February 2019

20 February 2019

Ғолибонро маҳкумнамекунанд (Ҷавоб ба ҳалқаҳои ифротӣ вобаста ба бозгашти бовиқори Гадоев Шарофиддин)

 

Ба ҷасорат ва ҷуръати шахсии Шарофиддин Гадоев, ки шарофатмандона ба Ватан баргаштааст, таъзим бояд кард, тан бояд дод.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

20 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои  гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Афсарон ва сарбозони азиз!

Санаи 23 феврали соли 1993 барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо рӯзи таърихӣ аст. Зеро маҳз аз ҳамон рӯз қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ оғоз гардид, ки бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт.

Читать далее

ҲИФЗИ ВАТАН ҚАРЗИ ВИҶДОН АСТ!

Соли равон ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Таҳти номи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар посдории суботу оромӣ, ваҳдату тинҷӣ, осудагӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва нигаҳбонии якпорчагии Ватанамон эҳсос мегардад.

Ҳар гоҳ дар бораи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ё худ Артиши миллии мамлакат сухан равад, пеш аз ҳама азму талош ва кӯшишҳои ҳадафмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешаванд ва ин бесабаб нест. Бояд гуфт, ки натанҳо таъсисёбӣ, балки тақвияту ташаккул ва пешрафти рӯзафзуни Артиши миллӣ бо номи баланд, фаъолияти ибратомӯзи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамбастагӣ дорад.

Насли калонсол хуб медонад, ки агар комиссариатҳои ҳарбиро ба назар нагирем, то замони соҳибистиқлолӣ ба ғайр аз чанд застава дар минтақаи сарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як – ду қисми низомии хурд дар ҳудуди ҷумҳурии мо ягон ҷузъу томи ҳарбӣ амал намекард. Фарзандони диёр хизмати ҳарбиро дар дигар ҷумҳуриҳо ва давлатҳо ба ҷо меоварданд. Аз ин рӯ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони Истиқлолияти давлатии кишваранд.

Чунонки мегӯянд, 26 сол дар назди таърих ҳукми лаҳзаеро дорад. Вале дар ҳамин даври нисбатан кӯтоҳи таърихӣ Артиши миллии Тоҷикистон борҳо аз санҷишҳои сахту сангин, аз миёни дуду оташ бо сари баланд гузашт.

Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон осон ба даст наомадааст. Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо маҷрои зиндагии тинҷу осудаи мардумро ба бенизомӣ бурд, балки иқтисодиёт ва иҷтимоиётро фалаҷ сохта, боиси талафоти калони ҷонӣ ва моддию маънавӣ гардид. Нерӯи қудратманде лозим буд, ки халқу Ватанро на танҳо аз душманони беруна, балки аз дохил ҳам ҳимоя карда тавонад. Бо дарки ҳамин масъала, Сарвари давлати тоҷикон ба таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бастанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сарбаландона аз уҳдаи иҷрои вазифаю рисолати худ мебарояд, зеро ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсиси он ба мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоии ҷойдошта нигоҳ накарда, ба масъалаи таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин намудани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, омода намудани мутахассисони баландихтисоси низомӣ эътибори махсус зоҳир менамояд.

Сарбозону афсарони тоҷик, махсусан, дар давоми солҳои 1993 - 1997 синаи худро сипар намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ хизмати шоиста анҷом доданд. Аз касе пӯшида нест, ки дар он айёми сангин шароит чандон мусоид набуд, вале маҳз ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ҷавонони диловарро водор мекард, ки сипари боэътимоди марзу буми аҷдодӣ бошанд.

Дар сомонаи интернетии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз се навъи асосӣ, яъне Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон, дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсею, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбиро метавон ном бурд, ки аксари онҳо аз солҳои нахустини ташкилёбии Артиши миллӣ таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ кори зиёдро амалӣ менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон аз оғози таъсисёбиаш то имрӯз бомаром идома дорад ва дар доираи татбиқи он дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада истодаанд. Аз ҷумла, дар ҳамин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфта, Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд, дар пояи Коллеҷи олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт.

ҳамчунин, дар сохтори бисёр қисмҳои низомӣ дигаргунӣ ворид карда шуд ва муҳимтар аз ҳама, бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир, навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати артиш ташкил карда шуд.

Бо баракати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷавонони далеру шуҷоъ метавонанд дар худи Тоҷикистон соҳиби дипломи муассисаи таҳсилоти олии низомӣ шаванд. Бо тақозои замон соли 1992 дар пойгоҳи собиқ техникуми геологии пойтахти Ватанамон Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ таъсис ёфта буд. Нахустин донишҷӯёни он дар Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, яъне 23 - юми феврали соли 1993 савганди ҳарбӣ ёд намуда, дар намоиши ботантана ба ин муносибат фаъолона ширкат варзиданд. Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 - юми апрели соли 2002 коллеҷи мазкур ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар табдил ёфт.

Вақте ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва аҳли диёр ё ба таври кӯтоҳ хизмати ҳарбӣ мегӯем, беихтиёр воҷаҳои Ватану ватандорӣ аз андешаю зеҳни кас мегузаранд.

Оини ватандориву ватандӯстӣ дар умқи дилу ҷонамон маъво дорад. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар ягон давру замон ба сари касе «бо ҳамҳамаю дамдама ханҷар накашидаст», вале фарзандони диловараш ҳамеша барои ҳифзи Ватану халқи худ омодаи ҷоннисорӣ будаанд.

Оре, зиёда аз 1100 сол муқаддам «Ман девори Бухоро ҳастам» гуфтани асосгузори давлати Сомониён - шоҳ Исмоили Сомонӣ маънои онро дошт, ки фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳамеша дар фикри ҳимояи марзу буми хоки муқаддаси Ватан ва бунёдкорию ободонӣ мебошанд. Дар лаҳзаҳои зарурӣ худро садди шикастнопазир мекунанд.

Имрӯз ҳар нафари ватандӯсту ватанпараст бо роҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гуфти Бозор Собир кӯҳи хорову девори Бухорост.

Ба мо расм шудааст, ки аксар вақт калимаи «Ватан» - ро якҷо бо калимаи «Модар» ба забон орем.

Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Мо як Ватан, як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!». Чунонки ҳар фарзанд дар назди падару модараш қарздор аст, Ватан низ аз фарзандони худ хизмати шоистаро талаб менамояд. Дӯст доштани Меҳан, пеш аз ҳама маънои омода будан ба дифои онро дорад. Бо назардошти ин, ҷавонони ба синни даъват расидаи кишвар бояд ватандӯстии худро дар амал, сарбаландонаю садоқатмандона зимни ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ нишон диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки замони муосир, ки ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳост, бисёр хатарзо мебошад ва яке аз зуҳуроти номатлуби ба амнияти миллатҳову кишварҳо таҳдидкунандаи он - терроризму экстремизм маҳсуб мешавад. Ин вазъият аз мо - шаҳрвандони кишвар талаб менамояд, ки ҳисси масъулияти ватандориамон аз ҳарвақта бештар бошад, ягон лаҳза ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро захмҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки маҳз аз дасти хоинону ватанфурӯшон, наҳзатиҳои ифротгаро ба ҷисму ҷони миллат расидааст, то ҳол пурра шифо наёфтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, чунин таъкид намуданд:

«Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, бахусус ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд».

Ин дастуру ҳидояти Пешвои миллатро натанҳо сарбозону афсарон, балки кулли аъзои ҷомеа бо гӯши ҷон шуниданду чун вазифаи ҷониашон пазируфтанд.

Моҳира РАҲИМЗОДА,
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон

Читать далее

Ҳуҷҷати раҳнамо дар ҳалли масъалаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ масъалаи муҳими давлатӣ — ба дараҷаи кишвари саноатӣ расонидани Тоҷикистонро таъкид намуда, ин ҳадафро ба сифати ҳадафи стратегӣ дар низоми сиёсии давлати Тоҷикистон эълон намуданд. Воқеан ҳам рушди миллӣ, қабл аз ҳама, ба раванди саноатикунонӣ вобаста буда, ба вуҷуд омадани ҷомеаи саноатӣ - индустриалӣ ба талабот ва ҳолати истеҳсолоти ватанӣ иртибот дорад.

Масъалаи рушди соҳибкории ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дар Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сарвари давлат бо мақсади тақвият бахшидани раванди соҳибкории ватанӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019 - 2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда шаванд. Дар ин асос таъкид гардид, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моратория ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук бояд татбиқ шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» - ро ба сифати тадбири рӯзмарраи давлатӣ манзур сохтанд.

Аз рафти сохтмони НБО - и «Роғун», ки иншооти аср маҳсуб меёбад, Сарвари давлат ёдовар шуда, аз ҷумла ишора намуданд, ки соли 2019 бо мақсади ба кор андохтани чархаи дуюми нерӯгоҳ 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматиро бобати бомуваффақият анҷом гирифтани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзёбӣ карда, Президенти мамлакат «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» - ро ёдовар шуданд ва бо дарназардошти зарурати инфрасохтори деҳот, солҳои 2019 – 2021 - ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар ин замина, зикр шуд, ки рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва ба ин васила бо ҷойи кор таъмин намудану соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум аз вазифаҳои аввалиндараҷаи раҳбарони мақомоти давлатӣ ба шумор меравад.

Маҳмадӣ МИРЗОЕВ,
иҷрочии калони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди иқтисодии вилояти Суғд

Читать далее

19 February 2019

Ҳамкорӣ бо 234 муассисаи олӣ

- Имрӯз барои 21 ихтисосе, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз рӯи системаи бакалаврият фаъолият дорад, стандартҳои таълимии нав коркард ва тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.

Стандартҳои нав дар асоси муносибати салоҳиятнокӣ ба тайёркунии кадрҳо равона шуда, амалигардонии онҳоро барои рақобатпазирии хатмкунандагони донишкада дар бозори меҳнати минтақа боз ҳам беҳтар месозад.

Сафи зиёд шудани донишҷӯёни аълохон аз он шаҳодат медиҳад, ки ташкили ҷараёни таълим дар асоси усулҳои нави дарсдиҳӣ аз тарафи устодони баландихтисос, ки дар хориҷи кишвар таҷриба гирифтаанд, ба роҳ монда шудааст, - қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ директори Донишкада Саидӣ Дилафрӯз Рабизода.

Номбурда гуфт, ки Донишкада давоми соли сипаригардида 8 патенти берун аз ҷумҳуриро дар самти ихтироъ ва навоварӣ ба даст овардааст. Дар назар аст Донишкада бо Донишгоҳи технологии Гуйлини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар се самт шартнома баста, устодон барои омӯхтани таҷрибаи пешқадами кишвари ба мо дӯст равона шаванд.

Ин даргоҳ бо беш аз 234 донишкадаву донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҳамкориҳои худро ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, барои донишҷӯён 12 нафар устод аз кишварҳои Аврупо инчунин, 81 нафар устоди дараҷаи унвони илмидошта, аз ин шумора 6 нафар доктори илм ва профессорон ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Дар зинаи таҳсилоти фосилавӣ аз рӯи 5 ихтисос 260 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯёне, ки дар ин намуди таҳсил фарогиранд, дар кишварҳои Олмон, Чин ва Россия фаъолият доранд.

Дар анҷом роҳбарият ва устодони Донишкада ба суолҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас гуфтанд.

Истамҷони Наҷмиддин,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Нигаронӣ аз ҷинояткорӣ

Дар нишасти матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумот доданд, ки давоми соли 2018 аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиршавии 6083 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура 5334 ҷиноят аз тарафи 4940 нафар содир шудааст, ки шумораи зиёдро мардҳо ташкил медиҳанд.

Сардори Раёсат, генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо афзуд, ки содиршавии ҷиноятҳо аз қабили одамкушии барқасдона, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ, одамрабоӣ, ҷиноятҳои ахлоқӣ, дуздӣ нисбат ба соли 2017 бештар ба амал омадаанд, ки бадбахтона, ҷомеаро ба ташвиш меорад.

Ҷиноятҳои дигар ба мисли авбошӣ, вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, нигоҳдошти ғайриқонунии силоҳ ва интиқоли воситаҳои нашъадор, тамаъҷӯӣ кам гардида, ошкорнамоии баъзе аз ин амалҳо аз ҷумла, сӯиқасд ба одамкушӣ, порахӯрӣ, одамрабоӣ, рабудани воситаи нақлиёт, таҷовуз ба номус ба пуррагӣ таъмин шуд.

Дар соли рафта ҳамчунин 4 ҷинояти одамкушии солҳои пешин, яъне куштори Зӯҳро Аббосова моҳи марти соли 1993 дар шаҳри Панҷакент, Аҳмад Юсуфов моҳи феврали соли 2010 дар ноҳияи Зафаробод, Виктор Гапуник тобистони соли 2000, Мақсудҷон Маҳмадҷонов ва Ибодат Негматуллоева моҳи октябри соли 2017 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин, қаллобӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ ва 194 намуд ҷиноятҳои дигар ошкор гардиданд.

Ташвишовар он аст, ки аз 174 нафар ноболиғи ҷинояткор 107 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Баҳри пешгирӣ аз ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон 3651 рейду амалиёти мақсаднок гузаронида шуд. Ҳамчунин, 244 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 - ум 43 ҳолат зиёд аст. Дар 310 садамаи роҳу нақлиётӣ мутаассифона, 102 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба баъзе масоил суолҳо пешниҳод намуда, посухҳои амиқ гирифтанд.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ: Дастгирӣ ба ҳалли муаммо мусоидгар аст!...

Дельверзин Дилварзин шуд!...

Тавре иттилоъ дода будем, дар аввали моҳи феврали соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, аз пойгоҳи обкашии «Дилварзин - 1» боздид намуда буд. Зимни он ба масъулин дастур дода шуда буд, ки корҳои таъмиру тармимро ба мавсими нави обёрӣ бо сифати баланд ба сомон расонида, дар атрофи бино ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шавад.

Бо мақсади то кадом андоза иҷро гардидани супоришҳо ба ин ноҳия омадем ва аз рафти таъмири пойгоҳҳои обкашии «Дилварзин – 1» ва «Дилварзин – 2» аз наздик ошно шудем.

Ҳангоми мушоҳида аён гардид, ки супоришҳои роҳбарияти вилоят амалӣ шуда, навиштаҷоти пештоқи бинои пойгоҳи «ДЕЛҲВЕРЗИН», ки чандин сол инҷониб он ҷоро «зеб» медод, баъди эроди Раиси вилоят бартараф гардида, бино рангубор ва дар атрофи он ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуданд.

Сипас, бо сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Искандар Азизов ҳамсуҳбат шуда, аз кору пайкори миробҳо огоҳӣ пайдо кардем.

Боиси зикр аст, ки бобати омодагӣ ба мавсими обрасонӣ то имрӯз дар самти тоза намудани хатҳои обрасонӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири дастгоҳҳои обкашиву чоҳҳои амудӣ ва зер-истгоҳҳои барқӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки иншооти мазкур соли 1972 сохта шуда, он дорои 5 дастгоҳ аст ва иқтидори обкашии як насос 3,7 мукааб метр дар як сония мебошад. Ин пойгоҳ барои обёрии зиёда аз 14 ҳазор гектар замин пешбинӣ шуда, иқтидори он кашидани об то баландии 47 метрро дорад.

Имрӯз мутахассисон кӯшиш намуда истодаанд, ки ба мавсими обрасонӣ ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ, иншооти гидротехникиро омода намуда, то муҳлати муқарраршуда ба хоҷагиҳои деҳқонӣ обро таъмин созанд. Аз 55 дастгоҳи пойгоҳҳои обкашӣ, айни ҳол наздик 85 фоизи он таъмир гардидааст.

- Барои амалӣ сохтани корҳо бо якчанд корхонаҳои сано-атии ҳудуди вилоят, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуҷанд - Торгмаш», заводи мошинсозии шаҳри Бӯстон, корхонаи таъмиргарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корбарӣ идома дорад. Дар ин коргоҳҳо қисмҳои эҳтиётиро рехтагарӣ намуда, дар сехҳои механикӣ, таъмиргарии ноҳия тармим карда истодаанд, ки ин барои беҳтар ва босифат омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ ёрӣ мерасонад, - зикр дошт дар суҳбат корманди идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Раҷаб Қурбонов.

Ҳадаф: беҳтар намудани вазъи обрасонӣ

Ҳамчунин, аз тарафи идораи обрасонӣ оид ба тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо корҳо хуб ба роҳ монда, айни ҳол зиёда аз 10 километр каналу ҷӯйбор тоза карда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят дар хусуси иҷрои дас-туру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, барои беҳтар намудани вазъи обрасонӣ дар ноҳия ва харидории агрегатҳои нав ба пойгоҳи “Дилварзин - 2” аз буҷети вилоятӣ соли 2018 наздик ба 2,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба пойгоҳи обкашӣ ду агрегати пуриқтидор дастрас шуд.

Имсол аз тарафи Раиси вилоят 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва дар сурати ворид шудан ба суратҳисоб боз корҳо аз ин хубтар мегарданд. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз тарафи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят як техникаи пуриқтидор рӯзҳои наздик ба ноҳия фиристода мешавад ва сифати корҳо боз ҳам беҳтар мегардад.

Мушкилоти асосӣ – напардохтани маблағи хизматрасонӣ

Имрӯз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 14 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома бастааст, ки тақсимоти об ва рӯёнидани маблағи хизматрасонӣ тавассути онҳо сурат мегирад. Дар идомаи суҳбат сардори идора самтҳои мусбату манфии фаъолияти ассотсиатсияҳоро дар алоҳидагӣ чунин арзёбӣ намуд:

- Мушкилии асосӣ дар он аст, ки сари вақт аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятии истифодабарандагони об маблағи ҳаққи хизматрасонӣ пардохт намешавад. Айни ҳол 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст, ки ин барои музди меҳнат, таъмири ҷории пойгоҳҳои обкашӣ ва заҳбуру заҳкашҳо басанда нест.

Қарзи хоҷагиҳо бошад, аз идораи об қариб 15 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мутахассисон ҳамроҳи кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии истифодабарандагони об корбарӣ намуда, бо баъзе хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз пардохти маблағ канораҷӯӣ мекунанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура пешниҳод ирсол намудаанд.

- Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо ҳамин сабабҳо аз шабакаҳои барқ 18 миллион сомонӣ, аз андоз зиёда аз 3 миллион сомонӣ ва музди меҳнат 480 ҳазор сомонӣ қарздор ҳаст, - изҳор намуд И. Азизов.

Натиҷаи таваҷҷуҳ - фаъолияти муназзам

Бояд қайд намуд, ки соли 2018 барои сари вақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо гардидани 3 миллиону 950 ҳазор сомонӣ маблағ, аз он ба ноҳияҳои Зафаробод – 1 миллион сомонӣ, Мастчоҳ – 2 миллиону 550 ҳазор сомонӣ, Ашт – 400 ҳазор сомонӣ барои омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ мусоидат намуд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 метр лӯлаи баландфишори пойгоҳи обкашии «Янтоқ – 2» иваз шуда, ду муҳаррики барқӣ харидорӣ ва ба пойгоҳи обкашии «Дилварзин - 2» васлу насб гардид.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Зафаробод пойгоҳҳои обкашии «Қизилӣ - 1», «Қизилӣ - 2», «Қизилӣ - 3» ва «Қизилӣ - 4» пурра аз таъмир бароварда шуданд.

- Барои бештар таъмин намудани заминҳои кишоварзии минтақаи Қизилӣ ду дастгоҳи обкашии 5 ҳазор кВт дар пойгоҳи обкашии «Қизилӣ - 4» васлу насб ва ба кор дароварда шуд. Ба ғайр аз он як дастгоҳи обкашии 8 ҳазор кВт дар пойгоҳи обкашии «Қизилӣ – 3» низ ба пуррагӣ аз нав барқарор гардид, - гуфт зимни суҳбат сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Тоҳир Қудратзода.

Бояд қайд намуд, ки дар мавсими имсола бобати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳи обкашӣ ва ин-шооти обрасон бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо гардидани 1 миллион сомонӣ маблағ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Зафаробод – 300 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 200 ҳазор сомонӣ, Ашт – 300 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Панҷакент – 200 ҳазор сомонӣ барои пешрафти кор мусоидат мекунад.

Имрӯзҳо кормандони соҳа кӯшиш доранд вазифаи худро сарбаландона ба сомон расонанд. Зеро онҳо ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки агар фаровонии дастархони мардум аз самаранокии заҳмати марди деҳқон бошад, пас серҳосилии зироатҳои кишоварзӣ аз ҷаҳду талоши миробҳо вобастагии калон дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Конибодом: Соҳаи саноат рушд меёбад?

Дар соли 2018 - ум 5 корхонаи калону миёна: ҶС «Ресмон», “Ассор”, “Конибодоммаснуот”, “Тоҷ”, “Билол - Груп” фаъолият надошта, шахсони масъули корхонаҳои номбурда оиди ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда вазифадор гардиданд, то ки пешбурди корхонаро аз нав ба роҳ монанд. Зеро, бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат саноатикунонии кишвар ҳадафи чорумини миллӣ эълон гардид.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки дар понздаҳ соли оянда бояд саҳми соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.

Бобати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода, ташкили коргоҳҳои нав, омода намудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Конибодом аз коргоҳҳои саноатии шаҳр дидан намуда, бо мутахассисон ва роҳбарони корхонаҳо ҳамсуҳбат шудем.

Бино ба гуфти Илҳом Ҳомидӣ - муовини раиси шаҳр оид ба иқтисодиёту саноат 23 корхонаи калону миёна, 21 корхонаи хурд ва соҳибкорони инфиродӣ бо истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми умумӣ бо нархҳои муқоисавӣ 261 миллиону 471 ҳазор сомонӣ буда, таъмини суръати афзоиш 130 фоиз аст.

- Раванди истеҳсолот дар натиҷаи сафарбар намудани захираҳои дохилӣ ва ташкили дурусти кор дар корхонаҳои саноатии шаҳр сол аз сол беҳтар шуда, дар ин раванд корхонаи «Таъмири қатораҳои Маҳрам» намунаи ибрат аст. Дар коргоҳ сехи истеҳсоли маҳсулоти резинӣ-техникӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки барои тамоми корхонаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон ва дигар корхонаҳо аз рӯи фармоиш маҳсулоти резинии ба равған ва бензин устувори стандартиро истеҳсол менамояд. Барои ободонии коргоҳ, муҳайё намудани шароити хуби кории кормандон 645 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст, - иброз дошт Илҳом Ҳомидӣ.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарият дар хусуси аз тарафи истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо либосҳои мактабӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Имрӯзҳо дар шаҳр 6 корхонаи дӯзандагӣ бо 86 ҷои корӣ ва иқтидори солонаи дӯхтани 60000 адад либос фаъолият дошта, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрро бо либосҳои хушдӯхти мактабӣ таъмин намуда истодаанд.

Гарчанде саҳми ҶДММ «Нафтрасон» ва «Шоҳон» дар ташаккулёбии қисми даромади буҷет назаррас аст, имконияти вусъат додани истеҳсолот пурра истифода нашудаанд. Мувофиқи маълумоти коргоҳҳои номбурда соли сипарӣ мутаносибан 13420 ва 4680 тонна нафти хом коркард шудааст, ки танҳо 30 фоизи иқтидори истеҳсолиро ташкил медиҳад ва дар соли 2019 барои ба пуррагӣ истифодабарии иқтидорҳои коргоҳ нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд.

Илҳом Ҳомидӣ ҳамчунин қайд намуд, ки соли 2019 сохта, ба истифода додани навбати дуюми заводи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии 300 тонна дар як шабонарӯз, 3 коргоҳи хурди дӯзандагӣ ва коргоҳи коркарди партовҳои маишӣ бо омода намудани 110 ҷои корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Акбар УСМОНОВ - директори ҶСК «Конибодом» иброз медорад, ки коргоҳ мавсимӣ фаъолият дошта, истеҳсолаш омода намудани консерваҳо мебошад. Кор аз охирҳои моҳи май ва аввали июн оғоз гардида, мушкилоти асосии роҳбарият ин дастрас набудани ашёи хом аст. Бобати ҳалли ин мушкилот маъмурияти коргоҳ бо кишоварзону боғдорони ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартнома баста, ҳамкории ҳамаҷониба ба роҳ мондааст. Баробари фарорасии мавсими пухта расидани меваю сабзавот махсусан, зардолую помидор сари вақт дастрас ва дар ин ҷо коркард мешаванд. Айни ҳол дар ҶСК «Конибодом» 25 нафар фаъолият дошта, бо оғози мавсим ин шумора ба 87 нафар мерасад. Музди миёнаи маоши кормандон ба ҳисоби миёна 600 сомонӣ буда, дар вақти мавсим то ба 850 сомонӣ мерасад, ки аз ҳисоби миёнаи музди меҳнати соҳа хеле паст мебошад.

Равшанбек ТУРУМОВ - директори ҶСК «Бодом» зимни суҳбат гуфт, ки коргоҳ ҳанӯз аз соли 1992 ҳамчун ҷамъияти саҳомӣ шинохта шуда, фаъолияташро ба роҳ мондааст. Алҳол он бо ширкати «Алюмини тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» ҳамкориро ба роҳ монда, соли 2018 ба маблағи наздик 900 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Дар шартномаи соли 2019 нишондодашуда бошад, миқдори истеҳсол ба маротиб зиёд гашта, ба 1 миллион сомонӣ мерасад. Шумораи коргарон низ дар ин муддат афзудааст. Истеҳсоли кунунии коргоҳ сохтани қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои ширкати «Алюмини тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» аз қабили қубурҳои чӯянӣ, зан-ҷирҳои андозаашон гуногун ва аробача иборат аст. Аслан корхона соли 1939 ба фаъолият шурӯъ намуда, ба истеҳсоли таҷҳизоти тормозӣ ва қисмҳои эҳтиётии автомошинаҳои «ГАЗ-24» ва «ГАЗ-31» машғул буд. Мутаассифона, ин намуди мошинҳо алҳол аз байн рафта, имрӯз коргоҳ фаъолияти хешро бобати истеҳсоли дигар намуди маҳсулот ба роҳ мондааст. Ҳарчанд талабот нисбат ба солҳои пешин бобати истеҳсоли ин гуна маҳсулот кам ба назар мерасад, аммо бо вуҷуди он маъмурияти коргоҳ фаъолиятро дар ин роҳ ҷоннок намуданӣ ва барои расидан ба ҳадафҳои дарпешистода кӯшиш дорад. Бобати ҷиҳозонидан бо таҷҳизот бошад, масъулин онҳоро аз нав таъмир ва ба талаботи кунунӣ мутобиқ гардонидаанд.

Алҳол дар ҶСК «Бодом» беш аз шаст нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба он равона месозанд, ки иқдоми тақдирсози Ҳукумати мамлакатро баҳри расидан ба ҳадафи чорум дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ ба роҳ монанд.

Шоира САЛИМОВА,
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

18 February 2019

Оғози сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд

Рӯзи шанбеи 16 феврал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.

Тавре зимни оғози корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, лоиҳаи бинои нав аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар» таҳия гардида, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда гирифтаанд. Бинои асосӣ аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхона таъсиси ҳафт утоқи корӣ барои шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар, ҷойи нишаст ва ошхона ташкил гардида, дар ошёнаҳои 2-5 утоқҳои кори кормандон бунёд мешавад.

Читать далее