11 February 2019

Истеҳсолот бо тобиши нав зуҳур мекунад

Боздиди кории Раиси вилоят аз коргоҳи ресандагии ҶДММ «Ангубин» - и ноҳияи Мастчоҳ

9 - уми феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, ба фаъолияти коргоҳи ресандагии ҶДММ «Ангубин» (собиқ “Олимтекстайл”) ҳусни оғоз бахшид. Мавриди зикр аст, ки бо сабабҳои мушкилоти иқтисодӣ коргоҳи мазкур давоми беш аз 1,5 сол аз фаъолият бозмонда буд ва бо дастуру раҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояту ноҳия ба фаъолият оғоз намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни фаъолияти коргоҳ аз наздик шинос шуда, дар бобати кори пурсамари он дар соли равон ба масъулини соҳа ва роҳбарияти коргоҳ дастуру супоришҳо дод.

Читать далее

Имсол кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 300 гектар картошкаи барвақтӣ кишт мекунанд

Рӯзи 9 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти картошкаи барвақтӣ дар ноҳия оғоз бахшид.

Дар ин рӯз Раиси вилоят дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия бо кишоварзон суҳбат намуда, ҷиҳати истифодаи навъҳои серҳосили тухмии картошка, риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила саҳми назаррас гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру маслиҳатҳо дод.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки рӯзи 9 феврал сурат гирифт, бо рафти бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.

Майдони Парчами давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шафати бинои Ҷамоати деҳоти Хистеварз бунёд гардида, дарозии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил мекунад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

9 феврали соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос гардид.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар калонтарин ҷамоати вилоят - Ҷамоати деҳоти Хистеварз бунёду сохтмони даҳҳои иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и ҷамоат аз зумраи чунин иншоот маҳсуб меёбад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ бо маром ҷараён дорад.

Дар ин раванд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд низ сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла меҳмонхона, тарабхона ва ошхона идома дорад.

Читать далее

ДАСТАРХОНОРО БОШЕМ

Даври вилоятии озмуни дастархонороӣ бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, зебову хушхур оростани дастархонҳои ҷашну маросим дар доираи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.  Кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳӣ маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузошта, ҳозиронро бо таомҳои миллии тоҷикӣ, хуришҳои гуногун, шириниву кулчақандҳои хушмазза ошно сохтанд.

Муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ аз дастархони оростаи кадбонуҳои шаҳру навоҳӣ дидан намуда, ҷиҳати камхарҷ ва босарфа гузаронидани ҷашну маросим андеша ронд.

Дар озмуни дастархонороӣ агар дастархони шаҳри Бӯстон бо омода намудани таомҳои лазизи мардуми Бухоро ва сурудани сурудҳои миллии он маҳал писанди иштирокдорон гашта бошад, дастархони мардуми шаҳри Панҷакентро қатламаву қатмол, фатири пиёздору кӯмоч, фатири дегиву ҳалвои тар, угрои туршу туппақайиш ва атолаи кунчӣ оро медод. Агар кадбонуҳои моҳири ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо омода намудани шириниҳои «Хирсак»-у «Дилкаш», самбӯсаҳои гуногуну лундаҳо аз картошка, рулети шикамбагию меваҳои гӯштдор ва тунукчаи қимагин дар дили иштирокдорон меҳри пазандагӣ ба кадбонугиро ҷой дода бошанд, зафарободиён бо пухтани чиғелак бо кадую пиёз, чаппотию чанголу таомҳои миллии маҳалли худро манзури ҳамагон намуданд.

Дар фарҷом маълум гардид, ки дастархони оростаи мардуми ноҳияи Айнӣ сазовори мақоми аввал, дастархондорони ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуда, роҳхати иштирок ба озмуни ҷумҳуриявиро насиб гаштанд. Ҷои сеюм бошад, ба дастархонороии мардуми Исфарамарз лоиқ ва ғолибон бо туҳфаҳои Раиси вилоят сазовар гаштанд.

ҳамчунин Нилуфари Назаралӣ аз шаҳри Бӯстон «Дастархондори ҷавонтарин»  унвон гирифт. Иштирокдорони фаъоли шаҳру ноҳияҳо  бо туҳфа қадр гардиданд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Коҳиши сафи муҳоҷирзанон

- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят барпо намудани оилаҳои пойдор ва пешгирии вайроншавии он ба ҳисоб меравад, - қайд кард зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муқаддама Ҳошимзода.

Соли 2018-ум дар вилоят 119702 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуд, аз ҷумла 64105 сабти таваллуд (нисбат ба соли 2017 –ум 1648 нафар зиёд), 11083 сабти вафот (34 нафар зиёд), 22781 сабти никоҳ (736 адад зиёд), 4046 адад сабти бекор кардани ақди никоҳ (6 адад зиёд), 3303 сабти муқаррар кардани падарӣ (417 адад зиёд) ва 271 сабти фарзандхонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давр 53 ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудааст, ки асосан шаҳрвандон аз давлатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, Украина ва Хитой буданд. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода зикр кард, ки аз як миллиону 315 ҳазору 4 нафар занону духтарони вилоят 6733 нафар занони роҳбарикунанда ва 1267 нафар хизматчиёни давлатӣ мебошанд.

Дар вилоят 1204 нафар магистрант, 108 нафар аспирант, 46 нафар гирандаи Стипендияи Президентӣ ва 97 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят буда, онон дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъоланд. Баҳри рушди ҳунармандӣ ва ба кор ҷалб намудани занони хонанишин чун анъана соли 2018-ум низ 13 нафар занону духтарони аз шаҳру навоҳии вилоят сазовори Гранти Президентӣ ва 60 нафар соҳиби гранти Раиси вилоят шуданд. Дар қаламрави вилоят 267 Марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ амал карда истодааст, ки аз он 103 адад ба атласу адрасбофӣ ва 74 адад ба қолинбофӣ машғул аст.

Шумораи занони хонанишин 200000 нафарро ташкил дода, соли гузашта 19121 нафари онон бо шуғл фаро гирифта шуданд. Мудири шуъбаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мадина Ҳомидова дар бораи фаъолияти яксолаи Раёсат ҳозиринро огоҳ сохт. Дар вилоят шумораи ҷавонони аз 14 то 30 - сола 901700 нафар буда, аз он 452700 нафар писар ва 449000 нафар духтар мебошанд. Шумораи умумии донишҷӯён дар соли 2018 –ум 65171 нафар буда, 3268 нафар дар донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. То ҳол 17 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои динии хориҷи кишвар барнагаштаанд, ки ду нафари онон занон мебошанд.

Дар байни ҷавонон 144 ҳолати нашъамандӣ рух додааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 38 ҳолат кам, вале 107 нафар ба бемории ВНМО/БПНМ гирифтор шуда, дар муқоиса бо соли 2017- ум 33 ҳолат зиёд мебошад. Сафи ҷавонони бекор дар соли 2018-ум афзуда, тибқи маълумоти оморӣ 7543 нафарро ташкил дода, он бештар дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Гулистон, Исфара, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Спитамен ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, М. Ҳомидова дар бораи иштироки ҷавонон ва наврасон дар баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, аксияҳо, тарғибу ташвиқи Паёми Президенти мамлакат, баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон ва таъсиси маҳфилҳои мухталиф изҳори андеша кард. Дар анҷом ҷурналистон ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Т. ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АШТ: ИҚДОМИ НАВ ДАР МАДАНИЯТИ ЗАМИНДОРӢ

Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудану ба заминҳои зархез табдил додани қитъаҳои замини бекорхобида яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2018 дар вилояти Суғд барои васеъ намудани масоҳати замини кишт, ки пас аз пошхӯриии Иттиҳоди Шӯравӣ солҳо бекор монда буд, заминаҳои хеле воқеиву устувор гузошта шудаанд.

Вусъати муносибати дилсӯзона

Бале, азхудкунии заминҳои бекорхобида, ки он раванди ободкориву созандагиро дар худ таҷассум мекунад, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ қарор дорад. Биноан, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои корам имконият медиҳад, ки фаъолият дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ устувор гардад, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад, даромади аҳолӣ зиёд шавад ва бад - ин минвол некӯаҳволии мардум ба сатҳи боз ҳам баландтар расад.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» дар ноҳия солҳои охир эътибори хоса зоҳир мегардад. Барои фаҳмидан аз вазъи корҳо моро лозим омад, ки ба ноҳияи Ашт сафар намоем. Нақлиёти мусофиркашони Хуҷанд – Шайдон бомаром ба пеш ҳаракат мекарду роҳи масофаи байни маркази вилоятро ба шаҳраки Шайдон наздиктар месохт. Ҳама саргарми суҳбат буданд. Диққати моро заминҳои бекорхобидаю доманфарох ба худ кашид, ки он шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва ноҳияи Аштро ба ҳам мепайваст. Бале, дар даврони Шӯравӣ барои бунёди сохтмони мавзеи Ашти Калон заминаи воқеӣ гузошта буданд. Аммо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ имконияти молӣ даст надод, ки ин замини доманфарох ба мавзеи кишту сохтмонҳои азими аср табдил ёбад. Маълум аст, ки баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ заминҳои зиёде дар дохили ноҳия низ аз кишт бозмонданд. Зеро хоҷагиҳо муфлис гардиданд, имконияти молиявӣ даст намедод, ки хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия пурра онро истифода намоянд. Нарасидани сӯзишворӣ, техникаю тухмиҳои босифат, қувваи корӣ сабаб гардид, ки қисми заминҳое, ки дар «Ҳафттеппа» - и хоҷагии ба номи Калинин ҷойгир буд, аз кишт бозмонда, як муддат ба теппачаҳо табдил ёфтанд ва ё майдони алафҳои бегона гардиданд.

Солҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида корҳои зиёде ба сомон расиданд. Чаро, ки шодоб намудану ба заминҳои ҳосилхезу зардеҳ табдил додани ҳар як қитъа ва аз хоки мушкбезу зарофар рӯёнидани ҳосили фаровони «тиллои сафед» ва дигар зироатҳои кишоварзии ниёзи ҳаррӯзаи мардум рӯз аз рӯз вусъати тоза мегирад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ин масъалаи муҳиму зарурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, кишоварзон барои зиёд намудани масоҳати заминҳои обӣ, алалхусус кишти пахта ва зироатҳои дигари хоҷагии қишлоқ дар асоси имконияту технологияҳо ва қоидаҳои агротехникӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Ба ин масъала тибқи талаботи имрӯза дар ноҳияи Ашт эътибори махсус дода мешавад. Барои аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва ҳам аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои ҳадафманд зоҳир мегарданд. Кишоварзон бори дигар дарк намудаанд, ки муносибати хуб ба замин асоси ҳосили фаровон, некӯаҳволии тамоми мардум аст. Онҳо пайваста баҳри зиёд намудани масоҳати заминҳои корами обӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Гули мурод мешукуфад дар «Рахшона»

Яке аз хоҷагиҳои пахтакоре, ки дар шодоб намудани заминҳои бекорхобидаю аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои зиёдеро анҷом додааст, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» мебошад. Ҷараёни рафти корҳо вобаста ба азхудкунии замин ва фаъолияти хоҷагии мазкур шаҳодат доданд, ки он аз соли 2009 фаъолият дошта, соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок барои он маҳсуб меёбад. Ба Ҷамъият аз мавзеи “Ҳафтеппа” (дар гузашта Етитеппа) 414 гектар замин вобаста шудааст. Зиёда аз 107 гектари вобасташуда, дар ҳолати ғайриқаноатбахш ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда маҳсуб меёфт.

Тӯли 3 соли охир заҳматкашони Ҷамъият тавонистанд ҳамон 107 гектарро пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд. Бо фаъолияти пурмаҳсул ва меҳнати софдилонаи кишоварзон заминҳои ин мавзеъ обод гардида, кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти пурсамари ҶДММ «Рахшона» боис гардид, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Ҷамъият барои азхудкунии заминҳои бекорхобида дар ду давр иловатан 213 гектар замин вобаста карда шавад. Дар даври якум хоҷагӣ тавонист 105 гектар заминро корам намояд. Имсол заҳматкашон ният доранд, ки боз 116 гектар заминро барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, ҳосилнокиро баланд бардоранд.

Имрӯз дар хоҷагӣ 50 намуд техникаи гуногунтамғаи замони муосир аз қабили тракторҳои МТЗ 80 - 82, мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, онҳо дар майдонҳои васеи хоҷагӣ вобаста ба мавсим фаъолият мебаранд. Бояд зикр намуд, ки ҶДММ «Рахшона» хоҷагии серсоҳа аст.

Моҳипарварӣ дарсамти иқтисодиёти ҷомеа

Аҳли заҳмат ният доранд, ки имсол дар масоҳати 45 гектар хоҷагии моҳипарварӣ бунёд намуда, барои дар бозори истеъмолӣ зиёд кардани чунин намуди маҳсулот заминаи воқеӣ гузоранд. Барои дар сатҳи баланд ташкил намудани хоҷагии моҳипарварӣ сарвари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» Шӯҳрат Мамадҷонов ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта, аз таҷрибаю нозукиҳои ин соҳа огоҳ гардид. Бояд зикр сохт, ки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мутахассисонии соҳа барои дастурдиҳӣ ба хоҷагии моҳипарварӣ ташриф оварда, дар бораи иқлим, роҳҳои парвариши моҳӣ дар ин минтақа ба ҳамкасбони тоҷики худ маслиҳатҳои муфид доданд. Вақте ки ба хоҷагӣ омадем, дар ҳар тарафи заминҳои хоҷагии мазкур овози техникаҳои гуногун ба гӯш мерасид, ин мавзеъро барои парвариши моҳӣ омода месохтанд.

Имсол мо ният дорем, ки моҳичаҳоро барои парвариш харидорӣ ва аз соли оянда биолабаротрияи худамонро ташкил карда, парвариши моҳичаҳоро ба роҳ монем, - изҳор дошт муҳосиби хоҷагӣ Пӯлодҷон Шералиев.

Бояд тазаккур дод, ки аҳли хоҷагӣ ният доранд, сол аз сол масоҳати парвариши моҳиро дар ҳавзҳо ва обанборҳои хоҷагӣ бештару беҳтар ба роҳ монда, рӯи дастархони мардуми натанҳо вилоят, балки ҷумҳуриро бештар бо маҳсулоти моҳигӣ таъмин намоянд. Аз ин рӯ агар соли 2019 дар нақшаи хоҷагӣ дар масоҳати 45 гектар ташкил намудани обанборҳои моҳипарварӣ ба назар гирифта бошанд, соли 2020 ин миқдор ба 70 гектар расонида мешавад. Обёрӣ намудани заминҳои ба гардиши кишоварзиро ворид гардида, аз ҳисоби канали М1 - и пойгоҳи калони минтақавӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия тааллуқ дорад. Аз он дар масофаи 3 километр лӯлаи об кашида, дар идомааш канали обёрӣ ба дарозии 4 километр кофта шудааст. Дар ду даври азхудкунии қитъаҳои замини бекорхобида бо иншооти обрасон дастрас кардани қариб 1 мукааб об ба заминҳои ташналаб дар назар мебошад. Зеро дар он ҷое, ки об ҳаст, ободӣ ҳаст ва ҳосили фаровони деҳқон низ аз ин мӯъҷизоти олам сарчашма мегирад. Аҳли хоҷагӣ ният доранд, ки поёноби заминҳои қаблан азхудкардашударо низ барои парвариши зироатҳои дигар ва ҳосилбардорӣ истифода баранд.

Ҳар қитъаро ҳосилбахш мегардонанд

Соли якум ба заминҳои бекорхобида гандум кишт карда, солҳои минбаъда кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Заминҳои кишти гандум дар хоҷагиҳои Ҷамъият хеле зиёд буда, баъди азхуд кардани қитъаҳои дигар ҳудуди он боз ҳам васеъ мегардад.

ҶДММ «Рахшона» дар он заминҳое, ки ба онҳо вобаста карда шудааст, беҳтару хубтар дар асоси талабот нигоҳубин карда, маданияти кишоварзиву заминдориро баланд мебардорад. Соли равон дар масоҳати наздик 300 гектар пахта кишт карда мешавад. Аҳли заҳмат тасмим гирифтаанд, ки заминҳои бекорхобидаи дигар хоҷагиҳоро низ ба иҷора гирифта, аз он ҳосили фаровон ба даст оранд. Масалан, заминҳои хоҷагиҳои деҳқоние, ки имконияти пешбурди фаъолиятро дар минтақаҳои Иттифоқ, Хуросон, Ориён ва Ашт надоранд, онҳо ба иҷора гирифта, бо меҳнати содиқона дар рушди соҳаи пахтакорӣ саҳм гузошта истодаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» натанҳо кишти пахта, балки парвариши моҳӣ, тайёр намудани масолеҳи сохтмон ва дигар намуди фаъолиятро низ ба роҳ мондааст.

Хоҷагии моҳипарварии он дар масофаи на он қадар дур аз шоҳроҳи Марҳамат воқеъ гардида буд. Моро лозим омад, ки барои аз наздик ошноӣ пайдо кардан ба ин мавзеъ омада, оид ба рафти тайёриҳо ба мавсими имсола огоҳ гардем. Хоҷагии моҳипарварӣ дар масофаи тақрибан 7 километр аз роҳи мошингард дар байни заминҳои нопайдоканори ин мавзеъ ташкил шуда истодааст. Бино ба гуфти муҳосиби хоҷагӣ Пӯлодҷон Шералиев заҳматкашон ният доранд, ки имсол дар масофаи 45 гектар ҳавзи моҳипарварӣ бунёд намоянд аз моҳи март то октябр парвариши моҳиро ба роҳ монанд. Бояд зикр кард, ки дар саҳроҳои доманфарох ба ғайр аз чиниши дастӣ онҳо аз «киштии кабуд» низ истифода мебаранд. Ҷамъият аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду мошини нави пахтачиниро харидорӣ намудааст.

Ҳангоми сафари кории худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Рахшона» дидан карда, барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти кишоварзӣ супоришу тавсияҳо дод. Кишоварзони ноҳия бошанд, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида аз имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои ҳанӯз истифода нашуда корбарӣ намуда, қадри замину заминдориро амалан баланд мебардоранд. Пурра аз худ намудани заминҳои бекорхобидаи нақшавӣ то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст ва дар ин самт ҳадафмандона ҳамагон кору пайкор доранд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд - Ашт – Хуҷанд

Читать далее