07 February 2019

Хабари Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ

Читать далее

Д.НАЗИРОВ: ТАБАДДУЛОТИ КАБИРӢ БАРОИ МАНСАБИ РАИСИ ҲИЗБ (Ё ЧАРО МУРТАДГӮИРО АЗ НАҲЗАТ ОМӮХТЕМ)

Мусоҳибаи  Давлатхӯҷа Назиров, доктори илмхои фалсафа, аъзои Иттифоки нависандагон ва журналистони Точикистон, сармухаррири газетаи «Щит» ба паҳлӯҳои норавшани раҳбарияти наҳзат ва даст доштани Кабирӣ дар табаддулоти даруниҳизбӣ равшанӣмеандозад.

Читать далее

Босмачиёни асри ХХI

Аз солҳои навадуми асри гузашта оғоз карда масъалаи қаҳрамон ҳисоб кардани босмачиҳо, рафтору кирдори онҳоро ситоиш кардан, бо «шаҳиди аъло» баробар кардани онҳо шуруъ гашт. Дар байни аҳли илм низ ин масъала баҳсбарангез буда, гуруҳе онҳоро хоинону душмани халқ ва гуруҳи дигар баръакс ватанпарасту қаҳрамон медонанд. Ҳол он аст, ки барои комилан ҷавоби саҳеҳ гардонидан ба ин масъала таҳлил ва тадқиқи садҳо ҳуҷҷату санадҳои ҳарду дидгоҳ лозим аст.

Читать далее

АЗ “НАҲЗАТ” ТО “БОСМАЧИГАРӢ”

Дар замони муосир ва умуман дар таърихи чандинсолаи миллати куҳанбунёди тоҷику тоҷикистонӣ мафҳумҳои “босмачӣ” солҳост, ки аз фикру андешаҳои мардум фарсангҳо дур шуда, дар хотири мардуми сулҳпарвару ватандӯст ёдрас намешуд. Имрӯз ин мафҳум, махсусан, барои ҷомеа ва ҷавонони кишвар хеле норавшан аст. Зеро имрӯз мафҳумҳо ва амалҳое, ки ба мардум даҳшату зӯроварӣ, ноадолатӣ, хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ва дурӯягиро ташвиқ мекунад, ба миён омадааст, ки огоҳӣ пайдо намудан ба падидаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ҷомеаи имрӯза хеле муфид мебошад.

Читать далее

Кабирӣ босмачии замони муосир

Пас аз истиқлолияти давлатӣ як гуруҳ манфиатҷӯёни ватанфурӯш, ки баъдан ТТЭ ҲНИ-ро асос гузошта, ҳодисаи манфури ғайриинсониро, ки қатлу куштори мардуми бегуноҳро фаро гирифта буд, такрор карда, ҳатто бо шеваҳои муосири куштор бар сари мардуми тоҷик як балои азимро оварданд.  Дар оғози асри гузашта, аз ҷумла даҳсолаи дуюм  бо дастгирии амир «Иброҳимбек қатли ом ва ғоратгариҳои худро давом дод». Хоҷагони ТТЭ ҲНИ, ки ҳамин вазифаро дар шароити муосир бар дӯш гирифтаанд, як давра кишварро ба майдони ҷанг табдил дода, онро ба оташ  кашиданӣ шуданд. Бо эътирофи Кабирии хиёнатпеша ТТЭ ҲНИ идомаи ҳамин гуна корҳоро анҷом дода истодааст ва ин босмачиёни хунхор ба таври кофӣ хулоса набароварда, чунин хиёнаткориро суръат бахшида истодаанд. Бояд қайд намоям, ки ҳаракати босмачигарӣ ғайримиллӣ буда, барои озори мардум бо роҳбаладии хоҷагони турктаборашон мардуми тоҷикро ғорат намуда, тани онҳоро ба хун оғушта намуда буданд. Кабирии босмачӣ ҳамчун бобоёни босмачиаш аз мардуми тоҷик чи мехоҳад? Худро босмачӣ гуфтани Кабирӣ як ахмақии маҳз аст ва маълум, ки ӯ манқурт шуда, аз аслу насабаш бегона гаштааст. Кабирии манқурт Иброҳимбеки ари 21 аст. Масалан, Иброҳимбек падараш Чақабой ном дошт ва ин чақайбой аз ҷамоаи туркии Шарқии Бухоро буд. Абераи ҳамин Чақайбой писари Иброҳимбек Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад, ки аслан тоҷик нест. Ин модарбахато барои нобуд кардани тоҷикони Осиёи миёна камари ҳиммат баста, аз дини мубини ислом барои манфиатҳои худ истифода карда, ин манбаи поку беолоишро ба ақоиди босмачигарӣ олуда сохтааст. Аз чунин мавкеъгариҳо бараъло намудор мешавад, ки ислом ба ин хоинон танҳо як аслиҳае беш нест. Иброҳимбеки турктабор низ аз ислом истифода карда, барои барқарор кардани ҳукумати амири лақай кӯшиш мекард ва аз Анварпошшо –сарлашкари турк пайравӣ менамуд, ки ин гуна мавқеъгариҳои ғайримиллӣ боиси муқовиматҳои мардумӣ мешуд. Шеваҳои кори Муҳидин Кабирӣ низ ҳамчун босмачии замони нав аз ҳамин омил сарчашма мегирад.

Читать далее

Кабирии босмачӣ

Аз таърих ба мо маълум аст, ки Иброҳимбек яке аз сардорони дастаи босмачиҳо буда, зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки босмачиҳо моли мардумро ғорат карда одамонро хонавайрон мекарданд. Имрӯзҳо бошад роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо аз сомонаҳои интернетӣ баромад карда, босмачиёнро ҳимоя мекунад.

Читать далее

КАБИРӢ ҲАМХУНИ ИБРОҲИМБЕКИ БОСМАЧӢ ?

Чи хеле, ки ба мо маълум аст баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ имконият барпо гардид, лекин қувваҳое буданд, ки зидди Ҳокимияти Шӯравӣ баромад мекарданд, ки онҳоро босмачиён меномиданд. Мо медонем, ки номҳои машҳуртарини онҳо дар қаламрави Тоҷикистон Анварпошшо, Салимпошшо, Фузайл Махсум, Эргаш ва Иброҳимбек ва ғайра буданд. Мақсади онҳо пеш аз ҳама нест кардани Ҳокимияти Шӯравӣ буд ва онҳо чӣ қадар амалҳои ғаразнокро  барои ин амалҳо истифода мебурданд ва дар натиҷа, соли 1931 охирин намоянда-сарвари дастаи босмачиён Иброҳимбек дастгир карда шуда, кушта шуд.

Читать далее

Ҷилваи лӯхтакии КАБИРӢ

Чанде пештар раиси гурезаи ҳизби ифротии наҳзат ва ҳамакнун роҳбари Паймони ба ном миллӣ Муҳиддин Кабирӣ тариқи онлайн гуфтугӯи рӯ ба рӯеро доир намуд. Мақсад аз гуфтугӯи Кабирӣ ин бори дигар аз худ дарак додану байни ҷомеа ақидаҳои ифротии худро паҳн намудан буд. Лек мисли пешин хоини Ватан ба мақсади худ нарасид. Зеро маҳфили рӯ ба рӯи Кабириро халқи тоҷик умуман тамошо накард ва нисбати он ягон саволе ҳам надод. Аз ин рӯ оҳбарияти ҳизби ифротии наҳзат тасмим гирифт, аз набудани маводи иттилоотии худ, раванди суҳбати Кабириро қисм – қисм карда, дар шабакаҳои иҷтимоии худ ба мисли сомонаи расмӣ “Паём.нет” ҷойгир намояд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки гӯё ҳизби наҳзат дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мавқеашро гуфту боз ҳамон мемонад. Ин ҳизби хиёнаткор дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бо чунин мавқеъ Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, хуни садҳо ҳазор нафар бегуноҳонро рехта буд.

Мавқеи дасисабозони солҳои 90 - ум ба андешаи банда дигаргун нашудааст ва боз ба сари мардуми бегуноҳи тоҷик кадом мусибатро оварданӣ ҳастанд?

Мо - мардуми шарифи тоҷик имрӯз ба фиребу найрангҳои ифротиёни хоин дода намешавад ва бо меҳнати ҳалоли худ Ватани азизамонро ободу зебо менамоем.

А.Мирзоев,

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ҲАДАФҲОИ БЕБУНЁД

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми динӣ ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Солҳои охир иллати сар задани падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни мусалмонон, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ ва паҳн кардани матолиби ғаразона дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мухталиф боиси ба гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ шомилшавии онҳо шуд.

Бадбахтона, бархе аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи ин гурӯҳҳои тундрав гардиданд. Ин падидаи номатлуб ҳар як шарҳванди бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Чунонки сиёсатшиносони кишвар қайд мекунанд, воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта низ натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат ва фирефтаи ҳизби имрӯз мамнӯъгаштаи наҳзати исломӣ ва бархе аз гурӯҳҳои фурсатталаб гардидани бархе шаҳрвандон буд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 ҲНИ - ро ҳизби террористӣ - экстремистӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд. Азбаски имрӯз дар Тоҷикистон дигар ба ин ҳизби ифротгаро касе таваҷҷуҳ надорад, акнун он фаъолияташро дар хориҷи кишвар ба роҳ мондааст. Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии мақомоти Хадамоти федеролии амнияти Россия соли 2018 дар як деҳаи вилояти Кемеровo шаш нафар зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми паҳн кардани ақидаҳои ифротии исломӣ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, баъзе аз онҳо узви ҳизби наҳзат буда, аз ҳамфикронаш як гурӯҳи муташаккил сохтааст. Аъзоёни фирории ҲНИ, ки ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ дар хоки Россия қарор доштанд, таҳти таъсири китобҳо ашхоси маҳаллиро низ ба доми фиреб кашидаанд. Ҷараёни бошиддати фаъолияти ТТЭ ҲНИ ба кишвари мо таъсири манфӣ расонида, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одати бегонагонро ворид сохта, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф намуданӣ аст. Аъмоли ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ мегардад. Дар иттилоияи мақомоти Хадамоти федеролии амнияти Россия, ҳамчунин гуфта мешавад: «Яке аз аъзои ин гурӯҳ узви ҳизби наҳзат буда, баъди ба қаламрави Россия омаданаш, ӯ аз ақидаҳои худ даст накашида, як доираи собити ҳамфикронашро, ки низ аз чунин ақидаҳои мазҳабӣ тарафдорӣ мекунанд, ташкил кардааст».

 Соли 1997 баъди баста шудани созишномаи истиқрори сулҳ байни мухолифин ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як маротиба ба ин ҳизб имконият дода шуда буд, ки рафторашро нисбат ба ҳукумату давлат дигаргун кунад, мувофиқи он ба намояндагони мухолифин 30 фоиз вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. Бо вуҷуди ин гузаштҳо ҳадафи ин ҳизб тағйир наёфт ва он муғризона буд.

Ҳоло сулҳу субот дар кишвар барқарор аст ва мардум рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд. Чуноне аз ахбороти шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, рӯйдодҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки дини Ислом дар зоти худ ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. ҳизбсозию сиёсисозии Ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳама гуна кирдорҳои зишт мезананд. Рафтори имрӯзаи Кабирӣ дар хориҷи кишвар хиёнат ба миллату Ватан ва бовару эътиқоди мардум аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат бар зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини Исломро коҳиш медиҳад. Таҳлили фаъолияти ҲНИ тӯли чанд соли охир ва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб тааллуқдошта нишон медиҳад, ки дини Ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ мебошад.

Гул-гулшукуфии мамлакатамон имконият намедиҳад, ки дигарбора мардуми шарифи тоҷик фирефтаи дасисаҳои ин ҳизб гарданд.

Содирҷон Fаффоров,

устоди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии

Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Дурӯяву дурӯғгӯйи буздил

Шахсияти Илҳом Ёқубов, ки алҳол роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо аст, барои аксарият шинос мебошад. Варзишгар буд ва баъдан ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваст, роҳбари бахши суғдии ҳизби номбурда гардид. Баъдан, эълон кард, ки аз ин ҳизб даст кашидааст ва дар навори видеоӣ иқрор гашта буд, ки роҳи интихобнамудаи ҳизби наҳзат нодуруст аст. Аммо ин суханонаш комилан барои раҳгум занонида дар тасаввуроти мардум худро ислоҳшуда нишон додан будаасту халос.

Дар шаҳри Хуҷанд чанд маротиба шоҳид гашта будем, ки ғояҳои ҳизби наҳзатро байни мардум паҳн мекард. Бахусус, ҳангоми баргузор гаштани интихоботи парлумонии соли 2010 ӯ дар маҷлисҳо хеле боҳарорат сухан меронд ва ба мардум талқин мекард, ки ба ҷонибдории номзадони ҳизбашон овоз диҳанд.

Аз ҳамон суханрониҳо, аз тарзи баёнаш маълум буд, ки ба ӯ мураббиёни сиёсӣ аз хориҷи кишвар дарс додаанд. Хоҷагони хориҷӣ ба Илҳом Ёқубов ва дигар суханварони ҳизбаш роҳҳои муборизаи сиёсӣ ва ба даст овардани дилу овози интихобкунандагонро омӯзонида буданд. Ҳарчанд аз технологияҳои муосири сиёсӣ истифода карданд, баҳсҳои фаровони пешазинтихоботӣ гузарониданд, аммо овози даркориро соҳиб шуда натавонистанд.

Баъди интихобот чанд муддат Илҳом Ёқубов дар паси парда буд ва боз дар саҳнаи сиёсат ҳамчун роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо муаррифӣ гардид.

Аз нуқтаи назари Кабирӣ Илҳом Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва чанд тани дигар муборизон ҳастанд, ки муборизашон ба фоидаи худ аст, на ба фоидаи миллат. Инҳо хоинонанд, ки раҳгумзадаву дур аз Ватан мондаанд.

Вақте кас суханрониҳои ин нафаронро дар гирдиҳамоиҳо ва ё маҷлисҳо мешунавад, ба чунин хулоса меояд, ки онҳо лӯхтакҳоеянд ва таноби идоракуниашон дар дасти дигарон аст.

Боиси таассуф аст, ки баъзе ҷавонони ноогоҳ ба гуфтаҳои онҳо бовар мекунанду ҳавохоҳиву балегӯӣ мекунанд. Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов ҳам дар саҳнаи сиёсат лӯхтаканду бас, ки таноби ҳаракоташон дар дасти дигарон аст. Ин гумроҳон роботҳои сиёсианд, ки барномаи кориашонро Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони пасипардагияшон таҳия кардаанд.

И.Раҳимов,

устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее