November 2018

24 November 2018

Поздно кричать пожар

 

 

 

В программе «Настоящие время», появилась информация о том, что Гулчехра Шодмонова мать Хусейна Абдусамадова намерена обжаловать приговор суда.

Читать далее

23 November 2018

Ҳукми Абдусамадов (Нахӯдов) Ҳусейн дар расонаҳои хориҷӣ дастгирӣ ёфт!

23-юми ноябри соли 2018, телевизиони «Настоящее время» бо иқтибос аз хабарнигори РИА Новости-Лидия Исамова, ки аз Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар боздоштгоҳ мусоҳиба гирифтааст, намоишеро нишон дод,  ки рафти мурофиаи судиро бозгӯӣ мекунад.

Читать далее

БУНЁДГУЗОРИ БАҚОИ МИЛЛАТ

 

 

 

Дар таърихи ҳар як халқу давлат лаҳзаҳое ҳастанд, ки дар бунёду пешрафти мамлакат нақши ҳаётан муҳим мебозанд. Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили ҳамин гуна рўйдодҳои сарнавиштсози таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мегардад, ки роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии Ватани моро равшан муайян намуд.

Иҷлосия 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд оғоз гардид ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Дар Иҷлосия ба Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сарвари давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сарвари давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон вогузор гардида, хушбахтона Иҷлосияи тақдирсоз ба дилҳои мардум умед бахшид.

Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали аз бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд.

Давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, сулҳу салоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуд. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар дили  мардум ба ояндаи дурахшон  шуълаи умедро бедор кард.

Вакили Иҷлосия Бобораxаб Бобоев акси хотиравӣ ва маводи таърихиро бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз, ки 19 ноябри соли 2017 дар қасри Арбоб баргузор гардида буд, ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рўдакии шаҳри Панҷакент тақдим намуда, чунин баён намуд: «Ба ҷавонони диёр иброз медорам, ки ба қадри Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сарнавишти таърихи навини тоҷикон нақши муҳим бозидаанд, бирасанд ва онро бегазанд ба наслҳои оянда интиқол диҳанд».

Мо - ҷавонон, аз он сарбаландем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор мегузорем. Маҳз, ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳоло хушбахт аз онанд, ки озодии комил насибашон гардидааст, зеро озодӣ дар зиндагӣ беҳтарин ҳадяи худовандист.

Зебинисо ОТАБОЕВА,

шаҳри Панҷакент

                                                                                             

 

 

 

 

Читать далее

Манбаи нур

 

 

 

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши  шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.                                                                                                                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Фурсати амалишавии ормонҳои деринтизори мардуми шарафманди тоҷик, ки солҳои зиёд интизораш будем, расид. Бо [идояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми меҳнатқарини он НБО-и Роuун бунёд гардида, нури он қалбҳои миллионҳо нафарро мунаввар мегардонад.

Бори дигар мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳониён қудрати аслии хеш, рисолати созандагиву бунёдкорона ва ғурури Рустамонаи худро исбот намуд. Мавриди зикр аст, ки бунёди НБО-и «Роғун» ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Ногуфта намонад, ки ин иншооти му[ими аср аз чанд ҷиҳат барои мамлакат ва мардуми мо манфиатбахш аст. Нерӯи барқb фаровон ва арзон, содироти барқ ба ҳамсоягон, бунёди корхонаҳои нав, ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва дар ин замина бо ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ асос мегузорад. НБО-и «Роғун» дар роҳи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар нахустин мушкилкушоест, ки тамоми сокинон баҳри бунёди он дасти ёрии хешро дароз карданд.

Шоҳруххон Мелиев,

Муҳиба Розиқзода,

Шодона Муҳаммадов

 

 

 

Читать далее

НОБ-И ТУРО БА ҶОВИДОН МЕСОЗЕМ

Вазифаи зиёии замона дар боби шоҳкориҳои санъатии роҳбару бинокорони барӯмандони имрӯзаи Меҳан, номбардорӣ ба иҷроиши корзори Роғун ва аҳди 8 сол пеш кардаи онҳост. Истеъдоди баланди гуруҳе аз забардастони НОБ-и Роғун шарафу истиқлолияти истеҳсоли барқи Тоҷикистонро ба марҳалаи нави саъодат расонид. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки  чархаи аввали НОБ-ро беист, доимо дар гардиш оварда,  ҷомеъаро ба сӯйи зафарҳои тозаи иқтисодиву иҷтимой ҳаракат хоҳем дод. Мардуми муҳтарами тоҷик нурро полида, ба зинаи баланди некуаҳволии замонавӣ хоҳанд расид.

Читать далее

Ба ваҷд омадам: ситоиши сиёсатмадори узбакистонӣ аз ифтитоҳи "Роғун" ба Эмомалӣ Раҳмон

 Ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад, изҳор доштааст Исмоилов дар сӯҳбат бо раисҷумҳур

Читать далее

Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард

 

 

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номи Худо тугмаи оғози кори агрегатро зер карда, бо танга дар даст назди чархаи фаъоли нерӯгоҳи “Роғун” омад. Ӯ тангаро болои чарха рост гузошт, то муназзам будани кори онро озмояд.

Читать далее

Империяи дурӯғбофии ТТЭ ҲНИ ва фармоишгарони хориҷии онҳо

 

 

 

Муҳаммадиқболи Садриддин, навкари галаботури салафияти минтақавӣ дар сомонаи заиф ва хоҷапарасташ бо номи «ислоҳ.нет», ки аз ду ҷузъи ғайримантиқӣ: «ислоҳ ва  нет» иборат мебошад, ба сӯйи муовини вазири адлия, шахси соҳибэҳтиром Иззатуллоҳ Шарифзода, туҳмат бастааст.

Читать далее

23 November 2018

Чанд нигаронии ҷомеаи тоҷик аз сатҳи ифротгароии ТТЭ ҲНИ

 

 

 

(Ҷавоб ба мақолаи «Ду нигаронӣ: КДАМ аз болоравии сатҳи диндорӣ, Амрико аз маҳдудиятҳои динӣ»)

Минбари ҳизби террорист «паём.нет», ки дар яке аз кишварҳои назди соҳили Балтика фаъолият мебарад, санаи 22.11.2018с. бо иқтибос ба ниҳоди озодиҳои ИМА изҳори шодӣ кардааст, ки Тоҷикистонро дар «листи сиёҳи ин ниҳод» ҷой кардаанд.

Читать далее

23 November 2018

Посухе ба Кӯри наҳзатӣ - Саидюнус

 

 

 

 

Ҳангоми варақ задани саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо чашмам ба навиштаи иғвобарандози кўри наҳзатӣ ва мазҳабфурӯш Кӯри Сайидюнус (аз истифодаи насаби «Истаравшанӣ» худдорӣ мекунам, зеро алоқаманд намудани ин шахси ҳуввиятгумкарда ва ватанфурӯш бо номи ин шаҳри бостонӣ таҳқир ба Истаравшану истаравшаниҳост)  бархўрд.

Читать далее