February 2019

21 February 2019

БОСМАЧИЁНИ НАВБАРОМАД

Дар расонаҳои омма имрӯз овозаҳои ҳайратангез паҳн гардида, мардуми осиштаро ба фикр овардааст, ки гӯё ҳаракати босмачигӣ ва шахсияти қӯрбошиҳо амал мекардаанд. Аз таърих ба мо маълум аст, ки ҷанги босмачиёнро алайҳи ҳокимияти шӯравӣ ҳамчун «муборизаи мардуми Бухоро бар зидди инқилобчиён» тафсир мекарданд ва «пешвоён»-и босмачиёнро ба сифати «қаҳрамонони миллӣ» мешинохтем.  Ин, албатта, нигоҳи яктарафа, ғалат ва субъективӣ ба воқеаҳои таърихӣ ва симои босмачиён аст.

Имрӯз ҳодисаҳои рӯйдодаистода мусалмононро  сарафканда  ва дини мубини Исломро дар назди ҷомеаи башарӣ паст нишон додаанд. Инчунин он корҳое ба ном мусалмонон ба анҷом расонида истодаи онҳо барои паст намудани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва барҳам задани субботу оромӣ анҷом дода мешавад, ки тариқи сӯистифода аз бовариҳои динии мардум роҳандозӣ карда истодаанд.

Яке аз чунин гурӯҳҳое, ки даҳсолаҳои охир фазои идеологии Точикистонро олуда сохта, кӯшиш дорад ваҳдати комилро аз миёни мардум бардошта,  моро мехоҳад ба гурӯҳи  «Босмачӣ»-ён дохил намояд.

Саидюнус  ва ҳаммаслакони онҳо ТТЭ ҲНИ  аз он босмачиҳои давраи гузашта фарқе надоранд. Онҳо, ки худ хиёнаткор ҳастанд, хиёнаткоронро ҳимоя мекунанд ва онҳоро тарафдорӣ мекунанад. Халқи одӣ аз дасти онҳо чи азобу машаққате дидааст, онро намегӯянд ва даъво мекунанд, ки Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва Кӯри Шермат босмачӣ набуданд. Ҳақиқати ҳолро нисбат ба симои аслии босмачиён устод Айнӣ чунин гуфтаанд: "Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору  яғмогару хунхоранд".

Дар ҳақиқат, босмачиён на қаҳрамон, балки як хоин ва яғмоагре буданд, ки ба мардуми осоишта зарару зиён мерасониданд. Садриддин Айнӣ дар яке аз асарҳои худ гуфта буданд, ки миллати тоҷик на инҳоро намебахшаду имрӯз ҳам гуфта метавонем, ки на наҳзатиёни хоинро.

Ш. Шарифова,
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

КАЖДУМИ ТАГИ БУРЁ

Босмачиҳо бар зидди мардуми бечора чӣ зулму ситамро раво дидаанд, чӣ қадар молу мулки зиёиён ва деҳқононро таллаву тороҷ намуда худашонро ба қатл расониданд. Агар ин «босмачиҳо»-и хунхор аз давлату меҳани худ дифоъ мекарданд магар мардум бар зидди онҳо бармехост? ҳаргиз не. Аммо ин разилон бо супориши «хоҷагони хориҷиашон» миллати худро азобу шиканҷа доданд, ба қатл расониданд, то ки мардум аз ин «босмачиҳо» тарсида онҳоро тарафдорӣ намоянд, лекин аҳолӣ яқинан медонистанд, ки дар сурати ғалаба карданашон боз дар зери истисмори онҳо қарор мегиранд.

Барои чунин бегонапарастони ба монанди Дориюши Раҷабиён ва роҳбари ТТЭ ҲНИ  Муҳддин Кабирӣ ибтидои асри 20 устод Садриддин Айнӣ  дар асари таърихии худ «Дохунда» образи «босмачиҳо»-ро чунин нишон додаанд: «ҷазои босмачӣ аҳолиро сӯхтан, куштан, овехтан ва кӯбкорӣ (бузкашӣ) кардан аст, камтарин ва осонтарин ҷазояш гӯшу бинӣ буридан аст, ки танҳо баъзе хушбахтон бо ин ҷазо халос мешаванд”.

Лекин ин лаъини Дориюши Раҷабиён бо супориши “хоҷагонаш” бе ягон далел ин хунхорони “босмачӣ”-ро “таърифу тавсиф” карда, мехоҳад бо ин роҳ хонандаи закиро ба худ ҷалб кунанд, аммо таърих гувоҳ аст ва дар ҳеҷ маврид мардум ба сафсатаҳои Раҷабиёну пайравонаш бовар намекунанд. Халқи тоҷик “босмачиён”-и золим, маккор, фосиқ ва хунхорро ки монанди мор ба назар намоён буданд, нест кардаанд. Аммо он гурӯҳаке, ки бо номи “босмачиён”-и навбаромада дар мисоли Дориюши Раҷабиён ва роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, монанди “каждуми таги бурё” аз рӯйирост нишон додани худ тарсида, дар хориҷи кишвар садо баланд карда “заҳр мезананд”. Бояд ҳаминро таъкид кард, ки онҳо барои пешрафти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар монеъаҳо эҷод карда наметавонанд, “нешашон” ба зуди шикаста мегардад. Дигар намегузорем, ки қадами номубораки ин бегонапарастони хоини давлату миллати тоҷик ба хоки сарзамини биҳиштосои мо гузошта шавад.

Н.Азизова – сармуаллими кафедраи
менеҷменти ДДҲБСТ

Читать далее

УМРРО БОЯД ҒАНИМАТ ШУМУРД

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо сӯи фардои дурахшон роҳ кушода, итминон дорем, ки баъди чанд даҳсола ба яке аз давлатҳои мутараққии дунё табдил хоҳад ёфт. Мутаассифона, то ҳол нафароне пайдо мешаванд, ки барои ба даст овардани ғаразҳои шахсӣ теша бар решаи халқу Ватан заданианд. Онҳо худро зери ниқоби дину мазҳаб пинҳон дошта, барои манфиатҳои шахсӣ талош меварзанд, бо корфармоёни хориҷиашон аҳду паймон доранд, вале, аслан аз асосҳои дину моҳияти каломи раббонӣ бехабаранд.

Ҳамин гуна вазъияти ногувор имрӯз дар тамоми олами Шарқ ҳукмфармост. Ин ҳолати риққатовар дар мақолаи сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода таҳти унвони “Дин ва арзишҳои миллӣ” акси худро ёфтааст. Муаллиф аз вазъи имрӯзаи кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид бар он доранд, ки: “Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмон назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам аст, таҷдиди назар намоянд”.

Ҳақ бар ҷониби нигорандаи ин сатрҳост, ки кафили озодии эътиқодро маҳз, дар фарҳанг ва давлатӣ соҳибихтиёри миллӣ арзёбӣ менамояд. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мардуми гуногунмазҳаб паҳлӯи ҳам орому осоишта умр ба сар мебаранд, давлат барои онҳо шароит муҳайё кардааст.

Мардуми кишварҳои Шарқро лозим аст, ки ҳамин рисолатро сари вақт дарк намоянд. Дар ҳолати маърифат накардани ин масъала бояд донанд, ки ин умри кӯтоҳ танҳо як бор дода мешаваду дар як лаҳза сипарӣ мегардад. Хуш ҳоли нафароне, ки ба қадри он мерасанд ва умрро хуш мегузаронанд, дар талоши беҳуда онро масраф намесозанд, корҳои хайрро анҷом медиҳанду тӯшаи охиратро омода месозанд.

Ҳаким Соиби Табрезӣ фармуда:

Аз работи тан чу бигзаштӣ дигар маъмура нест,

Зоди роҳе барнамедорӣ аз ин манзил чаро?

 Садорати факултети
филологияи тоҷики ДДХ

Читать далее

УСТУВОРӢ АЗ МАҚОМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Мутолиаи матни пурҳикмат, новобаста аз ҳаҷми он баробари қадри як шоҳасар мебошад. Шиносоӣ бо навиштаҳои Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода - сархатиби вилояти Суғд водор менамояд, ки ҳар фарди соҳибақлу боорият, соҳибхираду сулҳпарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбати масъалаҳои тарғиби арзишҳои миллӣ бетараф набошад.

Зеро миллати тоҷик ба тамаддуни дини Ислом робитаи қавӣ ва пайванди ногусастанӣ дорад. Хусусан дар ҷаҳони ислом мавқеи хоса доштани нобиғаҳои муаззами миллати тоҷик Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, Имом - ал - Бухорӣ, Хоҷа Ҳафси Кабири Бухорӣ  нишони тамаддун, маърифат ва заковати миллатест, ки дар ақида, фиқҳ ва андешаҳои илмӣ ислоҳоти назаррасро соҳиб шудаанд.

Мазҳаби суннӣ, ки мардуми кишварамон пайрави онанд, дар таълимоти дини Ислом ва шариату тариқати он равияи пешрафта ва бофарҳанг маҳсуб меёбад. Хизматҳои шоистаи Имоми Аъзам дар дохил намудани урфу одат, либоси миллӣ, ҷашнгирии иду маросими миллӣ, забони тоҷикӣ бо истифодаи усули фиқҳ ва исботи хилофи шариати дини Ислом набудани онҳо беназир аст. Зеро тавассути ин амал мардуми тоҷик метавонад бо забони форсӣ – тоҷикӣ ибодат кунад, тафсир ва тарҷумаи Қуръони каримро амалӣ намояд, ки он хоси танҳо баъзе миллатҳои ғайриараб аст.

Тарғиби ғояҳои инсондӯстонаи арзишҳои миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мардуми мусалмони кишвар бе маҳдудият бо эҳёи урфу одат ва ҷашну идҳои миллӣ, аз қабили  Наврӯз, Меҳргон, Сада, либосҳои миллии атласу адрас, чакан, мусиқиҳои “Шашмақом”, “Фалак” ва ғайра машғул бошанд. Агар дар давлатҳои дигари олам мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба аҳолӣ ҷиҳати адои баъзе рисолатҳои динӣ, мазҳабӣ ва ғайра маҳдудият ҷорӣ карда бошад, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Ҳукумати кишвар ҷиҳати эҳёи арзишҳои миллӣ ҳамаи талошҳоро амалӣ карда, пайваста мекӯшад, ки мардуми шарифи диёрамон аз тамаддуни қадимаи ориёӣ бархурдор бошад.  

Даъвати Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода муроҷиати саривақтӣ буда, собит месозад, ки ходимони дини мубини Ислом василаи иҷрои рисолати хеш - ба мардум динро ҳамчун ақидаи муқаддас, поку беолоиш, тарғибгари одобу ахлоқ, дӯстиву рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари ваҳдати миллӣ мебояд талқин намоянд.

Мусалмонони кишвар ба муқобили террористон ва экстремистони ифротӣ муборизаи беамон мебарад ва дар зери ливои дини Ислом танҳо нияту гуфтору пиндори некро сармашқи фаъолият қарор додааст. Омодаанд, ки барои пойдории муқаддасоти миллӣ, саодати бардавом, ободу сарсабзии кишвар, сарбаландии миллати худ ҳамеша кӯшишу ғайрат намоянд.

Мӯъминҷон АМИНОВ,
декани факултети геоэкологияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
дотсент, номзади илмҳои география

Читать далее

БОЗ ЯК ҶАҲДЕ БА АМАЛҲОИ НИҲОНӢ

Истиқлолияти давлатӣ, ки имсол 28-солагиаш таҷлил мегардад, ба мо, тоҷикону тоҷикистониён чӣ дод? ҳама чиз - озодӣ, фазои ором, рӯзгори пурфараҳ, ободӣ, рушди бемайлони кулли соҳаҳо, пешравию шукуфоиҳои таърих мислашро надида… Аз ин ҳама мо шукрона мекунему меболему мефахрем. Аммо тоифае аз ин комгориву пешравиҳои давлату мардуми кишвари мо мисли он ки ба пӯстинашон кайк афтодааст, ҷойи нишаст намеёбанд. Кистанд онҳо?

Ба ин савол кулли мардуми хирадпешаву солимақл зуд чунин посух хоҳанд дод: Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва сарварону думравони он. Баъди он ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар роҳи дигаргунсозии сохти давлатдории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тирашон хок хӯрд, яъне нақшаи исломисозии давлат дар варта монду амалҳои ниҳониашон ошкор гардид, аввал дар ҷумҳурӣ даст ба бедодгариву мардумозорӣ ва таҳрибкориву куштори одамон заданд. Сониян, баъди воқеаи 3-4 сентябри  соли 2015, яъне кӯшиши эшон бо сарварии Абдуҳалим Назарзода ба табаддулоти давлатӣ, ки дучори нокомӣ гардид, қисме аз наҳзатиҳо аз кишвари мо рӯ ба гурез оварданд. Айни замон бошад, аз ин давлат то давлати дигар чун анкабут тор танида, аз таги нохун чирк мекобанд. Бахусус, тӯли соли сипаригашта эшон бо мақсади амалисозии афкори муғризонаву нопоки хеш чанд «намоишнома»-ҳоро ба «саҳна» гузоштанд.

Яке аз онҳо сар халонидани наҳзатиён ба ҳамоиши солонаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҳА) оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Варшава санаҳои 9-21 сентябри соли 2018 мебошад. ҳайратангез аст, ки САҲА ба ҷаласаи худ баробари намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қатор созмонҳои ифротгаро чун Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизбии наҳзати исломиро низ даъват кардааст.

Тавре аз иттилои расонаҳои хабарӣ бармеояд, дар ин ҳамоиш ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо унвони «Паймони миллии Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки ин далел ба бозиҳои сиёсии нави наҳзатиён аст: онҳо бо ин амали навбатии риёкоронаи хеш худро ҷонибдори мардуму давлати Тоҷикистон вонамуд карданӣ, ҳамзамон падид оварданӣ мешаванд, ки дар бесарусомониҳои ибтидои солҳои навадум «мусичаи бегуноҳ» мебошанд. Эшон мехоҳанд бо роҳи каззобиву дурӯягии худ боз ба Тоҷикистон оянду мақсадҳои номатлубу алайҳи давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёди моро идома диҳанд. Ният доданд меҳани озоду ободи моро ба майдони муҳорибаҳои қавмӣ, маҳалгароӣ, интиқомгирӣ ва қатли одам чун чорво табдил диҳанд.

Онҳо дар ҳамоиши САҳА мехостанд бигӯянд, ки дар куштори сайёҳон дар ноҳияи Данғара даст надоранд. Ин дар ҳоле ки аксари созмонҳои байналмилалӣ бахубӣ медонанд, ки ин амал маҳз ба наҳзатиён иртибот дорад.

Амалиёти дигари ТТЭ ҲНИ санаи 15 июли соли 2018 дар шаҳри Дортмунди Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба вуқӯъ пайваст. Он рӯз як гурӯҳ намояндагони мухолифини тоҷик ба муносибати 21-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон ҳамоиш оростанд.

Нахуст саволе ба миён меояд: худи онҳо кистанд ва чӣ ҳуқуқ доранд, ки бе мувофиқа бо сафорати давлати мо бахшида ба ин санаи таърихӣ ҷамъомад баргузор намоянд? Сониян, онҳо ба ин амал арзанда ҳам нестанд. Охир, дар вақташ мухолифини тоҷик  алайҳи Истиқлолияту Созишномаи истиқрори сулҳ бархоста буданд-ку! Аз он ҳарос доштанд, ки нақшаҳои нопокашон дар варта қарор дорад. Аз ин рӯ, ба гирдоби ғазаб печида, пинҳонӣ бедодгариву мардумозориро идома медоданд, «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»--гӯён бо тамоми ҳастӣ даст ба хунрезиву таҳрибкорӣ мезаданд. Имрӯз бошад, солгарди имзошавии Созишномаи сулҳро «гиромӣ» медоранд. Ин ҷо чӣ маъние ниҳон аст? Фақат як маром - аз кӯшиш ба амали пасипардагӣ!

ҳамзамон зикр шуда, ки дар ҳамоиши шаҳри Дортмунд ташкили «ИНОТ-2» масъалаи асосӣ будааст. Аҷиб, «Иттиҳоди намояндагони оппозитсионии тоҷик»-и  аввал ба нафъи кишвару мардуми тоҷик кадом кори хуберо ба анҷом расонид, ки акнун дуюмашро амалӣ созад? Бар асари амалҳои ношоиставу ғайриинсонии якумаш фазои кишварамон тира, зиндагии мардум талх, хонаи онҳо хароб ва аҳолии кишвар даҳҳо ҳазор кам гардид, яъне кушта шуд. Акнун «ИНОТ»-и дуюмаш ба чӣ қодир аст? Ба ҳеҷ кор!

Созмон додани ташкилоти «Паймони миллӣ», кӯшиш ба таъсиси «ИНОТ-2» ин фақат боз як найрангу дасисаи дастандаркорону думравони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ асту халос. Ба иборае ном дигару фаъолият ҳамон пешина хоҳад шуд.

Мо мутмаинем, ки онҳо дар хориҷа дигар муттаҳид шуда ҳам наметавонанду ба ягон кор муваффақ ҳам намегарданд. Чунки қисми беши тоҷикони дар хориҷи кишвар буда, бахусус ҷавонон, аллакай ба моҳияти масъала чуқур сарфаҳм рафта, дигар ба он наҳзатиҳои ифротпеша бовар надоранд. Зеро паёмадҳои амалҳои даҳшатангезу фоҷиабори эшонро бо чашмони хеш дидаанд.

Минбаъд мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба ягон хел созмоне чун «Паймони миллӣ», «ИНОТ-2» ё гурӯҳу ташкилоти дигари берунаи ифротӣ ниёз надоранд. Зеро «лаззат»-и ҳамаашро чашидаанд. «Лаззат»-е буд, ки ҳазорон нафарро мувоҷеҳи дидагирёниву хонавайронӣ карда, зиндагиву пешрафти мардуми моро даҳҳо сол мавқуф гузошт.

Халқи тоҷик бо роҳбарии давлату ҳукумати Тоҷикистон, сарвари хирадманду сулҳпарвари худ—Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ноҳамвору пурпечутобро қаҳрамонона тай намуда, ба қуллаҳои баланди рушд ва ҳаёти осоишта расид. Давлати мо акнун ҳамаҷониба нерӯманд асту фазои орому тозаи онро касе ғуборолуд карда наметавонад!

Юнусалӣ СИДДИҚОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Читать далее

ТАҲЛИЛГАР НЕВУ ТАҲМИЛГАР

Намояндагони ҳизби мамнӯъгардидаи наҳзати ислом имрӯзҳо кӯшиш менамоянд, ки дар давлатҳои Аврупо фаъоляит дошта бошанд. Дар баромадҳояшон худро ҳамчун таҳлилгар оид ба масоили тундгароӣ мехоҳанд нишон диҳанд.

Санаи 12 феврал Кабирӣ дар шаҳри Вилнюс оиди  мавзӯи “Ҳиҷрати мачбурии оппозитсияи сиёсӣ аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо  ва коҳиши тундгароӣ  дар байни муҳоҷирини ин минтақа» баромад кард.

Дар ин  чорабинии бемантиқ дигар намояндаи ҳизби мамнӯъ Илҳом Ёқубов, ки худро раҳбари Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Маркази меҳисобад, зикр кард, ки мақсади ин чорабинӣ аз он иборат аст, ки мушкилоти Осиёи Марказӣ  аз таъқиб ва саркӯбии  дигарандешон, муҳоҷирати иҷборӣ ва дигар масоил баррасӣ гардад.

Мо аз он сабаб ин гуна афкор ва чорабиниҳоро бемантиқ ва ноком ҳисоб мекунем, ки:

- пеш аз ҳама шахсоне, ки чунин чорабиниро гузарониданианд худи онҳо ҳамчун  тундагроён дар кофтукоб қарор доранд. Ку мантиқ?

-вақте ки аз ҷониби ин гуна  афрод ҷинояту ифротгароии зиёд ба назар мерасад, чӣ гуна онҳо метавонанд оиди озодиву озодандешӣ сухан гӯянд?

Аз ин лиҳоз мамолики Аврупо, ки худро ҳамчун минтақаи пешрафта ҳисоб мекунад, бояд ба ин гуна ашхос ҳеҷ гоҳ сухан ва ҷой надиҳанд, балки барои дастгир карда шудани онҳо шароит муҳайё созанд.

Кабириву ҳаммаслаконаш дониши казоӣ надоранд, чӣ гуна метавонанд ин гуна чорабинӣ гузаронанд. Онҳо баҳри гумроҳкунии дигар қишрҳо кӯшида, дар ин ҷода мехоҳанд аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳо дарёфт кунанд. Андеша мекунем, ки ин афрод, ба монанди Кабириву Илҳом, Саидюнус, Темур, Равшану Шарофиддин ва дигар ҳаммаслаконашон маҳз барои дарёфти маблағ ба давлатҳои хориҷ рафтаанд ва ҳеҷ гоҳ ҳамчун донандаи сиёсат ё таҳлилгар шинохта намешаванд.

Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд аз ҷониби кулли давлатҳои ҷаҳон пазируфта шудааст ва он дигаргуниҳои куллие, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёт ба назар мерасанд, боиси ифтихормандии шаҳрвандони азизи кишвар мегарданд.

Ҷумҳурии азизамон на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар сиёсати хориҷӣ муваффақият ва ташаббусҳои бузургро нишон дода истодааст, ки аз ин тамоми ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои Аврупо ба хубӣ огаҳанд.

Аз ин лиҳоз, мо чунин мешуморем, ки давлатҳои Аврупо ба найрангу дасисаҳои ифротиён бояд зарба занад, на ин ки ва онҳо барои ҳар гуна андешаҳои хаёлӣ  имконият диҳанд.

Б.АЛИМОВ,
н.и.т., дотсент, мудири кафедраи
муносибатҳои байналхалқии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

НАҲЗАНИҲОИ БЕАСОСИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ АЗ БАҲРИ ЧӢ?

Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ҳоло дар ҷамъияти муосир шахсонеро вомехӯрем, ки  бо номи мухолифони сиёсӣ  дар мобайни мардум машҳур гардидаанд. Баробари хондани ин ибора, яъне “мухолифони сиёсӣ” пеши назари мо намояндагони фитнагари ҲНИТ, ТТЭ ва онҳо барин ташкилоти барои ҷамъият бегона мегузарад. Касби онҳо ҷорӣ намудани ҳисси бадбинӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Магар мухолифони сиёсӣ дар замони истиқлолият тарҷума ва нашр гардидани Қуръони каримро бо забони тоҷикӣ ва дастраси мардум гардидани онро медонанд, ки он ба хотири боло бурдани маърифати динии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибтамаддун мебошад.  Вале бо вуҷуди он фитнаангезию иғвогариашонро давом медиҳанд.

Мавзӯи асосии баҳси мухолифони сиёсӣ танҳо бадномкунӣ ва сӯиистифодаи дини мубини ислом асту халос. Даст задани ташкилотҳои ба ном ҳизбҳои “исломӣ” ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳи тамоми давлатҳои ороми дунё мардуми сулҳпарвари тамоми гетиро ба таҳлука овардааст.     

Барпо намудани нооромӣ танҳо барои мухолифини сиёсӣ баҳона асту халос. Аммо ҳукумати мамлакат фароҳам овардани шароити мусоидро барои ҳамаи мусулмонони Тоҷикистон вазифаи аввалини худ мешуморад.

Мухолифони сиёсӣ аз тасаввуроти нодуруст доштани баъзе ҷавонон дар бораи дини мубини ислом сӯиистифода мебаранд.  Ҷавонон аз ҷавҳари ин дини поку беолоиш ноогоҳанд, барои ҳамин ба корҳои номатлуб аз номи дини мубини ислом даст мезананд. Онҳо умуман бохабар нестанд, ки душманони дини мубини ислом муноқишаҳои низомиро ташкил менамоянд. Ҷавонон ва мардумони гумроҳ бо онҳо ҳамдастӣ менамоянд. Ҳадафи нерӯҳои ҷангхоҳ идора кардани ҷаҳони муосир бо паҳни бетартибиҳо буда, тамоми оламро ба коми ҷанг кашиданӣ асту халос.

Дар муддати ин 27 соли соҳибдавлатии мамлакат Тоҷикистон корҳои азиме ба анҷом расиданд, ки чашм ва гӯши мухолифони сиёсӣ аз дидан кӯру аз шунидан кар гардида, дар ҳар  лаҳзаи воқеот  хотирмон туҳматҳои нав ба навро бар сари ҳокимияти кишвари мо – Тоҷикистон бор карда истодаанд. Аммо халқи тоҷики муосир онҳоро ҳеҷ гоҳ дастгирӣ нахоҳад кард. 

М.А. АБДУЛЛОЕВА,
декани факултети забонҳои хориҷӣ

Читать далее

ҲАР КӢ ЛОФ АЗ ЗӮРИ БОЗУ МЕЗАНАД...

Дар ҳошияи муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат «МИЛЛАТ БОЯД ЗЕРИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ МУТТАҲИД ШАВАД!»

Ба андешаи мо, аҳли зиё муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат басо саривақтӣ ва муҳим мебошад. Чунки ӯ авзои мусулмонони оламро ба риштаи таҳлил кашидааст: “Ба шароити ноороми олам, ки дар он аксаран хонаи мардуми мусулмон месӯзад, назар намуда, аз ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқ дили кас реш мегардад. Мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офарида, паёмбари барҳақ ҳидоят карда ва Китоби ягонаи осмонии Қуръон роҳнамоӣ намудааст”.

Фазои мамлакатро имрӯз корҳои созандагию ободкорӣ фаро гирифтааст. Ҳар як шаҳрванди мамлакат ба умеди афрӯхтани шӯълаи зиндагӣ талош мекунад ва дар таҳкими Истиқлолият саҳмгузорӣ дорад. Муттаҳидии одамон эҳсос мешавад, маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар ағлаби мавридҳо ба оромию вазъи муътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳо, фарҳанг ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам аст, таҷдиди назар намоянд. Маҳз, арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чӣ дар масири таърих ва чӣ имрӯз дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намоянд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст, асосгузори мазҳаби мо таъкид карда ва бузургони гузаштаи мо бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит сохтаанд.  Ислом ва бузургии ӯ дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои Истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазовот, на тундгӯию қитол, балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии ҳалқу миллатҳои мухталиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрӯз ба хотири кадом як манфиатҳои пасипардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.

Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумӯи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад.”

Зимнан, гиромидошти дини мубини ислом дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шуддаст, ки гувоҳи ин таҷлили ду иди мусулмонӣ Рамазон ва Қурбон бо рӯзи истироҳат мебошад. Давлат бо назардошти он ки аксари сокинонаш пайрави дини мубини исломанд, барояшон барои тоату ибодат дари масҷидҳоро дар дурдасттарин деҳаҳои куҳистон низ во намуд. Дар пойтахти мамлакат Донишкадаи исломӣ аҳкоми шариатро таълим медиҳад. Ҳамчунин, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе калонтарин масҷид дар Осиёи марказӣ барои ибодати мардум сохта шуда истодааст.

Дини исломро чун силоҳи зидди арзишҳои миллӣ истифода бурдан камоли бемаърифатӣ нисбат ба Ватани худ мебошад. Тухми тарс пошидан ба қалби мардум ба зӯрии бозуи худ аз ҷониби намояндагони ташкилоти террористӣ ба сари худ санг задан аст. Шоири машҳури форсизабони Ҳиндустон Фонии Кашмирӣ мефармояд:

Ҳар кӣ лоф аз зӯри бозу мезанад,

Санг бар сар чун тарозу мезанад.

Аз ин хотир, асоро ба рӯшноӣ зада, маърифати сиёсиро бояд такмил дод. Дар чорроҳаи ҳангомасозӣ аз пайравони наҳзати исломӣ бояд зиракиро аз даст надод. Хоса, ходимони дин, ки аксар мусулмонон ба онҳо эътиқоди комил доранд ва дар маъракаҳо болонишин мекунанд.

Таъкид менамоям, ки вусъати андешаи миллӣ ва гиромидошти рӯҳи бузургони миллат боиси саодати рӯзгор мешавад, ки асосашро садоқат ба Ватан ташкил медиҳад.

Мо, ҳамаи табақаҳои ҷомеа кӯшиш ба он равона созем, ки дастовардҳои даврони истиқлолият ва ваҳдати миллиро пос дошта, ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, дур шудан аз фарҳанги бегона ва пешгирии онҳо ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тарбия намоем.

Мухтор ФОЗИЛЗОДА,
ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ

20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот роҳбарони шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, кормандони эҷодию техникии телевизиону радиоҳои ҷумҳурӣ, сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ, ҳафтаномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагони хадамотҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии кишвар иштирок карданд.

Читать далее

20 February 2019

Победителя не судят!

Следует отдать должное, и заслуживает уважения факт того, что, несмотря на препоны, преграды, создаваемые ТЭО ПИВ, лично Кабири и представителями спецслужбы известного иностранного государства,после долгих скитаний по странам Европы Шарофиддин Гадоеввернулся на историческую родину, в Таджикистан. Но и здесь они не оставляют его в покое, спекулируют на ситуации, выливая в СМИ потоки лжи. Так как ТЭО ПИВ и её предводитель боятся, что Ш.Гадоев выдаст их планы и намерения, которые давно всем известны.В такой ситуации, при таком давлении его возвращение домой достойно уважения. Гадоев вернулся кродному очагу, на свою землю, к родственникам и соотечественникам, преодолев долгий нелёгкий путь, невзирая на обстоятельства, проявив мужество, какнастоящий герой.Он понял, что ранее стоял на путипредательства подобно руководителям и активистам ТЭО ПИВ.

Читать далее