳои мусулмоннишин ҳамчун террорист мешиносанд ва ҳеҷ вақт ба суханҳои ин хоин бовар намекунанд.

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
 шаҳри Хуҷанд

Читать далее

ИФРОТГАРОӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ШУУРИ ҶОМЕА

Терроризм ва экстремизм ҳалқаҳои як занҷираро ифода мекунанд. Ифротгароӣ ин назарияи тайёрӣ, вале терроризм ин иҷрошавиро мефаҳмонад. Терроризм фаъолияти пинҳонӣ оид ба амалӣ гардонидани зуҳуроти ифротгароӣ, тоқатнопазирии агрессивӣ мебошад. Байни руҳияи экстремистӣ ва террористӣ занҷираи миёнаравон – аз «маблағгузорон» ва «тарроҳон» то ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони сўиқасд мавҷуд мебошад. Терроризм сиёсате мебошад, ки то имрўз мафҳуми ягонаро надорад. Террор аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои тарс ва даҳшатро мефаҳмонад. Синоними ин калима «зўроварӣ», «таҷовуз» ва «таҳдид» мебошад, ки ҷомеаи башарӣ бо ин зуҳурот охири асри XX ва аввали асри XXI рў ба рў гашт.

Ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба инсоният таҳдиду хатарҳои зиёдеро эҷод карда истодааст.

Пўшида нест, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳар рўз даҳҳо инсони бегуноҳ қурбон гардида, мавзеъҳои сўхта ба харобазор табдил меёбанд. Аслан, ин неру аз ҳисоби ҷавонони кишварҳои гуногун сафҳои худро зиёд мекунанд. Роҳбарони гурўҳҳои ифротгаро ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои зиёди пулию молӣ дода, онҳоро ба коми оташ тела медиҳанд, вале бо итминон метавон гуфт, ки рўзе ин «нерўи тавоно» ба шикаст дучор мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз созмонҳои террористӣ, назири «Таблиғ», «Ал-қоида», «Салафия» дар ҷумҳурӣ фаъолияти таблиғоти бурда, сокинони кишварро барои пайвастан ба сафҳои худ ва иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар шимоли Покистон, Афғонистон, Сурия ва Ироқ ташвиқ мекунанд. 

Ғайр аз ҷавонон, мутаассифона, ҳолатҳои ба таври оилавӣ ба Сурия рафтани сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ҷой дорад. Онҳо аслан, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки дар Русия ба доми фиреби гурўҳҳои ифротӣ афтида, ба ин кишвар фиристода шуданд.

Рўзе нест, ки дар расонаҳои ахбори дохиливу хориҷӣ пахши гузориш ё хабари даҳшатафканиҳои гурўҳҳои террористӣ, бахусус, ҷангиёни «Давлати исломӣ» вуҷуди инсонҳоро ба дард наёрад.

Раванди ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ торафт хусусияти фаромиллӣ касб карда, ба яке аз муаммоҳои ҷиддии глобалӣ табдил ёфтааст. Тавре маълум аст, чунин зуҳуроти хатарнок минтақа ва кишварҳои алоҳидаи ҷаҳонро фаро гирифта, таҳдид ва амнияти сокинони сайёраро меафзояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ – террористӣ эътироф намудани онро, ки роҳбаронаш даст ба хиёнату ҷиноят зада, мехостанд, ҳокимияти конститутсиониро барҳам диҳанд, шаҳрвандони кишвар амалӣ дуруст ва одилона меҳисобанд.

Таҳлили фаъолияти солҳои охири Ҳизби наҳзати исломӣ нишон дод, ки он аз аввали ташкилёбиаш (моҳи декабри соли 1991) барои сарнагун намудани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани қудрат талош карда, дар сар задании ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (соли 1992) даст дошта, маҳз бо ҳамин сабаб он замон баста шуда буд. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳизби наҳзат аз нав номнавис шуда, ба фаъолият оғоз кард.

Аммо ба ҷои гузоштани саҳм ба рушди кишвар ва якпорчагии миллати тоҷик аъзоёни ин ҳизб шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию ифротгароӣ доштаро содир намуданд. Хушбахтона дар муддати кўтоҳ вазъи ба вуҷуд омада бартараф карда шуд ва иштирокдорони он мувофиқи қонун маҳкум шуданд. Дар асоси ин далелҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ мувофиқи қонуни ҷиноӣ қатъ гардида, ғайриқонунӣ ҳисобида шуд. Аксари аъзоёни наҳзат сари вақт хатои худро дарк намуда, тарки узвияти ин ҳизб карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки фаъолияти ин ҳизб на ба рушди кишвар, баръакс ба таназзули он оварда мерасонад.  

Бояд тазаккур намуд, ки терроризм ва ифротгароӣ дар ягон давраю замон саҳми худро ба рушди ҷомеа ё иқтисодиёт намегузорад. Мисоли равшани онро мо ҳамагон дар фаъолияти “ДИИШ” ва ТТЭ ҲНИ мебинем.

Тоҷибоев Ш.А. – н.и.ҳ., дотсент,
 декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Читать далее