December 2018

31 December 2018

Изҳоротиҷамъияти“Нур”коридаститеррористонаст

Яке аз ҷинояткорони наҳзатӣ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки тибқи хулосаи коршиносони равоншинос ба ҳолати махсуси ташвишовари шаҳвонӣ гирифтор аст, вақтҳои охир ба масъалаи сатру ҳиҷоби занҳо сахт часпидааст. Бештари навиштаҳояш дар расонаҳои хабарӣ дар ҳамиин мавзуъ мебошанд.

Читать далее

Мардуми ба табрикоти террористон эҳтиёҷ надорад

Ба хотири фарорасии соли нави 2019-ум имрӯз тамоми мардум ҳамдигарро табрик мекунанд. Мавзӯи асосии шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ ҳам ҳамин аст.  Аммо дар яке аз сомонаҳои ифротӣ табрикоти бисёр аҷибе нашр шудааст, ки ҳам хандаовар ва ҳам нафратовар мебошад. Гап сари ин аст, ки саркардаи фирории ташкилоти террористӣ ҳамчун раиси ПМТ (эътилофи зиддимиллии ҷинояткорону террористон) мардуми кишварро бо фарорасии соли нав табрик кардааст. Густохию таҳқир аз ин бештар намешавад, ки сарвари террористон аввал ба ватану миллат хиёнат мекунад ва боз бо табрикот ба мардум муроҷиат менамояд.

Читать далее

Ба ҳар сурат, ки ҳастӣ акси худро ончунон бинӣ

 

Бо расонаӣ гардидани иттилоъ бобати он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузорӣ муқаррарот бобати маҳдудият дар робита ба занони сатрпӯш ҷорӣ мешавад, сӯзиши шадиди “пӯшт”-и Муҳаммадиқболи  Садриддин шадидтар гардид. Ин бахтбаргашта масъаларо ончунон “ливо” кардан дорад, ки як идда ашхоси ноогоҳ ӯро шояд ҳомиии зану модари тоҷик пиндоранд. Ба ҳеҷ ваҷҳ чунун набуд нест.

Читать далее

Изҳороти ҷамъияти “Нур” кори дасти террористон аст

Яке аз ҷинояткорони наҳзатӣ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки тибқи хулосаи коршиносони равоншинос ба ҳолати махсуси ташвишовари шаҳвонӣ гирифтор аст, вақтҳои охир ба масъалаи сатру ҳиҷоби занҳо сахт часпидааст. Бештари навиштаҳояш дар расонаҳои хабарӣ дар ҳамиин мавзуъ мебошанд.

Читать далее

Тавбаи гурба то дидани муши навбатӣ ё…

…Дарки фалсафаи “сарсупурдагони роҳи Оллоҳ” танҳо хоси мардуми баргузида аст ва ё одамони одӣ низ ба фаҳми он қодиранд? Дар ин бора борҳо андеша кардаам ва бо чандин касоне, ки худро чунин меҳисобанд, ҳамсуҳбат ҳам шудаам. Аммо дар охир боз ҳам ба як хулоса меоям: онҳо ҳама “сарсупурдаанд” , аммо танҳо сарсупурдаи роҳи Оллоҳ не . Чаро? Аз суҳбати зер шумо сабаби инро хоҳед фаҳмид. Мусоҳибаи мазкур дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе  сурат гирифт.

Читать далее

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ чанде аз собиқадоронро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла дар шаҳри Бӯстон собиқадори меҳнат ва  ходими сиёсӣ Оқил Оқиловро аёдат карда, мавсуфро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуд. Дар аснои суҳбат Раиси вилоят аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ кард. Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромаданаш дар вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ободу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбонҳо рӯзи 29 декабр дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ҳашари ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.

Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ба ҳашар баромада, дар баробари сокинон дар хиёбони Сомониёни шаҳри Бӯстон ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонид. Сокинон ва кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Бӯстон бо истифода аз рӯзи офтобӣ дастаҷамъона беш аз 300 бех ниҳолҳои гуногун шинониданд.

Читать далее

Раиси вилоят ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои бачагони ятим, бачагони маҳрум аз парастории волидайн ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои солинавӣ эҳдо кард

Рӯзи 29 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Мактаб-интернат барои бачагони ятим, бачагони маҳрум аз парастории волидайн ва аз оилаҳои камбизоат, воқеъ дар шаҳри Бӯстон ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони муассиса либосҳои гарми зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ эҳдо намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ятимону бепарасторон кулли тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик намуд. Гуфта шуд, ки давлату Ҳукумат ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторонро танҳо намегузорад ва чунин кӯдакону наврасон зери таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат қарор доранд.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар чорабинии солинавии тарбиятгирандагони Муассисаи таълимии парастишгоҳи № 40-и шаҳри Конибодом

28 декабри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом як майдончаи варзишии замонавиро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди толору майдончаҳои варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон зикр кард, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони даҳҳо иншооти варзишӣ ҷараён дорад.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои низомии 01972 ва 051056

29 декабри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии 01972-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон ташриф оварда, сарбозону афсарони қисми ҳарбиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи паёми табрикотии худ таъкид кард, ки бо талошу ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар мамлакат пойдор гардида, Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба нерӯи бузурги мудофиавӣ табдил дода шуд.

Читать далее