February 2019

28 February 2019

ПАЙМОНИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Роҳбарони фирории ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат эълон карданд, ки бо гуфтаҳои худ, эъломия қабул карда, «Паймони миллӣ» ташкил намуданд. Ин паймон «иттиҳоди панҷ нафар» мебошад, ки ҳадафи аслиаш зери парда пинҳон кардани аъмоли ҷиноии худи онҳо ва ба даст овардани маблағ буда, барои гумроҳ кардани мардуми кишвар мебошад.

 «Паймони миллӣ» ин гурӯҳи хурде мебошад, ки аъзои он мехоҳанд бо ҳар гуна роҳ оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд. Онҳо шахсони зиёд нестанд ва ҳадафи нопоку иғвогарона доранд. Онҳо гурӯҳаке ҳастанд, ки мехоҳанд вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд, аммо ҳеҷ гоҳ ба мақсадашон намерасанд, чун дар дохил ҷонибдор надоранд. Ташкили паймон танҳо барои пинҳон кардани аъмоли ҷинояткоронаашон аст. Мардуми тоҷик чеҳраи аслии онҳоро хуб мешиносад ва аз ин сабаб, онҳо мехоҳанд зери номи нав худро нерӯи мухолифи созанда муаррифӣ карда, мавқеъ пайдо кунанд. Аммо ин навбат низ тири онҳо хок мехӯрад, зеро халқи тоҷик аз ҳаводиси солҳои 90-ум сабақ гирифт ва дигар ба фиреби наҳзат дода намешавад.

Имрӯз аксари мардум дар тааҷҷубанд, ки Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин ҳизби террористиву экстримистӣ имконияти иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаҳоро медиҳад. Инро метавон бозӣ ва роҳандозии сиёсати нодуруст номид, ки хеле хатарнок аст. Фикр мекунам бо гузашти вақт ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан созмонҳои байналмилалие, ки воқеан арзишҳои демократиро пайгирӣ мекунанд, ин ҳиллаи шаръии наҳзатиҳоро дарк менамоянд.

Онҳо ягон барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф надоранд. Куҷост барномаи онҳо? Танҳо номи исломро дастак карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он сӯиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо теократияи радикалии экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин арзиши ифротӣ аст.

Мо, мардуми кишвар бояд марому мақсади онҳоро хуб дарк кунем ва  муттаҳиду сарчамъ гашта, баҳри рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакати азизамон саҳмгузор бошем ва шукронаи тамоми ҳастиву қатраҳои оби кишварамон карда, ба ақидаҳои нопоки чунин гурӯҳҳои ғаразноку бадхоҳон дода нашавем. Шукри ин сарзамин кунем. Шукри  сулҳу ваҳдат кунем. Шукри  обу хоки ин Ватани мукаддас кунем.

М. Исоқов,
  н.и.и., сармуаллими кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ

Читать далее

Аз мост, ки бар мост…

Мо дар кишвари орому осоишта, сабзу хуррам зиндагонӣ карда истодаем. Ба ҳамаи ин шукр мегӯем ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузорем. Ин гуна пешрафт, тараққиёт дар давраи ниҳоят кӯтоҳ, яъне солҳои Истиқлолият ба даст омад. Омили асосии ин пешравиҳо дар чист? Муттаҳидии мардум, тифоқии тоҷикистониён аст. Сабаби дигари он боварӣ ба ҳамдигар ва ҳамдигарфаҳмии комил аст. Ана, ҳамин  омилҳо  сабаби дар оянда ҳам боиси пешравиҳои зиёд мегардад. Чӣ хеле ки мегӯянд: - Аз мост, ки бар мост… Мо ба ояндаи нек боварии комил дорем.

Дар бораи Шарофиддин Гадоев низ бо боварӣ сухан мекунем. Охир, вай ҳоло ҷавон аст. Дар оянда барои Ватан корҳои зиёдеро карда метавонад. Вай хатогӣ ва камбудии худро фаҳмидааст. Дар ин бобат ба Тоҷикистон омаданаш, авфи гуноҳашро пурсидани ӯ қобили таҳсин ва офарин аст. На ҳар кас чунин ҷавонмардона рафтор карда метавонад.

А. Сатторзода ва чанд нафари дигарро Тоҷикистон авф кард - ку! Дар ин бобат ягон ҷои шубҳаю ҳангомасозӣ нест. Тоҷикистони мо кишвари одамони дилсофу инсонпарвар аст. Қонунҳои он ҳам ҳама дар асоси ғояи инсондӯстӣ (гуманизм) таҳия шудаанд.

Боварӣ дорем, ки Ш.Гадоев ба қавли мардонааш устувор мемонаду гуноҳҳои содиркардаашро бо меҳнати ҳалолу покизааш ба нафъи Ватану миллат мешӯяд…

Аммо дасисакорони хориҷии ӯ чӣ? Онҳо боз ҳамон тавр рӯсиёҳу иғвоангез боқӣ мемонанд. Боз чандин нафар шахсони гумроҳшуда аз тақдири ояндаи Ш.Гадоев ибрат гирифта, узрхоҳона ба Тоҷикистон бармегарданд. Ин ба манфиати мо – ҳамватанон ва худи онҳо хоҳад шуд. Бинобар ин ҳангомаю воҳимасозии Муҳиддин Кабирӣ ва атрофиёни ӯро маҳкум менамоем. Ин ҳангомаю воҳимасозии онҳо чун ҳубоби рӯи об аст, ки худ аз худ кафида, маҳв мегардад. Аз онҳо дигар ягон нишоне намемонад. Биёед, ҳамватанон азиз, ба ҳамдигар бовар кунем. Сазовори боварии ҳамкорон, атрофиён, сарварони худ бошем. Баҳри решакан кардани иғвою дасисаҳо доимо омода бошем.

Гуруҳи эҷодии рӯзномаи «Нури маърифат.»-и ДДХ

Читать далее

Наҳзатиёни беномусу ватанфурӯш

Наҳзатиёни беномусу ватанфуруш баъди фош шудани рӯи аслиашон низ кӯшиши  ноором намудани Ватани маҳбубамонро доранд. Ба ин мақсади нопоки худ асло нахоҳанд расид. Ин суханонро ҳамаи мо, шаҳрвандони Тоҷикистон ба кулли наҳзатиён ва хоҷагони хориҷии онҳо расониданием.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳала ба марҳала рушд ёфта, сол ба сол вазъи некӯаҳволии мардум хубтар гардида истодааст. ҳар як соли сипаришуда соли пешравӣ, соли бурдборӣ ва комёбиҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ маъруфият пайдо карда истодааст,

Чунин пешравии кишвари маҳбубамонро хоинони давлату миллат дида натавониста, тавассути сомонаҳои интернетӣ, васоити ахбори омма кӯшиши ноором кардани кишварро мекунанд. Бардурӯғ будани ҳамаи маълумотҳои паҳннамудаи онҳоро кулли ҷомеаи Тоҷикистон хуб медонад ва лаънат мефиристад. Бо вуҷуди ин хоинон аз амалҳои нопоку ғаразноки худ даст намекашанд.

Роҳбари наҳзатиҳои ифротӣ ва пайравони ӯ дасисаҳои навбатии худро нисбат ба Ватани худ то ҳол шарму ҳаё накарда давом дода истодаанд. ҳол он ки мардуми шарифи тоҷик ин амалҳои разилонаи Кабирӣ ва пайравонашро қотеона маҳкум намудаанд.

Акнун фурсат фаро расид ва парда аз симои воқеии онҳо бардошта шуд ва мақсадҳои муғризона ва нопоки онҳо нисбат ба давлату миллат ба ҷаҳониён ошкор гардид. Хиёнаткору ватанфурӯш Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷи кишвар истода, алайҳи миллати худ нақша кашида истодаанд ва бо ин иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки он нооромие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, аз дасти фарзандони нохалафе мисли ӯ ва ҳаммаслаконаш ба вуҷуд омада буд.

Мақсади ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш ноором кардани Ватанамон, игвоангези байни мардум мебошад. Имрӯзҳо наҳзатиён арзишҳо ва муқаддасоти динию мазҳабиро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ ба манфиати худ истифода бурда истодаанд.

Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмоннишин ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ ва баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рӯ мехоҳанд бо туҳмату буҳтон иғвоангезии худро давом дода, вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд.

Ин хоинони миллати худ, барои ноором сохтани кишвари маҳбубамон, ба миён овардани низоъ дар байни ҷомеа ва паст намудани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ кӯшиш менамоянд.

Аз чеҳраи аслии наҳзатиён ва роҳбарияти он ҳамаи мо ва махсусан ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ба рафтори ин хоинон дуруст баҳо диҳанду кишвари азизамонро аз амалҳои нопок ва ғаразноки ТТЭ ҲНИ эмин нигоҳ доранд.

М. Шарифова,
  номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДХ

Читать далее

ҲАНГОМАҶӮИҲОИ НАВБАТИИ КАБИРӢ

Шукронаи даврони орому осуда менамоем, ки сол то сол дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳо дида мешавад.  Танҳо соли 2018 дар кишвар 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ин яъне баланд рафтани сатҳи маърифатнокии насли ҷавони кишвар, синфхонаҳои наву замонавӣ ва шароити хуби таҳсил аст.

Лек ҳамаи ин дастовардҳои даврони истиқлолият  душманони Ватани моро ба ҷои хушнуд кардан  асабонӣ мегардонад, ки аз хориҷӣ мамлакат истода, дар ҳаққи кишвари худ бадгӯӣ ва сангандозӣ мекунанд. Роҳбари «Паймони миллӣ» Муҳиддин Кабирӣ ин навбат аз фирор ва ба Ватан баргаштани собиқ аъзои паймони мухолифин Шарофиддин Гадоев ҳангомаи навбатиро ба роҳ монд.  Кабирӣ аз зумраи шахсонест, ки ба қадри сулҳу салоҳ, замонаи осоишта ва бунёдкориҳои пай дар пай нарасида, бо  созмон додани гуруҳҳои ифротӣ  алайҳи Ватани худ амалҳои  душманонаро раво мебинад. 

Шарофиддин Гадоев чун инсон аз кардаҳои худ ва роҳи интихобкардаи хеш пушаймон гашта, роҳ ба сӯи модар - Ватанро гирифт. Тасмими Шарофиддин мумкин аст ба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ мақбул наомад ва рафтани ӯро ба “рабудан” рабт доданд. Бозгашти бошарафонаи Шарофиддин Гадоев бояд барои дигар нафарони гумроҳгардида намунаи ибрат бошад. 

Мо - аҳли зиёи мамлакат нисбати бозгашти Шарофиддин Гадоев бисёр хушҳол гардидем. Зеро маълум гардид, ки паймони Кабирӣ шикастааст ва аъзоёни он роҳи халосиро пеша мекунанд. ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода,  барои пешрафти  Тоҷикистон ҳамарӯза кӯшем, мутахассисони баландихтисос тайёр намоем.

М. Юсуфова,  ассистенти
кафедраи забони русии ДДҲБСТ

Читать далее

Босмачигарӣ - сарчашмаи ҳаракати наҳзатиён

Босмачиҳо на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, меншевик, балки  пеш аз ҳама, дузд, дузди ғаддор ва яғмогари  хунхор буданд  (Садриддин Айнӣ, «Босмачиёни Фарғона кистанд?» Куллиёт, ҷилди 9)

Модоме ки имрӯз ТТЭ ҲНИ ҳаракати босмачигариро, ки дар даврони нуфузи худ аз берун идора карда мешуд ва нияти  аз номи Ислом расидан ба қудрати сиёсиро дошт, тарғибу ташвиқ менамояд, пас маълум мегардад, ки наҳзатиёнро низ аз хориҷи кишвар роҳбаладӣ ва маблағгузорӣ мекунанд, то дар Тоҷикистон вазъи сиёсиро муташанниҷ гардонида, сокинонашро ба ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои навадуми асри гузашта аз нав рӯбарӯ гардонанд.

Муҳиддин Кабирӣ ба нокомӣ дучор гардида, имрӯз дар хориҷа боз як ташкилоти террористию экстремистӣ бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро созмон додааст, мақсаду ниятҳои нопоки ин паймон  миллӣ набуда, балки зиддимиллӣ аст.

Кабириву тарафдорони бесаводу бефарҳанг ва душмани миллати тоҷик намедонанд, ки имрӯз хурду калони Тоҷикистон дорои тафаккури баланди сиёсию ҷаҳонӣ мебошанд. Барномаҳои шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ, маводи ВАО шаҳрвандони моро ҳушдор медиҳанд, ки ба ҳар гуна фитнаю туҳматҳои иғвоангези душманон бовар накунанд. Асарҳои бадеӣ, филмномаҳое, ки оид ба ҳаракати босмачигарӣ навишта шудаанду намоиш дода мешаванд, ниятҳои нопоки наҳзатиён дарак медиҳанд.

Имрӯз сокинони кишвар, хусусан ҷавонон сулҳу ваҳдат, тинҷию осоиши кишвар  сармашқи кору зиндагии худ дониста, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд ва фирефтаи ягон ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ намегарданд.

Бердимурод БЕРДИЕВ,
сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод

Читать далее

Террорист на ба кӯдак раҳм дораду на ба модар!...

Афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир боиси нигаронӣ аст. Аз расонаҳои иттилоотӣ огаҳӣ пайдо мекунем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолияти пурсамарро дар ҷодаи пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлуб ба роҳ монданд.

Имрӯз зарур аст, ки дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳар яки мо - шаҳрвандони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, бо донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо вусъат бахшем.

Мо қариб ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ, аз амалҳои террористии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо огаҳӣ пайдо менамоем, ки боиси ташвишу изтироби кулли сокинони сайёра гаштааст. Террористон худро ҳомии Ислом хонда, мардуми бегуноҳро қатли ом мекунанд, на ба кӯдак раҳм доранду на ба модар!

Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар сафи террористон ҷавонони гумроҳи тоҷик низ ҳастанд. Аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ гардида, ба ин ҳаракатҳои ифротӣ шомил гаштаанд.

Ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандон озодии дину виҷдонро кафолат додааст ва бархе аз ҷавонон аз моҳияти дини мубини Ислом бехабаранд. “Қуръон” – ро, ки ба забони давлатӣ нашр шудааст, нахондаанд. Агар мехонданд ё огаҳӣ пайдо менамуданд, ҷангу одамкуширо пеша намекарданд, балки бо ҷидду ҷаҳд барои дониш андӯхтан, ба кори ҳалол машғул шудан, оилаи солим бунёд кардан, фарзандони солеҳ парваридан, хизмати падару модар ва Ватанро ба ҷо овардан саъйу талош меварзиданд.

Муҳаммадӣ БОБОЕВ,
 нотариуси давлатии идораи
нотариалии давлатии вилояти Суғд

Читать далее

АЗ ОЗОДИТАЛАБӢ ТО БА «БОСМАЧИГАРӢ»

Муддате чанд аст, ки тавассути расонаҳои гуногуни хабарӣ хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад фазои Истиқлолияти давлатӣ ва оромиву осудагиро халалдор созад.

Дар баромади навбатии худ ӯ аз босмачиҳо бо ҳасрат ёд мекунад ва онҳоро «мубориз», «истиқлолиятхоҳи миллӣ» ва «баору баномус» меномад. Дар баробари ин ӯ идеологияи Шӯравиро бадном карда, мегӯяд, ки гӯё ҳаракати «озодихоҳона»-и босмачиҳоро қасдан бадном карда бошанд. Аммо ин беору беномус ба хотир намеорад, ки дар замони Шӯравӣ ӯ мисли садҳо ҳазор шаҳрванди кишвар аз тамоми имкониятҳо ба таври ройгон бархӯрдор буд, бепул табобат мегирифт, истироҳат мекард, дар мактаби миёна, техникуми омор, донишгоҳ бепул таҳсил карда буд.

Кабирӣ босмачиҳоро «падару бобоёни баномус»-и худ меҳисобад ва мехоҳад аз онҳо «қаҳрамон» созад. Ба ақидаи вай, онҳо гӯё барои ҳифзи истиқлолият мубориза бурда буданд. 

Ҳаракати босмачигарӣ аслан аз ҷониби доираҳои манфиатдори сиёсӣ ва ҳарбии хориҷӣ бар зидди Ҳукумати Шӯравӣ ташкил ёфта, дастгирӣ мегардид ва фаъолияти онҳо ҳаргиз ба манфиати миллати тоҷик набуд. Босмачиҳо ғайр аз қатлу ғорати бераҳмона ягон амали дигаре анҷом надодаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ мақсади сохтани давлати миллиро надоштанд, балки бо истифода аз дину мазҳаб ҳадафҳои геополитикии кишварҳои қудратманди дигарро татбиқ мекарданд. Агар онҳо ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ мебуданд, аз ҷониби мардум дастгирӣ меёфтанд.

Дар тадқиқоти худ олими намоёни тоҷик Атахон Сайфуллоев хеле бамавқеъ овардааст:

«Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд. Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд».

Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин нохалафон аз давраи буданашон то ба имрӯз барои як мақсад – талаву тороҷи мардуми бечора равона буд халос. Ба маълумоти «босмачӣ»-ҳои замони нав мерасонем, ки агар қурбу қудрат доред, бо роҳи оромиву осоиштагӣ баҳри ободии кишвар камари ҳиммат бандед, на даъвои мансабу чизу чора кунед.

F.САНАВВАРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ҷавонон баҳри пешгирии терроризм!

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористиву экстремистӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи худ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, мисли зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Ифротгароӣ байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавонон бештар паҳн гардида, оқибат ба вайронкорӣ оварда истодааст.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои гузашта паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, маърифати исломӣ ва ё бесаводии динӣ, надонистани аркони динӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурӯҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетӣ аз ҷумлаи омилҳои рушди ин раванд байни ҷавонон будааст.

Тарафи дигари масъала он аст, ки муҳоҷирати шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба Федератсияи Русия боиси афзоиши шумораи  фарзандони дур аз назорат шудааст, ки дар оянда эҳтимоли зиёд шудани ҳиҷрат ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро бештар мекунад. Ҳамчунин, яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротию тундгароӣ пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бекорӣ ва коррупсия мебошад. 

Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон мамлакатро бе иштироку фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад.

Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳи ҳаракатҳои ифротгароӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди худогоҳу худшинос зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдорҳои ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст.

Мо, ҷавонон аз воситаҳои электронӣ фаровон истифода менамоем ва хуб ҳам огоҳем, ки имрӯз дар давлатҳои дигари ҷаҳон бо иштироки гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ чӣ ҳодисаву воқеаҳои нангин рух дода истодааст. Афсӯс, ки байни онҳо ҳамсолон, ҳамватанони мо низ ҳастанд. Баъзан андеша мекунем, ки онҳо бо кадом фикр ба ин роҳ даромада бошанд, ки он ҳам бошад, «марг» аст.

Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъулияти баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар байни насли ҷавон васеъ ба роҳ монда шавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, зиракии сиёсии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористию экстремистӣ, метавонад омилҳои муассиртарини мубориза ба муқобили равияҳои экстремистӣ бошанд.

Ботуралӣ АШӮРАЛИЕВ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
Раиси ноҳияи Спитамен

Читать далее

АНДЕШАИ МИЛЛӢ, ФАРҲАНГИ ДИНӢ ВА ВАҲДАТИ ИНСОНӢ

(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи мақолаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

“Дин ва арзишҳои миллӣ”

Ҷангҳои Сурияву Ироқ, низоъҳо дар Фаластин, амалҳои террористӣ дар Афғонистону Покистон ва дигар гӯшаю канори олам шореҳи ҳақиқати ин амр ҳастанд, ки паёмадҳои номатлуби экстремизм ва терроризм натанҳо ба миллат ва халқиятҳои ҷудогона, балки ба ҳаёт ва сарнавишти инсоният дар тамоми сайёра хатар эҷод менамояд. Зуҳури чандин амалҳои экстремистӣ дар кишварҳои ғарбӣ омил бар он гардидааст, ки коршиносону сиёсатмадорони мамолики мазкур маҷмӯи чунин рӯйкардҳои номатлуб ва фоҷиабору хуношомро ба мусалмонон нисбат дода, аз ин роҳ ҳатто рӯи арзишҳои дини мубини Ислом хати батлон мекашанд. Ҳол он ки аз дидгоҳи дини мубини Ислом, ки сарчашмаи он дар китоби муқаддаси Қуръон қарор дорад, қатлу куштори одамони бегуноҳ аз ҷумлаи гуноҳои кабира дониста мешавад.

Ҷои таассуф аст, ки имрӯз гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бо ҷудоиандозиҳо миёни арзишҳои динӣ ва миллӣ ва ҳатто кашидани хати батлон ба рӯи тамоми дастовардҳои ақлонии миллатҳо ва ҳатто эътироф накардани худи мафҳуми миллат ифротгароии диниро иртифоъ бахшида, раванди «мағзшӯӣ» - ро тақвият медиҳанд. Ба таври умум, мафкураи ҷудоихоҳонаи гурӯҳҳои ифротӣ дар чунин зинаҳо арзишҳои миллиро инкор намуда, ғояҳои нодурусти хешро талқин мекунанд:

1. Эътироф накардани худи миллат ва масоили миллӣ. Ба андешаи ин гурӯҳҳои раҳгумзада гӯё тақсим кардани олам ба миллатҳо кори душманони Ислом асту мардуми олам ба миллатҳо қисмат намешаванд ва ҳама як миллат, аҳли умма ба шумор мераванд.

2. Эътироф накардани забони миллӣ ва истифодаи забони арабӣ дар муошират. Ин гурӯҳони гумроҳ аз сари андешаҳои ифротӣ маҷмуи забонҳои оламро эътироф намекунанд, ба ҷуз арабӣ. Аммо ин дар ҳолест, ки фақеҳони барҷастаи ҳанафӣ ҳанӯз дар замони Сомониён дар Мовароуннаҳр фатвои тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръонро доданд, ки маҳсули он китоби “Тарҷумаи тафсири Табарӣ” буда, ҳазорон сол аст, ки дар ташаккули афкори динӣ ва андешаи миллии мардуми тоҷик хидмат мекунад.

3. Эътироф накардани фарҳанги миллӣ. Доираҳои манфиатҷӯ, мубаллиғони ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ бар ин назари ифротгароёна ҳастанд, ки урфу одатҳои миллӣ бидъат ва ё боқимондаи динҳои бутпарастиву оташпарастӣ ва давраи ҷоҳилӣ ба шумор меравад. Ҳамин дидгоҳҳои маҳдуд ва мунҳасир ба ҷаҳонбинии танги ифротии онҳо боис шуд, ки афкори зидду нақиз роҷеъ ба ҷашну оинҳои миллии Наврӯзу Садаву Меҳргон баён намуда, ҳатто ин русуми мубораки саршор аз ғояҳои олии инсониро бо пайванд додан ба адёни дигар, аз ҷумла дини зардуштӣ инкор ва, ҳатто, таҷлили онҳоро ба қавли худ “макруҳ” мешуморанд. Сарчашмаи чунин пиндорҳои ифротгароёна ҳамоно ноогоҳӣ ва дониши зарурӣ надоштани ин гурӯҳҳо роҷеъ ба таъриху фарҳанги қадим маҳсуб мешавад. Таваҷҷуҳ ба таркиби оинҳои Наврӯз худ баёнгари он аст, ки дар зимни ҳар яке аз онҳо як андешаи созанда ва ба қавле дар ниҳояти маърифати ҳар яке аз ин русуми миллӣ ҳамон се рукни барҷастаи ахлоқи башарӣ “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” нуҳуфтааст.

Ин матолиб бори дигар аз он дарак медиҳанд, ки имрӯз ба масъалаи шинохти арзишҳои динӣ ва миллӣ аз дидгоҳи пайванди ногусастании онҳо дар тарбияи ҷомеаи инсонӣ руҷуъ намоем. Аз ин рӯ, сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мақолаи хеш дуруст қайд намудааст, ки дину мазҳаб як шохаи худшиносии миллӣ мебошад. Ҳикмати ин сухан дар нақши муассири миллати тоҷик дар тарвиҷи арзишҳои дини мубини Ислом муҷассам мешавад.

Агар мо муҳимтарин манобеъ, сарчашмаҳо ва қомусу донишномаҳои роҷеъ ба дини Ислом нашршударо варақгардон кунем, номи ҳазорон нафаронеро дучор мегардем, ки аслан зодагони Мовароуннаҳру Хуросон, аҷдоди шарафманди мо буданд. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ба намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла ниёкони мо арҷу эҳтироми хос зоҳир намудаанд. Масалан, Салмони Форсиро, ки намояндаи мардуми тоҷик буд, бо эҳтиром «аҳли байти ман» хитоб кардаанд. Ба ҳам оштӣ додани арзишҳои милливу динӣ, шинохти фарҳанги динӣ ба унвони як рукни худшиносӣ, ки устод Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ бар он таъкид фармудааст, омил мегардад, ки тафаккури солиму созанда дар ҷомеа ғолиб бошад.

Ин андешаи мубораку мунир пеш аз ҳама аз таълимоти таҳаммулгароёнаи Имом Абӯҳанифа сарчашма мегирад ва мо - сокинони Тоҷикистон тӯли асрҳо пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастем, бояд имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар низ аз ҳамин таълимоти бузургу пешкор ва инсонсоз пайравӣ намуда, миллати созандаву бунёдкор ва андешапарвар, ҷаҳонсоз ва офаринанда ва вориси сазовори ин бузургони тамаддунсоз будани тоҷиконро ба ҷаҳониён ба намоиш гузорем.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
доктори илмҳои таърих, профессор

Читать далее

БОЗ ЯК ИҚДОМИ ХОИНОНАИ КАБИРӢ

Роҳбари  Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ дар як нишаст бо намояндагони васоити ахбори умум дар пойтахти Литва - шаҳри Вилнюс суханронӣ карда, изҳор доштааст, ки дар мавзӯи «ҳиҷрати маҷбурии оппозитсияи сиёсӣ аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо ва коҳиши тундгароӣ дар байни муҳоҷирини ин минтақа: чолишҳо ва дурнамо» баромад хоҳад кард.

Мувофиқи ахбори паҳнгардида дар Вилнюс конференсия дар мавзӯи: “Осиёи Марказӣ: Ислоҳот, саркӯбӣ ва радикализатсия» баргузор гардидааст. Нишасти Вилнюс бо ташаббуси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва ду паҷӯҳишгоҳи Латвия : Паҷӯҳишгоҳи Осиё таҳқиқоти фарофарҳангӣ ва Паҷӯҳишгоҳи равобити байналмилалӣ ва улуми сиёсӣ” баргузор гардидааст.

Чӣ навъе, ки ба ҳамаи таҳлилгарони сиёсӣ маълум ва равшан аст, солҳои охир дар Берлин, Варшава ва акнун дар Вилнюси Аврупо таҳлилгарони ғарбитабор, гурезагону мухолифин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам омада, гӯё мушкилоти ин кишварҳоро муҳокима мекунанд ва роҳи ҳалли мушкилоти онҳоро нишон медиҳанд.  Ҳол он, ки кишварҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон кайҳо бе маслиҳати хориҷиёну гурезагон бомуваффақият мушкилоти худро ҳал намуда, роҳи инкишофи ҳарҷонибаи ҳаёти иҷтимоиро пеш гирифтанд.

Кабирӣ дар нишасти номбурда масъалаи марги Файзиниссо Воҳидоваро бо мақсади бадном кардани сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ кардааст. Ин аз ифротӣ будани роҳбари ба ном Паймони миллӣ дарак медиҳад.

С.МУРТАЗОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее