November 2018

30 November 2018

Идомаи бофтанҳою сохтанҳои М. Садриддин

М.Садриддин аз симои наҳзатии расонаӣ акнун ба симои ифротии мусоҳибавӣ табдил ёфтааст ва ин навъи чеҳранамоии ӯро дар мусоҳибаи ахиран дар пойгоҳи иттилоотӣ ва таҳлилии Сайидюнус зери унвони “ҳукумат тафовути зиёде бо ДИИШ надорад”) интишорёфтаи М.С. мушоҳида кардан мумкин аст. Ин дафъа исми М.Садриддинро дар шакли аббревиатура-ихтисоран М.С. меоварам. М.С. бо хабарнигори «Тасним» суҳбат намудааст ва дар ҷараёни он ҳолати эҳсосотӣ ва молихулёии ин мусоҳиби наҳзатӣ хеле хуб буруз кардааст. Бо се нуқтаи иҷмолӣ қазияи зиндонҳои Хуҷандро, ки М.С. хеле ҷиддӣ гирифта, дар ростои он ҳангомасозӣ кардааст (албатта, ҳадафмандона), равшан менамоем. 

Аввал. Баҳси ҷанҷол дар зиндони Хуҷанд, ки сархатти хабарҳо дар расонаҳои мустақил гардида буд, мавриди суҳбати М.С. қарор гирифтааст. Ӯ як даргирии муқаррариро дар зиндони Хуҷанд ҳангома сохта, онро иғвогарона «қатли ом» унвон кардааст. Дар ҳоле, ки даргирӣ қаблан тарҳрезӣ шудааст ва дар ташкили он зиндониёни ба ДИИШ алоқамандбуда даст доштанд. Ин нукта ҳам воқеият дорад, ки кушташудагон - зиндониёни даргирии зиндони Хуҷанд қаҳрамон нестанд, ки аз онҳо арҷгузорӣ шавад. Дигар ин ки чунин навъи даргириҳо дар тамоми зиндонҳои ҷаҳон ҳамасола чандин маротиба сурат мегирад ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи давлатӣ пахш карда мешаванд. Аз ин рӯ, аз он ҳангома сохтан ва атрофи он гаппаронӣ ва шиорзанӣ кардан коре хубе нест. Албатта, барои гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва султаталабе мисли гурӯҳи М.С. чунин навъи хабарҳо заруранд ва аз онҳо ба сифати приёми сиёсӣ ва иғвогарӣ истифода мешавад. Ин аст, ки бар асоси шоеот наметавон ҳақиқати корро дар зиндони Хуҷанд арзёбӣ кард.  Гузашта аз ин, муомилаи бад бо зиндониён, ки дар гурӯҳи шоеот ва овозаҳои қазияи даргирӣ дар зиндони Хуҷанд дохил мешавад, омили даргирӣ ва задухӯрд набудааст. Ду зиндоние, ки дар бурузи даргирӣ саҳм гирифтаанд, собиқаи ҷиноятии вазнин доштаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ, наметавон ангезаи ифротгаройи динӣ-мазҳабӣ будани онҳоро дар қазия сарфи назар кард.

Сонӣ. Узви «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон» М.С. кори ҳукуматро дар қазияи даргирии зиндониёни Хуҷанд бо ДИИШ қиёс менамояд, бехабар аз он ки ақоиди доишӣ ва хурофотӣ дар зеҲНИ М.С.-и наҳзатӣ, ки моломоли таассубу ҷаҳолат аст, ҷой доранд. Ин узви ба ном «Кумита» бо кадом масъулият куштори зиндониёни ҷинояткорро, ки ба музокира ва муколима ҳозир нашуда, даргириро идома дода, дар пайи задухӯрд бо нерӯҳои интизомӣ  ҳалок шудаанд, «қатли ом» ва натиҷаи онро  «як паём буд барои дигар озодандешон: мо шуморо зиндонӣ мекунем ва дақиқан ба ҳамин шева қатли омматон мекунем ва касе ҳам наметавонад моро гуноҳкор кунад, чун қудрат дар дасти мост» медонад?! М.С. киро дар рӯйхати озодандеш қарор медиҳад? Албатта, гурӯҳе мазҳабзада, хурофотӣ ва ҷаҳолатпарастро, ки худ дар раддаи аввал аст. Аз забони ин «узв» ба ҷуз таҳқиру тавҳин ва ҳақорат чизи дигаре немебарояд ва «рӯҳониён ва уламо»-ро ба гурӯҳи  озодандешон шомил менамояд. Дард дарди мазҳаб аст ва бо ин дард ин «узв» мехоҳад дар Аврупо ҷавлон кунад ва аврупоиёнро дарси демокросӣ ва озодандешӣ бидиҳад. Аҷабо, аз доираи танги хурофоту таассуби динӣ берун набаромада, даъвои доноӣ мекунад. Ана ин аст, ҷасорати як рӯҳонии муҳофизакори мо, ки дар берун аз кишвар лофи озодандешию дурусткорӣ мезанад.

Солис. М.С. ҳавсалаи шунидани воқеиятро надорад ва ҳар падидаи манфиеро, ки дар Тоҷикистон зуҳур мекунад, ҳатман ба шахси расиҷумҳур ва хонаводаи ӯ иртиботаш медиҳад, чун вазифааш ҳамин аст: бояд атрофи ҳамин ҳадаф  пофишорӣ намояд ва матолиби иғвогарона интишор бидиҳад. Хуб, раиси зиндонҳо ва сардори зиндони Хуҷанд аз вазифа сабукдӯш шуданд. Боз гуноҳҳои нав ба навро дар пойи ҳукумат бастан мегиранд, чунки ҳадафи бозигароне чун М.С. сирф сиёсӣ аст ва аз ҳар навъ иттилоот ҳангома сохтан ва онро мунташир карда, афкори иҷтимоиро таҳти контрол қарор додан стратегияи ин гурӯҳҳо мебошад. ҳоло мебинем, боз ҳангомаҳои нав ба нав идома доранд ва тими наҳзатӣ, аз ҷумла шахси М.С. дар вазъияти бофтану пардохтани дурӯғу иғвоҳое навбатӣ талош мекунад. Пайгирӣ мекунем.

Фаридун Ориёӣ,
таҳлилгар

Читать далее

ҲАБСИ АБАД БЕҲТАРИН РОҲ АСТ!

29 июли соли 2018 аъзои Созмони террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо кирдор ва ҷинояти ноҷавонмардонаи худ, гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятиеро таъсис доданд, ки ин нохудогоҳону худбохтагон ва хиёнаткорону зархаридон бо истифода аз воситаи нақлиёт ва олотҳои буррандаю халанда ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, чор нафари онҳоро бераҳмонаю ваҳшиёна ба қатл расониданд. Хабари ҳамла ва ҷинояти бераҳмонаро ба сайёҳони хориҷӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Сафобахши Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони номард ва хиёнаткор, ки пайравони ТТЭ ҲНИ буданд, сурат гирифта буд. Ин ҷинояти вазнину сангин ва амалҳои ғайриинсонию манфури онҳоро ҳамон замон на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки кулли сокинони кураи арз шадидан маҳкум намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2018 дар Точикистон аз ҷониби Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф аз чунин эълон гардидани сол, пеш аз ҳама, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи фарҳанги миллат ба ҷаҳониён ва ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Мусаллам аст, ки дар кори ин ҷиноят дасти душманони давлату миллат расидаву бо ин кирдори ноҷавонмардонаи худ симои миллатро ба ҷаҳониён манфӣ муаррифӣ кардан, дида натавонистани пешрафту шукуфоии Ватани азизи мо ва паст намудани обрӯву манзалати халқи меҳмоннавози тоҷик мебошад.

Тамоми мардуми Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаву оқилонаи давлату ҳукумат муттаҳид гардида, муроҷиати Сарвари давлатро ҷиҳати риояи эҳтироми хоса, муомилаи неки ҳамидаи инсонӣ ва ба ҷо овардани меҳмоннавозии баланд бо сайёҳон комилан ҷонибдорӣ намуда, зуҳури ҳама гуна бадбиниву хиёнат ва ҷинояткориро ба сайёҳони меҳанамон маҳкум менамоянд. Вале, ҷиноятпешагону ҷинояткорон ва тангназарону кӯрдилони наҳзатӣ ин ваҳдату муттаҳидии миллатро халалдор намудан мехоҳанд.

ҳамагон хеле хуб медонанд, ки ташкилкунандагон ва ҳомиёни ин гурӯҳи ҷиноятӣ ва қотилон ТТЭ ҲНИ буда, амали ин гурӯҳи ҷиноятпеша латмаест ба обрӯи миллати сулҳпарвару меҳмоннавози мо. Тамоми халқи шарифи Тоҷикистон аз ин ҷинояти содиршуда хеле сахт нороҳат гардида, онро шадидан маҳкум намуданд ва ҳамеша чунин амалҳои ноҷавонмардонро ҷиддан танқид мекунанд.

Яке аз чунин тангназарону кӯрдилон ва нохудогоҳону худбохтагон ҳусейн Абдусамадов мебошад, ки роҳбари гурӯҳи ҷиноятии ҳамала ба сайёҳонро бар уҳда дошт. Имрӯз, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ин инсонсурати ҳайвонсиратро бар ин ҷинояти даҳшатбору ваҳшатнокаш ба ҳабси абад маҳкум намудааст, доду войи террористону экстремистони фирории ТТЭ ҲНИ ба фалак хест. Бояд гуфт, ки Додгоҳи олии кишвар ҳанӯз ҳам ба ин заҳҳокпешагону аҳримансиратон раҳм кардааст. Зеро барои чунин амали пастфитратонаю разилона дар баъзе кишварҳои дигар ҳукми қатл пешбинӣ шудааст. ҳамзамон, на танҳо ҳусейн Абдусамадов, балки он 11 нафар - Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, бояд қотеъона ҷазо дода шаванд. Чунки онҳо меҳмонони кишвари моро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва бо ин амалашон обрӯю нуфузи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ба поён бурданӣ буданд. Аз ин рӯ, фаъолони наҳзатӣ, ки чунин амали нангинро ба ин ҷавонон супориш додаанд, бояд дастгир ва маҳкум ба ҷазои мувофиқ карда шаванд.

Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар

Читать далее

Расонаи америкоӣ, ки ҲНИТ-ро ба террор маҳкум карда буд, ақидаашро тағйир надодааст

 

 

 

Рӯсиёҳии ҲНИ дар рад кардани иштироки аъзои ҷоноҷонаш Нахудов, ки бо номи Абусамадов низ машҳур аст дар террори сайёҳони хориҷӣ дар таърихи 29.07.2018с. такроран изҳор гашт. Бобоҷон Қаюмов ҷорчии кӯчабозори назди Балтика,  шахси беурзаву нанг, сафедро сиёҳ пиндошта, мардумро ба бероҳа бурда, мулкро хароб карданист. Шумоён норафиқон ифротгароён, ба шумули Б.Қаюмзод, ки думрави кабирӣ ва дигар разилон мебошед, ба гумроҳӣ хонандаро набаред.

Читать далее

Ақидаҳои Сайидюнус сабабгори густариши терроризманд

Роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ ба ғайр аз террористу экстремист будан боз чунон палиду нобакоранд, ки мислаш дар ҷаҳон нест. Зеро он амалҳои манфуру нангинеро, ки наҳзатиҳо зидди ватану миллати худ анҷом медиҳанд, дар ҷаҳон ягон гурўҳу ташкилоти ҳамсонашон ҳатто ба худ раво намебинанд. Масалан, туҳматҳое ки наҳзатиҳо нисбат ба мақомот,

Читать далее

Тоҷикистон - макони рушди сайёҳӣ

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯл ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Диёри бостонии мо бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст. Воқеан ҳам, Тоҷикистон бо кӯлу дарё, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу бутта ва гиёҳҳои шифобахшаш дар дунё камназир аст. Ин аст, ки ҳар сол шаҳрвандони зиёди давлатҳои сайёра кишвари моро тамошо карда, бо таассуроти хубу хотироти фаромӯшношуданӣ ба ватанашон бармегарданд. Сол аз сол зиёд шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ шаҳодати беҳтар гаштани инфрасохтори соҳаи туризм дар Тоҷикистон, бунёди меҳмонхонаҳои наву замонавӣ, мавзеъҳои рекреатсионӣ, минтақаҳои курортӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ҳамчун туҳфаи даврони Истиқлолият маҳсуб меёбад.

Самти асосии таъсири туризм иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, зеро туризм ба сифати суръатбахши рушди иқтисодии кишвар ва минтақаҳо баромад намуда, ҳамзамон худ низ соҳаи зудинкишофёбанда ва ояндадор мебошад. Аҳамияти иқтисодии туризм пеш аз ҳама, дар талабот ва тақозои туристӣ зоҳир мегардад.

Мусаллам аст, ки туризм ба барқароршавии робита миёни миллатҳо мусоидат намуда, ба ҳамкории осоишта замина мегузорад ва сабаби истиқрори сулҳ мегардад. Ҳамзамон, барои ғанигардонии фарҳанги шахсӣ ҳангоми ошноӣ бо шаҳри нав, одамон, таъриху анъанаҳои онҳо, дастовардҳо дар ҷодаи санъат, меъморӣ, ҳаёти саҳнавӣ, адабиёт, мусиқӣ, мукаммалгардонии забондонӣ мусоидат намуда, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, шарикӣ, хайрхоҳии мутақобилаи ширкаткунандагони сафари туристӣ, соҳибихтиёрӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва низом, муносибати дурустро нисбат ба табиат ва аҳолии маҳал рушд мебахшад.

Давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати беҳдошти табиати кишвар тавсеа намудаанд, ки онҳо дар мисоли иқдомҳои шоиста оид ба ҳифзи захираҳои об инъикос гардидаанд. Қабули қонуни санадҳои меъёрии махсус дар соҳаи ҳифзи захираҳои табиӣ бошад, нишонаи сиёсати устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи муҳити зист аст. Таърих гувоҳ, ки на ҳамаи шахсиятҳои олимақоми давлатҳои ҷаҳон қодири равона намудани ғайрати худ ва тавоноии давлат баҳри ҳифзи муҳити зист будаанд.

Аз маълумоти оморӣ ва сарчашмаҳои илмӣ бармеояд, ки алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 37 асноди меъёриву ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи самараноки он мавриди амал қарор гирифтааст. Мутахассисон ва олимони соҳаи табиатшиносӣ исбот намудаанд, ки танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шумораю масоҳати ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда, аз қабили Боғҳои миллӣ, мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ғайра афзоиш ёфтааст. Таваҷҷуҳи хоса нисбат ба объектҳои нодири табиӣ, ба монанди кӯли Сарез, мавзеи Сафеддара, дараи Варзоб ва дигар минтақаҳои тамошобоби кишвар мусоидат намуд, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ барои қабули сайёҳони хориҷӣ омода гардад.

Табиати нотакрори Тоҷикистон барои барқарорнамоии нерӯи равонию ҷисмонии инсон тавассути истироҳати бофароғат дар шароити муҳити табиӣ имконият фароҳам овардааст. Бо мақсади дастгирии давлатии туризми экологӣ дар моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ин намуди туризм ва истифодаи тамоми имкониятҳо барои ҳифзи ноҳияи ташрифотӣ, барқароркунии боигариҳои табиӣ, фарҳангию таърихӣ таъкид рафтааст.

Мавриди зикр аст, ки яке аз муаммоҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон камшумор будани мутахассисони босалоҳияти касбӣ ва норасоии савияю маҳорати роҳбаладон, хуб надонистани забонҳои хориҷӣ, номукаммалии раванди тарғиботӣ ва сабабҳои дигар мебошад. Иқдоми Пешвои муаззами миллат барои ҳамаи табақаҳои ҷомеаи меҳнатқарини кишвар такони бузурге бобати рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохторҳои он гардид. Пешвои миллат дар Паёми худ Ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор намуданд, ки якҷоя бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода бурда, инфрасохтори сайёҳиро инкишоф диҳанд, сифати хизматрасониро баланд бардоранд, раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳиро густариш бахшанд, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд, ки нишонаи дастгирии доимии устодони Донишгоҳ аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии роҳбарияти олии кишвар мебошад. Алҳол, дар факултети геоэкологияи Донишгоҳ зиёда аз 80 нафар донишҷӯ бо ихтисоси “географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат” таҳсил менамоянд. Бо итминони комил метавон изҳор намуд, ки онҳо захираҳои кадрии рушди соҳаи сайёҳӣ хоҳанд шуд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, омӯзиши сабабҳои ақибгардии пиряхҳои Тоҷикистон ва таъсири гармшавии иқлим ба шумор меравад, ки ҳамин раванди ташкили корвони саёҳати фарҳангии донишҷӯён ба ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва боздид аз ёдгориҳои нодири табиати Тоҷикистон барои ошноии мутахассисони соҳа ба масъалаи мазкур ёрмандӣ намуд.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки устодони факултети таърих ва ҳуқуқ ҷиҳати ташкили корвони саёҳати фарҳангии донишҷӯён ба ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Дар факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳ ба донишҷӯён забонҳои англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ омӯзонида мешаванд, ки дар оянда ҳамчун тарҷумонҳо ва ҳам роҳбалад метавонанд фаъолият баранд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ҳамчун узви ногусастании мардуми Тоҷикистон тасмим дорад, ки солҳои минбаъда низ ҷиҳати густариш ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди кишвари зебоманзарамон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд. Зеро сайёҳӣ заминаи боэътимоди рушди иқтисодиёт ва ободу осудагии аҳолии мамлакати соҳибистиқлоли мо мебошад.

 Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
 ректори Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров, доктори
илмҳои таърих, профессор

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст доир ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Читать далее

Портрети Истаравшанӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ, шахсиятест, ки дар миёнаи ҷомеаи Тоҷикистон натавонист мавқеи худро пайдо кунад. Дар оғози  ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳамроҳии чандеи дигар аз ҳамандешаҳову ҳамдеҳаҳояш дар майдоннишиниҳои солҳои 90-ум иштирок намуд. Онҳо аз зодгоҳи худ танҳо барои шиорпартоӣ ва равған рехтан ба ҷанги шаҳрвандӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Читать далее

Дасисабозиҳои фирории ҳарисниҳод

Раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии  Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Муҳиддин Кабирӣ хиёнаткориҳои аъзоёнашро дакр намуда, баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда,

Читать далее

Сухан аз ганҷинадори “Ганҷи сухан”

Санаи 20-уми ноябр зодрӯзи устоди зиндаёд профессор Абдулманнони Насриддин аст, ки ҳамасола аз ҷониби аҳли маҳфили “Ганҷи сухан” хоса таҷлил мегардад. Имсол 65-солагии профессор Абдулманнони Насриддин аст, аз ин рӯ, маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” рӯзи зодрӯзи устод дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” баргузор гардид, ки ба ёдбуди бунёдгузори ин маҳфил бахшида шуд.

Ҷамъомадро роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, яке аз шогирдони беҳтарини профессор Абдулманнони Насриддин достент, адабиётшинос Тоҷибой Султонӣ бо хотираҳои сабзи худ аз зиндагиномаи устод ва шогирдпарварии эшон ба аҳли маҳфил нақлҳои ҷолиб намуд. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар мавзӯи “Абдулманнони Насриддин – чеҳраи мондагори илму адаби тоҷик” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла, таъкид сохт, ки мактаби илмии Абдулманнони Насриддин на танҳо дар вилоят ва ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ шуҳрату обрӯи баланд дорад.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод бо ёддоштҳои хеш маҳфилро файзи дигар бахшид.

Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона бо иродат ва муҳаббати хосе, ки нисбат ба устод Абдулманнони Насриддин дорад, суҳбати ҷолибе кард ва бисёр хотираҳои хубу самимиро пешкаши аҳли толор намуд. Шогирдони устод Абдулманнони Насриддин Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ Низомиддин Муродӣ, Адибаи Хуҷандӣ, донишманди маъруф Мирзо Шукурзода, шоир Нарзулло Азизиён ва инчунин номзади илмҳои филологӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба сухан баромада, бо ҳарфҳои пурмеҳр ва ашъори тозаашон фазои маҳфилро шукӯҳи тоза бахшиданд.

