January 2019

23 January 2019

Таъиноти кадрӣ

Бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати молия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ва дигар идораҳои давлатӣ таъйин шуданд, суҳбат намуданд.

Читать далее

Дар партави ҳидоятҳо

Аз 10 то 15-уми январи соли ҷорӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ бо интихобкунандагон вохӯрда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Оҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу шарҳу тавзеҳ дод.

Нурулло Оқилзода аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз пешрафти мамлакат, муҳимтарин дастовардҳои соли 2018, ҳадафҳои нави стратегии кишвар, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, нақши Маҷлиси намояндагон дар таҳия ва қабули қонунҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, амалӣ сохтани барномаҳои муҳимтарини соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ, манофеи аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ табдил додани мамлакат ҳарф зад:

Изҳор дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳимтарину бузургтарин самтҳои рушди Тоҷикистонро муайян кардааст.

- Ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон барои саҳми шоиста гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои дар Паём зикргардида масъул аст, мо бояд барои ободию пешрафти ин ватан содиқонаву софдилона талош варзем. Дар ҳар яке аз ин вохӯриҳо Нурулло Оқилзода зимни суҳбатҳои ошкору самимӣ бо интихобкунандагон ба баъзе мушкилоту муаммоҳое, ки онҳоро нигарон кардааст, шинос шуд. Аз ҷумла, сокинони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба вакили худ доир ба гаронии ҳаққи истифодаи оби полезӣ, норасоии оби ошомиданӣ, куҳнаву фарсуда шудани симчӯбҳои интиқолдиҳандаи нерӯи барқ, бунёди марказҳои ҳунаромӯзӣ ва дастгирии ҳунармандон, соддатар кардани низоми ҳуҷҷатгузории манзилҳои истиқоматӣ, таъмири пойгоҳи обкашӣ ва норасоии оби ошомиданӣ, ҳалли масоили марбут ба замин, муроҷиат карданд. Ба ҳамаи дархосту пешниҳодҳои интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода посухҳои мушаххас, дақиқ ва қонеъкунанда дод.

Дар ҳамаи ин вохӯриҳо раиси кумиҷроияи ноҳияви ҲХДТ Дилшод Зокиров, муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Муллобобо Устоев, раисони ҷамоатҳо, намояндагони ВАО ва дигар ашхоси масъул низ иштирок доштанд.

Дар навбати худ интихобкунандагон низ ба вакили мунтахаби хеш Нурулло Оқилзода барои мулоқоту суҳбатҳои мунтазам, сари вақт фаҳмонидани моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, дастгириҳои ҳамешагӣ ва саҳми бузургу шоиста дар ободии диёр изҳори сипос карданд.

Сипас Нурулло Оқилзода ба аёдати собиқадорони меҳнат, беморону пирони барҷомонда, шахсиятҳои шинохтаи диёр ва афроди яккаву танҳо рафта, аз ҳоли эшон пурсид ва ба онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.

Зимни чунин дидорҳо аёдатшудагон аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои саломатию муваффақиятҳои бештару беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек карданд.                                                           

Муродулло ПОЧОЗОДА,
ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее

22 January 2019

Хиёнати миллӣ (Қисса дар бораи босмачибозии наҳзатӣ)

                                       

 Дар китоби рӯймизии ҳар тоҷики оқил «Маснавии маънавӣ» омадааст: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом  ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сӯйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса бингар, ки бо кадом гурӯҳӣ». Ё ба иборати дигар:

Читать далее

Номаи амири манғит ҳамчун ифтихороти наҳзатӣ

            

            Кӯри Юнус (Саийдюнус), аз кадом бойгонии хоҷагонаш номаи амири алайҳилаъна Олимхонро кофта бароварда ба мардум ҳамчун далели таърихӣ пешниҳод кардааст. Онро номаи амир ба Ҷомеа (Лига)-и Миллатҳо унвон намудааст. Оғоз мекунем,  ба таҳлили сарсарии ин нома. Ба масъалае ки чаро мардуми одӣ, ё ба ибораи амири манғит «аз аъло то адно» ҳама ӯро пушти по заданду ҳукумати мардумӣ таъсис доданд, ҷавоб хоҳем дод!?

Читать далее

Защита рубежей СНГ – общее дело стран ОДКБ

 

На российских телеграмм-каналах появилась информация о том, что «следующим очагом войны может стать Таджикистан», и что во взрыве в Магнитогорске прослеживается связь с выходцами из РТ. Однако, так как здесь не назван конкретный источник, такие сведения следует считать недостоверными и провокационными. Тем более что сами заметки оканчиваются пояснением о том, что «информация на российских политических телеграм-каналах часто публикуется от имени анонимных источников, требует дополнительного подтверждения. Часто здесь публикуется явный бред, поэтому относиться к такой информации следует критически».

Читать далее

Ҷавоб ба кӯри Юнус(Сайидюнус) (Дар бораи Ленин)

                          

 

 Амири беватан хору залил аст,

 Гадо гар дар Ватан мирад, кабир аст.

 

Ин суханон дар сари қабри амири Олимхон дар қабристони ш.Кобул навишта шудаанд. Тақдире ки ҳама кӯрҳои ақидатиро интизор аст, бо саркардагии устоди кӯрҳо-Юнус (Сайидюнус), ки худро боз Истаравшани ном мебарад, гарчанде бо ин ном арзанда нест.

Читать далее

Содироти маҳсулот – рушди иқтисодиёт

Вақте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кишвари биҳиштосои Тоҷикистон сухан меронанд, доимо аз табиати афсунгараш, меваҳои шаҳдбораш ёд меоранд ва иброз медоранд, ки бигзор сайёҳони хориҷӣ аз кишвари афсонамонанди мо баҳра бурда, аз меваҳои биҳиштиаш лаззат баранд. Барои ин мебояд содироти маҳсулотро ривоҷ дод. Бо ин васила ҳам вазъи иқтисодии деҳқону соҳибкор беҳтар мегардаду ҳам аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистони офтобрӯя ҷаҳониён огоҳ мешаванд. Дар Паёми навбатии хеш низ доири ҳамин масъала, яъне афзун гардонидани содироти молу маҳсулоти кишварзӣ андеша ронданд.

 Он лаҳза дур нест..

Бобати воридоту содироти молу маҳсулот дар соли 2018 сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳаким Ҳакимзода чунин посух дод:

- Содироти молу маҳсулот дар соли 2018 - ум ҳамагӣ 559776211 доллари ИМА - ро ташкил карда бошад, соли 2017 - ум ин амал ба миқдори 505090613 доллари амрикоӣ иҷро гардид, ки фарқияти он бо арзиши гумрукӣ 54 685 509 доллари амрикоӣ мебошад. Воридот бошад, дар соли сипарӣ 1455870707 доллари амрикоӣ ва соли 2017 - ум 1545907848 доллари амрикоӣ буда, нисбат ба соли 2018 бо арзиши гумрукӣ 90037141 доллари ИМА кам аст.

Дар Паём Пешвои миллат таъкид доштанд, ки кишвари мо босуръат саноатӣ кунонида шавад. Он лаҳза дур нест, ки мо албатта ба мақсад хоҳем расид. Алҳол, ки заминҳои кишоварзии мо зиёд аст, дар баробари ба бозори дохилӣ пешкаш намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ соҳибкорон низ содироти меваҳои тару тоза ва хушкмеваро хуб ба роҳ мондаанд. Агар соли 2017 - ум ба миқдори 90099 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуда бошад, соли сипарӣ ба миқдори 105491 тонна маҳсулот содир шудааст, ки нисбат ба соли пешин 15392 тонна зиёд аст. Соли 2017 - ум 51790 тонна пиёз содирот шуда бошад, соли 2018 - ум миқдори он ба 76766 тонна расид.

Корхонаи коркард афзуд, аммо…

Тавре аз расонаҳои хабарӣ ва оморӣ огоҳем, солҳои охир корхонаҳои коркарди меваи хушк афзуда, дар хориҷи кишвар низ ниёзмандон ба ин маҳсулот зиёданд. Мутаассифона, соли 2018 - ум нисбат ба соли 2017 - ум содироти хушкмева ба миқдори 8353 тонна коҳиш ёфта, ҳамагӣ 20633 тонна (соли 2017 – 28986 тонна) - ро ташкил кардааст. Ҳол он ки соли сипарӣ аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 95,6 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2017 - ум 10,8 фоиз зиёд мебошад. Бо вуҷуди афзоиши шумораи корхонаҳои коркарди мева содирот мувофиқи матлаб набуд. Чунин ҳолатро роҳбарони корхона ба таври худ шарҳ диҳанд ҳам, вале дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Паёми навбатиашон чунин зикр кардаанд: «Вале ба рақобат тобовар набудан ва баланд будани арзиши аслии маҳсулоти баъзе корхонаҳо, номукаммал будани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои содироткунандагон дар хориҷи кишвар то ҳол ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот ва содирот мусоидат накарда истодааст».

Агар соли 2017 - ум 427 тонна маҳсулоти консервагӣ ирсол гардида бошад, соле пас он наздик 130 тонна кам, яъне ҳамагӣ 297 тонна содирот шудаасту халос. Содироти калобаи пахтагӣ низ хеле коҳиш ёфтааст. Калобаи пахтагӣ соли 2017 - ум 3745 тонна бо арзиши 8723105 доллари амрикоӣ содирот гардида бошад, соли 2018 - ум ҳамагӣ 634 тонна таъмин шудааст, ки нисбати соли пешин 3112 тонна кам мебошад.

Воридоти маводи ғизоӣ коҳиш ёфт…

Дар Паём зикр ёфтааст, ки: «…ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад».

Дар ҳақиқат воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ нисбат ба солҳои пешин хеле кам гардидааст. Аз ҷумла, шакар соли гузашта ба миқдори 28509 тонна, соли 2017 - ум бошад, 83694 тонна, ғалла 1011083 тонна нисбат ба соли пешин 2157 тонна кам, орд соли 2018-ум 40544 тонна аз соли 2017 - ум 7323 тонна кам, равғани растанӣ 68498 тонна (17021 тонна кам) ва гӯшти мурғ 9328 тонна буда, нисбат ба соли 2017 - ум 5479 тонна кам ворид шудааст, ки дар ин фаъолияти соҳибкорони ватанӣ ва деҳқонон хеле назаррас мебошад.

Як миллион тонна истеҳсоли семент

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ соли сипаригардида нахи пахта, либосворӣ, маъдан ва консентрат, чарм ва пилла низ содирот шудааст. Тавре Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо роҳбари корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Суғдсемент» Лю Хунчао дастур дод, истеҳсоли семент соли 2019 ба зиёда аз як миллион тонна расонида шавад. Дар ин самт агар соли 2017 - ум 250671 тонна семент содир гардида бошад, соли сипарӣ миқдори он ба 488952 тонна расидааст, ки арзиши гумрукаш аз 10423387 доллари амрикоӣ ба 22380550 доллари амрикоӣ расидааст.

Умуман, гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2018-ум ба 2015,6 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки нисбат ба соли пешин 34,5 миллион доллари амрикоӣ кам аст.

 300 рӯзи ислоҳот ба манфиати соҳибкор

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии соҳибкорон омадааст: «… бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад». Чунин усул имкон медиҳад, ки минбаъд истеҳсоли маҳсулот афзуда, содирот бештар ва воридот коҳиш ёбад. Кишоварзон низ майдони кишти зироатҳои содиротӣ, ба монанди картошка, пиёз, мевагиҳо ва ангур, инчунин хушкмеваро афзун гардонда, дар ин замина бунёди корхонаҳои коркард, бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва сардхонаҳо зиёд мегарданд.

Масъалаи содирот ҳамеша дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, минбаъд чунин дастгирӣ имкон медиҳад, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ сол аз сол афзояд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ҶДММ «Ҷавонӣ»: Мавқеи шоиста дар бозори ҷаҳонӣ

Бозгӯи эътибори коргоҳ - содирот

Бо мақсади боз ҳам тақвияти дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату миллат маҳсуб меёбад, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ эълон гардид.

- Ин иқдоми хирадмандона шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорони кишвар ҳамеша зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Ташаббуси ғамхоронаи Пешвои миллат мояи ҳавасмандию рӯҳбаландии мо - соҳибкорони ҷумҳурӣ дар самти тараққӣ додани истеҳсолоти маҳаллӣ буда, барои чунин дастгирӣ ба Сарвари давлат изҳори сипос менамоем, - гуфтанд ҳангоми суҳбат соҳибкорони муваффақ.

Ҷорӣ намудани ислоҳот беҳтарин имкониятест, ки дар доираи он мушкилоти ҷойдоштаи соҳа бартараф ва чораҳои натиҷабахш роҳандозӣ мегарданд.

Дӯхти либосҳо бо риштаҳои истеҳсоли худӣ

Бояд гуфт, ки ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҷавонӣ», ки моҳи октябри соли 1992 аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Абрешим»-и шаҳри Хуҷанд ва Ширкати «CAҚҚӮҚA ИМА» таъсис дода шудааст, яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳадафи асосии коргоҳ коркарди пурраи нахи пахта бо технологияҳои замонавӣ, истеҳсол ва фурӯши риштаҳои пахтагин, матоъҳо ва тамоми намуди шимҳо (мардона, занона ва бачагона) мебошад.

Ҳамзамон, ташкили нуқтаҳои савдо ва бахшҳои он барои фурӯши маҳсулот дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар, минҷумла давлатҳои Аврупо аз мақсади ниҳоии корхона аст.

 - Феълан, дар ҶДММ «Ҷавонӣ», - гуфт директори генералии он Иброҳим Fафуров - сехҳои истеҳсоли ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангуборкунӣ, минтақаҳои дарзмолкунӣ ва пардоздиҳӣ амал менамоянд. Хадамоти ёрирасон - минтақаҳои нақлиёт, ҳаводиҳӣ, буғдиҳӣ, шуъбаи энергетика, инчунин, баҳри муҳайё сохтани шароити иҷтимоии коргарон ошхона, бунгоҳи тиббӣ дар фаъолияти шабонарӯзианд. Зеро ба ҷуз аз сехи дӯзандагӣ, истеҳсолоту минтақаҳои дигар фаъолиятро дар се баст ба роҳ мондаанд.

Доираи истеҳсолот фарох аст

Дар як сол то 1,5 миллион адад маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ, ба монанди шиму нимшимҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки таркиби онҳо аз 97 то 100 фоиз пахта мебошад.

Имрӯз 97 фоизи маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Коргоҳ бошад, мунтазам амал карда, 825 нафар бо кор фаро гирифта шудаанд.

Сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда талаботи бозори ҷаҳониро пурра қонеъ менамояд.

- Аз ҳисоби пурзӯр гардидани рақобат дар бозори ҷаҳонӣ ҳар сол намуди матоъ ва маҳсулоти дӯхтаро иваз менамоем. Айни ҳол 60 намуд маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти дӯхтаро асосан мамлакатҳое, ки дар он соҳаи саноати сабук тараққӣ кардааст, монанди Хитой, Бангладеш, Шриланка, Покистон ва Вйетнам ба фурӯш мебароранд.

Арзиши аслии маҳсулоти дар ин давлатҳо истеҳсолшаванда нисбат ба маҳсулоти мо паст мебошад. Аз ин сабаб онҳо ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти худро бо нархҳои арзон пешниҳод карда метавонанд. Сабаби дигар он аст, ки бозори ҷаҳонӣ сифати баланди маҳсулотро талаб мекунад, дар ин раванд мо камбудӣ нисбат ба ин мамлакатҳои номбаршуда надорем.

«Тоҷикон дорои ақлу заковат ва зеҳни нодиранд»

Президенти ширкати «CAҚҚӮҚA» - муассис аз давлати Италия Имерио Такелла ҳар боре, ки аз коргоҳ дидан мекунад, бо ифтихори бузург мегӯяд: «Аз таҷриба ба чунин хулоса омадем, ки тоҷикон дорои ақлу заковат ва зеҳни нодиранд ва қудрат доранд, дар оянда низ дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо ҳамкасбони худ ҳамкорӣ кунанд».

Ба таври дигар гӯем, фаъолияти дилсӯзона ва софдилонаи мардуми тоҷик ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар рақобат бо маҳсулоти бозори ҷаҳонӣ тобовар фармоишгаронро, қабл ҳама аз давлатҳои Аврупоро водор менамояд, ки дар масоили ҳамкориву сармоягузорӣ эътибори зарурӣ диҳанд.

Ҷустуҷӯи роҳҳои нави истеҳсолот

Хушбахтона, фармоишгарон дар асоси хоҳиш ва дархосташон аз коргоҳи «Ҷавонӣ» маҳсулоте ба даст меоранд, ки воқеан мутобиқ ба талаботи давру замон харидоргир ва босифат аст.

Барои мунтазам фаъолият намудани корхона ашёи хом аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров дастрас мегардад. Бо ҳадафи боз ҳам хубтар фаъолият намудан роҳбарияти корхона пайваста дар андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои наву муосири технологии истеҳсолоти рангдиҳӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ мебошад. ҳадафи асосии ҶДММ «Ҷавонӣ» ҷустуҷӯи роҳҳои нави истеҳсолот ва натанҳо ҳамқадами замон будан, балки аз он пеш рафтан маҳсуб мешавад. Ин аст, ки бо истифода аз имконияти пай дар пай навҷиҳозонии таҷҳизоти технологӣ бо дастгоҳҳои муосир амалӣ мегардад.

Дар асоси омӯхтани талаботи фармоишгарон ва харидорони маҳсулоти бозори ҷаҳонӣ ба истеҳсоли намудҳои мухталифи шимҳои мардона, занона ва бачагона корбарӣ шуда истодааст.

Ба таври дигар, роҳбарияти коргоҳ ва мутахассисон ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави истеҳсолот ва омӯзиши талаботи бозори ҷаҳонӣ мебошанд, ки ин ҳама барои ягон дақиқа аз фаъолият боз намондани корхона мусоидат менамоянд.

Муаммоҳои ҷойдошта дар истеҳсолоти дӯзандагӣ

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки суҳбатро идома дод Иброҳим Fафуров - барои таъмин кардан бо ҷойи кор тараққӣ додани истеҳсолоти дӯзандагӣ ниҳоят муҳим мебошад. Чунки агар барои истеҳсол намудани 1,5 миллион маҳсулот дар истеҳсолоти ресандагӣ 90 нафар ва дар истеҳсолоти бофандагӣ 70 нафар фаъолият дошта бошанд, маҳсулоте, ки онҳо ба намуди ресмону матоъ истеҳсол мекунанд, барои аз ин миқдор матоъ дӯхтани либос мо бояд зиёда аз 350 нафар дӯзандаро ба кор таъмин намоем.

Бояд гуфт, ки барои тараққӣ додани истеҳсолоти дӯзандагӣ баъзе муаммоҳо ҷой доранд. Барои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ресмон, тугма, занҷира ва дигар намуди фурнитураҳо, ки дар дохили ҷумҳурӣ ҳоло истеҳсолоташ ба роҳ монда нашудааст, лозим аст. Ҳангоми ворид намудани ин намуди ашё андоз ба намуди пардохти гумрукӣ аз 5 то 18 фоизи арзиши маҳсулот ба намуди андоз муқаррар шудааст, ки аз дигар тараф ин ба ҳамин фоиз зиёд шудани арзиши ин маҳсулотҳои воридотшаванда кӯмак мерасонад. Аз дигар тараф арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолкардаи коргоҳ зиёд мегардад. Ҳамчунин, барои рангубор намудани маҳсулоти истеҳсолшуда, матоъ мо бисёр намуди рангҳоро истифода мебарем, ки дар ин ҷо низ чунин муаммоҳо вуҷуд доранд.

Хуб мешуд, агар дар дохили кишвар корхонаҳои хурд барои истеҳсоли тугма, ресмони дӯзандагӣ ва рангҳои гуногун ба истифода дода мешуданд. Он гоҳ, муаммо бартараф мегардид ва ҳам барои мо ва харидорон баманфиат буд.

Дар фарҷом директори генералӣ Иброҳим Fафуров гуфт, ки ҳадафи асосии коргоҳ пешдастӣ дар бозори ҷаҳонӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Барои расидан ба он пайваста кӯшиш хоҳем кард.

Бояд афзуд, ки моҳи ноябри соли гузашта Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мо боздид намуда, супориш доданд, ки корҳои ободонии ҳудуди коргоҳ ва рангубори дохили сехҳои онро хуб ба роҳ монем. Айни ҳол истеҳсолоти пардозии матоъ, бофандагӣ таъмир шуда, сехҳои боқимонда марҳала ба марҳала таъмир мешаванд, - иброз дошт И.Fафуров.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳар дардро дармонест!

Дар толори Ассотсиатсияи тибби халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, маркази иттилоот ва машваратии доктор Тоҳирӣ дар шаҳри Хуҷанд бо духтур - равонпизишк, табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ бо иштироки аъзоёни Ассотсиятсия ва намояндагони ВАО вохӯрӣ доир гардид.

Мақсади баргузории чорабинӣ оид ба муолиҷаи беморӣ бо усули тибби халқӣ, гиёҳдармонӣ, ба мардум маълумоти бештар додан ва тарғиби он арзёбӣ шуд.

Доктор Тоҳирӣ зимни баромадаш қайд намуд, ки то фарҳанги тиббии мардум боло нагардад, онҳо аз беморӣ халос намешаванд. Боло бардоштани фарҳанги тиббиро ҳанӯз аз кӯдакистону мактаб оғоз намуда, минбаъд дар донишгоҳҳои олӣ бо роҳи таъсис намудани факултаи санъати солимӣ идома додан мувофиқи мақсад аст. Аз ҷониби Ассотсиатсияи мазкур барномае бо номи «Санъати солим будан» омода шуда, он дар Федератсияи Русия дастгирии худро ёфтааст. Амалигардонии барнома солҳои 2019-2022 ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзноманигор Мирзоҳайдар Умарзод бобати обуна шудан ба рӯзномаи Ассотсиатсия бо номи «Солимӣ ва дарозумрӣ» ва рӯи чоп овардани мақолаҳо сухан кард.

Ҷоизи қайд аст, ки Муллозуҳур Тоҳирӣ муаллифи беш аз 40 китобу дастур оид ба соҳаи тандурустӣ, 300 мақолаи илмиву оммавӣ буда, чун табиби рӯҳшинос, гиёҳшинос ба беморон маслиҳатҳои саривақтӣ дода, усулҳои хуби муолиҷаи гуногуни бемориро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, дар назди Ассотсиатсия созмони Иттифоқи нависандагон ва табибон таъсис дода шуда, шуҳрати тибби тоҷик бо таълифот дар мамолики гуногуни олам паҳн карда мешавад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Номаи амирӣ ва орзуи барқарор кардани амирсолорӣ (дар ҳошияи номаи Амир Олимхон ба Ҷомеаи Милал)

 

       Дар пойгоҳи хабарию таҳлилии ифротии Мирзои Салимпул номаи амир Олимхон ба Лигаи миллатҳо ҷой дода шудааст. Номаро амир ҳангоми иқомат дар Афғонистон сентябри 1927навишта, ба дасти намояндаашженерол Ҳоҷӣ Юсуфбӣ Муқимбӣ ба Ҷомеаи Милал («Созмони Маҷмаи Иттифоқи Милал») расондааст. Албатта, чунин навъи сарчашма дар баҳсу мунозираҳои ихтисосӣ роҷеъ ба муҳтавои салтанати амирӣ ва ҷойгоҳи он дар низоми зиндагии иҷтимоӣ кумак мекунад. Аз сӯйи дигар, интишори номаи мазкур, ки аз тарафи амир унвонии Лигаи миллатҳо (имрӯза Созмони Милали Муттаҳид) ироа гардидааст, ба паҳлуҳои гуногуни низоми сиёсии пӯсидаи амирӣ ва ҳаракати босмачигарӣ равашанӣ меандозад.

Читать далее