18 November 2018

Ба муносибати Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор гардид

17 ноябри соли 2018 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» чорабиниҳои гуногуни идона баргузор гардид.

Чорабиниҳои тантанавӣ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд бо раҳпаймоии беш аз 25 000 нафар сокинони касбу кори гуногун, ҷавонон, кормандони ташкилоту идораҳо, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо, аҳли зиё, намояндагони воситаҳои ахбори омма, кормандони соҳаҳои кишоварзиву саноат, роҳу нақлиёт, тиб, фарҳанг ва фаъолон оғоз ёфт. Иштирокдорони ҳамоиш ба шарафи ифтитоҳи чархаи аввалини бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ дар ҷаҳон аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” то майдони назди  Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ раҳпаймоӣ намуданд.

Читать далее

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

17 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар бо барқи аввали нерӯгоҳи “Роғун” — чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.

Читать далее