12 November 2018

Таджикистан не проходной двор, чтобы всякого рода хармуроды, гулмуроды нападали на него

 

 

 

         Сайт «risolatti.com», принадлежащий террористической организации ПИВ, является рупором оппозиционеров-предателей за границей, призывающий к экстремизму и организации провокаций в Таджикистане, опубликовал статью «Гулмурод Халимов готовится атаковать Бадахшан Таджикистана», которого нет в живых. Также, в статье отмечается о неизвестной организации «Бунёди» с её «искусствами стратегии без искусства».

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ

Рӯзи шанбеи 10 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуд ва бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳия шинос шуд.

Тавре зимни боздид аён гардид, айни замон дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ғуну чини пахта идома дошта, то имрӯз дар ноҳия 16 902 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ гардидааст.

Читать далее

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт

10 ноябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Иттифоқи боғпарварони Кубани Федератсияи Россия Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаҳои давлатӣ ҳамасола садҳо гектар боғоти нав ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, соли равон танҳо дар вилояти Суғд беш аз 700 гектар боғҳои гуногун бунёд гардидааст, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои гуногун ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен

Рӯзи якшанбеи 11 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаҳои ҳудуди вилоят аз як қатор шаҳру ноҳияҳо боздид намуд.

Таъмини бозори дохилӣ бо меваҷоту сабзавот дар чаҳор фасли сол  аз фаъолияти муназзами гармхонаву сардхонаҳо вобастагии зич дорад ва роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ба фаъолияти гармхонаву сардхонаҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд.

Читать далее

Баргузории намоиш ва фурӯши чорвои хушзот дар ҶДММ “Деҳбудхӯҷа”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

10 ноябри соли равон дар Бозори фурӯши чорвои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш ва фурӯши чорвои хушзот ташкил карда шуд, ки дар он чорвопарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят молҳои гуногунро пешниҳод намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиш-фурӯши мазкур боздид намуда, дар суҳбат бо чорводорон иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи чорвопарварӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Читать далее

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев

10 ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади бошукуҳи идона бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо ворид шудани Сарвари давлат ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Читать далее

Вазъи омодагӣ ба зимистон – нигаронкунанда

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба вазъи омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2018 - 2019 тибқи нақшаи ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи сайёр доир гардид.           

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, аъзои ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ, омор, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, идораи роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, шабакаҳои барқӣ, Хадамоти оташнишонӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд.

Читать далее