November 2018

23 November 2018

Кӯри Сайидюнус ислоҳпазир нест (Фейксозиҳои оппозитсияи фирорӣ)

 

 

 

Аҷабо, гоҳо нафароне, ки ҷиноят содир менамоянд ва манофеи миллиро дар хатар гузошта, ба осиёи бегонагон об мерезанд, нашармида ба ниҳодҳои давлатӣ ва аз чумла ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамоянд.

Читать далее

23 November 2018

ТТЭ ҲНИ ОМИЛИ АСОСИИ ИФРОТИШАВИИ ҶОМЕА

 

 

 

Гузориши Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зимни баромадаш дар парлумон, ки баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеаро яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба терроризм ном бурд, вокунишеро дар расонаҳои наҳзатӣ ба миён овард.

Читать далее

23 November 2018

Нотавонбинӣ ба авҷаш мерасад

 

 

 

Дар сомонаи ифротии яке аз фаъолони наҳзати М. Садриддин матлаби нави муассисаш таҳти унвони «Ба ҳоли ин "Оилаи Кабир"раҳм кунед!» интишор ёфт. Ин навбат ҳам М. Садриддин забони таҳқиру тавҳинро рўйи шахсияти Сарвари давлат тамаркуз дода, ҳай музахраф навиштааст.

Читать далее

Ҷаноби Кӯри Сайидюнус сараввал хешро тағйир диҳед (Фейксозиҳои оппозитсияи фирорӣ)

Аҷиб аст, ки гоҳо нафароне, ки ҷиноят содир менамоянд ва манофеи миллиро дар хатар гузошта, тибқи дастури бегонагон зидди давлату мардум амал мекунанд ва ба осиёи бегонагон об мерезанд, нашармида ба ниҳодҳои давлатӣ ва аз чумла ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамоянд. Яке аз чунин нафарон Юнус Бурҳонов бо тахаллуси Кӯри Сайидюнуси Истаравшанӣ аст, ки гумоштаи кишварҳои хориҷӣ буда, дар пойгоҳи иттиллотиву хабарие, ки аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои маълум сармоягузорӣ мешавад, дар 24-соати шабонарўзӣ ба таҳқири давлату миллат ва дурўғпароканиву мағзшуии ҷавонон дар роҳи савқ додани онҳо ба самти ифротгароиву хурофазадагӣ ва таблиғи афкори гумроҳкунандаву ғайриилмӣ  машғул аст. Ёдовар мешавем, ки ҳарчанд пайваста Сайидюнус хешро яке аз дифоъгарони ормонҳои миллӣ вонамуд месозад, вале чанд чеҳрагии он ва мушовиру аъзои раёсати ғайриалании ТТЭ ҲНИ буданаш аён аст. Зеро ҳамеша аз мавқеи ин гурўҳ ҳимоят мекунад ва то андозае онҳо аз як марказ дастур мегиранд ва амали якхеларо анҷом медиҳанд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Шуморо ба ифтихори яке аз санаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар – Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳар сол дар саросари кишвари ободу озоди мо бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманди тоҷик зери парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ - ифтитоҳи чархи якуми Нергӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро амалӣ намуд, ки самараи ташаббусҳо, заҳматҳои пайваста ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, якдиливу ҳаммаромии мардуми заҳматқарини тоҷик мебошад.

Читать далее

Ҳукми одилона ба террорист Абдусамадов (Нахӯдов) Ҳусейн

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябри соли 2018, террористи гузаро ва қотил Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ-ро, ки 29-уми июли соли 2018 ба террористони хориҷӣ ҳамла карда, чанд нафари онҳоро кушт, ба ҳабси абад маҳкум кард.  Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд. 

Читать далее

Ҷавоб ба минбари ифротзадаҳо «Паём.нет» (КДАМ ба муқобили хурофот мубориза мебарад)

Бигзор халқҳои хурд Истиқлолият касб кунанд ва мақомоти амният дар ин росто онҳоро ёру мададгор бошад», гуфтааст ҳакиме.

 

Дар ҳошияи ин ҳарфҳо, мунсифона агар бингарӣ наҳзат чӣ посухе ба ин миллат дорад? Бунёди Истиқлолиятро коста гардонид, тафаккури ҷангиро  дар ҷомеа пойдор кард, вилояти нозанини Хатлонро ба хароба табдил дод, мардумро гуреза кард. Парвардаҳои ин ҳизб ҳатто кӯшиши табаддулот ҳам карданд.  Ришро меъёри инсоният пиндоштанд, банди эзор, аниқтараш пирон тунбони афғониро ҷузъи фарҳанги миллӣ донистанд, мардумро бо хасму хун оғушта карданд.

Читать далее

Ответ Саидюнусу Бурханову, известному в преступных кругах по кличке «Косой Саидюнус»

Будучи редактором оппозиционного сайта «Кимиёи саодат» (ksaadat.com), название которого переводится на русский язык как «Химия счастья», слепой и кривой Саидюнус Бурханов, он же  Саидюнус Истаравшани,  выступает как «поборник справедливости», предлагая различные пути решения проблем, находясь в вольготных условиях в Ливане.

Читать далее

Дар шаҳри Гулистон ба бунёди майдони Парчам ва як осоишгоҳи замонавӣ санги асос гузошта шуд

Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон беш аз 180 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ субҳи имрӯз дар кӯчаи Истиқлоли шаҳр аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.

Читать далее

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури ҶИА Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани  теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузурги бахшида ба мавлуди набавӣ дар Кобул боиси андуҳи  ин ҷониб гардид.

Читать далее