November 2018

20 November 2018

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсен, Ҷумҳурии Финляндия хонум Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс, Ҷумҳурии Латвия Михаил Попковс, Ҷумҳурии Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Корея Ким Хен Чжун, Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Читать далее

Дастгирии дастовардҳои насли фардосози миллат

 Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”

19 ноябри соли 2018 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и маркази вилоят  ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҷавонони саодатманди диёр, устодону муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумии вилоят ва аҳли зиёи вилоят иштирок намуданд.

Читать далее

Пешгирии коррупсия – вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд

Семинар - машварати вилоятӣ 

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинар – машварати вилоятӣ дар мавзуи «Пешгирии коррупсия – вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар вилоят ширкат варзиданд.

Семинар – машваратро котиби комиссияи ҷамъиятӣ Музаффар Бобоҷонов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши комиссияи ҷамъиятӣ дар мубориза бо коррупсия сухан ронд.

Муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии вилоят Зокирҷон Шарифов дар баромади хеш бобати иҷрои талаботи Қоидаи ҳаракати роҳ, муоширати кормандони БДА бо ронандагон, паст намудани омилҳои коррупсионӣ ва риояи қонунҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа гузориш дод. Мавсуф зикр дошт, ки давоми 9 моҳи соли равон аз тарафи кормандони БДА – и вилоят дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ ва  гузаронидани амалиётҳои махсус, амсоли «Бахус», «Пиёдагард» ва ғайраҳо 3456 қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд.

Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Набиҷон Раҳмонов коррупсияро амали хатарнок ва нангин номида, бобати иҷрои моддаи 74 – и Стратегия, ом=зиши барномаи зиддикоррупсионӣ, пешгирии коррупсия дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёна, миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус маълумот пешниҳод намуд.

- Ҳарчанд бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф корбарӣ пурз=р аст, вале дар 9 моҳи соли равон 8 ҳолати даст задании кормандони соҳа ба амалҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Алҳол дар муассисаҳои таълимӣ насби видеокамераҳо амалӣ гардида, дар назди Раёсати маорифи вилоят телефонии боварии 6 – 32 – 47 амал менамояд. Масъулони Раёсати маорифи вилоят кулли тадбирҳоро меандешанд, ки ин омили номатлуб дар муассисаҳои соҳа пешгирӣ гардад, - зикр дошт Набиҷон Раҳмонов.

Семинар – машварат бо баргузории муҳокима, баррасии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, роҳҳои пешгирии он ва пешниҳоди таклифу мулоҳизаҳои аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ ба фарҷом расид.

«Ҳақиқати Суғд»  

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Конибодом

Рӯзи якшанбеи 18 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ва фаъолияти гармхонаҳо ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳр бо фаъолияти гармхонаи ҷамоат ошно шуд. Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, гармхонаи мазкур дар масоҳати 0,8 га сохта шуда, ду сол инҷониб дар он лимон ва помидор истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти гармхона асосан ба бозорҳои шаҳри Конибодом бароварда шуда, барои танзими нархи лимону помидор дар ҳудуди шаҳр мусоидат менамояд.

Читать далее

19 November 2018

Бемории ВНМО байни ҷавонон афзоиш ёфтааст?

 

 

 

 

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз бемориҳои сироятӣ ба ҷои коҳиш ёфтан бахусус байни ҷавонон реша давонида, аҳли ҷомеаро нигарон намудааст. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто дар телевизион хавфи сироят ёфтани бемории вируси норасоии масунияти одамро ба аҳолӣ намоиш медиҳанд, то худро аз сирояти ин беморӣ дур нигоҳ доранд. Таҳлил ва ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки аксар одамони мубталои бемории ВНМО гардида шахсоне ҳастанд, ки ба муҳоҷират рафтаанд ё моҳҳову солҳо аз оилаҳояшон дур зиндагӣ кардаанд. Айни замон бемории вируси норасоии масунияти одам байни ҷавонон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ бештар сироят меёбад.   

