16 January 2019

Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи

Иранское агентство Iran.ru представило новую версию исторической катастрофы американского пассажирского лайнера, который был взорван диверсантами над шотландским городком Локерби. По традиционной версии считается, что взрыв этого пассажирского самолета организовали ливийские спецслужбы. Однако Iran.ru предлагает более логичную версию: подрыв американского лайнера якобы организовал Тегеран в отместку за катастрофу иранского пассажирского самолета, который был сбит по ошибке американцами за полгода до подрыва американского самолета над Локерби. Об этом, как сообщает Iran.ru, рассказала родственница одного из палестинских террористов, которых финансировал Тегеран. Если западная пропаганда воспользуется показаниями родственницы палестинского диверсанта, то это может стать началом новой кампании демонизации Ирана. Аналогичная компания запада против «ливийского режима» закончилась гибелью лидера Муамара Каддафи, который взял на себя ответственность за участие ливийских диверсантов в подрыве американского лайнера над Локерби.

Читать далее

Боз ҳангомасозии навбатӣ вобаста ба Бадахшон

 

Дар  сомонаи «Ахбор.ком» матлабе зери сарлавҳавҳаи «Боз як тирпаронӣ дар Хоруғ» ба нашр  расид. Дар он гуфта мешавад, ки бино ба иттилое, ки дар гуруҳи Pamir News дар шабакаи Фейсбук нашр шуд, шоми 13 январ дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормандони ОМОН тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он як сокини маҳаллаи «Болницен» захмӣ шудааст. Ба гуфтаи муаллифи хабар Саидмансур Шоиков, байни кормандони ОМОН ва сокинони маҳаллӣ вақте баҳс бархост, ки чанд ҷавон ба мошини кормандони милиса роҳ надоданд. Ба гуфтаи муаллиф Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба ҷои ҳодиса омада, бо кормандони мақомот вориди музокирот шудааст.

Читать далее

Ба Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ.Фағонӣ

 

Муҳтарам оғои сафир!

 

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки шаҳри бостонии Истаравшан, ки дар қадим бо номи Киропол ва Курушкада машҳур буд, зодгоҳи абармардони бузурге аст, ки нақши хешро дар таърихи 2500-солагии яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шаҳри азими вилояти Суғд гузоштаанд.

Читать далее

Абӯҷаҳл мусулмон шуданӣ нест (Ҷавоб ба изҳороти хоинонаи Б.Қаюмзод)

                              

           Бобоҷон Қаюмзод, худфурӯхтае ки одамгарӣ   дар вуҷуди ӯ қирон овардааст. Ҳама  медонанд, ки аз бозе ки  Бобоҷони Қаюмзод, ба ном ҷорчии ҳизби террористи наҳзат, изҳорот медиҳад, аз он бӯйи хуну қатлу ваҳшату ғорат меояд.  Ин ҳизб ташнаи хун аст. Асосгузори ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ҳама бофтаҳо ва гуфтаҳои ин бобои террору даҳшатафканӣ, маҳсули ватанфурӯшӣ ва бемоягии равонӣ аст.

Читать далее

Каюмзод опять называет чёрное белым

 

После показа очередного документального видеофильма, где бывшие члены ТЭО ПИВ свидетельствуют о террористической деятельности этой организации, её пресс-секретарю  Бободжону Каюмзоду ничего не остаётся делать, как всё отрицать. Удивительно, что он, как попугай, не устаёт этого делать с того момента, как вышло уже более десятка видеосвидетельств непосрдственных участников событий, которые раскрыли все подробности осуществлённых и готовящихся терактов. Опровергая очевидное, Каюмзод отрабатывает свою зарплату, выплачиваемую известной иностранной спецслужбой.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Лю Хунчао

15 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” Лю Хунчаоро ба ҳузур пазируфт.

Дар аснои мулоқот, ки дурнамои ҳамкориҳои судманд мавриди муҳокима қарор гирифт, иттилоъ дода шуд, ки нақши корхонаи “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” дар истеҳсоли семент назаррас буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба хориҷи кишвар низ содирот гардида истодааст. Зикр гардид, ки соли 2018 дар корхонаи мазкур 989,8 ҳазор тонна семент истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 389 миллион сомонӣ расонида шуд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао

15 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао мулоқот намуд.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан

12 январи соли 2019 дар шаҳри Истаравшан корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард ва дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Дар маросими баистифодадиҳии корхонаи ордбарорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти шаҳр ва фаъолон иштирок доштанд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҶДММ “Тоҷикистон” дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкор Илҳом Сангинов ва бо харҷи 1 миллиону 100 000 сомонӣ бунёд шудааст. Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар як шабонарӯз 60 тонна орд истеҳсол менамояд.

Читать далее

Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 12 январи соли равон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Истаравшан дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳр сохташаванда шинос гардид.

Роҳбарияти шаҳр ва меъморону шаҳрсозон ба Раиси вилоят лоиҳаи иншоотҳои сохташаванда аз қабили маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ, иншооти ҷамъиятӣ, гармхона, сардхона, сехи коркарди маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, маркази солимгардонӣ ва клиникаи замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, боғи адибон, меҳмонхонаи замонавии “Истаравшан серена”, бинои шуъбачаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ғайраҳоро муаррифӣ намуданд.

Читать далее

Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт

12 январи соли 2019 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи бинои замонавӣ ва таъсис ёфтани маркази хизматрасониро ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ ва ҷойи корӣ таъмин шудани сокинони шаҳр рӯйдоди фараҳбахш унвон кард.

Читать далее