February 2019

15 February 2019

Картошкаи барвақтӣ: Роҳҳои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти иқлими мусоиди вилояти Суғд доимо таъкид бар он мекунанд, ки бо кишти навъҳои ватаниву хориҷии серҳосили картошкаи барвақтӣ деҳқонони вилоят ба он ноил гарданд, ки ҳам рӯзгори мардуми диёрамон аз ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ таъмин бошад, ҳам бо пешкаш намудани картошкаи барвақтӣ ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон потенсиали содиротии кишвар баландтар шавад.

Мухбирони рӯзнома бобати рӯшанӣ андохтан ба муҳлатҳои аниқу мушаххаси кишти картошкаи барвақтӣ ба директори Маркази илмии кишоварзӣ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои кишоварзӣ Рустам Раҳимов бо чанд суол муроҷиат намуданд.

- Баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳи картошкаи барвақтӣ дар кадом муҳлатҳо кишт намудани он мувофиқтар аст?

- Аввалан бояд гӯям, ки соли равон дар вилоят ба майдони 1,5 ҳазор гектар кишт намудани картошкаи барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки кишту парвариши ин навъи картошка танҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ ба роҳ монда мешаваду халос. Ин шаҳру навоҳӣ минтақаҳои водигӣ маҳсуб меёбанд. Иқлими минтақаҳои дигари вилоят, ки кӯҳӣ ва наздикӯҳианд, ба кишти картошкаи дерӣ мусоиданд. То ба санаи 11 - уми феврал аз ин ҳисоб, яъне аз якуним ҳазор гектар ба 75 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз ҷумла 57 гектар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, боқимонда дар дигар шаҳру навоҳӣ. Картошкаи барвақтиро муҳлати охирин то санаи 25 - уми феврал кишт кардан зарур аст. Давраи вегетатсионии ин навъи картошка 80 - 90 рӯзро дарбар мегирад. Агар тухмии навъҳои ватании «Шукрона», «Каримӣ» ва хориҷии «Ранний Ҷуковский», «Невский», «Редскарлет» кишт карда шаванд, аллакай баъди дуним - се моҳ ҳосилро ҷамъ овардан мумкин аст. Тухмии навъҳои белорусии «Манифест», «Уладар»-ро бошад, то 1 - уми март низ кишт кардан мумкин аст. Давраи нашъунамои ин навъ 60 рӯз аст. Охири моҳи май ва аввали моҳи июн самараи картошкаи барвақтӣ ғундошта мешавад.

Агар ҳарорати ҳаво дар давраи ҳосилбандии картошкаи барвақтӣ 26 дараҷа гарм шавад, картошка лӯнда намебандад. Бинобар ҳамин ин навъи картошкаро ҳарчи барвақт кишт кардан беҳтару баманфиат аст.

- Баҳри ҳосили баланди картошкаи барвақтӣ ба даст овардан танҳо навъи тухмӣ нақши асосӣ дорад ва ё омилҳои дигар низ мавҷуданд?

- Бояд гӯям, ки омили асосӣ ин тайёр кардани замин аст. Бояд дар тирамоҳ заминҳои кишти картошкаи барвақтӣ хубу босифат, дар чуқурии 28-35 сантиметр шудгор гузаронида, имкон бошад, ҳатто ҷӯякҳо низ хат кашида монда шаванд. Баъд лозим аст, ки картошкаи босифати тухмӣ кишт карда шавад. Ҳангоми шинонидани картошкаи тухмӣ ҳатман реҷаи шинонидан риоя карда шуда, агар вазни лӯндаҳои картошкаи тухмӣ 30 - 40 грамм бошад, вақти ба қатор шинондан масофаи байнашон бояд 20 сантиметр бошад, агар 50 - 60 грамм бошад, он вақт масофаи байни лӯндаҳо бояд 28 сантиметр бошад. Баъдан, пас аз ба замин мондани тухмӣ ҳатман аз болояш 8 - 10 сантиметр хоки нарм рехтан зарур аст.

Инчунин, муҳим аст, ки пеш аз гузаронидани кишт ба ҳар гектар то 130 килограмм нурии фосфорӣ ва 90 - 100 килограммӣ нурии калий дароварда шавад.

- Зарурияти даровардани нурии минералӣ дар мавриди кишт дар чист?

- Зарурат дар он аст, ки калий барои пешгирии касалиҳои реша, ҳамчунин устувору тобовар намудани лӯндаҳои картошка ба сармоҳои аввалибаҳорӣ мусоидат мекунад. Нурии фосфорӣ бошад, барои инкишофи танаи растанӣ, инчунин гулбандии мураттаб ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифатнокии он таъсир мерасонад.

Баъди он, ки тухмиҳо нумӯъ карда, 8 - 10 сантиметр қад мекашанд ва 5 - 6 барга мешаванд, ду маротиба хоккаш кардан лозим аст ва дар ин маврид низ озуқа додан имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳи то 300 сентнерӣ ва ё 30 - тоннагӣ аз ҳар гектар ба даст оварда шавад.

Сол аз сол бештар гардидани таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба афзун гардондани масоҳати кишти картошкаи барвақтӣ дар вилояти Суғд низ бесабаб нест. Зеро маҳз дар ҳамин мавсим - яъне моҳҳои феврал, март ва апрел, давоми 80 - 90 рӯз пухта расидани ҳосили картошкаи барвақтӣ фақат ба минтақаи вилояти Суғд хос аст.

Риояи қатъии агротехникаи парвариши картошкаи барвақтӣ ва бо ҳамин ба даст овардани ҳосили 300 сентнерӣ кишоварзони вилоят метавонанд ҳам бозори дохилии кишварро ба таври кофӣ таъмин намоянд ва ҳам имконияти содиротиро бо ин намуди маҳсулот афзун гардонанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки картошкаи барвақтӣ аз он навъи зироатҳост, ки талаботи беандоза ба озуқаи минералӣ, аз ҷумла нуриҳои азотӣ, калий ва фосфорӣ дорад ва ба ҳар гектар дар мавсим зарур аст, ки зиёда аз 800 то 1000 килограмм озуқа ворид карда шавад.

 Рафоат МӮЪМИНОВА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

14 February 2019

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд

13 феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд шинос гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд. Тибқи лоиҳа бинои нави табобатӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст ва фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ «Евростройсервис» мебошанд.

Читать далее

ХИЁНАТ ГУНОҲИ АЗИМУ АВФНОПАЗИР АСТ

Дар гузориши онлайнии худ роҳбари кунунии Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ қайд кардааст, ки вақте ӯ дар сафари хориҷа буд, нисбат ба ӯ Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё парвандаи ҷиноӣ боз намуданд ва бинобар ин ба ҷумҳурӣ дигар бора  барнагашт. Бо чунин изҳороти худ ӯ аз қарори мақомоти прократураи ҷумҳурӣ норозигӣ баён намуд.

Маълум аст, ки моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе дастаи муташаккили ҳизби наҳзат бо роҳбари генерал Абдуҳалим Назарзода кӯшиши ташкили табаддулот намуд. Ин амалиёт пешакӣ бо маслаҳати Кабирӣ тарҳрезӣ гардида буд.

Муҳиддини Кабирӣ ҳамроҳи наздиконаш нақшаи табаддулотро таҳия намуда,қабл аз он ба хориҷа бо баҳонаи иштирок дар як конфронс рафт. Ҳизб бо ҳамроҳии роҳбараш Конститутсияи ҷумҳурӣ ва оинномаи ҳизби худро бошуурона поймол карданд, ки ин ҷиноят мебошад. Дар давлати ҳуқуқбунёд рукни асосӣ ин волоияти қонун аст. Тоҷикистон дар асоси Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Ба гуфти Кабирӣ гӯё З. Саидов, Ғ. Мирзоев, М. Искандаров бегуноҳ ба ҷазо гирифтор шудаанд. Ин албатта, ба ҳақиқат рост намеояд. Ба ҳама маълум аст, ки онҳо аз мансаб истифода карда, даст ба ҷинояти иқтисодию сиёсӣ заданд.

Раиси ТТЭ ҲНИ худро чун мусичаи бегуноҳ тасвир карда мегӯяд, ки ба ҳодисаҳои сентябри соли 2015 алоқа надошт. Бо чунин рафтор ӯ оммафиребӣ карда, мехоҳад ҷомеаро гумроҳ намояд.

Кабирӣ ташкилоти Паймони миллиро ташкил намуда, аз вазифаи раиси ҳизб даст кашида, бо ҳамин худро аз гуноҳ озод карданист.

Ин нохалаф аз фаъолияти гузаштаи худ чун ёрдамчии Раиси Комиссияи оштии миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ёдоварӣ карда, худро таърифу тавсиф намуд. Кабирӣ хизматҳои худро чунон бузург тасвир кардааст, ки гӯё ӯ сулҳ карда бошад. Бо ҳамин даъво дорад, ки барои хизматҳояш, гуноҳаш бахшида шавад.

Аммо афсӯс, ки гуноҳ аз хизмат зиёд аст ва он бахшида шаванда нест. Зеро табаддулоте, ки онҳо моҳи сентябри соли 2015 ташкил карданд, гуноҳи азиму авфнопазир аст, ки бояд дар назди қонун ҷавоб гуфт.

А.ОДИНАЕВ,
н.и.т., дотсенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Хоинони кишвар ба мақсад намерасанд

Имрӯз, дар ҷомеаи мо мутаассифона, нафароне ёфт мешаванд, ки оромиву осудагии давлатро намехоҳанд. Ин хоинони миллат, ба монанди Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳо суханони фитнаангез гуфта, барои тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони худ машғуланд.

Дар ин ҷода, боз яке аз чеҳраҳои манфуре, ки оромию рушди давлати моро намехохад, ин Илҳом Ёқубов аст. Ин шахси бесавод ва манфур, ки бо тахаллуси Илҳом-боксёр машҳур аст, ҳамроҳи падараш Дадоҷон Ёқубов, ки ӯ ҳам яке аз хоинони миллат буда, дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Илҳом Ёқубов вазифаи раиси федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда гирифта буд, чанд нафар ҷавононро гумроҳ ва хамақидааш кардааст.

Ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа барои Ватани худ, барои ободонии он саҳмгузор бошад. Шахсоне, ки ба монанди Илҳом Ёқубов ба давлату ватани мо хиёнат мекунанд, чунин фардон хоини миллатанд, зеро онҳо ба хоҷагони худ фирефта шуда, ба оромӣ ва сулҳу суботи кишвар таҳдид менамоянд. Ҳама суханоне, ки онҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ мегӯянд, беасосанд. Инсони солимфикр дида истодааст, ки давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба кадом дастовардҳо ноил гардида, ба як мамлакати ободу пешрафта мубаддал шуда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда истодааст. Мақсади нопок ва нақшаҳои баде, ки хоинони миллат доранд, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд. Мо, бошандагони кишвар, намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халал ворид шавад.

Роҳат Абдуҷабборова,
муаллимаи кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиноси ДДХ

Читать далее

ПРИНСИПИ ДОНАМ НАДОНАМ

Мулоҳизоти Дориюши Раҷабиён ки зери унвони “Зинда бод босмачӣ” дар сомонаи ифротии www.ksaadat.co   нашр гардид, ягон асоси воқеӣ надоранд. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол расонаҳои давлатӣ таърих ва воқеиятро ба таври озод ва воқеӣ инъикос мекунанд.

Бахусус шахсоне, ки аз илму таърих огаҳи надоранд дар бораи ин самтҳо набояд андеша баён кунанд. Иброҳим Усмонов олими номдори соҳаи таърих аст.

Он чӣ, ки оид ба нақши артиш ва  мубориза зидди ҳаракатҳои босмачигарӣ гуфтааст воқеияти таърихӣ аст.

Дар таърихи ҳаракати болшевикӣ ва таъсири он ба минтақа  аз ҷониби мутахассисон баҳои воқеӣ дода шудааст ва ин таърих дар рушди минбаъдаи минтақа нақши муҳимро низ гузоштааст.

Таърих гувоҳ аст, ки босмачигарӣ ва босмачиён ба ҳаёти мардумони осоишта  таъсири манфӣ расонидааст. Таърих ин гуна ҳаракатҳои  манфию зараровари  ҳаракати босмачигариро  фаромӯш намесозад.

Дар бораи таъсири  сохти шӯравии солҳои бистум дар асарҳои зиёди таърихӣ гуфта шудаанд, ки дар он хизмати болшевикон дар бунёди  мактабу маориф, фарҳанг, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ инъикоси худро ёфтааст.

Ҳамин тавр, андешаҳои Дориёнуш ғалат буда, огоҳ набудани ӯро аз таърих нишон медиҳад. Агар ӯ худро донандаи таърих шуморад, аққалан як мақолае оид ба таърихи солҳои бистум ба қалам орад.

Б.АЛИМОВ,
Ю.Нурмаҳмадов,
н.и.т., дотсентони ДДҲБСТ

Читать далее

Мубориза бар зидди терроризм

Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.

Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Бо мақсади байни худ тақсим намудани неъматҳои моддӣ ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсии худ дар ҳудудҳои давлатҳои алоҳида низоъро ба миён меоваранд. Авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳе мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.   Соли 2016 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020” тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм  ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм  мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.

М.БОЙМАТОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 

Читать далее

Кабирӣ гумроҳ ва хиёнаткор аст

Вақтҳои охир бо маҳдуд гардидани доираи фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ гардидани фаъолияти ин ҳизби тахрибкор роҳбари он хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар бо супориш ва дастури хоҷагони хеш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум бахусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд. Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз фаҳмидани мардум ва дарки амалҳои разилонаи наҳзат Кабирӣ бо супориши хоҷагонаш тарки наҳзат намуда, паймони миллиро таъсис дод. Бо ин амалаш Кабирӣ шояд гумон кунад, ки акнун мардумро дигарбора ба сӯи найрангҳои хеш кашида метавонад.

Аммо Кабирӣ ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми ба ору нанги тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдонӣ нахохад кард. Зеро мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат ва реша задан батешаи миллат аст.

Чун тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, имрӯзҳо М.Кабирӣ даъво намуда истодааст, ки Ҷоизаи ҳуқуқшиноси даргузашта Файзиниссо Воҳидова таъсис дода шавад. Кабирӣ бояд донад, ки вақте ки Ф.Воҳидова даргузашт, шавҳараш ба наҳзатиён ва хоинони миллат муроҷиат намуда, зикр дошта буд, ки аз марги ҳамсараш ҳангома насозанд ва рўҳашро ором гузоранд. Ин пешниҳоди Кабирӣ кори аблаҳона буда, танҳо аз ноогоҳиву камсаводӣ ва беақлии ӯ шаҳодат медиҳад.

Шамсиева Азиза,
сармуаллимаи кафедраи
технология ва методикаи таълимии ДДХ

Читать далее

ҲЕҶ ГОҲ БАДӢ БА НЕКӢ ҒОЛИБ НАМЕОЯД!

Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо нисбат ба кишвару давлати мо ҷанги иттилоотӣ аз давлатҳои абарқудрат ва хоинони миллат оғоз шудааст. Онҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ пешравиҳое, ки дар ватанамон шуда истодааст ночиз дониста бар роҳу восита бархезонидани иғвоянд. 

Тоҷикистони азизи мо соли  1991 соҳибистиқлол шуд, аммо мутаасифона пас аз мӯҳлати начандон кам бо ташкилии кишварҳои абарқудрат дар мамлакатамон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва ин то соли 1997 давом дошт. Дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ мо ба чӣ қадар пешравиҳо ноил гардидем. Мо бояд ба ин ҷангҳои иттилоотӣ ё ин ки ҷанги сард мегуянд бояд мубориза барем. Саҳифаҳои таърихро варақгардон намоем, яке аз сабабҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҷанги сарди давлатҳои  Ғарб буд.

Мисоли дар боло зикршуда фикру андешаҳоии халқи меҳанпарасти  тоҷикро, ки интишороту ахбороти аз расонаҳои хабарӣ мутолиа намудаашон  ба сомонаҳои иҷтимоӣ ҷойгир менамоянду ҳар маротиба мехоҳанд, ки шӯришу ғавғои баландтареро рӯи кор оварда бошанд, бисёр ба мушоҳида мерасад. “Мулоҳизоте аз Дориюши Раҷабиён бар суханронии ахири профессор Иброҳим Усмонов” ин гуна унвон дар мулоҳизоти нафаре буд, ки мехост таърихро баргардонаду амиру аморатро ҷорӣ намояд...

Маълум аст, ки ҳар нафаре берун аз Ватан зиндагӣ дорад, бидуни фикру андеша ҳар санге ба дасташ хоҷагонаш додаанд ва сӯи Ватан ҳаво мезанад. Баҳси Дориюши Раҷабиён дар мавриди "босмачиён" аз чунин раванде ҳаст, ки бидуни хулосаву мулоҳиза рӯи қоғаз омада ва ҳамватанону ҳамиллатони хеш ҳаво дода шудааст. Халқи тоҷик "босмачиён" - золим, фосиқ ва хунхорро, ки монанди мор намоён буданд, нест карданд, аммо он гурӯҳҳои бо номи "босмачиён"-и навбаромада дар мисоли Дориёюши Раҷабиён ва роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи назҳатӣ аз рӯи рост нишон додани худ ҳаросида, дар хориҷи кишвар садо баланд карда, заҳр мезананд. Ӯ бо супориши хоҷагонаш бе ягон далел ин хунхории "босмачӣ"-ро таърифу тавсиф карда, мехоҳад бо ин роҳ ҳамаро ба худ ҷалб намоянд. Таърих шоҳид аст, ки дар ягон маврид мардум ба суханҳои Раҷабиёну пайравонаш бовар намекунанд. Магар Дориюш намедонист, ки ҳамаро бозмедоштанд ва ҳар нафаре ба пешрафт дастёб гашт ӯро ҳукме ба кофир, бехудо ва монанди ин мебароварданд, то дигарон аз дастуру супоришҳои эшон сарпечи накарда ғуломи ҳамешагии онҳо бошанд.

Мардуми тоҷик дигар ба доми душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешавад ва ҳама вақт мӯҳри хомӯшие хоҳад зад ба даҳони Дориюши Раҷабиён барин ашхосҳои миллатфӯруш.

Т. Тӯхтаев – н.и.и., дотсент,
мудири кафедраи молия
ва қарзи ДДҲБСТ

Читать далее

Ҳадафҳои нопок дастгирӣ нахоҳанд ёфт

Барои халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ як дарси ибратомўз буд, ки хеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромўш намешавад. Мардуми тоҷик намехоҳад, ки дубора ба доми найрангу фиреби шахсони хоин ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва Илҳом Ёқубов гирифтор шаванд.

Ягон террорист наметавонад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиклол ва ободу зебо нақшањои нопоки худро амалӣ гардонад, зеро мардуми шарафманди тоҷик имконият намедиҳад, ки чунин шахсон дар Тоҷикистон кор ва фаъолият баранд. Илҳом Ёқубов баробари пайравӣ ба амалҳои хоинонаи ин ҳизби ифротгаро як умр дар хотири мардуми тоҷик ва насли оянда ҳамчун хоин ва ватанфурўш нақш хоҳад баст. Ин ашхос ба гузаштаи хеш ва давлату миллат иснод меоваранд. Зеро аз рўзҳои аввали фаъолият ҳамеша бадандешиву бадниятиро дастури худ қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам амал мекарданд. Маҳз, бо чунин андешаҳои ғаразноки хеш онҳо бори дигар хостанд мардумро гумроҳ карда, байни ҷомеа кинаву адоват паҳн намоянд. Чунин шахсон тайёранд, бо маблағҳои ҳоҷагонашон дар Тоҷикистон дилхоҳ супоришу ҳадафҳои нопоки сарпарастонашонро иҷро намоянд, ҳатто тайёранд Ватан-Модар барин арзишҳоро ба маблағҳои ночиз фурўшанд. Аз террорист ҳама чизро интизор шудан мумкин аст. Зеро аз Илҳом Ёқубов ва аъзои фаъоли ҲНИ ҳар гуна макру ҳиларо интизор шудан метавон. Онњо мисли рўбоҳ ҳастанд, ки дар камтар имконият бо макру фиреб мехоҳанд, таваҷҷуҳи мардумонро ба худ ҷалб намояд , аммо хадафҳои нопоки онҳо дастгирӣ нахоҳанд ёфт.

Кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносии ДДХ

Читать далее

АЗ ОЗОДИТАЛАБӢ ТО БА «БОСМАЧИГАРӢ»

Муддате чанд аст, ки тавассути расонаҳои гуногуни хабарӣ хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад ба фазои Истиқлолияти давлатӣ ва оромиву осудагӣ фитна андозад.

Дар баромади навбатии худ ӯ аз босмачиҳо бо ҳасрат ёд мекунад ва онҳоро «мубориз», «истиқлолиятхоҳи миллӣ» ва «баору баномус» меномад. Дар баробари ин ӯ идеологияи Шӯравиро бадном карда мегӯяд, ки гӯё ҳаракати «озодихоҳона» босмачиҳоро қасдан бадном карда бошад. Аммо ин беору номус ба хотир намеорад, ки дар замони Шӯравӣ ӯ мисли садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар аз тамоми имкониятҳо ба таври ройгон бархӯрдор буд, бепул табобат мегирифт, истироҳат мекард, дар мактаби миёна, техникуми омор, донишгоҳ бепул таҳсил карда буд.

Кабирӣ босмачиҳоро «падару бобоёни баномус»-и худ меҳисобад ва мехоҳад, ки аз онҳо «қаҳрамон» сохта шавад. Зеро ба ақидаи вай, онҳо гӯё барои ҳифзи истиқлолият мубориза бурда будаанд.

Аммо ба ҳама маълум аст, ки босмачиҳо киҳо буданд ва барои чӣ мубориза мебурданд. Ҳаракати босмачигарӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори сиёсӣ ва ҳарбии хориҷӣ бар зидди Ҳукумати Шӯравӣ ташкил ёфта, дастгирӣ мегардид ва фаъолияти онҳо ҳаргиз ба манфиати миллати тоҷик набуд. Босмачиҳо ғайр аз қатлу ғорати бераҳмона дар ҳудуди Тоҷикистон ягон амали дигаре анҷом надодаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ мақсади сохтани давлати миллии Тоҷикистонро надоштанд, балки бо истифода аз дину мазҳаб ҳадафҳои геополитикии кишварҳои қудратманди дигарро татбиқ мекарданд. Агар онҳо ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ мебуданд, аз ҷониби мардум дастгирӣ меёфтанд. Лекин баръакс, тамоми аҳолӣ он замон Ҳукумати Шӯравиро дастгирӣ карда, бар зидди босмачиҳо мубориза мебурд.

Дар тадқиқотҳои худ олими намоёни тоҷик Атахон Сайфуллоев хеле бамавқеъ овардааст:

«Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд. Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд».

Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин нохалафон аз давраи буданашон то ба имрӯз барои як мақсад – талаву тороҷи мардуми бечора равона буданду халос. Ба маълумоти «босмачӣ» - бехонаву дари замонаи нав мерасонем, ки агар қурбу қудрат доред, бо роҳи оромиву осоиштагӣ баҳри ободии мардуми боҳиммати тоҷик дар камари ҳиммат бандед на даъвои мансабу чизу чора.

Ғ.Санавваров -  дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

Читать далее