Оид ба сироятёбӣ ва пешгирӣ аз бемории ВНМО сардори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО-и ноҳияи Ашт Мурод Пулотов мегӯяд, вируси норасоии масунияти одам ба одами солим бо се роҳ: бо хун (ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳо, хунгузаронӣ ва таҷҳизоти тиббии тамйизношуда), алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола), аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ) мегузарад. Он оҳиста-оҳиста дар организм зиёд мешавад. Шахси гирифтори беморӣ солҳои зиёд намедонад, ки ӯ сироят ёфтааст. Масалан, давоми аз 2 то 15 сол то вақте, ки масуният заиф мешавад, фаҳмидани сироят ба инсони бемор душвор аст. Дар баробари ин инсони сироятёфта ба дигар бемориҳои гуногун низ гирифтор мешавад.

-Дар мубориза бо ин беморӣ, ки ахиран ба марг оварда мерасонад, бояд тамоми ҷомеа мубориза баранд. Ҳар шахс бояд сари вақт аз ташхис гузарад ва дар давраи аввали беморӣ аз он огоҳ шуда, ба табобат машғул бошад. Ҳар инсон ҳадди ақалл дар як сол як маротиба худашро ташхис намояд. Ҷавонон бояд аз алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона худдорӣ кунанд. Дар баробари ин тамоми сохторҳои соҳаи тибб барои пешгирии ВНМО ҷалб карда шаванд ва ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.Яъне мардум ҳарчӣ зиёд дар бораи беморӣ иттилоъ дарёфт кунанд, ҳамон қадар аз бемории вируси норасоии масъунияти бадан худро дур медоранд,-илова намуд Пулотов Мурод.

Бо вуҷуди мубориза бо ин беморӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят афзоиши онро масъулин ба қайд мегиранд. 22 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент дар ду соли охир гирифтори бемории ВНМО гаштаанд, ки ин шумора аз дигар шаҳру ноҳияҳо зиёд мебошад. Танҳо дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ин беморӣ давоми соли 2017-2018 дида намешавад.

Бино ба омори расмии Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО дар нӯҳмоҳаи соли 2018 байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  68 нафар ҷавонони аз синни 14 то 30-сола гирифтори бемории ВНМО гаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар зиёд мебошад. Дар нӯҳмоҳаи соли 2017 байни ҳамин синну сол 53 нафар гирифтори бемории ВИЧ гаштаанд. Аз 68 шумора  беморон 34 нафар занон ва 34 нафар мардон арзёбӣ мешаванд. Дар соли 2017 бошад 26 нафар мардон ва 27 нафар занони ҷавон гирифтори бемории ВНМО гардидаанд. Мо ба Шумо теъдоди гирифторони бемории ВНМО-ро дар ду соли охир дар соли 2017-2018 байни ҷавонони аз синни 14 то 30-соларо пешниҳод менамоем:

Номгӯи шаҳру ноҳияҳо

ҳамагӣ

Мард

         зан

2018

2017

2018

2017

2018

2017

1

Айнӣ

2

1

0

1

2

0

2

Ашт

3

5

1

3

2

2

3

Бӯстон

6

1

2

0

4

1

4

Б. Ғафуров

4

4

1

2

3

2

5

Гулистон

2

1

1

1

1

0

6

Деваштич

1

0

1

0

0

0

7

Зафаробод

3

1

2

1

1

0

8

Исфара

4

7

3

2

1

5

9

Истиқлол

1

0

1

0

0

0

10

Истаравшан

1

4

1

1

0

3

11

Конибодом

13

9

7

3

6

6

12

К. Мастчоҳ

0

0

0

0

0

0

13

Масчоҳ

0

5

0

3

0

2

14

Панҷакент

17

5

7

3

10

2

15

Спитамен

2

3

1

1

1

2

16

Хуҷанд

7

4

5

2

2

2

17

Ҷ. Расулов

2

2

1

2

1

0

18

Шаҳристон

0

1

0

1

0

0

 

Ҷамъ

68

53

34

26

34

27

Дар ноҳияи Ашт соли ҷорӣ азфоиши ин беморӣ байни ҷавонон коҳиш ёфтааст. Дар соли 2018 ҳамагӣ 3 нафар мубталои бемории ВНМО гардидаанд, ки 2 нафар аз соли гузашта кам мебошанд.

Дар мубориза бо бемории ВНМО дар табобатхонаҳо таҷҳизотҳои табобаткунанда такроран набояд истифода шаванд. Шахси сироятёфта аз ВНМО аз алоқаи ҷинсӣ бо шахсони дигар худдорӣ кунад ва онҳо бояд таҳти назорат қарор гиранд. Таҳти назорати доимӣ қарор гирифтани шахсони сироятёфта, омили асосии пешгирии бемории ВНМО ба шумор меравад.

Саодат ИСМОИЛӢ

 

 

 

 

 

 

 

Читать далее

Сарфарозиҳои мардум

 

 

 

Дар ноҳияи Деваштич Рӯзи Президент ва ифтитоҳи чархи якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, бо шукeҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Нахуст зиёда аз 2000 нафар намояндагони xамоатҳо, ташкилоту корхонаҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳрак бо шиору овезаҳо ба

роҳпаймоӣ баромаданд. Баъдан дар назди қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона баргузор шуд.

Дар чорабинb раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода сокинони ноҳияро табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки бузургтарин иқдоми замони даврони соҳибистиқлолии мо дар баробари сулҳу субот ин сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Ин рӯйдоди сарнавиштсози миллати тоҷик, ифтитоҳи чархи якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атҳам Абдуллозода низ ба сухан карда, сокинони ноҳияро бо ин санаҳои хотирмон табрик намуд. Намоиши консертии а[ли фар[анг бо тантана ша[омати дигаре бахшид.

Лоиқ ТEЙЧИЕВ,

ноҳияи Деваштич

 

 

 

Читать далее

Нури Роғун расид бар хонадони тоҷик

 

 

 

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи дурахшон боз шуд. Агрегати якуми НБО «Роғун» бо ҷаҳду талоши беандоза, заҳматҳои шабонурӯзӣ, иқдоми созанда, ва бо азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар ин лаҳзаҳои шодӣ мардуми тоҷик ба орзуву ормонҳои худ расиданд ва ба ояндаи дурахшони миллати худ боварии дучанд пайдо карданд.

Дар Рӯзи Президент рост омадани ба истифодадиҳии агрегати якуми НБО-и «Роғун» нишони возеҳи дастёбии миллати тоҷик ба ояндаи боз ҳам дурахшон мебошад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1992 шахсе Сарвари давлат интихоб гардид, ки бо ҷасорату мардонагиаш миллати тоҷикро аз парокандагиву парешонҳолӣ раҳо намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун як давлати мустақил ва ташаббускор муаррифӣ намуд.

Сохтмони НБО-и «Роғун» соли 1976 дар даврони шӯравӣ оғоз шуд. Вале пас аз пошхурии шӯравӣ, дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ сар зад, ки сабаби қатъ гардидани сохтмони ин нерӯгоҳ гардид. Баъди сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон бо азму иродаи нек ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвори иқтисодӣ сохтмони ин иншооти бузурги аср - шуруъ гардид. Сарвари давлат аз рӯзи аввал сохтмони ин нерӯгоҳи бузургро зери назорати худ қарордода, ҳангоми сафарҳояшон ба ин минтақаи сохтмонӣ ба сохтмончиён вохӯриву мулоқот намуда, онҳоро ҷиҳати хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои сохмонӣ, ҳидоят менамуданд. Аз ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳандисону сохтмончиён рӯҳу илҳоми тоза гирифта, шабу рӯз барои дар муҳлати муайяншуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дучанд заҳмат кашиданд.

Пурра ба истифода додани НБО-и Роғун боиси рушду нумӯи тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат мегардад.

Муҳаммадсодиқ БОҚИЗОДА,

котиби озоди кӯмакҳои унвонии иҷтимоии Агентии

давлатии ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

 

 

 

Читать далее

Девори намкаш Наҳзатиҳои террорист кишварҳоиаврупорониз “хонаи очаашон” пиндоштаанд

Табиати инсонҳои  аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.

Читать далее

Что хочет найти Комитет ООН?

На одном сайте появилась информация о том, что   «Комитет ООН по правам человека опубликовал список вопросов к шестому периодическому докладу Таджикистана по выполнению международного пакта о гражданских и политических правах. Также, Комитет ООН просит представить дополнительную информацию о расследовании случаев смерти и ранений среди гражданского населения в ходе проведения военной операции по обеспечению правопорядка в городе Хорог в июле 2012 года.

Читать далее

18 November 2018