04 February 2019

Бозшинохти робитаи ҳаракати босмачигарӣ бо фитнаи наҳзатӣ

 

Масъалаҳое, ки Карим Давлатов дар мақолаи «Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ»  ба миён гузоштааст, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба хотири тарбияи солими насли ҷавон хеле  ба маврид буда, аз  аҳамияти калони назариявию амалӣ бархурдор мебошад. Ин ҷо ҳак ба чониби муаллиф аст, вақте ӯ байни босмачиҳо ва наҳзатиҳо як айнияти равшанеро мушоҳида менамояд.

Читать далее

Ободӣ ва пешрафти ноҳия аз файзи соҳибистиқлолист!

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

2 феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос гардид.

Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ корҳои шоиста амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, мусаллам аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар ноҳия таҷлил хоҳад гашт.

Читать далее

Муроҷиат ба муроҷиати «озодандешон»-и бадсиришт

             

            Одат шудааст, ки мисли  чағораи сари роҳ, таъсисёбиву изҳоротпарешии ғуломбачаҳои озодандеши ҳарамхонаҳои Ғарб бо раҳбарии шахси беурзаву нишони инсонӣ Алимҷуни Шерзамун, гоҳ ногоҳ фазои маҷозиро махлут мекунад.  Ин дафъа ҳам  мисле ки аз марги Воҳидова Файзинисо байрақ сохтанду  бо иттиҳому  гуноҳҳои беасосу поя мардумро ҷанг андохтанӣ шуданд, боз часпиданд ба пойи сарбози шодравон Исафандиёр Мирзоҳасанов. Бо тафовут аз шумо разилоне ки на хизмати аскарӣ кардеду на ҳимояи Ватанро медонед, Исфандиёр бо сари баланду  виқори воло дар хизмати Ватан буд. Бо ҳар сабабе ки бошад, ба ҳақ пайваст.

Читать далее

Муҳлаташ гузашта, аммо дар фурӯш!

Дар соли 2018 намунаи 18580 номгӯй маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, машрубот аз ташхис гузаронида шудааст. Аз ин ҳисоб 1698 намуна ба миқдори 424 тонна маҳсулоти хӯрока, аз қабили орди гандум, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, макарон, чой, қаҳва, какао, равғани растанӣ, қаннодӣ, меваи хушк, ғалладонагӣ, тухми парранда, намак, нӯшокиҳои спиртӣ, ки ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ ҷавобгӯ набуданд, муайян шудааст.

Имрӯз дар бозорҳои вилоят аз ҷониби кормандони Маркази “Тоҷикстандарт” баҳри пешгирии фурӯши маҳсулоти истеъмолаш гузашта ё пастсифат назорат бурда мешавад, вале аз тарафи бархе аз фурӯшандагон нисбат ба истеъмолкунандагон хунукназарӣ зоҳир мегардад.

Дилрабо Охунова – сокини шаҳри Хуҷанд:

- Чанде пеш аз мағоза офтобпарасти «Золотқе семки» - ро харидам, вале таъми нохуш дошт. Ба санаи истеҳсол назар афкандам ва дидам, ки аз муҳлати истеъмол аллакай як сол гузаштааст.

Чунин ҳолат ба чанд нафари дигар низ рух додааст, ки аз офтобпарасти «Супер» шикоят карданд. Чаро имрӯз соҳибкорон дидаву дониста, маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро ба фурӯш мебароранд? Ин вазъият бештар дар дӯконҳои маҳал ба чашм мерасанд.

Толиби Баҳодур – донишҷӯ:

- Ин субҳ барои наҳорӣ аз дӯкони маҳаллаамон тухм харидам, аммо рангаш хира буд ва бӯйи бад дошт. Саросема дигарашро шикастам, ки танҳо зардиаш мондаасту халос. Тухмро гирифта, ба дӯкон рафтам. Фурӯшанда суханамро шунидан нахоста, «Ба ОАЗИС рав» - гӯён ситеза карду тухмҳоро гирифт, вале маблағи он ду тухми шикастаамро надод.

Рухшода Сафарова – ҳамшираи шафқат:

- Назди бинои истиқоматиамон мағозаи хурдакаке фаъолият дорад, ки он ҷо маҳсулоти хӯрока бо собуну хокаи ҷомашӯӣ ва ашёҳои дигари рӯзгор омехтаанд. Рӯзе маҷбур шудам, ки аз он ҷо қаймоқ харам, вале ранги қуттичаи он паридаву болояш дам барин буд. Ростӣ, барои гирифтан ҷуръат накардам.

Маҳсулоти пастсифат нобуд карда шуд!

Маҳкамбой Каримов, сардори дафтари матбуоти Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд:

- Мутахассисони Марказ ва марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва бозори дохила аз молу маҳсулоти пастсифат дар рафти гузаронидани санҷишҳо ва назорати давлатӣ аз бозорҳо ва марказҳову нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми соли 2018 ба миқдори зиёда аз 65 ҳазору 386 кило маҳсулоти хӯроквории пастсифат, муҳлати истифодааш гузашта ва бе сертификатро ошкор ва бо иштироки комиссия нобуд намуданд. Маблағи умумии онҳо зиёда аз 992 924 сомониро ташкил дод. Бояд гуфт, ки баҳри пешгирии фурӯши маҳсулоти пастсифат ва санаи истеъмолаш гузашта, (сокинон метавонанд тариқи телефони боварӣ 4 - 08 - 73 ва вайбер 92 - 797 - 77 - 47) муроҷиат намоянд ва танҳо дар ҳамон ҳолат санҷиш гузаронида мешавад.

Боиси таассуф аст, ки новобаста ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон то ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки манфиати худро аз манфиати истеъмолкунандагон боло гузошта, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набударо ба фурӯш бароварда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Бунёди бинои истиқоматӣ барои 32 оила

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Пас аз суханронии раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода дар бораи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии маркази вилоят дар соли 2018 - ум ва омодагӣ ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ саволу пешниҳодоти хешро иброз доштанд.

Ҷурналистон ба саволҳои хеш дар бораи ободонӣ, чароғонкунӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, содироту воридоти маҳсулоти саноатӣ ва хӯрокворӣ, сохтмон, тақсимоти ғайриқонунии қитъаи замин, бунёди номураттаби хонаҳои баландошёна, амалигардонии қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи забон» ва ғайра ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Айни ҳол дар маркази вилоят панҷ корхонаи коркарди нахи пахта ҳаст, ки аз он ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «Сатн» пурра фаъолият бурданд. Корхонаи «Ресмони Тоҷикистон» агар соли 2017 - ум ба андозаи 4,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда бошад, соли гузашта истеҳсоли маҳсулот ҳамагӣ 30 фоиз таъмин гардид, ки ба рушди саноат таъсири манфӣ расонд. ҶДММ «Неку Хуҷанд» дар ҳаҷми 6 – 7 фоиз маҳсулот истеҳсол намуда, дар ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» сехи коркарди нахи пахта аз фаъолият бозмонда бошад ҳам, аммо сехи дӯзандагии он пурра фаъолият бурд.

Ҳанӯз соли 2015 - ум ширкати «Ҳусноро» дар масоҳати 1,5 гектар дар мавзеи истиқоматии кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев бинои баландошёнаи замонавӣ бунёд карданӣ буд. Дар ин бобат лоиҳа низ омода гардида, 32 оила муваққатан ба иҷора гузаронида, маблағи иҷорапулӣ низ аз ҷониби масъулин пардохт шуда истода буд. Аммо бо сабабҳои номаълум ширкати «Ҳусноро» аз бунёди бино даст кашид. Ҳукумати маҳаллӣ бо ҷонибдории Ҳукумати Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифт, аз ҳисоби буҷаи давлат барои 32 оила дар мавзеи ишорагардида хонаи истиқоматии баландошёна бунёд намояд.

Дар бобати бо вуҷуди дар хатсайр сад автобус дар истифода будан, аммо то ҳол тамбашавии мусофирон дар нақлиёт дида мешавад, раиси шаҳр иброз дошт, ки барои беҳтар намудани вазъият ба наздикӣ боз 50 автобус ворид гардида, ба ин васила вазъи ҳаракати нақлиёти мусофиркашон беҳтар хоҳад шуд.

Ҳамчунин, М.Муҳаммадзода дар бораи беҳтар кардани вазъи соҳаи фарҳанг, дар мисоли таъсис ёфтани боғи ҳайвонот барои истироҳати кӯдакону наврасон, азнавсозӣ ва ба истифода додани бинои Планетарий то рӯзи Ваҳдати миллӣ ва боғи истироҳатӣ – фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ то Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал шарҳ дод.

Рӯзноманигорон инчунин дар бораи омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба фасли зимистон, тақсимоти ғайриқонунии қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ғайра ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иқдоми раиси шаҳри Исфара боиси дастгирист!

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти сарварии раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин аз 11 то 18 декабри соли 2018 бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва хоҳишу дархости соҳибкорон бо сафари корӣ дар шаҳрҳои Санкт – Петербург, Москва ва Новосибирски Федератсияи Россия қарор дошт.

Дар ин сафар Саломзода Сиҷоуддин ва ҳамроҳонаш бо соҳибкорон ва донишҷӯёни исфарагие, ки дар шаҳрҳои зикршудаи Федератсияи Россия кору таҳсил мекунанд, силсилаи мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, аз корхонаву коргоҳ ва нуқтаҳои савдову хизматрасонии ба соҳибкорони мо тааллуқдошта боздид ба амал оварданд, ки ин нукта дар нишасти хабарӣ низ таъкид гардид.

Аз ҷумла, дар шаҳри Санкт - Петербург вохӯрии раиси шаҳр бо 90 нафар соҳибкорони исфарагӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ дар ин ҷамъомад бо баробари ёдрасӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, аз раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳру деҳоти Исфара маълумот пеш овард.

Соҳибкорон дар навбати худ изҳор доштанд, ки агарчӣ аз Ватану зодгоҳ ҳазорҳо километр дур бошанд ҳам, ба набзи ҳаводиси Тоҷикистони азиз ба таври доимӣ мароқ зоҳир мекунанду аз ҳамаи пешрафту тараққиёти он ба хубӣ огаҳӣ доранд. Аз ширкати фаъолонаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон дар равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ва рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг, хосса мавриди истифода қарор дода шудани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ифтихор ва нишоти онҳоро ҳадду канор нест.

Соҳибкорони исфарагӣ, ки дар шаҳри Санкт - Петербург ва вилояти Ленингради Федератсияи Россия фаъолият мебаранд, изҳор доштанд, ки омодаанд дар доираи маъракаи истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушк, як кӯдакистон барои 150 нафар, боғи интенсивӣ дар майдони 40 гектар, корхонаи дӯзандагӣ бо 30 ҷойи корӣ, 2 сартарошхона ва 1 кошонаи ҳусн, 1 бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ барои футбол ва волейбол, сохтмони сардхона ва ободонии оромгоҳ саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин, соҳибкорони дар вохӯрӣ ширкатдошта баробари шукргузорӣ ба Ватани осудаву ором, Пешвои оқилу хирадманди миллат, сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону раванди босуръати ободонӣ дар кишвар ваъда доданд, ки бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар деҳаи Ворух, хонаи истиқоматии бисёрошёна, сардхона, маҷмааи варзишӣ дар маркази шаҳр, таъмиру тармими қисме аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, ободонии бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Ворух ва Навгилем, сохтмони варзишгоҳҳо дар деҳаҳои Чоркӯҳу Чорқишлоқ ва кӯдакистон дар деҳаи Чоркӯҳ саҳм хоҳанд гузошт. Соҳибкорони дар вохӯрӣ ҳузурдошта омодаанд 16 километр роҳи деҳоту маркази шаҳрро мумфарш намуда, дар сохтмони кӯдакистон барои 100 ҷой дар ҷамоати деҳоти Ворух, майдончаи варзишӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50, ҳавзи шиноварии болопӯшида, бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Сангтӯдаи ҳамин деҳа ва меҳмонхона барои 150 ҷой дар маркази шаҳр саҳмгузорӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни сафари раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба шаҳрҳои Федератсияи Россия соҳибкорони исфарагии дар ин шаҳрҳо фаъолиятдошта бо баробари аз ҳисоби соҳибкорони барӯманд таъсис додани Ассотсиатсияҳои соҳибкорони шаҳри Исфара иқдом намуданд, ки бар замми иншооти ҷашнии тибқи нақша бунёдшаванда дар маҷмӯъ боз 34 иншооти дигар бунёд намоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки давоми чор соли охир маротибаи аввал иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет 100,1 фоиз таъмин ва ба буҷет қариб 91349 сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

 Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее