November 2018

27 November 2018

Рисолати инсон дар зиндагӣ

Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили рӯнамоии китобҳои тозанашри нависанда ва публитсисти варзида Инъом Усмонӣ баргузор гардид.

Бобати китобҳои тозанашри нависанда Инъом Усмонӣ бо номи «Инъом Усмонӣ-нависанда ва публитсист» Тоҷибой Султонӣ сухан кард.

Ҳамчунин рӯзноманигор Карим Шариф дар бораи «Марди эҷодкор ва соҳибтадбир», оид ба «Тасвири фарҳанги мардум ва арзишҳои суннатӣ дар китоби «Ғозиёни ман» Нуралӣ Нурзод ва корманди китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Манзура Қайюмова андешаҳои хешро баён намуданд. Мулоҳизаҳо перомуни ҳусни нигорандагии Инъом Усмонӣ аз ҷониби Баҳром Мирсаидов ҷолиб ва шуниданӣ буд.

Дар «Ғозиёни ман» хотирот, ёддошт ва андешаҳои фарохи муаллиф дар бораи ҳаёти қаблии мардуми он маҳал ва мушоҳидаҳои зиндагӣ нақл шудааст. Китоби мазкур хонандаро бо дарки моҳияти ҳастӣ ва рисолати инсон дар зиндагӣ, маърифати некиву некӯкорӣ ва шинохти бузургии инсон раҳнамоӣ менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки то имрӯз китобҳои «Бози болшикаста», «Баёзи розҳо», «Роҳи эҷодии Муҳиддин Хоҷазод», «Номаи ҳидоят ба фарзанд ва сарбози Ватан», «Худидоракунии маҳаллии даврони Истиқлолият ё худ раҳнамои шаҳрак ва деҳоти вилояти Суғд»-и Инъом Усмонӣ дастраси мухлисонаш гардидааст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Парафшон бод, парчамат Тоҷикистон!

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист.

Мо огоҳ ҳастем, дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ се муқаддасоти давлатдорӣ, рамзи ҳастӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул ва тасдиқ карда шуданд.

Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Баргузории Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, он дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштан ва парастиши ин марзу бумро дучанд менамояд. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд назди Ватан боло мегардад, садоқату эҳтиром зоҳир карда мешавад.

Парчам дар замони Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон чун рамзи баҳамоии миллат шинохта ва он дар мамолики хориҷӣ ҳангоми ғолибият дар мусобиқаҳои варзишӣ афрохта мешавад.

Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини кишвар муқаддас буда, бо шарофати ҷилои он мардум бештар муттаҳид гашта, ифтихори зиёд эҳсос менамоянд.

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
 академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Салом, равшанӣ!

Ҳангоми тамошои пахши мустақими ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 киловолтаи «Душанбе-Роғун» ва фаъолияти дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ашки шодиомези чашмонамро дошта натавонистам. Охир, солҳои пеш тамоми сокинони кишвар ин рӯйдоди муҳимро танҳо орзу доштанду халос.

Бо тақозои вазифаи касбӣ мо-омӯзгоронро мебоист, ки ҳамарӯза дафтарҳои шогирдонро аз назар гузаронида, баҳогузорӣ намоем. Инчунин, пур кардани дигар ҳуҷҷатҳои расмиву навиштани нақшаҳои тавзеҳотӣ ва сохтани аёнияти гуногун вобаста ба ҳар дарс муаллимро водор месохт, ки ҳамарӯза дар ҷустуҷӯи усулҳои гуногуни таълим бошад. Албатта, ин кор вақту фурсати созгорро тақозо менамояд. Шаб то саҳар болои мизи корӣ шамъи фурӯзон мушкили ҳамагонро осон мекарду нури чашмони хирагаштаро тиратар месохт. Вақте ки саҳмияҳои НБО «Роғун» ба фурӯш баромад, дар қатори дигар табақаҳои иҷтимоӣ омӯзгорон бо харидории он фақат як орзу доштанд: ҳарчӣ зудтар нуру равшанӣ хонадони тоҷикро мунаввару дилҳояшонро музайян созад.

Мепиндорам, ки имрӯз афсонаи мардум ба ҳақиқат мубаддал гаштааст. Тавре Президенти кишвар ҳангоми суханрониашон дар маросими оғози кори агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» гуфтанд: «Бо гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки Нерӯгоҳи «Роғун» -ин кохи бузурги нури миллатро бо заҳмати худамон, яъне бо саъйу талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардаем. «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!».

Ҷавобан ба ин суханони Сарвари давлат ҳамчун тарбиятдиҳанда ваъда медиҳем, ки фарзандони баору номус, насли бунёдкору созанда ва ватандӯстро тарбия менамоем.

Роҳила БОБОКАЛОНОВА,
омӯзгор аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

26 November 2018

Ҳ.Абдусамадов: "Туристонро дар Майхӯраву Турсунзода ҳам ҷустуҷӯ кардем".

 

 

 

 

Ҳусейн Абдусамадов, ки ҳафтаи гузашта бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, бар асоси нӯҳ моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор эътироф шуд.

Дар як навори видеоӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба ҳамлаи террористии тобистони имсол ва тарзи интихоби ҳадаф нақл кард.

Ҳамла ба гурӯҳи ҳафтнафарии туристони хориҷӣ 29 июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод. Дар натиҷа, чор нафар – шаҳрвандони ИМА, Шветсия ва Ҳолланд кушта шуда, ду нафар маҷрӯҳ гардиданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Дар як сабти видеоие, ки охири ҳафтаи гузашта дастраси Радиои Озодӣ шуд, Ҳусейн Абдусамадов ба забони русӣ дар бораи шеваи анҷом додани ҳамла нақл мекунад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷиро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Мӯҳлати адои ҷазои Баҳринисо Ҳайдарова, ягона зани муттаҳам дар ин парванда, бинобар доштани кӯдаки хурдсол, ба таъхир гузошта шудааст. Ӯ ба як соли зиндон маҳкум шуд.

Баҳринисо Ҳайдарова ва 11 нафари дигар - Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои манобеи додгоҳӣ, Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо қотеона рад мекунад ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ меномад.

 

 

 

 

 

 

Читать далее

АЗ ҲАБСИ АБАД БЕҲТАРИН РОҲИ ДИГАР НЕСТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 29 июли соли 2018 аъзои Созмони террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо кирдор ва ҷинояти ноҷавонмардонаи худ, гурўҳи мусаллаҳи ҷиноятиеро таъсис доданд, ки ин нохудогоҳону худбохтагон

Читать далее

Кабирии хуни ноҳақрез

Ба ҳар коре ту бини мехалонӣ,

Бидон  ту нокасиву беимонӣ.

Ба марги бегуноҳон ту гунаҳкор!

Бидон расво ба ҳар давру замонӣ.

Читать далее

Бофтанҳою сохтанҳои М. Садриддин идома доранд

М. Садриддин аз симои наҳзатии расонаӣ акнун ба симои ифротии имусоҳибавӣ табдил ёфтааст ва ин навъи чеҳранамоии ўро дар мусоҳибаи ахиран дар пойгоҳи иттилоотӣ

Читать далее

Исботи воқеияти ҷиноӣ дар гузориши ихтисосӣ

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ пойгоҳи “Ахбор.ком” матлаберо бо номи “Нашрияи амрикоӣ ҲНИТ-ро ба даст доштан дар куштори сайёҳон айбдор кард” интишор дод. Дар матлаб сухан дар бораи гузориши видеоии Андрей Циганов (“Настоящее время”) дар робита бо қазияи

Читать далее

ҲНИТ-РО БА ДАСТ ДОШТАН ДАР КУШТОРИ САЙЁҲОН АЙБДОР КАРДАНИ РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ

  Таҳлили воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ нишон медиҳад, ки хабаргузориҳо ва рӯзномаҳои муътабари ҷаҳонӣ дар дарки воқеаҳои Тоҷикистон ба пешравӣ ноил шуда истодаанд. Сиёсати мусбати иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ даст дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои зиддибашарии ТТ ҲНИ баҳои сазовор диҳанд ва онҳоро маҳқум намоянд. 

Читать далее

Назарзода бо супориши Кабирӣ табаддулот карда буд

Бо вуҷуди заифу нотавон гардидан ва дар назди мардуми кишварамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расво шудани ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ,  роҳбарону фаъолони фирории он амалҳои палидона ва душманонаи худро нисбат ба

Читать далее