February 2019

07 February 2019

Ҷавонон бояд фирефтаи гурӯҳҳои хиёнатпеша нагарданд

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчӣ бештар кӯшиш мекунанд, дар аъмоли зишти хеш ҷавонон ва шахсони ноогоҳро ҷалб намоянд. Аз табори чунин равияҳои ифротӣ ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзат ба шумор меравад.

Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки ин ташкилоти ифротӣ мақсад ва ҳадафи ягона надошта, роҳбарони он таҳти роҳнамоии хоҷагонашон кору зиндагӣ мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду бузурги кишвар аз оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ хуб огаҳӣ дорем. ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум он рӯзгори сахту сангине, ки аз дасти наҳзатиҳо болои миллати азиз омад фаромӯш намешавад. Пӯшида нест, ки ин хоинони миллат барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои хеш ниқоби дини мубини Исломро ба бар намуда, мардумро ба гумроҳиву хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекарданд.

Имрӯзҳо роҳбари ин ташкилоти ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар шеваи нав мехоҳад худро ба хоҷагонашон сафед ва пок нишон дода, ба бовариашон сазовор гардадва маблағи муфташонро ба даст оварад.

Кабирӣ акнун бо таъсис додани “Паймони миллӣ” найрангбозиҳои навро алайҳи кишвари худ сар кардааст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба мусоҳиба баромадани ӯ шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ҳақиқат майдон ва доираи фаъолияти хоинони миллат танг гардида, ба ҷуз мусоҳибаи видеоӣ дигар роҳи хизмат ба хоҷагонашонро надоранд. Алим Шерзамонов, ки худро ёвари Кабирӣ меҳисобад, дониста бошад, ки ба Кабирӣ хизмат кардан, яъне хиёнаткорро пайравӣ кардан хиёнат ба миллату Ватан аст.

Ҷавонони саодатманди моро лозим аст, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифрогароёнаи хоинони миллат мисли Кабирӣ ва пайравони ӯ дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намуда, арзишҳои миллиамон, сулҳу ваҳдат, суботу оромии Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро ба фармудаи Паёмбари акрам Муҳаммад (с) дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист.

Маҳмадюсуф ҚОЗИЕВ, имомхатиби

масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ҳизби хиёнатпеша

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби хоинони давлату миллат бо баҳонаи сиёҳ намудани симои кишвар ҳар гуна матолибро ба нашр мерасонанд, ки албатта боиси нигаронист. Яке аз чунин матолиб роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ аст, ки бо супориши хоҷагонашон кӯшиши халалдор намудани амнияту сулҳ ва суботу оромии ҷомеаро доранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳиллаю найранги ин хоинон тасодуфӣ ва ғайричашмдошт нест. Мардуми кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо хуб воқиф ҳастанд.  Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ симои ҳақиқии ТТЭ ҲНИ-ро мардуми тоҷик бо чашми сар диданд ва аз он хулосаи лозимӣ бардоштанд. Яке аз ҳадафҳои аслии ҷараёни тундрави террористӣ расму оинҳои миллии моро ба муҳтавои дини мубини Ислом мухолиф нишон додан аст. ҳадафи дигари ин ҷараёни экстремистӣ дур намудани мардум аз арзишҳои аслии миллӣ ва динӣ мебошад, ки онҳо мехоҳанд эҳтиром ба бузургон, падару модар, идҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро байни мардум заиф намуда, аз байн баранд.

Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба хотири манфиатҳои молиявии хоҷагони хориҷиашон мебошад, ки зидди миллату Ватани худ душманӣ доранд.

Дар тӯли таърих халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст. Дар урфият хуб гуфтаанд, ки хиёнаткор Ватан надорад. Муҳиддин Кабирӣ ҳам бо тамоми маънояш хоини Ватан аст.

Шараф Боқӣ,

Сулҳиддин Тилабов,

Сафар Расулов

Читать далее

Амалҳои хоинони миллат-нобахшиданист!

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати рушди устувордошта ва босубот шинохта мешавад. Дастовардҳое, ки мо дар 27 солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардем, дар рушди давлатдории миллӣ, соҳаҳои мухталиф ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳми сазовор гузоштанд. Мутаассифона, душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ радди маърака гардидаанд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангезро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ  баён намоянд.

Чанд муддат аст, ки хоинони миллат ба монанди Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ гузоришоту суханрониҳои фитнаангез ва тафриқаандоз,  манфиатҳои ТТЭ ҲНИ ва созмони паймоншиканонро бо номи Паймони миллӣ дифоъ намуда, ба тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиаш машғуланд.

Аз ҷумла Илҳом Ёқубов шахси дуруя, савдогар ва бесаводу хушомадгӯй буда, дар гузашта бо тахаллуси Илҳом-баксёр ба авбошию қонуншиканиҳо машғул буд. Падари ӯ Дадоҷон Ёқубов собиқ устоди донишгоҳ узви ашаддии ТТЭ ҲНИ ва хизматгори Кабирӣ буда, имрӯз ҳамроҳи фарзанди беномусаш дар хориҷи кишвар қарор дорад.

Агар ба таърихи авлоди ин оила нигарем, онҳо аз водии Фарғона, Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, шуғли асосиашон дуздию ғорат ба шумор мерафт,  ба деҳаи Ғудоси ноҳияи Ашт кӯч бастаанд, ки Илҳом ва падараш зодаи ҳамин деҳа мебошанд. Баъди талқин намудани ақидаҳои ифротӣ ва ҷангҷӯӣ мардуми деҳаи Ғудос ин оиларо радди маърака менамоянд ва онҳо ба шаҳри Хуҷанд маҳаллаи Чашма кӯч мебанданд. Ҳамкорони падари Илҳом Д. Ёқубов баён менамоянд, ки шахси якрав, тундраву ифротӣ буда, ба тарғиби ғояҳои муғризонаи ҲНИ машғул буд. Шахсоне, ки ин оиларо хуб мешинохтанд, бо ҳайрат иброз менамоянд, ки онҳо аз як оилаи қашшоқ бо кадом пулу мол якбора дар шаҳри Хуҷанд хонаи боҳашамат сохтанд ва сарватманд гардиданд. Аниқ аст, ки ин пулҳо аз ҷониби хоҷагонашон барои иҷрои дастуру супоришҳои хиёнаткорона инъом гардидаанд.

Дар сабти видеоие, ки дар сомонаи Ютуб то ҳол вуҷуд дорад ва санаи 19 июни соли 2015 гузошта шудааст, Илҳом Ёқубов зикр мекунад, ки аз соли 2003 аъзои ҲНИ буда, солҳои 2013-2014 вазифаи роҳбари бахши вилоятии ин ташкилоти ифротиро бар дӯш доштааст. Соли 2014 бо хоҳиши худ аз ин ҳизб даст кашидааст ва ҳатто, аризаашро низ нишон медиҳад. Дар он сабт ин шахси беномус таъкид мекунад, ки ӯ хато будани роҳ ва барномаи ҲНИ-ро дарк кардааст ва ҳар ҷое, ки ҳизби исломӣ ҳаст, боиси ихтилоф ва ҷудоиандозиҳо байни мардум мегардад. Дар ин сӯҳбат оиди манъ кардани фаъолияти ин ташкилот сухан меронад.

Дар як муддати кӯтоҳе, И. Ёқубов вазифаи раиси федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда гирифта буд, чанд тан ҷавонони варзишгарро гумроҳ намуда, ҳамақидаи худ кард.

Дурӯяву дурӯғгӯй будани Илҳом Ёқубов дар он ифода меёбад, ки баъди муваффақ нагардидани намояндагони ин ҳизб дар интихобот бо ҳилаву найранг аз пушаймониҳо сухан ронда, дар ботин аз ғуломи Кабирӣ буданаш ҳеҷ гоҳ даст накашидааст.

Амаки Илҳом Ёқубов, ки таи солҳои зиёд ҳамчун роҳбари дастгоҳи МИҲД ноҳияи Ашт фаъолият бурдааст, виҷдонаш ба амалҳои бародар ва ҷияни хиёнаткораш тоб наоварда,  имрӯз ба бемороии майпарастӣ гирифтор шудааст.

 Баъди чанд соли нопадидӣ Илҳом Ёқубов худро ҳамчун раиси Ассотсисатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, зери қаноти Кабирӣ ба косалесию хушомадгӯӣ ва дасисаву фитнаҳо зидди давлату миллати мо худро аъзои ташкилоти худрӯиди “Паймони миллат” меҳисобад. Саволе ба миён меояд, ки оё нафароне, ки боиси ҷангу ҷидолҳои зиёд, хунрезӣ, ҷудоиандозӣ дар ватани худ шудаанд ҳуқуқи маънавии дар бораи миллат, сухан гуфтанро доранд? Асло не, чунки амалҳои зидди миллату давлат раводидаи онҳоро тамоми тоҷикон маҳкум менамоянд.

  Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва Юнус Бурҳонов чунон беимону бечораҳол гардидаанд, ки ҳатто нафарони вафоткардаро ба монанди Файзинисо Воҳидова ба туҳмату ангезаҳои дурӯғини худ ҳамроҳ карданӣ мешаванд. Тӯҳмату буҳтони Илҳом Ёқубовро ои ба ин ҳолатро шавҳари марҳум Файзинисо Воҳидова комилан рад намуда, суханҳои эҳсосотиро нисбати ин кӯрнамакон баён намуд.

Ҳамин тариқ, Илҳом Ёқубов мисли Кабириву Саидюнус ва ду се хоине, ки худро бо ҳар мақому маром муаррифӣ карданӣ мешаванд, дар асл шахсони кӯрнамак, нотавонбин, ватанфурӯш ва хоин буда, ҳеҷ гоҳ барои давлату миллати худ садоқат надоранд. Амалу кирдорҳои зишт, бероҳа намудан, ба амалиётҳои ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонони роҳгумзада, тӯҳмату бӯҳтон ва даъватҳои ғайриқонунии ин афрод нобахшиданианд.

Мо мардуми заҳматкаши тоҷик ба муқобили душманонаи хоинони миллат, ки таи чанд сол ба тарафи хоки муқаддаси Ватанамон санги маломат мепартоянд, муборизаи беамон бурда, зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандорию инсоншиносии худро дучанд зиёд намуда, намегузорем, то ба суботу оромии кишвари мо халале ворид намоянд.

И.Ҷабборов,
декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ

Читать далее

Зуҳуроти номатлубро пешгирӣ намоем!

Имрӯзҳо амалҳои ғайриинсонии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб хеле истиқлолияти давлатҳои алоҳидаро зери хатар гузошта, ҳаёти осоиштаи халқро халалдор месозад.

Коршиносони омӯзиши масъала бар ин назар ва ақидаанд, ки аксар ҷавонони бо гуноҳи ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби доштани дониши пасти динию дунявӣ, надоштани машғулият ва ҷои доимии кор, пайваста дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан гумроҳ шудаву ба доми афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ афтодаанд.

Барои мо – тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои давраи соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузаронидем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, мақому нақши сулҳу ваҳдати миллӣ аҳамияти махсусро соҳиб мебошад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату ҳукумати кишвар ба даст омадааст.

Иҷрои қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, “Стратегияи давлатии мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз ҳар як шаҳрванди мамлакат масъулияти баланду ҳушёрии сиёсӣ, имону эътиқоди комилро талаб менамояд. Моро зарур аст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти ифротгароиро гирем. Ҷавононро ҳамчун нерӯи созанда дастгирӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем.

Мақсуда НУРМАТОВА, ассистенти кафедраи забони

давлатӣ ва забонҳои хориҷии

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Читать далее

Хиёнаткорӣ аз хиёнаткорон

Имрўзҳо дар васоити ахбори омма – рўзномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ бобати ҳаракатҳои босмачигарӣ андешаву ақидаҳои гуногун интишор меёбанд, ки баъзе аз онҳо пур аз ғалат, таҳриф ва тарғиботи сохти кўҳнапарастӣ, ифротӣ мебошад.

Ба мулоҳизаи шахсияти номаълум бо тахаллуси Дориюши Раҷабиён, ки нисбати суханронии охирони профессор Иброҳим Усмонов оид ба ҳаракати босмачигарӣ дар сомонаи интернетии Фейсбук рўи чоп омадааст, аз шакли баён, факту рақамҳои овардашуда гувоҳи бесаводӣ ва ғаразу бадбинӣ нисбат ба таърихи гузаштаи мо мебошад.

Босмачигарӣ сирф ҳаракати иртиҷоӣ ва миллатчигӣ буда, тарафдорони он асосан муллоҳои ифротгаро, тундрав ва зархаридони Эрону Туркия ба ҳисоб мерафтанд, ки на барои ҳифзи марзу бум, балки бо мақсади ба даст даровардани мансаб ва татбиқи зулму ситам ба мардуми бечора мубориза мебурданд. Маҳаки асосии идеологии босмачиёнро панисломизм, пантуркизм ва миллатчигии буржуазӣ ташкил медод.

Ҷанги шаҳрвандие, ки дар таърихи Тоҷикистони навин бо воқеаҳои номатлуби солҳои 90-уми асри ХХ сабт гардидааст, маҳз аз ҷониби муллоҳои иртиҷоӣ ва зархарид оғоз гардида буд. Мардумро ба гурўҳу майдонҳо ҷудо карда, ба дасти ҷавонони содалавҳи нодон яроқ дода, бо ваъдаҳои пур аз дурўғ мегуфтанд, ки «Зафар ёбӣ, ғозӣ мешавӣ, бимирӣ, шаҳид мешавию рост ба ҷаннат меравӣ». Магар ин шакли босмачигарии охири асри ХХ ибтидои асри ХХ1 нест?

Ҷомеаи факултети таърих ва ҳуқуқ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки мақсадҳои хиёнаткорона, беасос, ғаразнок, иртиҷоӣ, буздилона ва ғайра, ки бо сардории Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў ба монанди Дориюши Раҷабиён ва дигар косалесонаш сурат мегирад, бештар ошкор гардад ва амалу рафтори муғризонаи душманони миллатро якдилона маҳкум менамоянд.

Изҳороти ҷомеаи факултети таърих ва ҳуқуқ
ба мулоҳизаи Дориюши Раҷабиён

Читать далее

Шаҳр гулистони ҳақиқӣ мешавад

- Дар соли 2018 - ум корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон фаъолияти бомаром дошта, ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба соли 2017 - ум 91,1 фоизро ташкил кардааст.

Аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 17 - тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,7 то ба 830 фоизӣ расонида, бо 19 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доштанд. Инчунин, ба иқтисодиёти шаҳр 572,8 миллион сомонӣ, аз ҷумла маблағгузориҳои (инвеститсияҳои) хориҷӣ 530 миллион ва дохилӣ 42,8 миллион сомонӣ ҷалб гардид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода.

Ҳамзамон, ӯ зикр кард, ки соли сипарӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ 144,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид шуда, нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ ба маблағи 44,8 миллион сомонӣ иҷро гардид. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо назардошти хароҷот 42 миллиону 690 сомонӣ, яъне 100 фоиз таъмин гашт.

Соли 2018 – ум осоишгоҳҳои «Баҳористон, «Шифо», «Соҳил», урдугоҳи «Шоҳин», Маркази хизматрасонии «Усмонҷон» ва 4 меҳмонхонаи шаҳр барои дар як вақт қабули зиёда аз 2000 нафар фаъолиятро ба роҳ монда, расман дар ин муассисаҳо 3862 нафар меҳмони хориҷӣ ва 27340 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ табобату истироҳат намуданд.

Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се сол дар миқёси шаҳр ва ҷамоатҳои он 180 иншоот бо фарогирии 2300 ҷойи нави корӣ бунёду навсозӣ мегардад. Аз ин шумора давоми соли гузашта 40 иншоот, аз ҷумла 4 коргоҳи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 90 ҷои корӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин замина дар назар аст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз боз як коргоҳи нави истеҳсоли арматура бо фарогирии 100 ҷои кор ба истифода дода шавад, - иброз намуд Фирдавс Шарифзода.

Рӯзноманигорон ба саволҳои худ доир ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии мамлакат, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ, фаъолияти корхонаи ҶСШК “КМ Адрасмон”, НБО «Қайроққум», мақоми зан, барномаи рушди соҳибкорӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳр ва монанди инҳо посух гирифтанд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Рушди ҳунармандӣ дар ноҳия

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019 - 2021 аз он далолат медиҳад, ки Пешвои миллат баҳри боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар деҳа ва маҳалли аҳолинишин диққати махсус зоҳир менамоянд.

Дар бобати рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкили сехҳои адрасу атласбофӣ зикр шуд, ки дар ноҳия 27 намуди ҳунармандӣ рушд ёфтааст. Барои дӯхтани либоси мактабӣ дар ноҳия шароит муҳайё буда, дӯзандагон бо шаҳру ноҳияҳои дигар шартнома доранд.

Инчунин, дар самти соҳаи маориф як қатор корҳои сохтмонӣ, аз қабили биноҳои нави маъмурии шуъбаи маориф, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 идома дошта, иншооти мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Қайд гардид, ки дар ноҳия ду мактаби қисман садамавӣ мавҷуд буда, дар соли 2019 таъмири куллии панҷ муассисаи таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия оид ба риояи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», корбарӣ пурзӯр гардида, гузаронидани зодрӯз, меъёри зиёди меҳмонон дар тӯйи арӯсӣ пешгирӣ мешавад. Раиси ноҳия, иброз намуд, ки кушодашавии роҳи автомобилгарди Деҳмой - Меҳробод - Маданият, кӯдакистони хусусии замонавии “Нурафшон”, хиёбони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази саломатии шаҳраки Меҳробод, коргоҳи қолинбофию дӯзандагии 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми ноҳияро сарбаланд намуд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

06 February 2019

ЁДЕ АЗ РОДМАРДИ ГУЛШАНИ АДАБ

            Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20-уми ноябри 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи  Балҷувони вилояти Хатлон ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз кӯдакӣ ба нависандагӣ шавқу рағбати беандоза дошт ва барои ба ҳадафи бузурги хеш расидан ҳамеша кӯшиш ва саъю талош менамуд.

Читать далее

«Freedom House» дархизматикист?

Тоҷикистон тоза ба истиқлолият расидаву ҷойгоҳи худашро дар арсаи байналмиллалӣ пайдо намуда истодааст. Пешравиҳои кишварро ҳамагон мебинему аз онҳо пурра огоҳӣ доред. Лекин чунин пешравии босуръат дар ҳама самтҳо на барои ҳамаи давлату созмонҳои байналмиллалӣ писанд аст.

Читать далее

Профессори турк: «Миллати тоҷик бо чунин Сарвари фозил ва арҷманд бояд ифтихор кунад»

ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум иштирокдорон дар мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзои ба ном ҳизбҳои «исломӣ» ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ сухан гуфтанд.

Читать далее