November 2018

29 November 2018

Пешвои миллати мо - офтоби бахти мо!

Сарвари муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт мебошанд, ки 26 сол инҷониб ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гармӣ ва нуру рӯшноӣ мебахшанд. Чунки Пешвои фидокори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне Сарвари давлат интихоб шуданд, ки умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони Ватан дар дилҳо қариб, ки намонда буд. Кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон аз дасти баъзе нохалафону хоинони дохиливу хориҷиаш ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик ба миён омада буд.

Дар он рӯзҳои талху сиёҳи аввали солҳои навадуми асри гузашта оташи ҷанги бародаркуш рӯз аз рӯз баланд мегардид. Аз чунин ҳолати ногувор истифода карда, дар мамлакат, махсусан ҷанубу шарқи кишварамон қумондонони ба қавли Лоиқи бузург «камондор» ба қатлу ғорати ҳамдиёрону ҳамватанони худ машғул буданд. Хазинаи кишвар ба ғорат рафта, қаҳтию гуруснагӣ рӯз аз рӯз шиддат мегирифт. Сохтори давлатӣ фалаҷ шуда буд.

Дар чунин вазъияти нобасомон, ояндаи норавшан, даврони тирабахтию шум, дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз байни намояндагони халқ марди боҷасорат, қавииродаву хирадманд ва деҳқонзодаи асил Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ ва баъди ду сол Президенти мамлакат интихоб гардида, аз рӯзҳои аввали ба вазифа шурӯъ кардани худ ба мардуми кишвар хитоб намуда, таъкид доштанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Ин марди бузург ба ин қавли додаи худ содиқ монда, ба кишвару Ватани хеш сулҳу ваҳдати миллиро оварданд.

Ҳамин тавр, таъмини сулҳу Ваҳдат ҷавҳари фидокориҳои Президенти сулҳофарини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад. Ин маънӣ дар мисраъҳои зерини Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло хеле зебо ифода гардидааст:

Ваҳдати миллӣ ҳамин иқдоми ӯст,

Ваҳдати миллӣ худи ӯ, номи ӯст.

Ваҳдати миллӣ ҳамин имони мост,

Сурати Эмомалӣ Раҳмони мост!

Имрӯз кишвари маҳбубамон бо ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Президент ва Сарвари созандаи худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи нави рушду инкишофи бемайлони таърихӣ қарор дорад. Мардуми шарифи мамлакат бо хиради Пешвои маҳбуби худ баҳри истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Ин ҷашни хуҷаста ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ метавонад, ба сифати ғояи бузурги миллӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллатро ба ҷодаи ободкориҳои нав ҳидоят намояд.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми мамлакат беш аз 22 ҳазор иншоот, аз он ҷумла дар вилоят зиёда аз 6 ҳазор ва танҳо дар ноҳияи Мастчоҳ 300 иншоот сохта, ба истифода дода мешавад, ки ин бори дигар аз таъмини рушди босубот дар Тоҷикистон бо Сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Сокинони заҳматқарини ноҳия бо чунин Пешвои ваҳдатсозу бахтофари миллати худ ҳамеша ифтихор намуда, бо ҳидояти ин марди бузург барои дар сатҳи шоиста таҷлил шудани тантанаҳои умумиҷумҳуриявии ҷашни 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мегардад, тамоми саъйу талоши худро равона менамоянд. Барои сокинони ноҳияи мо кору зиндагӣ дар партави сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати бузург ва ифтихори волои ватандорист.

Ғайрат АЗИЗЗОДА,
раиси ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее

28 November 2018

NEW CONCEPT OF MUHIDDIN KABIRI’S PROPAGANDA AND JOSEPH GOEBBELS'S COMMANDMENTS

 

 

 

From Salomuddin Mirzorahmatov’s Facebook page

The essence of the new concept is the manipulation of mass consciousness - cynical and shameless propaganda, focused on the emotions and instinct of people. True, in such propaganda in the last place. If it will be present in some propaganda event, then it is only in order to cause an emotional effect.

Читать далее

Натиҷаи тадбирҳои саривақтӣ

Чорводорӣ аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ буда, омодагии саривақтӣ ба зимистонгузаронӣ боиси солимӣ ва самарабахшии чорво дар фасли сармо мебошад. Барои огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи хоҷагиҳои чорводории ноҳияи Спитамен дидан кардем.

Бино ба маълумоти сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Муҳаммадҷон Обидзода дар давраи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 3781 сар моли шартӣ нигоҳубин карда мешавад, ки аз он 2475 сар чорвои калони шохдор, 1201 сар моли майдаи шохдор ва асп 105 сарро ташкил медиҳад.

Барои нигоҳубини чорво дар хоҷагиҳои ноҳия захираи 10100 тонна хошоки дурушт ба нақша гирифта шуда, иҷрои он 15013 тонна, яъне 147 фоиз таъмин гардидааст. Захираи коҳ аз нақша зиёд - 7891 тонна, яъне 136 фоиз иҷро шудааст. Қафомонии ноҳия дар самти тайёр кардани хошоки ширадор, яъне силос ба назар мерасад, ки он мутобиқи дурнамо мебоист 300 тонна захира шавад, аммо то 1-уми сентябр 117,6 тонна ҷамъ гардидаасту халос, ки 39 фоизи нақшаро ташкил мекунад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои нигоҳдории моли шартӣ, ки 2475 сарро ташкил медиҳад, 54 фермаи хурд мавҷуд буда, онҳо таъмир карда шудаанд.

Барои парвариши парранда 3 ферма мавҷуд буда, миқдори онҳо 91 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, мо аз хоҷагии деҳқонии Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Тағояк дидан кардем, ки барои зимистонгузаронӣ 100 тонна силос, 80 тонна беда, 1000 дона бастаи пахол ҷамъ овардаанд. Дар ҳудуди хоҷагӣ ним гектар лаблабу барои хӯроки чорво кишт гардида, 8 тонна макка ва 6 тонна пояи ғалладона барои мол захира гардидааст.

Сардори Раёсати кишоварзӣ омодагии ноҳияро барои аз фасли сармо фарбеҳу солим баровардани чорво хуб арзёбӣ намуд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бахшандаи нерӯ

Дар мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба намуди ушу беш аз 90 нафар варзишгар аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Деваштич иштирок намуданд.

Мусобиқа бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби намояндагони Федератсияи ушуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, аз рӯи намудҳои санда ва таолу варзишгарон маҳорати омӯхтаи худро барои ноил шудан ба мақомҳои шоиста нишон доданд. Бояд гуфт, ки варзиши намуди ушу беш аз ҳафт сол аст, ки дар вилоят фаъолият дошта, беш аз 300 нафар ҷавону наврасро ба тамрин фаро гирифтааст.

Дар мусобиқа варзишгарони шаҳри Хуҷанд, аз қабили Мавлонбек Хизирбеков, Саидафзал Икромов, Бишарифа Саидолимова ва дигарон бо дастгирии мураббиашон Мирзодалер Хуршедзода соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд.

Мақомҳои дуюмро варзишгарони ноҳияи Шаҳристон ва сеюмро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.

Ғолибон аз ҷониби роҳбарияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бозиҳои компютерӣ ва зарари он ба майнаи инсон

Вақтҳои охир дар расонаҳои интернетӣ занозании ҷавонону наврасон, рафтору амали ваҳшонияту бераҳмӣ зиёд ба чашм мерасад. Наворгиранда ба ҷойи он, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занг занад ва ё нафареро барои ором кардани ин манзара огоҳ созад, гирифтани наворро идома дода, аз тамошои он лаззат мебарад. Чаро имрӯз ваҳшоният, бераҳмӣ, беадолатӣ ҷойи хубиро гирифтааст?

Тавре огаҳ ҳастем, бархе аз наврасону ҷавонон ба бозиҳои компютерӣ ва тамошои филмҳои хусусияти ваҳшониятдошта майлу рағбат доранд. Суоле ба миён меояд, ки ташкили чунин бозиҳо аз куҷо сарчашма мегирад ва оё он майнаи наврасону ҷавононро заҳролуд намесозад?

Даврон Исматуллоев - омӯзгори фанни технология аз ноҳияи Ашт:

- Пас аз пайдо шудани компютер тағйироти куллӣ дар ҳаёти инсон ба амал омад ва имрӯз он дар ҳама соҳаҳо мавқеи худро ишғол карда, барои осонии кор кӯмак мерасонад. Яке аз паҳнгаштатарин усули заҳролуд кардани майнаи наврасон бо ғояҳои экстремистию террористӣ ва ҷиноятҳои дигар бозиҳои компютерӣ ба ҳисоб мераванд, ки қобилияти ҷалбкунандагӣ дошта, ҳатто калонсолонро метавонад ба доми худ кашад.

Олимон зарар доштани бозиҳои компютериро дақиқ омӯхта, хатарнок, ҳатто марговар буданашро борҳо таъкид кардаанд.

Як гурӯҳ олимони донишгоҳи Чаритеи Олмон байни 7000 нафар таҷриба гузарониданд, ки 12 фоиз тобеъият нисбат ба бозиҳои компютерӣ доранд. Шахсе, ки ба доми бозиҳои компютерӣ афтод, саломатӣ ва вақти худро аз даст медиҳад. Ӯ меъёри истифодабарии компютерро донад ҳам ҳангоми бозӣ ба он риоя карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки волидон назоратро пурзӯр карда, ба фарзандашон маданияти истифодабарии компютерро дуруст фаҳмонанд.

Малоҳат Мансурова - мутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд:

- Наврасон хусусияти тақлидкунӣ доранд. Вақти тамошои филм ва ё бозиҳои компютерӣ худро бевосита дар саҳна тасаввур мекунанд, ки ин боиси ба ҳар кор даст задани онҳо мегардад. Масалан, чанде пеш 4 нафар хонандаи синфҳои 7-8-и яке аз мактабҳои шаҳр сари чамбараки мошин нишаста, онро бе калид бо воситаи ноқилҳо пайваст карда, рондаанд. Вақте корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ онҳоро дастгир карда, сабаби ин амалашонро пурсид, дар ҷавоб гуфтаанд, ки мо тарзи бе калид ба ҳаракат овардани автомошинаро тариқи оинаи нилгун дидем ва хостем онро дар амал санҷем.

Шояд бозиҳои компютерии хусусияти ваҳшониятдоштаро маҳз, нафароне, ки ба терроризму экстремизм ва нисбат ба Ватани худ ғараз доранду мехоҳанд осудагии сокинонро барбод диҳанд, ташкил кардаанд? Имрӯз вақти он расидааст, ки ин гуна бозиҳоро дар шабакаи интернетӣ ва ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд манъ кард.

Тавре сардори Раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилоят Маҳмадназар Махкамов иттилоъ дод, алҳол дар қаламрави вилоят беш аз 30 маркази бозиҳои компютерӣ мавҷуд аст, ки бозиҳои гуногун вобаста ба синну сол гузошта шудааст.

- Шахсони мутасаддии марказҳои бозиҳои компютерӣ бояд иҷозатнома дошта бошанд. Фаъолияти марказҳо зери назорат гирифта шуда, бозиҳоро мавриди таҳлил қарор медиҳем. Мактаббачагон набояд ҳангоми дарс ба чунин марказҳо раванд. То имрӯз 10 ҳазор фитаи пастсифат ва бе иҷозат воридшуда ба пуррагӣ нобуд карда шудааст.

Шарафнисо Қодирова – сокини шаҳри Хуҷанд:

- Фарзандам Мансурҷон ба бозиҳои компютерӣ шавқу рағбати беандоза дорад ва намедонам бо кадом роҳ ӯро боздорам. Рӯзе ҳатто аз ҳамёнам нопурсида пулро гирифта рафтааст. Ман барои хӯроки нисфирӯзиаш маблағ медиҳам, ӯ бошад пулро барои бозӣ сарф мекунад.

Фаъолияти марказҳои бозиҳои компютерӣ қонунӣ ба роҳ монда шуда бошанд ҳам бояд хонандагону донишҷӯёнро барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба маҳфилҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ҷалб кард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. Ба андешаи коршиноси мо, таъқиби рӯирост аз ҷониби наҳзатиҳо дар аввали солҳои 90-ум сабаби аз Тоҷикистон фирор кардани намояндагони халқҳои ғайримусалмон гардид

Соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби экстремистӣ-террористӣ манъ шуда буд. (Матни пурраи қарори Суди Олии Тоҷикистон дар сомонаи АМИТ «Ховар» дар  рубрикаи «Амният»   ҷой дода шудааст). Сабабҳои қабули чунин қарор нисбат ба ТЭТ ҲНИ хеле зиёданд ва дар ин хусус коршиносон  дар матбуоти  даврӣ бисёр навиштаанд. Мулоҳизаҳои коршиноси мо Қамар НУРУЛҲАҚОВ низ вобаста ба ҳамин мавзӯст.

Читать далее

Тақдими идрорпулии яквақта ба ҷавонони соҳибистеъдод

Бо мақсади арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти онҳо  дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи Рӯзи парчами давлатӣ ба 50 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ ва миёнаи махсус, хонандагони муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ идрорпулии яквақта дода шуд. Дар маросими тақдими идрорпулӣ  Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Сарфароз Фаттоҳзода, Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар,  ректори ДДХ, Ҷамшед Ҷӯразода, муовинону масъулони яқ қатор муассисаҳои олии вилоят ширкат варзиданд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни ифтитоҳи чорабинии  мазкур  аз ҷумла зикр дошт, ки  дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони ҷавонон тасаввур намудан душвор аст. Таъсиси квотаи президентӣ барои ҷавонони шаҳру деҳоти дурдаст, роҳандозӣ шудани идрорпулӣ бо номи «Дурашандагон», ҷоизаҳои ба номи «Исмоили Сомонӣ» ва «Султон  Умаров» нишонаи ғамхории давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон маҳсуб меёбад.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ аз оғози фаъолияти хеш ба ҷавонон назару таваҷҷуҳи хосса дошта, барои боз ҳам бештар равона намудани ин нерӯи солим баҳри ободии диёр,  баланд бардоштани ифтихори миллӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавононро бо номи «Созандагони Ватан» таъсис дод, ки имрӯз фаъолияти бомаром дорад.

Аз номи гирандагони идрорпулӣ аъзои ташкилоти ибтидоии «Ливои зафар» Зайнаби  Ғуфрон миннатдории худро ба кумиҷроияи шаҳрӣ  расонида, шеъри ба тозагӣ эҷодкардаашро ба самъи ҳозирин расонид.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Ҳадаф – мусоидат ба нумуи иқтисодиёт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генереалии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» Александр Ерёминро мулоқот намуд.

Сароғоз Раиси вилоят изҳор дошт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад ва дар ин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо соҳибкорон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Ба гуфти Раиси вилоят ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл», ки дар тадбиқи лоиҳаҳои соҳибкории хурду миёна саҳми амиқ мегузорад, минбаъд низ метавонад, дар ин ҷода фаъолияти худро боз ҳам густариш бахшад.

Читать далее

НОВАЯ КОНЦЕПЦИЯ ПРОПАГАНДЫ МУХИДДИНА КАБИРИ И ЗАПОВЕДИ ЙОЗЕФА ГЕББЕЛЬСА

Суть новой концепции – манипуляция массовым сознанием – циничная беззастенчивая пропаганда, ориентированная на эмоции и инстинкт людей. Правда в такой пропаганде на последнем месте. И если в каком-то пропагандистском мероприятии она будет присутствовать, то исключительно для того, чтобы вызвать эмоциональный эффект.

Читать далее

Мақсад – волоияти қонун

Дар тарабхонаи «Хушбахтӣ»-и маркази вилоят бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Шабакаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» дар ҳамкорӣ бо аъзои Шабакаи ташкилоти ҷамъиятии шаҳрвандӣ дар доираи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат дар вилояти Суғд семинар баргузор шуд.

Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Маҳфилро собиқадори меҳнат, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова оғоз бахшид.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Сангинова, собиқадори меҳнат, аъзои шабака Манзура Султонова, модератор Лариса Андреева, корманди ташкилоти ҷамъиятии “Гулрухсор” Сабоат Бобоҷонова дар бораи ҳадафи асосии семинар, мақсади муколама дар самти волоияти қонун, доир намудани муколамаҳои якҷоя байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани дониши касбии кормандони мақомоти судӣ ва шаҳрвандон, такмили ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи волоияти қонун фикру ақидаи хешро баён доштанд.

Шуҷоат Ҳасанова дар бораи бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис ёфтани Шӯрои машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, нақши он дар густариши маърифат ва малакаи занону духтарон дар доираи ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории маҳфилу ҷамомадҳо маълумот дод.

Сабоат Бобоҷонова оид ба ҳадафи Шабака, ноил гардидан ба мақсади асосии стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташкили гурӯҳи муколама дар самти волоияти қонун андешаи хешро иброз дошт.

Шабака бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 23-юми декабри соли 2015 дар асоси бастани Меморандуми ҳамкории Шабакаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат ташкил гардидааст. Маҷлиси умумии Шабака - Мақомоти Олии Шабака буда, аъзо дар давоми сол на кам аз як маротиба ҷамъ меоянд. Аз соли таъсисёбиаш (соли 2015) то ин дам чор маротиба Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, 22 ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҷумҳурӣ ба он аъзо мебошанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее