January 2019

29 January 2019

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич

Нимаи дуюми рӯзи 28 январ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019 Ҷӯразода Рустами Боймурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Деваштич озод карда шуда, Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич таъин гардид.

Читать далее

Маросими муаррифии раиси ноҳияи Айнӣ

Нимаи дуюми рӯзи 28 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии раиси ноҳияи Айнӣ доир шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019 Раҳматуллозода Неъматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Айнӣ озод гардида, ба ҷойи ӯ Муродзода Муқим Қаюм раиси ноҳияи Айнӣ таъин гардид.

Читать далее

Таъиноти кадрӣ

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ дар баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои Айнию Деваштичи вилояти Суғд, шаҳри Роғун, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин дигар сохторҳои давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат бо мақсади аз кишвари аграрӣ ба як кишвари индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон, бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Читать далее

Мулоқоти соҳибкорони вилоятҳои Суғду Фарғона

25 январи соли 2019 дар Кохи фароғатии «Шоҳона» - и шаҳри Конибодом мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ин ду вилояти бо ҳам дӯсту ҳамсоя, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Мулоқотро Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, аз тавсеа ва густариши ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст, ки дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бармеоянд, ҳарф зад.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

Нахли умеди «Мавсими баҳор»

25 январи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ намуда, ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуд.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳр ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ корҳои шоиста амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, бобати амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Читать далее

Зафари Суфӣ дар ҷустуҷӯи сарпараст аст

 

Баъзе таҳлилгарон аҷибанд, вақте ки худашон ягон чизро  таҳлил мекунанд, ба мисли оинаи каҷ ҳамаро нодуруст ва даҳшатнок ба намоиш дар меоваранд. Вале гоҳе ки чеҳраи онҳо аз тарафи дигарон ба тарзи воқеӣ инъикос мегардад, сару садоро роҳандозӣ мекунанд ва дигаронро “душманҷуву” “иқтидори фикриашон”-ро танг арзёбӣ мекунанд. Яке аз ҳамин гуна нафарон Зафари Суфӣ аст, ки худро таҳлилгару рӯзноманигори воқеъбин ба намоиш дар меоварад ва доимо даъво аз рисолати журналистиву озодии баён дорад. Чанде қабл як мақолааш дар сомонаи ифротии “Кимиёи саодат” таҳти унвони “Тоҷикистони обод ва озод ба нашр расид ва муҳтавои ин мақола аз таҳқиру тавҳини миллату давлат иборат буда,  мухолифат ба сиёсати феълии кишвар буд, ва сахт ғаразнок ва аз зовияи таҳлили мунсифона дур буд, табиист, ки мавриди вокуниш қарор гирифт. Аз тарафи дигар услуби мақолаи навишта шуда ва мавзегириҳояш ба мавзегирии фирориёни ҷиноятпешаи наҳзатӣ яксон буд. Ва ё ҳади ақал ба дастури онҳо ва сарпарастонашон эҷод шуда буд ва мавриди вокуниш қарор гирифтани он як чизи маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Аҷиб ин аст, ки вақте навиштаи ғаразноки касе мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор мегирад ва муғризона будани ин гуна матлаб ошкор мегардад, дарҳол муаллифин доду бедод роҳандозӣ мекунанд ва ҳамаро ба мақомоти амнияти миллӣ нисбат медиҳанд. Дар ҳоле, ки ҳар гуна матлаб, ки бо унвонии ҳар фарде гуруҳе ё ниҳоде равона карда шуда бошад, он фард, гуруҳ ё он ниҳод метавонад дар баробари ин гуна матолиб вокуниши хешро иброз намояд. Аз ин рӯ Зафари Суфӣ, ки дар навиштаи охиринаш ҳамаро бар души ниҳоди амнияти кишвар ҳавола мекунад, ин нишонаи андешаи васвосии уст.

Читать далее

28 January 2019

«Им помогли убежать»

 

27 июня 1997 года официальная власть и оппозиция сложили оружие и подписали в Москве Общее соглашение об установлении мира и национального согласия в Таджикистане и Акт о взаимном прощении. Спустя  много лет,  на страницах СМИ начались очередные спекуляции. Один из участников мирного процесса – террористическо-экстремистская партия запрещенная в Таджикистане демонстративно отказывалась отмечать этот знаменательный для государства и народа праздник. Председатель запрещенной партии исламистов, долгое время находящийся за пределами родины, дал обиженное интервью, где рассуждает о роли Общего соглашения о мире, о безопасности страны, о роли и судьбе своей политической организации и её членов. Пытается дать рецепт, как сдержать рост радикальных настроений в обществе и в собственной партии. Судя по настроению и высказываниям  главаря террористов, возвращаться на родину он не собирается. В его ближайшем окружении активно муссируется тема, что их лидер давно готовил пути к невозвращению во время своих прежних многочисленных поездок, поэтапно через подставные фирмы «уводя» личный и общественный капитал за рубеж. Громкой стала давняя история с махинациями земельными участками, «базарное дело», по которому антикоррупционное ведомство республики  возбудило уголовное дело. Инцидент  дал очередной повод главарю террористов заявить о том, что разбирательство напрямую связано с его политической деятельностью. Когда «золотой телец» ускользает из рук, главе террористов остаётся лишь спекулировать на ситуации, изображая из себя жертву политического преследования.

Читать далее

Раҷабиён босмачии навбаромад

 

Банда дар сомонаи иғвоангези «ksaadat» матлаби «Аз замоне ки худро шинохтаам, «босмачиён»-ро мудофеъи обухоки худ медонистам»- и боз як бегонапарасти «панктуркистӣ» Дориюши Раҷабиёнро хонда нафратам ба ин разил боз зиёдтар шуд. Магар ӯ  Кури Шермат, Иброҳимбек, Фузайл Махсумро мудофеъи обу хоки худ медонад, ё ин ки Анварпошо ва Салимпошои туркро. Ба фикри банда авлоду аҷдоди Дориюши Раҷабиён аз авлодони ҳамон «босмачиён»-и ғоратгари туркнажод будаанд, ки ин қадар барои тарафдории онҳо ҷоғ мезанад. Ё Анварпошою Салимпошо «язнааш» буданд.

Читать далее

Иддаои навбатии Кабирӣ

 

 

Намояндагони гурӯҳи наҳзати исломӣ, ки ҳамакнун чодари найранг аз рӯи роҳбарияташ гирифта шудааст, симои аслии худро ба намоиш гузошта истодааст. Аз аввали пайдоиши ин гурӯҳи пинҳонкор, ки охиран дар ниқоби ҳизби сиёсӣ барномаҳои хоҷагонашонро дар кишвари мо амалӣ кардан мехостанд, аъзои қаторӣ ва ҳатто солмандони ҳаммаслаконашон ҳам ирода ва ё ҳуқуқи эрод гирифтан нисбат ба аъмоли роҳбаронашонро надоштанд. Ҳол он ки берун аз дарвозаву хонаву макони найрангбозиҳояшон иддаои подарҳавои озодбаёнию аҷргузорӣ ба арзишҳои демократӣ менамуданд.

Читать далее

Матлабе, ки дар сомонаи «Ахбор ком» оид ба қатъ кардани фаъолияти нашрияи «Озодагон» аз ҷониби мақомоти амниятӣ нашр гардидааст ҳангомаи навбатии сомонаи мазкур мебошад.

Тибқи маълумоти масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи «Озодагон» аз матбааи «Аниса - 95» барои чопи нашрия ба маблағи 58270, 50 сомонӣ (панҷоҳу ҳашт ҳазору дусаду ҳафтод сомониву панҷоҳ дирам) қарздор мебошад ва то кунун шаҳодатномаи бақайдгириаш дар ҳукми фаъолият қарор дорад. Барои мунташир нашудани ҳафтаноми «Озодагон» аз мақомоти дахлдор дастур нашудааст. «Айб на дар ош асту на дар мош», балки дар иттиллои бардурӯғу ғаразноки масъулини сомонаи «Ахбор ком» буда, чунин каҷназарӣ бори аввал нест. Дастандаркорони сомонаи мазкур мехоҳанд аз ҷузиёти начандон ташвишовар ҳангомаеро ба миён биёранду ҳамаро ба ҳайрат гузоранд. Эшон муътақиданд, ки бо чунин хабарҳои беасосу бепоя обруву эътиборашон миёни хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ коста гардидаву аз доираи бовар дар канор мемонанд, аммо масали «…муқтазои табиаташ ин аст»- ро шиори хеш қарор додаанд. Ин амали нораво ҳангомаи афандиро, ки ду маротиба аз сухтани хонааш бардурӯг ба мардум хабар медиҳад, ба ёд меорад. Вақте, ки воқеан ҳам хонааш ба доми сӯхтор меафтаду ҳарчанд доду фиғон мебардорад, касе бовараш намекунаду ғофил аз назарҳо мемонад.

Читать далее