January 2019

31 January 2019

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ДАВЛАТ

Давлат падидаи ҷамъиятӣ аст. Он дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар давраи муайяни таърихӣ арзи ҳастӣ кардааст. Аз нигоҳи онтологӣ, давлат дар марҳилаҳои пайдоиш ва ташаккули хеш зинаҳои ниҳоят мушкил ва пуртазоди таърихиро аз сар гузаронидааст.

Читать далее

Мақсад: Таъмини сулҳ ва рушди устувор

Татбиқи лоиҳаи «Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмин намудани сулҳ ва рушди устувор» ба ҳаёти зиёда аз 300 нафар зани минтақаҳои наздисарҳадӣ тағйироти ҷиддӣ ворид намуд. Ба ин васила занон дониш омӯхтанд ва онро ба занони дигари деҳаашон низ омӯзониданд, малакаашонро амалан татбиқ доданд, ҷаҳонбиниашонро васеъ намуданд ва қудрати рӯҳониашонро дар равандҳои сулҳоварӣ, таҳаммулпазирӣ ва қабули қарорҳо баланд бардоштанд.

Вобаста ба татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои қатъномаҳои №1325 ва №2122 - и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи давраи дувуми лоиҳаи «Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмин намудани сулҳ ва рушди устувор» якчанд чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи занони минтақаҳои деҳот дар раванди сулҳ ва пешгирии низоъ, тақвияти ҳамкории занон, сулҳоварӣ, таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани дониши занон, кам намудани хушунат нисбат ба занону духтарон дар минтақаҳои мақсадноки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - ҷамоатҳои Хистеварз, Овчиқалъача ва шаҳри Исфара - ҷамоатҳои Лаккон, Сурх, Чоркӯҳ, Ворух) ба роҳ монда шуданд.

Дар оғоз аз чор ҷамоати деҳоти шаҳри Исфара ва ду ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 40 нафар зани сарвар ба мактаби минтақавии “Зан, таҳаммулпазирӣ ва сулҳ: Омӯзиш дар амал” шомил гардиданд. Барои иштирокчиён тренингҳо дар мавзӯъҳои «Таҳлили муколама», «Медиатсия», «Тарзи гузаронидани гуфтушунид», «Гуфтушунид дар деҳаҳо барои ҳамзистии сулҳовар», «Иштирок дар раванди қабули қарорҳо» ва «Истифода ва идораи муштараки захираҳои табиӣ» гузаронида шуданд. Ҳадафи чунин корбарӣ ин буд, ки занони сарвар иқтидор ва дониши худро баланд бардошта, таҷрибаи аз ин мактаб гирифтаашонро ба духтарону занони деҳаашон омӯзонанд. Давраи омӯзиши занони сарвар бо муваффақият анҷом ёфт. Занҳо пас аз омӯзиш дар ҷамоати деҳоти худ мустақилона семинарҳо гузарониданд. 60 нафар зани фаъоли деҳаҳои наздисарҳадӣ аз ҷониби 40 нафар зани сарвар омӯзонида шуданд.

Дилором Мавлуддинова - директори Муассисаи таҳсилоти иловагии №5-и ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз иштирокчиёни фаъоли ин лоиҳа буд. Ӯ қайд мекунад, ки пас аз омӯзиш даҳҳо низои оилавӣ аз ҷониби занон бартараф гардид. Онон чӣ будани баробарҳуқуқии гендериро дарк намуданд, дониши ҳуқуқии занон инкишоф ёфт. Муносибати онҳо ба зиндагиву рӯзгордорӣ дигар гашт. Чанде аз мушкилоти байнисарҳадӣ бартараф карда шуданд. Фикри Дилором Мавлуддиноваро Иҷобат Маннонова тақвият медиҳад. Иҷобат дар семинари занони сарвар иштирок намуда, худро шогирди ин занҳои соҳибирода меҳисобад. Ӯ мегӯяд: “Семинар барои дигар шудани ман мусоидат кард. Пас аз он, ки ба шавҳарам асли воқеаро нақл кардам, ӯ низ тарафдори омӯзиши ман гардид”.

Директори Ташкилоти ҷамъиятии «МИР – Маркази имконият баҳри рушд» Ирода Бобоҷонова қайд мекунад, ки ҳадафҳо дар ин ҷода амалӣ гардиданд. Имрӯз зиндагии занони ноҳияҳои наздисарҳадӣ каме бошад ҳам тағйир ёфтааст. Онҳо пас аз омӯзиш оид ба иштироки занҳо дар раванди қабули қарорҳо донишу малака гирифтанд, захираҳои табииро самаранок бо дӯстони қирғизашон истифода мебаранд, барои кам шудани низоъҳои оилавӣ далолат ва кӯмак менамоянд, оид ба ҳуқуқҳои худ маълумот гирифта, барои зиндагии осоишта талош меварзанд ва аз мо пайваста маслиҳату машварат мепурсанд.

Натиҷаи дигари лоиҳа ташкили Ассотсиатсияи минтақавии занони сарвар буд. Моҳи декабри соли 2018 - ум сол 18 нафар зани сарвари ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аъзои Ассотсиатсияи ғайрирасмии занони сарвар таҳти унвони «Занони сулҳовар» гардиданд. Ҳадафи ташкили Ассотсиатсияи мазкур тақвияти ҳамкории занон, сулҳоварӣ, таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани дониши занон, кам намудани хушунат нисбат ба занону духтарон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ буд. Ташкили ассотсиатсия натиҷаи фаъолияти панҷмоҳаи ташкилоти ҷамъиятии “МИР” буда, занони соҳибтаҷрибаву соҳибиродаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ҳам пайваст. Ба ин ассотсиатсия се нафарӣ занони сарвар аз ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Сурх, Чоркӯҳ, Лаккон, Хистеварз ва Овчиқалъача аъзо шуданд.

Ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмин намудани сулҳ ва рушди устувор» Азизхоҷа Хоҷаев қайд менамояд, ки мо нақша доштем, ки якнафарӣ занони фаъоли деҳоти марбутаро барои ташкили ассотсиатсия ҷалб намоем. Ин нақша дучанд амалӣ шуд. Бо хоҳиши худи занҳо аз шаш ҷамоати деҳоти шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сенафарӣ занони фаъол ба ассотсиатсия пайвастанд. Мо умед дорем, ки дар оянда ин ассотсиатсия дар раванди сулҳоварӣ, қабули қарорҳо ва ҷалби дигар занони фаъоли деҳот нақши муҳим мегузорад ва аъзои он дар якҷоягӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, барои осоиштагии деҳаҳои худ хидмат менамоянд.

Ин буд, ки лоиҳаи номбурда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ёрии амалии ҷиддӣ намуд. Аз тарафи занони сарвар оид ба нақшаи миллии чорабиниҳо (солҳои 2019 - 2022) барои иҷрои Қатъномаи №1325 - уми Шӯрои амнияти СММ тавсияҳо пешниҳод шуданд. 240 нафар зан оид ба баробарии гендерӣ ва сулҳоварӣ дониш гирифтанд. Муҳим аз ҳама таҷрибаи гирифтаи занон дар амал татбиқ гардид.

Иштирок дар даври дувуми лоиҳа ба занҳо имкон дод, ки онҳо дар раванди сулҳоварӣ, қабули қарорҳо ва ҷалби дигар занони фаъоли деҳаашон саҳми арзанда гузоранд.

Ба гуфти Ирода Бобоҷонова “новобаста аз дастовардҳои намоёни лоиҳа бо занҳои деҳаҳои дурдасти вилояти Суғд оид ба иштироки занон дар раванди сулҳоварӣ, пешгирии хушунат нисбат ба занон, баланд бардоштани мавқеи занон дар раванди қабули қарорҳо, рушди иқтидори занону духтарон мунтазам корҳоро давом додан лозим аст”.

Лоиҳаи аз тарафи СММ “Занон бо ҳамкории дигар ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид – Барномаи Рушди СММ”, “Хазинаи кӯдакони СММ”, “Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ”, “Созмони озуқа ва кишоварзии СММ” ба роҳ монда шуда, аз тарафи Дафтари Бунёди Сулҳи СММ дастгирӣ ёфтааст.

Салимҷон САИДОВ,
рӯзноманигор

Читать далее

Деваштич: Ошкори 21 ҳолати ғасби худсаронаи замин

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо новобаста аз назорати доимии мақомоти дахлдор, аз ҷумла кумитаҳои идораи замини шаҳру навоҳии вилоят дар самти истифодаи замин ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Худсарона ва ғайримақсаднок истифода бурдани замин аз тарафи бархе аз сокинон далели ин гуфтаҳост.

Маҳз, ба ҳамин хотир, роҳбарону нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо азму талош доранд, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро дар самти истифодаи замин пурзӯр намоянд.

Бо фаъолияти кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич ошно гардида, бо муовини раиси он Асадхон Солиев суҳбат намудем.

- Оид ба қонуншиканӣ ва бобати пешгирии он дар соҳаи замин маълумот медодед.

- Соли 2018 аз тарафи кумита 21 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмон дар майдони беш аз 50 ҳазор мураббаъ метр ошкор ва барои додани баҳои ҳуқуқӣ ва оғози парвандаи ҷиноӣ ба прокуратураи ноҳия пешниҳод шуд.

Инчунин, аз тарафи кумита 195 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва нисбат ба ҳамаи онҳо қарорҳо оид ба оғози парванда ва ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима қабул гардид. Маблағи умумии ҷаримаҳои басташуда 100 ҳазор сомонӣ буда, аз он 89650 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита ворид шуд, ки 89,7 фоизро ташкил медиҳад.

- Оё дар ҳудуди ноҳия заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба қайд гирифта шудааст?

- Бале, воқеан суоли ба маврид аст. Соли 2012 - ум 535 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд ва он тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ давра ба давра то охири соли 2018 ба 131 гектар расонида шуд, ки 67,7 гектари он дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан ва Далёни Боло воқеъ мебошад. Дар ин заминҳо зеристгоҳ ва хатҳои барқии баландшиддати 500 кВт ҷой гирифтаанд.

Боқимонда 63,3 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ 3 гектар замини фонди махсуси ноҳия ва 60,3 гектар замини захираи давлатии марзи маъмурии шаҳри Истаравшан, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи муҳлатнок то соли 2024 ба ноҳияи Деваштич вобаста шудааст, мебошад.

Аз тарафи Кумитаи идораи замини ноҳия бобати вобаста намудани заминҳои мазкур бо истифодабарандагон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар асоси пешниҳоди кумита ба ду қарори раиси ноҳия тағйирот ворид ва ҳамзамон, ба 8 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастур оид ба назорати истифода ва ҳифзи замин дода шуд.

 Ба 82 нафар шаҳрванд, ки бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд, огоҳинома дода шуд, то ки сохтмонро оғоз намоянд.

Ҳолати мелиоративии зиёда аз 437 гектар замин беҳтар гардида, тибқи қарори раиси ноҳия 161,46 гектар замини лалмӣ ва 11,70 гектар чарогоҳ ба заминҳои корами обӣ, як гектар чарогоҳ ба як гектар боғ, 2,58 гектар чарогоҳ ва 259,64 гектар замини боир ба заминҳои корами лалмӣ гузаронида шуд.

- Ба кумита дар соли сипарӣ чанд мактубу аризаҳо ворид гардиданд?

- Мутахассисони кумита дар даври ҳисоботӣ 4145 адад, аз он ҷумла 3484 аризаи шикоятии шаҳрвандон ва 661 мактуби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту корхонаҳоро қабул ва 4094 адади онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Умуман, кумитаи идораи замини ноҳия баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба замин, барои бо сифати баланд гузаронидани кишти зироатҳо, боз ҳам беҳтару хубтар иҷро намудани нақшаи корӣ, дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти бештар фаъолиятро ба роҳ мемонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Манзури эъҷози ҳунар

Дар ҷашни Сада намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили хӯрокаю шириниҳо, нону фатирҳои гуногун аз шаҳру навоҳии вилоят пешкаши сокинон гардид. Мардум аз намоиши ҳунарҳои аҷдодӣ ба завқ омада, барои харидани он мекӯшиданд.

Бояд гуфт, ки растаҳои орододашудаи шаҳру навоҳӣ зебоии ба худ хос дошта, маҳсули ҳунарҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, кулолгарӣ, сандуқсозӣ, оҳангарӣ ва амсоли инҳо ҷой дода шуда буданд.

Растаи шаҳри Панҷакент асосан бо ҳунарҳои сабадбофӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, лӯхтаксозӣ, қолинбофӣ ва кандакорӣ диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд.

Хиромон Ҳамроева, ҳунарманд - соҳибкор:

- Имрӯз мо - ҳунармандони шаҳри Панҷакент имконият дорем, ки маҳсули дастони худро ба фурӯш гузорем. Занону духтарони мо бештар барои адрасбофӣ майл доранд. Алҳол ба ҷашни 5500 - солагии Саразм омодагӣ рафта истодааст, ки тамоми ҳунармандон дар он саҳм мегузоранд.  

Кандакорӣ, ки яке аз хунарҳои қадима ва пурмашаққат маҳсуб меёбад, растаи ноҳияи Зафарободро зеби дигар бахшида буд. Нусратулло Сайдалиев гирандаи гранти Раиси вилоят, кандакориро аз Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Яҳёев омӯхтааст. Қатори шогирдон се фарзандаш низ касби падарро пеша кардаанд.   

- Имрӯз маҳсули дастони худро ин ҷо овардем, то барои сокинони вилоят ҳамчун армуғон дастрас созем. Ашёҳои гуногуне, ки омода мекунем, мувофиқи фармоиш ва шавқи мардум аст. Барои сайёҳон, ки ба маҳсулоти кандакорӣ шавқи афзун доранд, чойнику пиёла, табақча, кӯзаву асбобҳои дигари рӯзгорро пешкаш менамоем.

Растаи ноҳияи Айнӣ низ бо хуришу нонҳои гуногун диққати ҳамаро ба худ мекашид. Бояд гуфт, ки соли 2018 ҳафт нафар ҳунарманди ин ноҳия, аз ҷумла се нафар ба гирифтани Гранти Президентӣ ва чор нафар ба гирифтани гранти Раиси вилоят мушарраф гардиданд.

- Дар ноҳия бештар ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва тоқидӯзӣ рушд ёфтааст. Имрӯз мо 18 намуд маҳсулоти нонӣ, гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокутӣ, испанд, бодоми талх, гулхор, зирк, вешин, зира ва амсоли инҳоро, ки барои бемориҳои гуногун истифода бурда мешавад, овардаем - гуфт Фархунда Фурқатӣ, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Дар ҷашн растаи мардуми ноҳияи Мастчоҳ, ки бо нонҳои худ, аз ҷумла, кулчаву салла, қатлама, нони аз ҳалво омодашуда, ки пухтанаш заҳматталаб мебошад, диққати ҳамаро ба худ ҷалб мекард.

- Пухтани нон аз орди гандум, қатламаи танӯрӣ, фатир, тушбера, чанд намуд таоми қурутобро пешкаши мардум гардонидем. Таоме, ки онро дар тӯю маъракаҳо рӯи дастархон мегузоранд, ин ҳалвои қандақ аст, ки аз равғани зард, орд ва шир омода мешавад. Шакароб бо рамзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарбату шириниҳо манзури тамошобинон гардид, - афзуд муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Умарзода Зайнура.

Бояд гуфт, ки соли равон таҷлили ҷашни Сада дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳунармандон барои нишон додани маҳорати беҳамтои худ имконияти хубе ба даст оварданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалии «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир»

30 январи соли равон дар Арт-галереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳои рассомон – Рустамҷон Сангинов ва Иномҷон Ахмедов бахшида ба 40 солагии фаъолияти эҷодиашон баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ беш аз 50 асари рассомон ба тамошо гузошта шуда буд, ки аз тахайюлоти бою рангин ва зебоипарастии муаллифонаш шаҳодат медод. Асарҳои “Истиқлолият”, «Симои падар», «Намояи наққошӣ», «Симои модар», «Дастархони баҳорӣ», «Об сарчашмаи ҳаёт», «Дӯстӣ», «Ваҳдат», «Қалъаи Муғ» таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамуд.

Читать далее

30 January 2019

Наҳзатиҳо – гурӯҳе сангдилу бешараф

Мусалламан, инсони солимфикр ва соҳибназар ҳамеша пухтакор аст. Зеро ӯ ҳар суханашро мулоҳиза мекунад ва оқибати ҳар амалашро андеша мекунаду сипас, сухан мегӯяд ё ба иҷроиши амал даст мезанад. Шояд ҳамин тарзи суханронӣ ва амалкардаш бошад, ки атрофиён нисбат ба чунин одамон эҳтироми хосае доранд. Инсонҳои бохирад ва бофазл аслан дилсоф ва хоксор буда, ба зуди ба дилу дидаи мардум ҷой мегиранд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Бедили бузургвор аст, ки мегӯяд:

Читать далее

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби сулҳу ваҳдат ва тараққиёт

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ

30 - юми январи соли равон дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и маркази вилоят Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалии «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир» баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар кори конфронс муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, раисони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии вилоят, олимону муҳаққиқон ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Читать далее

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли равон ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 70 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки рӯзи 29 январ сурат гирифт, ба корҳои сохтмонии майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур дар чаҳорчӯби корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Майдони Нишони давлатӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, дар масоҳати 0,15 га сохта шуда, дар он бунёди фаввораҳои замонавӣ, гулгашту нишастгоҳҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии ноҳия мебошад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

29 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар намуд.

Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Фаъолону сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдат ва фазои осудаи кишвар дастаҷамъона барои ободии ноҳия заҳмат мекашанд.

Читать далее

29 January 2019

Изҳорот ба Зафари Сӯфии намакношинос

                       

            Поси намак 40 сол аст, мегӯянд дар урфият. Зафари Сӯфӣ, ки бо каҷ кардани лабу даҳон, лаҳҷаи теҳрониро ривоҷ медоду иронимашрабӣ мекард, ғизояшро дар тарабхонаҳои пеши шаҳри Душанбе мехӯрду боз бо ин ҳама инфиъолӣ ҳаваси ишқварзиҳои нокомро таҷриба мекард, вақтҳои охир бо пуррӯӣ, ба намакношиносӣ нисбат ба миллати тоҷик даст задааст. Ёвагӯи бегонаҳо Зафари Сӯфӣ бо арзёбиҳои сатҳӣ ва ғайримунсифонаи «Хафақон» ва «Маҳалгароӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, худро ранҷида вонамуд мекунад. Дар ин «таҳлилҳо», ки бо маниши иғвогарона,  иншо шудаанд, аслан маълум нест, ки барои кӣ ва бо чӣ мақсаде таҳия мешаванд? Агар зарба задани ҳукуматро ҳадаф қарор доданӣ бошанд, ин масалро Сӯфимашраби гадоманиш дар пешониаш хуб ҳаккокӣ кунад, ки «Обро бо ҳован куфтан» нашояд. Сад занад сӯзангар, як занад оҳангар.

Читать далее