February 2019

25 February 2019

Беш аз​ 1 миллион дона ниҳол ва гулҳои гуногун ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва кӯчату тухмии гулҳо бароварда шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 23 феврали соли 2019 дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

 

Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд. Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинон намуданд.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.

Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ мутахассисонии соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия, дар маҷмуъ ҳазор нафар иштирок карданд.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Читать далее

22 February 2019

Нақши барҷаста дар ҳифзу ҳимояи амнияти давлатӣ

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 феврали соли 2019 дар толори бошукӯҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба ифтихори солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони комиссариатҳои ҳарбии гарнизони Суғд, афсарон ва сарбозони қисмҳои низомӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар чорабиниро ифтитоҳ ва суханронӣ намуда, афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва собиқадорони соҳаро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода табрику таҳният намуд.

Читать далее

Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Читать далее

Тасдиқи халтачаҳои наврӯзӣ аз ҷониби Пешвои миллат

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд.

Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.

Читать далее

Таҷлили Рӯзи байналмилалии тақдими китоб

Аз соли 2012 инҷониб Рӯзи байналмилалии тақдими китоб ҳамасола дар кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин идест, ки муҳаббатро барои мутолиа намудани китоб бедор мекунад. Он инсонҳоеро сарҷамъ меорад, ки китоб тақдим мекунанд, махсусан, ба кӯдакон ва ё нафароне, ки бо ин ё он сабаб ба китоб дастрасӣ надоранд. Ин ҷашн аз тарафи Эмми Бродмури амрикоӣ бо хоҳиши фарзандаш, ки мехост барои одамоне, ки битавонанд ба ҳамдигар китоб тақдим кунанд, пешниҳод гардидааст.

Бахшида ба ин рӯз дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона баргузор гардид. Дар он Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, муовинони ректор устодону донишҷӯён ва дигар дӯстдорони китоб ширкат варзиданд. Масъулини китобхона ба маҳфил донишҷӯёни фаъоли китобхонро ҷалб намуда, озмунҳои мухталиф гузарониданд. Аз тафари Раёсати донишгоҳ ва ҳам китобхонаи марказӣ ба 60 нафар донишҷӯ туҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳо тақдим шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлили
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Амали шоиста

Кӯмак расонидан ба мактаб-интернат, хонаҳои кӯдакону бепарасторон ва табақаҳои осебпазиру ниёзмандони ҷомеа дар шаҳри Истаравашан ба ҳукми анъана даромадааст. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти малакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдоми хайрхоҳона аз тарафи як гурӯҳ сокинони деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, сурат гирифт. 

Аз тарафи муҳоҷирон 13013 сомонӣ, барои расонидани кӯмаки яквақта ба  ятимону эҳтиёҷмандон фиристода шуд. Маблағҳои фиристодаро Ғайбулло Баротов, Ибодулло Неъматов, Зайниддин Миниёзов ва Абдуманон Раҷабов аз номи  муҳоҷирони истаравшанӣ ба 27 оилаи камбизоат ва ятимону бепарасторон ( аз 350 то 500 сомонӣ) супорида шуд.

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
омӯзгори МТМУ 40-и
шаҳри  Истаравшан

Читать далее

21 February 2019

ПАЙМОНШИКАНОНИ БЕВАТАН

Дастовардҳое, ки мо дар тӯли соҳибистиқлолӣ ба даст овардем, дар рушди давлатдории миллӣ, соҳаҳои гуногун ва некӯаҳволии мардум саҳми сазовор гузоштанд. Ғамангез аст, ки душманони давлату миллати мо, нафароне, ки нангу номус, шараф, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинон фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ ради маърака гардидаанд ва тири бадхоҳонаашон солҳои 90-ум хок хӯрда, қувваи некӣ бар зидди қувваҳои аҳримании онҳо ғолиб омада буд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангез, тарғиботи ғайриқонуниро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ  баён намоянд.

Мутаассифона, хоинони миллат ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ гузоришоту суханрониҳои фитнаангез ва тафриқаандоз, манфиатҳои ТЭТ ҲНИ ва созмони паймоншиканонро бо номи Паймони миллии Тоҷикистон дифо намуда, ба тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиаш машғуланд.

Мехоҳам дар бораи яке аз аъзоёни фаъоли ҳизби наҳзат Илҳом Ёқубов, шахсият ва андешаҳои ӯ фикри худро баён намоям.

  Илҳом Ёқубов савдогар ва бесаводу хушомадгӯй буда, дар гузашта бо тахаллуси Илҳом-боксёр ба авбошию қонуншиканиҳо машғул буд. Падари ӯ Дадоҷон Ёқубов хизматгори Кабирӣ буда, имрӯз ҳамроҳи фарзанди беномусаш дар хориҷи кишвар қарор дорад.

Дар як муддати кӯтоҳе Илҳом вазифаи раиси федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда дошт, чанд тан ҷавонони варзишгарро гумроҳ намуда, ҳамақидаи худ карда буд.

Баъди чанд соли нопадидӣ Илҳоми хоин худро ҳамчун раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, зери қаноти Кабирӣ ба косалисию хушомадгӯӣ ва дасисаву фитнаҳо зидди давлату миллати мо худро аъзои ташкилоти худрӯиди “Паймони миллат” меҳисобад.

 Шахсоне, ки Илҳом Ёқубовро хуб мешинохтанд бо ҳайрат иброз менамоянд, ки аз як оилаи қашшоқ бо кадом пулу мол якбора дар шаҳри Хуҷанд хонаи боҳашамат сохт ва сарватманд гардид. Аниқ аст, ки ин пулҳои аз ҷониби хоҷагонашон барои иҷрои супоришҳои хиёнаткорона инъом гардидаанд.

Ҳамин тариқ, Илҳом Ёқубов мисли Кабириву Саидюнус ва ду - се хоине, ки худро бо ҳар мақому маром муаррифӣ карданӣ мешаванд дар асл, шахсони кӯрнамак, нотавонбин, ватанфурӯш ва хоин буда, ҳеҷ гоҳ барои давлату миллати худ садоқат надоранд. Амалу кирдорҳои зишт, бероҳа намудан, ба амалиётҳои ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонони роҳгумзада, тӯҳмату бӯҳтон ва даъватҳои ғайриқонунии ин афрод нобахшиданианд.

Мо – омӯзгорон, бояд  ба муқобили душманонаи хоинони миллат, ки таи чанд сол ба Ватани азизамон, ба  хоки муқаддасамон санги маломат мепардоянд, муборизаи беамон бурда, зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандорию инсоншиносии худро дучанд намуда, намегузорем то ба суботу оромии кишвари мо халале ворид намоянд.

Д.Мирзоева – дотсент, мудири
кафедраи забони русии ДДҲБСТ 

Читать далее

ДУЗДУ ҒАДДОР

Мо як фарзанди Тоҷикистон дар солҳои аввали  ба саҳнаи сиёсат баромадани  Муҳиддин Кабирӣ нисбат ба ӯ ҳамчун фарди ҷомеа ва созанда  назари мусбат доштем. Аммо бо гузашти солҳо тавоно ва қудратманд шудани ӯ  ба ҳайрат омадем, ки  дар ин муддати кӯтоҳ  чи гуна сарватманд шудааст. Дар баробари ошкор шудани симои аслии Кабирӣ ва наҳзат сарчашмаи маблағгузории онҳо ошкор шуд.

Имрӯзҳо  симои аслии Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Кабирӣ  муддати якчанд сол аст, ки  мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан  намегузорад ва аз хориҷа истода, бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст карда истодааст. Ӯ бо аъзои ба ном ҳизби наҳзати исломӣ, аммо дар асл ташкилоти террористии солҳои 90- уми асри гузашта боз мехост халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, Тоҷикистони азизи моро  ба хоку хун оғӯшта кунад, аммо халқи бошарафи тоҷик ин гуна  ашхоси нокасу палидро   ба хуби шинохт ва дигар  ба доми фиреби онҳо  наафтод.

  Имрӯз пайравони Муҳиддин Кабирӣ, ки зери шиор ва нақшаву  мароми  ташкилоти ӯ лоф мезананд кадом як босмачиёнеро таърифу тавсиф намуда ҳамчун инсонҳои ватандӯсту миллатпараст унвон кардааст, ки оғози асри 20 ба куштори мардум даст зада буданд. Имрӯз, тавассути расонаҳои хабарӣ ва маҷаллаҳо мақолаҳои аз ақидаи пасти нафариро мисли Дориюши Раҷабиён мебинем. Маълум мешавад, ки ӯ низ аз он босмачиён бартарӣ надорад. Ба Кабириву  навбосмачиён гуфтанием, “Шумо босмачиҳо на ҳомии дин, балки пеш аз ҳама дузди ғаддор ва яғмогари хунхор мебошед”.

 Шумоён бо  ин  фикри ғаразноки худ ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасед. Таърих ҳақиқатро мепарастад.

М.Комилова,
устоди
 ДДҲБСТ

Читать далее