February 2019

01 February 2019

Магӯ нохуш, ки нохуш посух ояд...

Чанде қабл роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ, ки имрӯз худро гӯё сарвари кадом “Паймони миллӣ” мешуморад тавассути шабакаи интернетӣ ба тамос баромада, ба ҷои он, ки ба саволҳои додашуда ҷавоби мушаххас гӯяд, боз ба ҳиллаву найранг ва иғвову дасисаҳои зиддидавлатӣ, ҷудоиандозӣ, лофзанӣ пардохт.

Нафароне, ки гуфтугӯи ин шахси дурӯяро шуниданд, ба хубӣ пай бурданд, ки он ягон гуфтугӯи ошкоро набуда, як навъ найрангу қаллобии сиёсӣ, тарғиботи навбатии зиддидавлатӣ ба мақсади таҳрифи ҳақиқат, тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба миллати тоҷик, иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиаш мебошад, ки ба ин васила мехоҳад дар бораи мавҷудияти худ ва созмоне, ки мисли ӯ ҳазорон маротиба паймон шикаста, боз даъвои паймони миллӣ мекунанд, сару садо барорад.

Тамоми саволҳое, ки Кабирӣ гӯё ба онҳо ҷавоб гардонид, саволҳои пешакӣ аз ҷониби ҳаммаслакону ҳамтинатони ӯ омода карда шуда буданд. Саволҳое, ки мардум аз ин хиёнаткор ҷавоб пурсиданӣ буданд, аксарият беҷавоб монданд ё саривақт косалесонаш ин саволҳои барои сарварашон дандоншикан, ноҷӯрро хориҷ карданд.

Яке аз ҳаммаслаки Кабирӣ - Саидюнуси Истаравшанӣ, ки ӯро дар зодгоҳаш чун як шахси радди маърака, беимон, бадахлоқу хоин, ки тамоми хонавода ва зану фарзандашро ба рӯзҳои бад гирифтор карда, имрӯз назди охундҳои эрониаш паноҳ бурдааст, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамон сӯҳбати пучу супориширо “таҳлил, ташреҳ” намуда, сарохунди худро ба осмони ҳафтум баровардааст. 

Мутафаккире фармудааст, ки “ту ба ман дӯстонатро бигӯ, ман ки будани туро ба ту мегӯям”.

Кабириҳо, Саидюнусҳо ва дигар хоинони паймоншикан, ки барои онҳо қавлу қасам, паймон заррае ҳам арзиш надорад, якдигарро зуд мешиносанд, унс мегиранд.

И.Ҷабборов,
Ш.Шарифов
н.и.т.,дотсентони  факултети таърих ва
ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Читать далее