10 January 2019

ЕВРЕИ И ХРИСТИАНЕ В КРИВОМ ЗЕРКАЛЕ ТЭО ПИВ.

 По мнению нашего эксперта, открытое преследование нахзатовцами в начале 90-х годов стало причиной бегства представителей немусульманских народов

 

В 2015 году Верховным Судом Республики Таджикистан была запрещена деятельность ПИВТ как террористическо-экстремистской организации. (Полный текст решения Верховного Суда Республики Таджикистан помещен на сайте НИАТ «Ховар» под рубрикой «Безопасность»). О причинах принятия подобного решения в отношении ПИВ экспертами опубликовано множество статей в средствах массовой информации. Заметки нашего эксперта Камара НУРУЛХАКОВА также связаны с этой темой.

Читать далее

Jews and Christians in the Curved Mirror of TEO IRP.

In 2015, the Supreme Court of the Republic of Tajikistan banned the activities of the IRPT as an extremist-terrorist organization (The full text of the decision of the Supreme Court of the Republic of Tajikistan is posted on the NIAT “Khovar” website under the security heading). On the reasons for the adoption of such a decision in relation to the TEO IRP experts published many articles in the media. Notes of our expert Qamar NURULHAKOV are also related to this topic.

Читать далее

Занбӯриасалпарварӣ: Шаҳд, шавқ, ва шуҳрат

Занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои камхарҷ ва ҳамзамон сердаромад буда, захираи мавҷудаи растаниҳои шаҳддиҳандаи кишвар имконият медиҳанд, ки миқдори оилаҳои занбӯр афзоиш ва истеҳсоли асал зиёд гардад. Самти дигари аҳамияти рушди ин соҳа дар он арзёбӣ мешавад, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили пахта ва растаниҳо то 30 - 50 дарсад меафзояд. Ба фурӯш рафтани маҳсулоти ин ҳашароти фоидаовар омили даромади зиёду беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои қаблии худ оид ба бурду бохти тамоми соҳаҳои кишвар маълумот дода, дар назди сокинони мамлакат вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, дар бораи соҳаи дорусозии кишвар мулоҳиза ронда, роҳҳои ҳалли масъала ва бартараф сохтани камбудиҳоро таъкид доштанд. Таърихи башарият гувоҳ аст, ки табибони машҳури мо барои пешрафти тибби ҷаҳонӣ ганҷинаҳои пурарзише ба мерос гузоштаанд. Мавҷудияти дорувории пастсифат ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат аз масъалаҳои ташвишовар аст.

Дар Паём омадааст: «...дар кишвари мо зиёда аз 3,5 ҳазор гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд». - Мо ба табиати зебоманзар ва сарсабзу хуррами Ватанамон бо меҳру муҳаббат ғамхорӣ намуда, аз гиёҳҳои шифобахши он барои табобат ва солимии мардуми кишвар бояд самаранок истифода барем. Сарвари давлат Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва бахши фармасевтикаи (дорусозӣ) ҷумҳуриро вазифадору ҳушдор сохтанд, ки аз пайи ислоҳи камбудиҳо шаванд. Мо дорои захираҳои фаровони ашёи хоми (гиёҳҳои табиӣ ва маҳсулоти давоии занбӯри асал) дорусозӣ ҳастем. Вақти он расидааст, ки маҳсулоти дохили кишвари худро коркард намоем. Аз мероси гузаштагони худ ибрат гирифта, соҳаи фитотерапия ва дорусозиро ривоҷу равнақ дода, давомдиҳандаи кори онҳо бошем. Ин амал садди роҳи воридшавии дорувориҳо аз хориҷи кишвар ва ғанӣ гардидани буҷаи давлат мегардад.

Кишвари моро бо кӯҳҳои осмонбӯси пур аз ганҷ, табиати нотакрори дилнишин, меваҳои болаззату ширин, гиёҳҳои табобатӣ, чашмаҳои шифобахш ва обҳои софи беғубораш мешиносанд. Чашмаҳои шифобахши Обигарм, Гармчашма, Ҳавотоғ ва даҳҳо чашмаҳои дигар диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб карда, дар ин мавзеъҳои хушманзар дармонгоҳҳо сохта шудаанд ва барои солимгардонӣ ва беҳдошти саломатии мардум айни муддао мебошанд. Барои сохтани табобатгоҳу корхонаҳои бандубасти ин обҳо дар наздикии ин чашмасорҳои шифобахш шароит ва дастгирии молиявии Ҳукумат зарур аст. Маҳз, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ шумораи занбӯрпарварон, миқдори оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли маҳсулоти он боло рафта истодааст.

Аксари набототи кишвар табобатӣ буда, гарди гул ва шаҳди ҷамъовардаи занбӯрҳо таркиби асалро пурқуввату дучанд афзун мекунанд. Бинобар он, тамоми маҳсулоти занбӯри асал заҳр, шири модарзанбӯр, таслит, гарди гул, мум, асал, кирминаҳои нарзанбӯр, зараррасони чорчӯба – митта ва партовҳо – мурдаи занбӯрҳо хосияти табобатӣ ва барқароркунандагӣ доранд. Аз маҳсулоти занбӯри асал дар давлатҳои Чин, Ҷопон, Олмон, Россия, Корея доруҳои табобатӣ, инчунин аз шири модарзанбӯр бо истифода аз технологияи замонавӣ давоҳое тайёр карда истодаанд, ки зиёда аз 180 намуди бемориро табобат менамояд. Аз заҳри занбӯр бештар доруҳо, молиданиҳо тайёр мекунанд. Таслит бошад, хосияти зиддивирусӣ, зиддиварамӣ дорад.

 Ба таркиби баъзе молиданиҳои табобатӣ ва ороишӣ ҳатман таслит ва мум ҳамроҳ менамоянд. Мумро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла рангуборсозӣ, шишарезиву чармгарӣ, авиатсиониву радиотехника, коркарди чӯбу коғаз, қаннодӣ, дорусозӣ, косметикаи ороишӣ ва ғайраҳо истифода мебаранд, - гуфт Аълобердӣ Бердиев, занбӯриасалпарвари собиқадор. Гарди гул хӯроки асосии варзишгарон, ғаввосон, ҳавонавардҳо буда, барои табобату пешгирии аксари бемориҳо истифода мешавад. Барои мустаҳкам намудани масунияти инсон бар зидди бемориҳо маводи хубест.

Хулоса, тамоми маҳсулоти занбӯри асал дорои хосияти беҳтарини табобатӣ буда, нисбат ба дорувориҳои химиявӣ арзонтар ва таъсирноку манфиатбахш мебошанд. Чуноне аз Паём бармеояд, воридоти таҷҳизоти замонавӣ барои ташхису табобат ва дорусозӣ аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Аз ин рӯ, аз ин вазъият истифода бурда, пешниҳодҳои зеринро муносиб донистем:

1. Ҳангоми воридоти технологияи замонавӣ дастгоҳҳои коркарди маҳсулоти занбӯри асал барои дорусозиро низ ба инобат гиранд.

2. Вазорати тандурустӣ барои тайёр намудани мутахассис - апитерапевт дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар шароит фароҳам оварад.

3. Ташкили шуъбаҳои апитерапевтӣ дар бемористону дармонгоҳҳои кишвар амри зарурист.

4. Ташкили корхонаҳои қабули маҳсулоти занбӯри асали ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

5. Ташкили корхонаҳои муштараки замонавӣ барои тайёр кардани дорувориҳо аз маҳсулоти занбӯри асал бо кишварҳои пешрафта боиси рушди соҳа мешавад.

Мо - занбӯрпарварон аз уҳдаи ҷамъоварӣ ва истеҳсоли тамоми маҳсулоти занбӯр мебароем, лекин дар фурӯши он ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавем. Ҳоло бинобар набудани озмоишгоҳҳо ва коргоҳҳои назорати сифати асал (ба истиснои ташхисгоҳҳо) харидор маҳсулоти худсохту бесифатро меписандад. Баъди ташкили корхонаҳои қабули маҳсулоти занбӯри асал бо назорати қатъии сифати он мушкилот аз миён рафта, обрӯи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ боло мешавад. Ногуфта намонад, ки баробари ташкили корхонаҳои қабул ва коркарди маҳсулоти занбӯри асал одамон соҳиби ҷои кори доимӣ ва зиндагии шоиста хоҳанд шуд.

Занбӯри асал аҳлона зиндагӣ карда, аснои ба оила ворид гардидани занбӯрони бегона ҳама мубориза мебаранд. Ҳангоми дар зимистон кам будани захира занбӯрҳо танҳо маликаро бо асал таъмин менамоянд, ки ин нисбат ба модар, сарвари худ ғамхор буданашонро ифода мекунад. Барои зинда мондани малика ҷон медиҳанд, ки ин рафтор хоси ин ҳашароти меҳнатдӯст мебошад.

Занбӯрҳо - сарфакор ва математикҳои беҳамто

- Дар табиат намудҳои гуногуни занбӯрҳо мавҷуд буда, танҳо навъи занбӯри асал дар сӯрохӣ ва холигии сангу дарахтон маскан гирифта, хеле зиёд асал захира менамояд.

Занбӯри асали ёбоиро инсон барои маҳсулоти серғизои беҳамтои гуворояш ба қуттиҳо гирифта, онро «хонагӣ» намуд. Тарзҳои ҳаётгузаронӣ ва корбарӣ (хонасозӣ, тухмгузорӣ, захирасозии асалу гарди гул) - и ин занбӯрҳо ба ҳамдигар монанд буда, аз як модарзанбӯр, миқдори зиёди занбӯрҳои корӣ ва гурӯҳи нарина (дар мавсим) иборат мебошанд, - мегӯяд А. Бердиев - занбӯриасалпарвар аз ноҳияи Зафаробод.

 Ҳангоми мушоҳида ва назорати кори занбӯрҳои асал аз меҳнатдӯстиву тифоқӣ, хонасозиву дақиқкорӣ, озодагиву вафодорӣ, захирасозиву сарфакориаш кас дар ҳайрат мемонад. Тамоми тақсимоти кору вазифаҳо дар лона ирсӣ буда, бе супориш ҳар кадом ба кори худ машғул мешавад. Як қисми занбӯрҳо ба нигоҳубину парвариши кирминаву зочаҳо дигаре ба тозакуниву таъмиру азнавсозии хоначаҳо, баъзе ба посбонии даромадгоҳу обу шаҳдкашонӣ, бархе ба гардигулкашонӣ машғул мебошанд. Аҷибии кор дар он аст, ки ҳамаи ин амалиёт дар лонаи торик бехато иҷро мешаванд. - Дар масъалаи сарфаю сариштакорӣ занбӯрони асал беҳамто буда, ягон ҷондор ба онҳо баробар шуда наметавонад.

Ҳангоми хонасозӣ занбӯрони асал аз муми холиси худ сарфакорона якчанд маротиба истифода мебаранд. Барои як хоначаи муқаррарии шашкунҷа 13 мг, ба хоначаҳои наринасохт 30 мг мум сарф гардида, ҳаҷми онҳоро занбӯрҳо хеле саҳеҳ ва бехато месозанд. Дар ин ҷо низ пуртаҷрибагии занбӯрҳои асал дида мешаванд. - Қисми дохили таги ин хоначаҳо фӯрухамидаву тарафи муқобилаш барҷаста буда, алоқамандии кунҷҳои секунҷаи монандро доранд. Кунҷҳои тез 1090/ 28 ва 700/31 буда, бо андозаи якхела сохта мешаванд. Маълум мегардад, ки занбӯрҳо риёзидон, лоиҳакаш, муҳандис ва устои беҳтаринанд, - гуфт занбӯрпарвари соҳибтаҷриба Усмонҷон Ҳомидов. Дар хонасозии занбӯрони асал камхарҷии масолеҳи сохтмонӣ мушоҳида мешавад. Як хонача дар мавриди худ якчанд вазифаро иҷро мекунад.

Дар вақти мавсим дар он тухм мегузоранд, гарди гул ва асалро коркард ва захира намуда, ҳарорати лонаро муътадил нигоҳ медоранд. Занбӯр вақтро хеле самаранок истифода мебарад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷамъоварии хӯрока (гарди гул ва асал) рафта, масофаи хона ва суръати парвозашро аниқ ба ҳисоб мегирад. Агар вақт ба суръати ба масофа басандагӣ накунад, занбӯр ба хона бармегардад, агар не дар зери барг ё гул то субҳ қарор мегирад.

Суръати парвози занбӯр дар мусоидии обу ҳаво дар як соат 50 - 60 км. ва ҳангоми ҷамъоварии шаҳд 30 - 40 км. мебошад. Занбӯри асал гарди гулро ба ҳарду пойҳояш баробар вазн мегирад, то ин ки ҳангоми парвоз ба мувозинаташ монеъ нагардад. Тухмгузории модарзанбӯр ба гарди гули воридмешуда ва захираи гардғизо вобастагӣ дорад. Ҳангоми мусоид будани захираи гардғизо модарзанбӯр дар як шабонарӯз то 2 - 3 ҳазор дона тухм мегузорад.

 Дар натиҷа лона пур аз занбӯр мешавад. Занбӯрон меҳнатдӯст буда, танбалӣ одати онҳо нест. Қисме аз онҳо бо модарзанбӯри ҷавон ё пир лонаро тарк карда, оилаи нав ташкил мекунанд. Аз 5 кг. шаҳд бо хориҷ шудани оби таркиби он 1,5 - 2 кг. асал ҳосил мегардад. Занбӯр намнокии таркиби асалро ба 18 - 22 фоиз оварда, баъд болои асали пухтарасидаро рӯйпӯш месозад.

Фарқи асали хушсифат аз сунъӣ дар чист?

Асал ширинии беҳтарини табиӣ ба ҳисоб рафта, фоидаовар аст. Дар таркиби асали тоза витаминҳои гуногун, микроэлементҳои фоидабахш мавҷуд мебошанд. - Бо мурури вақт асал сахту сафед мегардад. Фурӯшандагон ба хотири зиёд намудан асалро гарм мекунанд. Ҳангоми аз меъёр зиёд гарм намудани асал, дар таркиби он оксиметилфурфурола ҳосил мегардад, ки он маводи кансерогенӣ (таҳриккунандаи бемории саратон) ба ҳисоб меравад. Ин модда ба системаи асаб таъсир расонида, миқдори зиёди он мубталои фалаҷ ва рагкашӣ карданаш мумкин аст.

Барои ҳамин ҳам асалро аз 450 С зиёд гарм кардан мумкин нест. Пеш аз харидани асал онро чашида бинед. Агар таъми карамел кунад, беҳтараш ин гуна асалро харидорӣ накунед. Дар ҷумҳурии мо асалро аз моҳи май сар карда, ҷамъоварӣ намудан мумкин аст. Оё асали сохтаро аз асали тоза фарқ намудан мумкин аст? Онро ба рӯи пораи коғаз молида, дар оташ сӯзонед. Асали тоза дар оташ намесӯзад, танҳо гудохта мегардад. Агар асал нимсӯхта гардад, пас занбӯрҳо онро аз шакар тайёр намудаанд, на аз гарди гул. Агар моеъ гардад, пас маълум мегардад, ки ба он об ҳамроҳ намудаанд,- тавсия медиҳад занбӯриасалпарвар аз шаҳри Хуҷанд Икром Бердиев.

* * * * * *

Аз рӯзҳои аввали фаъолият Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баробари таваҷҷуҳи хоса ба соҳоти мухталиф, аз ҷумла занбӯриасалпарвариро соҳаи басо боманфиат арзёбӣ намуда буд. Дар вохӯрӣ бо намояндагони ин соҳа бобати боз ҳам пешрав шудани соҳа сӯҳбати ошкоро ороста, аз муаммоҳои онҳо пурсон шуда буд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешрафти соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар кишвар барномаи махсус қабул ва роҳандозӣ гардида, баҳри занбӯрпарварон тамоми имконот фароҳам оварда шудааст. Сарвари ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварони вилоят Солиҷон Муродов оид ба вазъи кунунии соҳа маълумот дода афзуд, ки ҷиҳати татбиқи барномаи қабулгардида, солҳои охир аз ҷониби масъулони соҳа як қатор чораҷӯиҳо амалӣ карда шудааст.

Агар соли 2003 дар оғози ташкилшавии ин ассотсиатсия дар вилоят ҳамагӣ 350 тонна асал истеҳсол гардида бошад, соли 2018 оилаи занбӯри асал ба беш аз 52 ҳазору 300 ва истеҳсоли асал ба 1360 тонна расонида шуд. Мавсуф иброз дошт, ки бо иштироки қариб 200 нафар аъзои ассотсиатсия ва ҷалби дигар занбӯрпарварони шаҳру навоҳӣ ҷиҳати хушзоткунии оилаҳои занбӯр аз ҳисоби зоти сермаҳсули карпатӣ семинарҳо, курсҳои кӯтоҳмуддат гузаронида мешаванд.

Ба хотири ҷалби аҳолӣ ба соҳа дар қаламрави вилоят бо иштироки фаъолонаи занбӯриасалпарварон озмунҳои гуногун ҷараён мегиранд. Фурӯш ва намоиши Иди асал низ аз чорабиниҳои доимист. - Мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ соҳа бояд дар се самт: истеҳсоли асал, парвариш ва ҷустуҷӯ инкишоф ёбад. Он вақт мо метавонем бо боварии комил бигӯем, ки барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи худро хоҳад ёфт, - таъкид мекунад С.Муродов.

Ҳоло бобати ҳалли масъалаҳои ташкили нақлиёт барои аз як ҷой ба ҷойи дигар бурдани қуттиҳои оилаҳои занбӯр, ворид кардани технологияи замонавӣ, аз ҷумла сехи истеҳсоли муми варақӣ, таҷҳизоти бандубаст корбарӣ идома дорад. Дар вохӯрӣ бо замбӯриасалпарварон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки беҳсозии сифати банду басти асал ва ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои хориҷи дуру наздик боиси рушди соҳа мегардад. Инчунин, таъсиси марказҳои машваратӣ барои занбӯрпарварон ва мағозаи фурӯши асал ба манфиати кор мебошад.

Дар ин мулоқот аз ҷониби занбӯрпарварон ҷиҳати рушди соҳа пешниҳод карда шуд, ки дар вилоят хоҷагии зотпарварии занбӯр таъсис дода шавад. Ҳамчунин, харидории дастгоҳи раскристализатор, ки асалро тоза сохта, сифати онро беҳтар мегардонад ва муҳлати нигаҳдориаш низ то ба ду сол расонида мешавад, муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта, аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки то 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ин пешниҳодҳо амалӣ гардонида шуда, дар ин раванд дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» сехи дуредгарӣ ва лабораторияи соҳавии замонавӣ ба истифода дода шавад.

Ҳамзамон, дар асоси қарори Раиси вилоят давоми се соли оянда шумораи оилаи занбӯри асал дар вилоят аз 52 то ба 100 ҳазор расонида хоҳад шуд. - Бароям касби занбӯриасалпарварӣ меросӣ буда, беш аз 40 сол инҷониб бо ин шуғл ризқу рӯзиамро меёбам. Дар шароити кунунии иқтисодӣ соҳаи мазкур аз ҷиҳати молиявӣ низ манфиати хуб меорад, - мегӯяд Очилбой Ҳабибов - занбӯриасалпарвар аз Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ба ақидаи ӯ соҳа воқеан дар шароити кӯҳистони мо камхарҷу сердаромад аст ва аз ин рӯ, рушди он ба манфиат мебошад. Мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ вобаста ба сифату навъи асал дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзиши он аз 10 то 50 доллар мерасад. Баъдан дар ҳалли таъсиси ҷойҳои корӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Масалан, имрӯз дар вилоят расман зиёда аз 280 нафар ба парвариши занбӯри асал машғул бошанд, ба корҳои иловагии соҳа дар мавсим то 3 - 3,5 ҳазор нафар бо музди хуби меҳнат таъмин мешаванд.

Воқеан, имрӯз ба асали хушсифати вилоят дар бозори дохилӣ низ талабот зиёд аст. Ин буд, ки соли 2018 корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, бори аввал тибқи шартнома ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори 14 тонна асали хушсифат содирот карда шуд. Дар назар аст, ки имсол низ барои содироти беш аз 100 тонна ба Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва Қазоқистон корбарӣ идома дорад.

Масъулини соҳаи мазкур бояд омилҳои аз ҳар ҷиҳат судманд будани рушди занбӯриасалпарвариро ба назар гирифта, бобати иҷрои дастуру супоришоти роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят баҳри таҳлили воқеии ҳолати кунунӣ, ҷалби занбӯрпарварон ба бизнесфорум ва ярмарка — фурӯшҳо, дарёфти бозорҳои нав дар хориҷи кишвар, таъсиси мағозаи фурӯши лавозимоти занбӯрпарварӣ, афзун намудани оилаи занбӯр, тарғибу ташвиқи фоиданокии асал ва ғайра боз ҳам бештар ҷидду ҷаҳд намоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дар Панҷакент сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 оғоз ёфт

9 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 санги асос гузошт.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ва зимни суҳбат бо устодони муассисаи таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳр Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид дошт, ки дар мамлакат ба соҳаҳои илму маориф эътибори махсус дода мешавад. Рушди соҳаҳои илму маориф омили асосии пешрафти ҳар давлат маҳсуб меёбад ва бо назардошти ин нуктаи муҳим роҳбарияти вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Таъкид гардид, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари вилоят беш аз 6000 иншооти гуногун, аз ҷумла даҳҳо иншооти соҳаи маориф низ бунёд мегардад, ки ба рушди соҳа ва беҳтар шудани шароити таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

Читать далее

Оғози сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент

9 январи соли 2019 бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент ба бунёди бинои нави Беморхонаи марказии шаҳр оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот бо кормандони соҳаи тибби шаҳри Панҷакент оғози сохтмони бинои нави Беморхонаи марказиро туҳфаи арзанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, зикр намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Читать далее

ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ.

Ба андешаи коршиноси мо, таъқиби рӯирост аз ҷониби наҳзатиҳо дар аввали солҳои 90-ум сабаби аз Тоҷикистон фирор кардани намояндагони халқҳои ғайримусалмон гардид.

Читать далее

ТАВБАИ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ БАРОИ 25 СОЛИ МУБОРИЗААШ

 

Додоҷон Атовуллоев, яке аз мухолифони собиқадори ҳукумати Тоҷикистон, дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук барои 25 соли муборизааш тавба кардааст. "Ягона роҳ тавбаю надомат кардан, аз ХУДО ва ХАЛҚ омурзиш хостан аст. Тавбаи насӯҳ,” – навиштааст роҳбари ҷунбиши "Ватандор”. Додоҷон Атовуллоев афзудааст, ба ҳеҷ ваҷҳе бо Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари кунунии оппозитсияи тоҷик эътилоф нахоҳад баст. Додоҷон Атовуллоев аз "ҷавонони содадиле, ки имрӯз ба майдон мехонанд” даъват кардааст, ки иштибоҳи ӯро такрор накунанд.

Читать далее

Продлевала контракт дважды: учительница РФ под впечатлением от Таджикистана


Педагог признается, что будет безумно скучать по своим отзывчивым ученикам, веселым коллегам и красивому парку Рудаки в Душанбе

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Совсем скоро после зимних каникул из Дагестана в Таджикистан вернется учительница Патимат Сагидова.

Читать далее

Бо ифтитоҳи сехи коркарди шир дар Панҷакент 12 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд

9 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят нахуст дар маросими ба истифодадиҳии сехи коркарди шир иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳ расман оғоз бахшид.

Читать далее

В Таджикистане за год увеличился ВВП на душу населения

Объем валового внутреннего продукта на душу населения в Таджикистане по итогам 2018 года составил 7 тысяч 565 сомони (803 доллара)

Читать далее