Дар фарҷом ба гузоришгарон ва меҳмонон туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супурда шуд

Суруду оҳангҳои дилнавози сарояндагони “Нури Хуҷанд” ва факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақтаи хубу хотирмоне ба маҳфили “Ганҷи сухан” гардид.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Читать далее

Майдони заҳмат ва арсаи шуҷоат

Аз саҳифаҳои рӯзномаҳо ва барномаҳои телевизионӣ бо мароқ ва шавқу рағбати том аз воқеаи ба вуқӯъомадаи таърихӣ, миллӣ, хоси миллати тоҷик – ба истифода додани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мехонаму шинос мешавам. Ин воқеаи одӣ набуда, мавқеъ, нақш ва ҷойгоҳи азимеро дар ҳаёту рӯзгори давлати соҳибихтиёрамон ва мардуми мушкилнописанди Тоҷикистони маҳбубамон ишғол кардааст.

Ин ҳама дастовардҳо, комёбиҳо ва зафарҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ аз ташаббус, иқдом, иштироки шахсӣ ва азму талошҳои мардумпарварона, сиёсати созандаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи болиғ мегирад. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими оғози кори агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумла гуфтанд: «Баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки Нерӯгоҳи «Роғун» - ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъйу талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем».

Хуб дар ёд дорам, ҳамон санаи тақдирсоз – 29-уми октябри соли 2016-ро, ки он замон маҷрои дарёи Вахш тағйир дода, ба бунёди таҳкурсии пешдарғоти сарбанди сесаду сию панҷ метраи нерӯгоҳ асоси боэътимод гузошта шуда буд. Оби Вахши пуртуғён самти ҷараёнашро дигар кард.

Яъне ифодаи «об-дӯсти мо» мазмуни тозаву нав пайдо намуд. Яъне бо сухани шоире «ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад».

Аз сарчашмаҳо огаҳӣ дорем, ки ҳоло яке аз масъалаҳои доғи мардуми сайёра мушкилоти дастрасӣ ба об аст, ки мутаассифона, дар пайи тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалии обу ҳавои сайёра ҳамвора шиддат меёбад. Ҳарчанд аз чор се ҳиссаи сайёраи моро об ташкил медиҳад, ҳамагӣ як дарсади он оби ошомиданист. Дар ин замина зикр намудан мувофиқи мақсад аст, ки кишвари мо – Тоҷикистон дорои захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне манбаи «энергияи сабз», аз лиҳози экологӣ тоза ва барқароршаванда мебошад. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон қадами устувор дораду муқаддам аст. Аз ин лиҳоз, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд ва ин амали ҳадафмандона асосноку дилпурона идома дорад. Чунонки Сарвари давлатамон зикр намуданд, дар баробари ба истифода супурдани иншооти навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввали таърихии равшанистони Ватан то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. «Роғун» дар имрӯзи мо ва дар ояндаи мо, тоҷикистониён, боиси ифтихордорӣ, сарфарозӣ, эҳсоси гарми ватанпарварист. «Роғун» чароғистони бузурги миллати соҳибтамаддуни мост ва он ояндаи дурахшону муаззам дорад.

Пешвои миллатамон бунёдгузори Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буда, дар бунёди ин кохи нуру сафо паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, талошҳои бунёдӣ барои таъмини зиндагии беҳтару шоистаи мардум ба амал овардаанд. Барои ҳамаи ин мо, мардуми тоҷик мегӯем: аз «Роғун» манзилу дилҳоямон гарму равшан аст, ба Пешвои муаззами худ пайрав буда, дар ободонӣ, суботу ваҳдат ва шукуфоии Ватани азизамон бо меҳру садоқат саҳм мегузорем, заҳмат мекашем.

Раҳматулло ЁРОВ,
омӯзгори собиқадор аз
ноҳияи Деваштич

Читать далее