08 November 2018

Коррупсия ва пешгирии он

Дар толори Муассисаи давлатии Кохи матбуоти маркази вилоят дар ҳамҷоягӣ бо Дафтари барномавии Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо ва намояндагони Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Комиссияи ҷамъиятии мубориза бо коррупсияи вилоят, рӯзноманигорони нашрияҳои чопӣ ва электронии вилоят семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Коррупсия ва пешгирии он» баргузор гардид.

Семинарро сардори идораи муносибатҳои байналхалқӣ, алоқа бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ ҳусни оғоз бахшид. Намояндаи Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Маҷидӣ дар бораи заминаи ба вуҷуд омадани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Конвенсияи зидди коррупсия ва уҳдадориҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал дод. Раиси аъзои Комиссияи ҷамъиятии мубориза бар зидди коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Музаффар Бобоҷонов дар бораи фаъолияти солонаи аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ва ворид сохтани тағйирот, баланд бардоштани маърифати ҳар як шаҳрванд марбут ба мавзӯи мазкур фикру андешаи хешро иброз дошт.

Дар рафти семинари омӯзишӣ андешидани чораҳои гуногуни пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба кодекси рафтор, ҳалли бархӯрди манфиатҳо, таъмини идоракунии дурусти захираҳои молиявӣ дар бахши давлатӣ, роҳҳои таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, соли 2003 қабул гардидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, аз 14 декабри соли 2005 эътибор пайдо кардани он ва то якуми декабри соли 2015 пайваст гардидани 178 кишвари ҷаҳон сухан рафт.

Инчунин аҳли нишаст оид ба мақсади асосии Стратегияи миллӣ, вазифаи асосии аъзои комиссия, ҷорӣ намудани назорати дохилӣ, таҳияи барнома ва амалигардонии он дар давоми ду сол, баҳри пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ муҳайё сохтани шароити корӣ ва иҷтимоӣ, хосатан барои кормандони қисмҳои ҳарбӣ, ташкили мулоқотҳо бо аҳолӣ, чораҷӯӣ ҳангоми муқовимат бо ҳолатҳои коррупсионӣ, қабули қарорҳо ва гузарондани экспертизаи зиддикоррупсионӣ, татбиқи ташаккули ҳукумати электронӣ, харидории дастгоҳи махсуси нусхабардорӣ ва баҳри шаффофияти фаъолият дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо пайваст намудани камераҳои назоратӣ, риояи кодекси одоби соҳавӣ, ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият тавассути нашрияҳои даврӣ, истифодаи соатҳои таблиғотӣ ва дигар масъалаҳои ҷориро мавриди ҳаллу фасл қарор доданд.

Дар ин бобат намояндаи Дафтари барномавии САҲА Мария Коко, эксперти байналхалқӣ Денис Примаков ва дигарон фикру ақидаи хешро иброз доштанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее