December 2018

31 December 2018

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелоди 2019

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2018 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории халқи азизи мо бо дастоварду музаффариятҳои бесобиқа ва пешравиҳои бузург нақш хоҳад баст.

Зеро дар ин сол тамоми захираю имкониятҳои кишвари соҳибистиқлоламон барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум нигаронида шуда, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои устувор гузошта шуд.

Читать далее

Ифтитоҳи Дидбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло" ва гузаргоҳи сарҳадии "Сурх" дар Исфара

28 декабри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара ташриф овард ва дар маросими ифтитоҳи ду иншооти муҳими стратегӣ - Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ширкат варзид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якҷоя бо сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Назар Аслам Тӯра ва роҳбарияти шаҳри Исфара бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти муҳимро мавриди истифодаи сарҳадбонон қарор доданд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Маҷмааи «Ваҳдат» дар Исфара

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари худ ба шаҳри Исфара, ки 28 декабри соли 2018 сурат гирифт, нахуст аз Маҷмааи қабул ва гусели меҳмонон «Ваҳдат», воқеъ дар даромадгоҳи шаҳр дидан намуд.

Мавсуф ҳамзамон бо изҳори қаноатмандӣ аз корҳои бунёдии анҷомдодашуда ва шинонидани чанд ниҳоли ҳамешасабз дар гулбоғи маҷмаа баҳри тақвиятбахшии корҳо дар самти ободонии ҳудуд ва гирду атрофи иншоот ба раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин супоришу тавсияҳои мушаххас дод.

Читать далее

Раиси вилоят ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои зимистона тақдим кард

28 декабри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат намуда, ба онҳо либосҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.

Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ буда, дар он 290 нафар кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Читать далее

28 December 2018

Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

27 декабри соли равон дар толори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.

Дар кори маҷлис Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аъзои раёсати КИМ ҲХДТ Шарифзода Мумин Машокир, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, узви раёсат ва аъзои Кумиҷроияи вилоятӣ, раисони бархе шаҳру навоҳии вилоят ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст масъала “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Муҳоҷирон дар доми ҲНИ

Ҳама гуна ҳизби сиёсие, ки дар қаламрави мамлакат ташкил мегардад ва фаъолият мекунад, вазифадор аст, ки пеш аз ҳама манфиати ҷомеаро ҳимоя намояд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯшиш ба харҷ бидиҳад.  Аммо сарварони ТТЭ ҲНИ  ҳадафҳои ғаразноки худро боло гузоштанд ва дар бораи таъмини рушди ояндаи Тоҷикистон ва таъмини осоиштагии мардум аслан ғамхорӣ накардаанд.

Дар бораи амалҳои разилонаи роҳбарон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳам дар дохил ва дар хориҷи кишварамон бисёр навиштаву гуфта шудааст ва ҳамаи онҳо воқеъиятро инъикос менамоянд. Яке аз амалҳои нангини ин ҳизб он аст, ки ҷавонони тоҷикро аз ҳисоби муҳоҷирон гумроҳ карда, барои ҷангидан чун аъзои ба ном ДИИШ ба Сурия мефиристад.

Усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон аз тарафи ТТЭ ҲНИ усули хеле маккорона аст. Дар аввали шиносоӣ онҳо худро хайрхоҳ вонамуд карда, дар баъзе масъалаҳо кӯмак намуда, объекти худро “қарздор” мекунанд. Сипас мафкураи ӯро барои ватанбадбинӣ омода месозанд. Дар баъзе ҳолатҳо истифодаи чунин технологияҳо ба кор меравад, ба монанди дар назди камера нисбати Ватану ҳамватанон ба бадгӯӣ маҷбур кардан. Хадафи ин амал он аст, ки барои чунин муҳоҷири бечора роҳи ақиб гаштан ба Ватан дигар намонад.

Ҳар амали нангвори аъзоёни ин Ҳизб ба мақсадҳои ғаразноки он равона мегардад. Ин ҳама ҳиллаву найранг ба хотири хиёнат ба ватану ҳамватанон карда мешавад. Маълум аст, ки ин амалҳо дар хориҷи кишвар аз пуштибонии гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки нооромиву нокомии Тоҷикистонро мехоҳанд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.

Боиси қайд аст, ки ТТЭ ҲНИ дар гумроҳсозии муҳоҷирон ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба андӯхтааст. Маҳз дар ҳамон давра роҳбарон ва фаъолони ин ҳизб бо супориши хоҷагони хориҷиашон дар кишвар нооромиҳоро роҳандозӣ карда мардумро ба гурехтан ба Афғонистон ташвиқ мекарданд ва касоне, ки “гуреза” шудан намехостанд, кушта мешуданд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва зираку ҳушёри Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бори дигар мебинад ва итминонаш даҳчанд мегардад, ки манъ карда шудани фаъолияти ҲНИ ва ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон гардидани ин ҳизб амали саривақтӣ ва қонунӣ буд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва озоду дунявӣ наметавонад дигарбора ҷангҳои таҳмилгардидаи шаҳрвандӣ ва дахолати қувваҳои ғаразноки дохиливу хориҷиро ба ҳаёти созанда ва эҷодкоронаихеш роҳ диҳад.

Раҳмон Мирсаидов, дотсенти кафедраи фалсафаи
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Воқеиятро нодида гирифтан гуноҳ аст!

Дар мақолаи ба ном таҳлилии худ доир ба воқеаҳои соли 2018 Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамаи ин падидаҳоро гирифта, танҳо айбҷӯи кардааст.

Эй бехабарон,  беҳаёӣ то куҷо? Шумо дар навиштаҳоятон тамоми дастовардҳои халқи тоҷикро давоми соли сипаригаштаистода ба инобат  намегиред, ки ин ҳама хиёнат ба Ватан ва миллат мебошад.

Танҳо душмани ашаддӣ дастовардхои бузурги миллатро нодида мегирад, дар ҳар як муваффақияти он ноқисиву ғалат меҷӯяд. Соли 2018 барои кишвари мо соли бобарор, соли нусрат, соли дастовардҳои бузурги  халқи меҳнатқарини мо аст. Халқи меҳанқарини мо бо азму иродаи қавӣ ба пеш ҳаракат намуда истодаанд. 

Корвони умеди халқи бунёдкори мо алорағми ҳарзагӯиҳои хоинон ба сӯи мақсуд равон аст.

С.МУРТАЗОЕВ,
дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес  ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Дасисаҳои бебунёди ТТЭ ҲНИ

Як-ду моҳ  бо ёрии ҳомиёни  ташкилотҳои  байналмилалии террористӣ ҳизби мамнӯи наҳзат эълон кард, ки 10 декабри соли 2018 дар назди  Сафоротхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон  гирдиҳамойӣ  ташкил карда мешавад Тазоҳурот ташкил ҳам шуд, ҳамааш шуда 10-15 нафар душманони миллат ҷамъ шуданд, аз шумораи  митингчиён шиору овезаҳо бисёр буд. 

Дар кишварамон имрӯз озодию бародарии миллатҳо, халқиятҳо таъмин карда шудааст. Тамоми мардуми кишвар бо фаъолияти ободкорию созандагӣ, ташаббускорӣ, бунёдкорӣ барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволи машғул аст. Тоҷикистон дар қатори 250 давлати ҷаҳон мавқеи худро дорад ва дар қатори 193 дунё мамлакати дун аъзои комилҳуқуқи СММ ва зиёда аз 70 ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Аммо дар қатори онҳо баъзе давлатҳо  чун Полша, Эрон ва  ташкилотҳои байналмилалӣ  (САҳА) ин бурдбориҳоро дида наметавонанд ва барои вайрон кардани оромию осоиштагии кишвари мо кӯшиш мекунанд. Ташкилотҳои  экстремистию террористӣ ба монанди ҲНИ-ро дар хориҷи кишвар хоҷагонашон бо маблағ таъмин меамоянд ва онҳоро барои амалӣ кардани он таъмин намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҳизби мамнӯъи наҳзат пештар баён карда буданд, ки барои аъзоги ба Эътилофи нирӯҳои муҳолифини тоҷик (Алянс) дараш кушода аст, аммо  ба ин ташкилот «Гурӯҳи 24». Анҷумани нирӯҳои  созандаи Тоҷикистон ва дигар  созмонҳои майда аз аъзогӣ даст кашидан.   Ташкилоти САҳА террорист-экстремистҳо хоиноти ватанро тарафдорӣ намуда, ба онҳо ёрии ҳаматарафа мерасонад. Аз ин лиҳоз, ман таклиф мекунам, ки фаъолияти  созмонҳои террористонро пуштибонӣ менамуда,  дар мисоли САҳА , дар Тоҷикистон манъ карда шавад.

Сафар ЭРКАЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Ба воқеият бо назари некбин баҳо диҳем

Муҳаммадиқболи Садриддин мақолае бо унвони «Нуҳ ҳодиса ё чолишҳои муҳиму хотирмони соли 2018» нашр намуд. Аз суханҳои бемазмуну подарҳавои муаллифи мақола маълум аст, ки ӯ некбин нест ва қалбаш пур аз бухлу ҳасад ва кинаву адоват буда, ба воқеаву ҳодисаҳо баҳо дода наметавонад. Ин аст, ки дар мақола фақат дар кишвараш айб ҷустаасту бас. Агар муаллиф назари нек медошт, пешравиҳои назаррасе, ки  дар солҳои соҳисистиқлолӣ дар кишвари азизамон ба амал омада дида метавонист.

Олитарин муваффақияте, ки халқи мо ба даст овард, ин сулҳ буд. Агар сулҳ намешуд, ягон пешравию осудагӣ насиби халқу миллат намегашт. Миллат парокандаву мамлакат талаву тороҷ мешуд. ҳангоми сухан гуфтан, муаллиф бояд хеле андеша мекард.

Чун кӯршапарак кӯр аст, офтобро чӣ гуноҳ? Имрӯз мардуми тоҷик самараи сулҳу ваҳдатро эҳсос мекунад. Дигар ин мардуми солҳои навадум нест. Дигар намешавад ин мардумро бо сафсатаву тӯҳмату бӯҳтон гӯл зад. Мардуми тоҷик сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Он амалҳое, ки ба ном «равшанфикрон»-и миллат иҷро карданд, ҳаргиз халқи тоҷик фаромӯш намекунад.

Худи Муҳаммадиқболи Садриддин барои халқу миллат чӣ хидмат карда бошад? Ӯро ғайр аз ду-се ҳаммаслаконаш касе намешиносад. Суханҳои ғаразомези муаллифро маҳкум намуда, ҳар як сокини кишвар ба ин гуна сафсатаҳо дода нашавем. Сулҳу ваҳдатеро, ки ба ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Т.ТӮХТАЕВ,
мудири кафедраи молия
ва қарзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее