01 February 2019

Раҷаббой АҲМАДЗОДА: Ба ҳисси баланди миллӣ ва садоқати ҷавонон эътимод дорам!

Гузориш аз вохӯрии Раиси вилоят бо ҷавонону варзишгарон

1 - уми феврали соли 2019 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и маркази вилоят вохӯрии Раиси вилояти Суғд, Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷавонон ва варзишгарони вилоят баргузор гардид, ки дар он масъулини соҳа, ҷавонони фаъол, варзишгарону собиқадорон ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии хеш аз дастовардҳо ва натиҷаҳои илмиву варзишии ҷавонон дар соли 2018 натиҷагирӣ намуда, дар самти вусъати татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ ва варзишӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Читать далее

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод 400 иншооти гуногун бунёд мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод рӯзи 31 январ дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод ба сохтмони кӯдакистони хусусӣ санги асос гузошт.

Кўдакистони хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Шаҳло Кенҷаева бо тарзу усули меъмории замонавӣ барои 100 нафар кўдак бо ташкил намудани 4 гурўҳ сохта мешавад. Тибқи нақша дар назар аст, ки кӯдкистон то охири сол ба истифода дода шавад. Майдони умумии кўдакистон 0,23 га буда, дар оянда барои идомаи таҳсил дар назди кўдакистон бунёди мактаби хусусӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои масъулин дар кӯдакистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ шароитҳо фароҳам оварда мешавад. Дар лоиҳа иншооти мазкур ба маблағи умумии 1 миллиону 120 ҳазор сомонӣ бунёд хоҳад шуд.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод

31 январи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба роҳбарияти ноҳия ва дигар шахсони масъул ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву кабудизоркунӣ тавсияҳо дод. Дар ин рӯз аз ҷониби сокинони ноҳия дар шафати роҳи автомобилгарди Зафаробод – Хуҷанд дар масофаи 2 километр 600 бех ниҳолҳои ороишии ардач шинонида шуд.

Читать далее

Тарозуи таърих ҳақиқатро месанҷад

Чанде қабл дар шабакаҳои интернет М.Кабирӣ гуфтугӯи мустақим баргузор кард. Дар ин гуфтгутӣ ҳам ҳамон чизҳоеро, ки дар ҷаласаи Варшава доир ба босмачиён баён дошта буд, изҳор кард. Кури Юнус бошад, дар ҳавои суханони Кабирӣ бо шарҳи худаш масъаларо дар шабакаҳои интернет шарҳ додааст.

Дар ҷаласаи Варшава М. Кабирӣ изҳор дошта буд, ки насли саввуми босмачиҳо мебошанд.

Мақсади босмачиҳо соҳиб гардидан ба мулку мансабҳои худ ва пеш аз ҳама ба сари қудрат овардани Амир Олимхон буд, ки дар хоки Афғонистон мезист. Тарзи амалӣ гардонидани сиёсати онҳо бо ҷорӣ намудани куштор, кофир эълон намудан, ба қатл расонидани омӯзгорон ва монанди инҳо буд, ки барои пешравии кишвари сотсиалистӣ монеа мегашт.

ТТЭ ҲНИ – мақсад дорад, ки мақоми аздастдодаашро дар ҳукумати Тоҷикистон ишғол кунад. Инҳо имрӯз тактикаашонро дигар кардаанд. Дар баробари шариат аз қонунҳои байналмилалӣ ва ё дигар асноди ҳуқуқи башар ва ё гӯиё риоя нагаштани онҳо дар Тоҷикистон сухан мекунанд.

Сармоягузорони босмачиҳо Империяи Британияи Кабир ва давлатҳои хориҷӣ буданд.

ТТЭ ҲНИ – сармоягузорони инҳо низ кишварҳои хориҷӣ ва бахусус аврупоӣ мебошанд. Агар барои босмачиҳо яроқу аслиҳаро низ англисҳо тақдим мекарда бошад, пас барои инҳо низ имконияти таъмин намудан бо аслиҳа ҳаст. Аз он бехабар набояд гашт, ки ин худобехабарон гурӯҳи ҷавононро дар Эрон ва кишварҳои дигар санъати ҳарбӣ меомӯзонанд ва дар ин бора Айёмиддин Сатторов дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд. Инҳо низ мисли босмачиҳо зархаридони хориҷӣ доранд ва дар солҳои чанги шаҳрвандӣ ин чандин маротиба исбот гашта буд.

Босмачиҳо барои тарсонидани чашми мардум зиёиёни пешқадам ва шахсони навовари замонро бо баҳонаҳои хурофотиву динӣ ба қатл мерасониданд.

ТТЭ ҲНИ ин корро бо ба қатл расонидани Кароматулло Қурбон, Нурулло ҳувайдуллоев, Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ ва дигар чеҳраҳои намоёни ҷумҳурӣ ба сомон расониданд. 

Қисмати зиёди босмачиҳо ба дасти болшевикон асир афтода, дар маҳбасҳо ҷой дода шуданд. Онҳое, ки раҳгум зада буданд, афв карда шуда, барои пеш бурдани ҷомеа саҳм гузоштанд. Қисми зиёди босмачиҳои фирорӣ гашта ва худи Амир Олимхон дар ғарибӣ дур аз Ватан ҷон доданд.

Аъзои ТТЭ ҲНИ имрӯз дар Аврупо ғарибу дарбадару сарсонанд. Онҳо ҳам тақдири пешгузаштагони худро такрор мекунанд.

Шикояти босмачиҳо  дар охир шунида шуду мадад расонида нашуд.

Суханони аъзои ТТЭ ҲНИ-ро  ҳам имрӯзҳо ба инкоркунӣ оғоз кардаанд. Ин ибтидои шармандагии онҳост. Онҳо ба баъзе хоҷагонашон нодаркор шуда истодаанд.

Гурӯҳе аз босмачиҳо барои гирифтани қасди худ аз болшевикҳо ба артиши Германияи фашистӣ ҳамроҳ гашта буданд ва ба хоки СССР ҳуҷум карданд.

Дар ин замон аз сӯзу алами соҳиб нагардидан ба мансабҳо намояндагони ТТЭ ҲНИ мумкин аст, ки ба гурӯҳи ифротӣ ва террористии Давлати исломӣ шомил шаванд, ки ин ҳол на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ хатарнок буда метавонад.

Агар таърихро такрори воқеаҳо гӯем, пас он чизе ки ба сари босмачиҳо омада буд, ба сари наҳзатиҳои дар муҳоҷират қарордошта низ хоҳад омад. Дар охири ин муҳориба қувваҳои созанда, бунёдкор ва меҳанпарастони ҳақиқӣ ғолиб омада буданд.

Ҳар сухане ки дар Варшава, Литва, Олмон ва ё дигар минтақаи Аврупо аз даҳони аъзои «Паймони миллии Тоҷикистон» садо медиҳад, ҳарзаву ҳазён аст ва ин мақоли халқиро ба ёд меорад: Тарозуи адолати таърих ҳама чизро ба ҷои худ хоҳад гузошт.

Ислом РАҲИМОВ, 
декани факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Фитнаангезии аъзоёни ҲНИ моро фирефта намесозад

Кишвари босуботи мо баҳри ҳифзи амният, пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуби ифротгароиву идеологияи фитнаангез Стратегияҳои мукаммали миллӣ қабул гардидаанд, ки дар асоси он муқовимат бо экстремизму терроризм, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнини хиёнат ба Ватан ба роҳ монда шудааст.

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ наҳзатиёни фитнаангез худро гӯё бегуноҳ ҳисобида, мехоҳанд худро сафед кунанд, лекин ҳамаи мо он рӯзҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки ба сари мо хиёнаткорон оварда буданд, фаромӯш нахоҳем кард. Ба қавле, хоҷагони бурунмарзии онҳо хостанд, ки суботу оромии кишварро халалдор намуда, давлати тозаистиқлоли моро пора-пора кунанд. Аммо ин нақшаи сиёҳи онҳо амалӣ нагашт, зеро халқи тоҷик бо иродаи қавӣ ва хиради бузург тавонист, ки аз ин нохалафон таъриху фарҳанги худро ҳифз намояд. Фитнаангезиву иғвоҳои аъзоёни ҲНИ ва хоҷагони бурунмарзиашон наметавонад ба тафаккури мо таъсир расонад. Зеро имрӯз мо ҳама якдилу муттаҳидем ва баҳри ҳимояи Ватани маҳбуби худ ҳамеша омода ҳастем. Инак, вақти он расидааст, ки ҳар яки он хиёнаткорони Ватан барои гуноҳашон ҷавоб гӯянд. Зеро ҷанги шаҳвандии таҳмилӣ, ки бо нақшаи кашидаи фарзандони фурухташудаи тоҷик рӯйи кор омада буд, бо мушкилиҳои зиёд паси сар шуд.

Дар ҷаҳони муосир бояд ҳар як фарди худшиносу худогоҳ, меҳанпарасту ватандӯст ҳамеша омодаи ҷавоб ба ин гуруҳу созмонҳои ифротгаро бошад.

Райҳона АЮБОВА,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Ҳарзагӯиҳои бебунёд

Роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъгардидаи наҳзати ислом - Муҳиддин Кабирӣ, ки то ба имрӯз ҳамроҳонашро аз хориҷ истода гумроҳ мекунад, суҳбати фейсбукӣ  доир кардааст. Ҳар гунаҳкор ё муттаҳам албатта, барои худро дар назди мардум кабӯтари бегуноҳ нишон додан, ҳарзагӯиро пеша мекунад.

Гуфтааст, ки «мошинҳои моро дар роҳ ба Кӯлоб ба як шакли таҳқиромез тафтиш мекарданд ва мо ба мулоқот дер мекардем». Саволе пайдо мешавад, ки чаро маҳз шуморо тафтиш кардаанд? Як мақоли тоҷиконаро ба ёд наовардӣ: «Аз мост, ки бар мост»? Чӣ коре кардӣ, ки хилофи қонуну зидди зиндагии осоиштаву хуррамона буд, андеша накардӣ?

Дар мавриди дигар гуфтаӣ, ки «ман баргаштанӣ будам, вале монанди сарнавишти дигарон, ҳабсам мекарданд». Охир, ту панҷ сол вакили Маҷлиси намояндагон будӣ, ҳизби исломиатро беисломӣ кардӣ, барои аъмоли зиддиқонуниат ҳизбатро мардуми босаводу аз «аъмолат» огоҳ дастгирӣ накарданд, он шикаст хӯрд. Кӣ айбдор? Бо се маълумоти олӣ зидди ҳаёти осоиштаи мардум амал кардан чӣ маъно дорад? Наход дастпарвари риштаи шарқшиносӣ, Академияи дипломатӣ тарозуи ақлу виҷдонро то ба ҳамин дараҷа барбод диҳад? Эҳтиёт бош, ки нони Ватан кӯрат мекунад! Ҳарчанд кайҳо торикӣ дар дарунат доман паҳн кардааст ва чашми дилат аъмои абадист.

Ободии Ватанро дида, дарун-дарун месӯзӣ. НБО-и Роғунро дида, вуҷудатро ларза мегирад. Душанбе зеботарин шаҳри олам гардида истодааст, ки аз ин дуд аз димоғат мебарояд.

А.Каримов, дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ҷавононро ба роҳи рост ҳидоятгар бошем

Имрӯз дар қатори дигар давлатҳо Тоҷикистон низ барои бартараф намудани ҷиноятҳои вазнин ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо чораҳо андешида истодааст.

Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд оромии кишварҳоро халалдор кунанд.

Таҷрибаи байналмиллалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм исбот менамояд, ки барои ба ҳадаф расидан таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯавӣ бобати бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии ба фаъолшавии онҳо равонашуда лозим аст.

Маҳз, бо ин мақсадҳо дар кишвар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст, ки он дар давлатҳои Осиёи Миёна ҳамто надорад. Стратегияи мазкур доираи васеи ҳадафҳоро муқаррар намуда, сиёсати давлатро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ муаяйн менамояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои инсоният хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аммо барои ҷавонон фаҳмиш оид ба терроризм, экстремизм ва радикализм душвориро пеш меоварад. Аз ин рӯ, бархе ҷавонон гумроҳу фирефта шудани худро нафаҳмида мемонанд. Барои ин ҳар як шаҳрванди солимақида, волидон, омӯзгорон, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, ҳадафҳои ифротгароёнро фаҳмонанд, дар тафаккури онон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ – ваҳдат, сулҳу субот ва ватанпарвариро парвариштарбия  намоянд. 

Ҳаким АЛИМАТОВ, собиқ раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд,
О.ГАДОЙБОЕВ, Б.АЛИМАТОВ, кормандони Раёсати иҷрои ҷазои
ҷиноятӣ дар вилояти Суғд

Читать далее

Ҳадафҳои бебунёд

Чанд рӯз қабл тавассути шабакаҳои интернетӣ «гуфтугӯи мустақим»-и роҳбари ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи наҳзати исломӣ сурат гирифт.

Ин ташкилоти ифротӣ аз роҳбарашон Муҳиддин Кабирӣ сар карда, то аъзои қаториашон, ки тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои гуногун содир намуда ва аз кишвар гурехтаанд, ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ягон гӯшаи дунё надоранд.

Тӯли соли рафта Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ борҳо дар ҳар гӯшаю канори кишварҳои Аврупо ҳар гуна намоишҳо доир карданд, вале ҳамаи корҳои онҳо ягон натиҷа надод. Бинобар ин боз моҳи январ ин масқарабозон як барномаи “камеди шоу”- и худро гузарониданд.

Баъди гузаронидаи ин баромади худ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бори дигар дарк намуданд, ки мардуми тоҷик аз дасисабозиҳои онҳо монда ва дилгир шудаанд.

Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди ин онҳо амалҳои худашонро давом дода истодаанд, ки ин рафтори онҳоро низ фаҳмидан мумкин аст. Зеро ҳамаи он маблағҳое, ки хоҷагони беруна ба инҳо сарф намудаанд, вале ягон натиҷа нагирифтанд онҳоро водор месозанд, ки чунин амалҳоро нисбати кишвари худ анҷом диҳанд.

Дар баробари ин чунин рафтори тарафдорони ин ташкилот нишони ноилоҷию руҳафтодашавии онҳо мебошад. Зеро дастовардҳои мардуми тоҷик ҳамаи нақшаю ҳадафҳои таҳрезинамудаи онҳоро барбод дода истодааст.

У.ДАВЛАТОВ,
ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Хатари созмонҳои ифротгаро ба ҷомеа

Аз охирҳои соли 2015 то имрӯз  қисме аз собиқ раёсат ва аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз ҷавобгарӣ ва ҷазои ҷиноятӣ барои амалҳои нангини содирнамудаашон дар хориҷи кишвар зери қаноти хоҷагони хориҷии худ паноҳ мебаранд ва сӯи мо- тоҷику тоҷикистониён кинаву маломат ва сангпартоӣ менамоянд, ки ин амали ноҷавонмардона ва нобахшидании хиёнаткорони Ватан мебошад.

Иғвою дасисаҳои  ин хоинони миллат аллакай ба дили халқу миллат ва мақомоти давлатии мо задааст ва онҳо бошанд мехоҳанд ҳамеша тарғиби ғояҳои террористию экстремистии худро идома бахшанд.

Аъзоёни собиқ ҲНИ бо ҷурми содир намудани ҷиноят дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд. ҳадафи асосии онҳо ноором намудани ҷомеа, тафриқаандозӣ, мансабталошӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои марговар мебошад.

Сиёсати Ҳукумати мамлакат новобаста аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба некӯаҳволии мардум равона карда шудааст ва аҳолии эҳтиёҷманд зери диққати махсус ва ғамхории давлат қарор доранд. Имрӯз мардум аз террористу экстремистон нафрат доранд ва амалҳои ҳама гуна гурӯҳ ва ташкилотҳои онҳоро маҳкум менамоянд.

Мо имрӯз шоҳиди нооромию хунрезиҳо дар мамолики араб мебошем, ки террористон ба хок яксон намуда, мехоҳанд ин давлатҳо, ки сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мӯътадил доштанд, рахна андохта, давлатҳои мусулмониро ба сатҳи нобудӣ расонанд. Бояд таъкид сохт, ки фаъолияти ин наҳзатиён на ба манфиати мусулмонон, балки ба муқобили онҳо равона карда шудааст.

М.Кабирӣ, думравони ӯ, хоҷаҳои хориҷии ӯ, умуман тамоми бадхоҳони миллати тоҷик мутмаин бошанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик дигар ба дасисабозиҳо, хиёнаткории душманони дохилӣ ва хориҷӣ роҳ намедиҳанд ва корвони сулҳи тоҷикон муназзаму устувор ба сӯи ормонҳои азалии мардум  - сулҳу оромӣ, амният, хушбахтии ҳар як хонаводаи тоҷик ва дар маҷмӯъ Ватани азизамон - Тоҷикистон раҳсипор аст.

 М.УСМОНОВА,
мудири шуъбаи магистратураи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Мусохибае, ки ҳақиқатро ошкор сохт

Мусоҳибаи ба ном бо мардуми роҳбари ТТЭ Ҳизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки хеле ноком анҷом ёфт, дар баробари ин, ки омил ба зуҳури баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба ҳаракатҳои босмачигарӣ гардид, тарафи дигари фаъолиятҳои ифротгароёна ва зиддимардумии ин ташкилот ва Паймонҳои ба номи “миллӣ”-ву дар асли зиддимиллиро ошкор кард.

Вақте Кабирӣ зимнан аз роҳу шеваи босмачиён дар оғози солҳои бистуми қарни гузашта сухан кард, аз гуфтори вай на танҳо андешаҳои ба истилоҳ ифротгароёнаи вай бори дигар тафсир шуданд, балки нукоти мармузи дигаре аз фаъолиятҳои пинҳонкоронаи ТНЭ ҲНИ дар даврони мухталиф ошкор ва ин нукта дақиқан мусаллам гардид, ки Кабирӣ ва ҳаммасалакони вай ҳамон ҳаракатҳои зиддимиллиро аз дергоҳ пайгирӣ карда меояд, ки босмачиён доштанд. Аслан тайи чанд соли охир гуруҳе ба истилоҳ кушиши сафед кардани ҳаракати босмачигариро доранд ва, ҳатто, аз онон мехоҳанд чеҳраҳои миллӣ бисозанд. Вале муроҷиат ба таърихи гузаштаи миллати мо ва мутолиаи осори куҳани адабиёти миллии тоҷикон худ баёнгари он аст, ки ҳамеша зиёиён ва донишмандон алайҳи таассуби динӣ ва ифротгаройӣ дар мубориза будаанд.

Таърихи дусад соли охири тоҷикону Тоҷикистон худ шаҳодати фаровоне дорад, ки ин ҷараёни босмачигарӣ на аз дидгоҳи фикрӣ, на аз назари сиёсӣ ва ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда, балки ағлаб пуштибонону парчамбардорони он нафароне маҳсуб меёфтанд, ки бо истифода аз номи дини ислом мехостанд, ҳадафҳои сиёсии хешро пиёда кунанд ва дар умум ба бунёди давлати исломӣ даст ёбанд. Аз ин рӯ, дар оғози қарни гузашта асосан ин ҷараён аз сӯи равияҳои фикрие амсоли панисломистҳову пантуркистон идора мешуд ва ин амр баёнгари он аст, ки онҳо барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи ислом истифода мекарданд. Айни ҳамон коре, ки ТТЭ ҳНИ дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардумро ба номи Ислом ба майдонҳо кашида, омил ба ҳодисаҳои хуношом гардид ва ҳамакнун бо гузашти солҳо, ҳатто, бо он ки аз ҷониби давлат ба онҳо имтиёзҳо дода шуд, вале ҳадафҳои нопоки хешро мехост пинҳонӣ амалӣ намояд, чун ки аз сӯи неру ва ҳаракатҳои беруна, ин ҳаракат ва ҷараён идора мешуд.

Ҳамакнун руҷуи дигарбораи Кабирӣ ба ин ҷараён асрори мармузеро аз сафҳаҳои таърихро ошкор намуд. Маълум аст, ки ТТЭ ҳНИ ҳануз дар даврони Шуравӣ ба таври пинҳонӣ амал менамуд ва танҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон чеҳраи аслии хешро ҷилвагар кард. Пас, равшан мешавад, ки ТТЭ ҲНИ ҳамон ташкилоти пинҳонкорест, ки сарчашмаи ҳаракатҳои аслии хешро аз босмачигарӣ мегирад. Мутассифона, имрузҳо ҳатто нафароне пайдо шудаанд, ки ҳатто санг бар навиштаҳои устод Айнӣ мезананду мехоҳанд ба афкори зиддитаассубии ин устоди бузург ва қаҳрамони ҳақиқии миллат хати бултон кашанд. Магар, он ҳама ваҳшонияте, ки устод Айнӣ дар китобҳои “Таърихи инқилоби Бухоро”, “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ғуломон” ва амсоли ин тасвир намудаанд ва дар онҳо нақши ин босмачиёне, ки ҳамон ҳадафи бунёди чунин давлатҳои ба номи “исломӣ”-ро пайгирӣ мекарданд, ҳамагӣ таҳрифи таърих аст? ҳаргиз не. Бигзарем аз устод Айнӣ ва биравем ба рузгори Аҳмади Донишу дигар маорифпарварони қарни нуздаҳ. Суоле пайдо мешавад, ки омили аслии таваҷҷуҳи ин бузургони мо ба маорифпарварӣ ва таҷдиди назар ба низоми сиёсиву маърифат баҳри чӣ буд? Магар мубориза зидди ҳамон ифротгаройии динӣ набуд, ки бо дасти чанд тан аз ҳамин гуруҳҳои манфиатхоҳ ва аз номи дини ислом суйистифодакунанда вазъи мактабу маориф хароб гардида, ҳатто низоми иҷтимоӣ ва ахлоқӣ рӯ ба харобӣ овард. Тасвири вазъи таълим дар мактабҳои Бухоро аз ҷониби устод Айнӣ ҳаргиз имкон надорад, ки аз рӯи зарурат анҷом ёфта бошад. Зеро он хотиротест, ки аз хурдӣ дар ёдӣ ӯ мондааст. Мушоҳидаи маҷмуи амалҳо ва рафтори нобаҷои онҳо бар зидди падидаҳои миллӣ ва маънавии халқи тоҷик Аҳмади Дониш ва дигаронро водор сохт, ки андешаи тағйир дар сохтори иҷтимоиро ба миён гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ андешаҳои миллӣ ва маърифатпарвариро талқин намоянд.

Ба гумони ғолиб муаллифони он осоре, ки ба дифоъ аз босмачиён навиштаанду пайравони ин ҳаракат барои худ чун сипар пешниҳод мекунанд, аксаран нафароне ҳастанд,ки замоне бо ин ҷараёнҳо робитае доштаанд ё доранд ва ё пешинагони онҳо дар хидмати эшон будаанд. Мутассифона, имрӯз аксаран номи бархе аз зиёиёни он солҳои тоҷикро мехоҳанд ба ин ҷараёнҳо биомезанд, аммо ин дар ҳолест, ки чунин шахсиятҳои миллиро ҳаргиз набояд шомили ҳаракати босмачигарӣ ва босмачиён намуд, чун босмачигарӣ ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда ва нест?

Баробари ин, бо итминон метавон гуфт, ки шояд агар нафароне аз ин гуруҳ шомил шудаанд, он ҳам аз руи ноогоҳии амиқ буда, онгуна, ки имрӯз мо шоҳиди онем, ки нафарони зиёде баъди дарки ҳақиқат ва бардоштани парда аз чеҳраи аслии ТТЭ ҲНИ аз роҳи хеш баргаштанд.

ҳамин гуна, бегумон имрӯз мусоҳибаи Кабирӣ ба ҳақиқат ошкор сохт, ки ТЭТ ҲНИ идомаи ҳаракати босмачигарист, ки мехоҳад бори дигар аз номи ислом барои расидан ба ҳадафҳои хеш бо эҳсосот ва иродаи мардум бозӣ кунад. Аммо, хато мекунад. Чун мардуми тоҷик дигар онҳое нестанд, ки солҳои навадум ба ин суханони фиребои онҳо, яъне давомдиҳандагони роҳи босмачигарӣ бовар кардаву ба майдонҳо кашида шуданд. Ин таҷрибаи талхи таърихӣ барои мардуми тоҷик дарс шуд ва ҳамакнун онҳо медонанд, ки ба куҷо ва аз паси кӣ раванд ва имрӯз пуштибони ҳақиқии миллат ва давлат кист? Пуштибонии Кабирӣ аз босмачиён бошад, дарси ҳикматомӯзи дигар гардид, ки ҳамагуна паймонҳову созмонҳову ҷараёнҳои вай на миллӣ, балки зиддимиллӣ ҳастанд.

Нуралӣ НУРЗОД,
ходими илмии институти илмҳои ҷомеашиносии донишгоҳ

Читать далее