16 November 2018

Тоҷикистон. Ташаббускорони ошӯби зиндон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд (Бознашр аз сомонаи «Центразия.ру» аз 16.11.2018с.)

 

 

 

Нисбат ба ташкилкунандагон ва иштирокдорони ошӯби зиндони №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он маҳбусон бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, терроризм ва экстремизм адои ҷазо менамоянд, тафтишот идома дорад. Лекин,  тибқи  маълумоти  расида,  аллакай  маълум  аст,  ки  ташаббускорони  асосӣ  ва 

Читать далее

МАШЪАЛАФРЎЗИ МИНТАҚА ЧАШМИ ҲАСУДОНРО КЎР МЕКУНАД

 

 

 

Тоҷикистон дорои  захираҳои бузурги энергияи неруи обӣ  буда, он дар як сол ба 527 млрд.квт/соат мерасад. Дар нақши захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он 317 млрд. квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 5% танҳо дар айни замон  истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд.

Читать далее

ОЛУС ҲАМАРО КАҶМАКАҶАК МЕБИНАД

ОЛУС  ҲАМАРО  КАҶМАКАҶАК  МЕБИНАД

Ба «равоншинос»-и дар ба дар Кури Саидюнус 

Даъвӣ дорӣ - гаштайи равоншинос,

Аввалан шахсияти худро шинос!!!

Читать далее

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Таджикистан. Зачинщиками тюремного бунта являются члены ТЭО ПИВ

Следствие в отношении организаторов и участников бунта, произошедшего в колонии №3 г.Худжанд, где содержатся заключенные, отбывающие наказание за тяжкие и особо тяжкие преступления, за терроризм и экстремизм, продолжается. Однако, по полученным данным, уже известно, что главными зачинщиками, и, следовательно, виновниками гибели людей, в том числе охранников, являются члены ТЭО ПИВ, отбывавшие там наказание.

Читать далее

Ҳар ҷиноятро сазоест!

Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳукми додгоҳ ба зиндон кашида шудаанд, доду бедодро роҳандозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳоро ба ҳайси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо тамоми тавони хеш кӯшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зиддиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд. Ҳамин аст, ки дар Аврупо ҳар рӯз як кумитае ё созмоне таъсис медиҳанд, ки бунёд ва решаву моҳияти ҳамаи онҳо наҳзатӣ ва наҳзатмаоб аст.

Бо ин роҳ мехоҳанд назди созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон нишон диҳанд, ки то чӣ андоза мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ва норозиёни сиёсӣ зиёданд. Аммо ин амали тақаллубии онҳо дар ҳама ҷо аз офтоб равшантар аст.

Аз ин ҷост, ки талаботи масъулини ин гурӯҳ дар доираи хостҳои наҳзатӣ маҳдуд гардида, ҷиҳати ҳамовозӣ пайдо кардан ба сатҳҳои дигари муҳоҷирӣ бароварда мешаванд.

Расонаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ чанд наҳзатии ҷинояткор ва хоинро ҳамчун мусичаи бегуноҳ унвон карда, онҳоро ба сифати зиндонии сиёсӣ ном мебаранд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсӣ, ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанду халос. Масалан, чанд нафари онҳо бо ҷурми иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ,  бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, ба маҳбас кашида шудаанд.

Гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо қарори Суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ягон ҷойи ҳайронию воҳима надорад. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам ягон хел ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мебошад.

Инро мақомот бо санаду далелҳо исбот кардааст ва қарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Танҳо бахшидани ин нафароне, ки ҷиноят содир намудаанд, дар доираи қонуни авф имконпазир аст. Дар дигар ҳолат ҷинояткор бояд дар доираи қонун ва ҳукми додгоҳ адои ҷазоро анҷом диҳад.

Эҳсони Илҳом,
коршиноси умури иҷтимоӣ,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

ШИШАИ НОМУСИ ОЛАМ ДАР БАFАЛ ДОРЕМ МО

Баъд аз огаҳӣ ёфтанамон аз вазъияти шаҳри Хоруғ, ки шаби 4-ум ба 5-уми ноябри соли ҷорӣ ба миён омадааст, беихтиёр байти Соиб вирди забон шуд, ки мегӯяд:

Ҳар кӣ по каҷ мениҳад, хуни дил мо мехӯрем,

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.

Дар баробари оромиву осудагие, ки дар кишвар барқарор гардиду миллати тоҷик дар арафаи чорабинии муҳими сиёсиву иқтисодӣ – ба истифода додани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқии обии Роғун қарор доранд, амали ноҷавонмардонаи як гурӯҳ ҷавонони гумроҳи вилояти Бадахшонро бо саврарии Хурсанд Мазоров – яке аз лидерони ғайрирасимии ин вилоят чӣ гуна метавон хулосагирӣ кардҳ!

Воқеан ҳам, ба ҷуз хиёнат ва носипосӣ ба халқу миллат ва ношукрӣ чӣ ҳам метавон гуфт! Дар кишвар ҳама бояд ғуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кӯшиш намоянд. Бо ин мақсад раҳбарони аввали вилоят иваз ва назорти қонунҳои амалкунанда аз ҷониби ситоди байниидоравии амният бештар гардид.

Ин амали хайру савоб ба гурӯҳе, ки корашон қоҷоқи ҳар гуна мавод, аз ҷумла мухаддир ва яроқу аслиҳа аст, писанд наафтод. Вагарна дар иттилои шабакаи маҷозӣ – интернетӣ сабт ёфта, ки «дар марзи Афғонистон ҳоло миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳ ҷамъ шудааст ва посгоҳи мавҷуда як монеаи асосӣ дар роҳи кочоқи он ба шаҳри Хоруғ гардидаанд». Ба таъбири дигар, он носипосон намехоҳанд, ки ғуломи қонун бошанд. аз ин рӯ бо ҳар баҳона мехоҳанд аз рӯи мақоли «худам - шоҳу табъам - вазир» амал намоянд. Вале ба ин бехабарону ноогоҳон бояд бо мақол гуфт, ки Шумо, ҷанобон, тушбераро хом шуморидед! Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад. Инро хуб донед ва аз хотир фаромӯш накунед!

Ҳайфи он ҷавонон, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи «хоҷа»-ҳои дохиливу хориҷӣ дода шуда, ҷавонии худро на сарфи хондану илм омӯхтан, балки сарсониву оворагардӣ мекунанд. Ҷавонон, бояд донову огоҳ бошед, ки таърих собит сохтааст ва бузргони мо ин шаҳодати таърихро ба назм кашидаанд, ки омӯзанда аст:

А.ҲАСАНЗОДА,
М.ОЛИМҶОНОВ,
устодони кафедраи забони тоҷикӣ

Читать далее

Аз Ватани орому обод бояд шукрона кард

Мардуми кишвар имрӯзҳо бо фаъолияти ободкориву созандагӣ, ташаббускорӣ, бунёдкорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволӣ машщуланд.

Мутаассифона, дар ҷаҳони пур аз тазод ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳо ва ашхосе мавҷуданд, ки ба ҷудоиандозӣ, хиёнаткорӣ ва амалҳои номатлуби террористӣ машщул буда, фазои орому сулҳу суботи кишвари маҳбубамонро ноором сохтанианд.

Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода, тариыи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои бераыам, интиыоли маводи мухаддир ва дигар иыдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз, пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи ыонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодаанд, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори халыи шарифи Бадахшон гардидаанд.

Сафар ЭРКАЕВ

Читать далее

ТТЭ ҲНИ ҶОНИБДОРИ ҶИНОЯТКОРОН АСТ!

Ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 27 сол пур шуд, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Аммо дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нагардида буданд.

Мутаассифона ҷоҳилоне ҳастанд, мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд ва ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзои ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати ислом, пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла собиқ раиси ТТЭ Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилоти ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад.

Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Fайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), Умед Исоев, Шоиста Мамадшеховаю фарзандонаш Бегзод ва Ҷавоҳир Ӯриновҳо, ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд, мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

ТТЭ Ҳизби наҳзат дар асоси далелҳои мӯътамаду асоснок, баъди бо нокомӣ анҷом ёфтани табаддулоти наҳзатиён таҳти сарварии муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ҳамин ҳизб генерал А. Назарзода аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон ва ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил шуд. Ба истиснои чанд нафар аз ҳайати роҳбарии дар ин табаддулот дастдоштаи ҳизб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии кишвар нисбати ягон нафар аъзои қатории ҳизб, ки хатои худро фаҳмида, бо амри дилу виҷдон сафҳои онро тарк намуданд, чораи интизомӣ ё маъмурию ҳуқуқӣ андешида нашудааст, то боиси нигаронӣ бошад. Онҳо имрӯз чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа озодона кору зиндагӣ доранд. Ва он ҳама даъвоҳо дар бораи таъқибу боздошт ё шиканҷаи собиқ аъзои ТТЭ ҲНИТ, ки ватанфурӯшон паҳн мекунанд, беасосанд.

Имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст.

Ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат даст ба дасти ҳамдигар дода, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ собитқадамона камари ҳиммат мебандем.

Муталиб МАҲМУДОВ,
мутахассиси шуъбаи кор
бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Зуҳуроти нангин

Ҳодисаҳои Хоруғ, ҳодисаҳои Бадахшон ин воқеъоти худи  Тоҷикистон нест. Ҳар ҳодисаи нохуш боз як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки барои Ваҳдати воқеӣ, барои ягонагии самимӣ, барои муросо кӯшиш кунем. Аз ваҳдати забонӣ, аз ватандӯстии намоишии телевизионӣ, аз сулҳҷӯиҳои муғризона парҳез карда, ба Ваҳдати қалбҳо, ба садоқати самимӣ ба Ватан ва дар симои ҳар тоҷик хоҳ шимолӣ, хоҳ ҷанубӣ, хоҳ шарқӣ ва хоҳ ғарбӣ ТОҶИК-ро бинем он гоҳ сулҳ, оштӣ, муросо, миллат побарҷо хоҳад монд.

Имрӯзҳо афзоиши ҷиноятхои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризм ва экстремизми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусалаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат кардааст. Ин ҳодисаҳои мудҳиш моро бори дигар водор мекунад, ки арзиши сулҳу ваҳдатро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.  Агар имрӯз иддае аз ҳамватанони мо, ки зиёдтар аз хориҷи кишвар ҳангомаи Ватанхоҳӣ ва «обод»-ии кишвар менамоянд аз ҳукми хоҷагон берун шаванду рӯй ба адолату маърифат оварда, шукрона аз Ватани озоду соҳибихтиёр намоянд. Мо, ҳамагон бояд фаромӯш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани  аҷдодӣ бар дӯши ҳар кадоми мост.

Мо мардумони шарафмади кишвари азиз,  бояд дарк намоем, ки  ба муҳимтарин дастоварди башарӣ-сулҳу суббот ва амнияту ваҳдат бо заҳматҳои шабонарӯзӣ расидем. Имрӯз мо бо эҳсоси баланди ватанҳоҳӣ бояд сарҷамъона ин дастоварду музафариятҳои хешро чун гаҳвараки чашм дифоъ намоем.

А. АТОЕВ,
мудири кафедраи  умумидонишгоҳии
фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
доктори илмҳои фалсафа, профессор

Читать далее