February 2019

14 February 2019

ДИН ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Ба шароити ноороми олам, ки дар он аксаран хонаи мардуми мусулмон месӯзад, назар намуда аз ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқ, дили кас реш мегардад. Мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офарида, паёмбари барҳақ ҳидоят карда ва  Китоби ягонаи Осмонии Қуръон роҳнамоӣ кардааст. Ба назари мо онҳо ин ҳақиқатҳоро фаромӯш накардаанд, аммо фаромӯш кардаанд, ки ҳамагӣ фарзандони  бобои Одаманд, фаромӯш кардаанд, ки онҳо ҳама дарду захмро баробар эҳсос мекунанду  саодатро инчунин  хоҳонанд ва онҳоро  умумиятҳои бузурге  мисли халқият, миллат, мазҳаб, дин  ва одамият муттаҳид кардааст. Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар ағлаби мавридҳо ба оромию вазъи мӯътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътикод ва саодати мардуми эътиқодманди олам  аст,  таҷдиди назар  намоянд.  Маҳз, арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чи дар масири таърих ва чи имрӯз дар шароити муосир  қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намояд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст,  асосгузори мазҳаби мо таъкид карда ва бузургони гузаштаи мо бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит сохтаанд.  Ислом ва бузургии ӯ дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазовот, на тундгӯию қитол балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии ҳалқу миллатҳои мухталиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрӯз ба хотири кадом як манфиатҳои паси пардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, хилофи дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.

Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумӯи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад.

Аз ин нуқтаи назар агар мо ба таърихи дини ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки ин динро қабул карданд назар кунем дар нигоҳдоштани ҳуввияти миллӣ, забон ва арзишҳои миллатҳои ғайри араб хусусан тоҷикон хидматҳои амалии соҳибмазҳаби мо Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит(р) аз ҳама бештар ба назар мерасад.

Дар ибтидои асри  дуввуми ҳиҷрӣ(асри ҳаштуми мелодӣ)баъди вафоти Пайғамбар алайҳис-салом асосан фатвои шаръӣ на ба тариқи хаттӣ, балки аз ҷониби соҳибфатвоҳо шифоҳӣ содир карда мешуд.

Соҳибфатвоҳо дар масъалаҳои зиёд ба дигар миллату қавмҳои ғайри миллати араб монегиҳоро пайдо карда буданд, аз ҷумла мегуфтанд, ки Қуръонро ба дигар забон тарҷума кардан мумкин нест ва ҳар касе, ки фаҳмидани маънои онро хоҳад бояд забони арабиро омӯзад, шарҳу таъвили Қуръон фақат бо забони арабӣ ва тафсири он бо ояту ҳадис бошад, ҳеч олиме ҳақ надорад, ки бо фаҳму заковат ва маърифати худ маънои онро баён кунад ва инчунин то асри тадвин яъне асри саввуми ҳиҷрӣ иҷозат намедоданд, ки ҳадисҳои Пайғамбар алайҳис-салом навишта шавад ва чунин масъалаҳои мубрам зиёд буд.

Чунин ба назар мерасид, ки урфу одат, расму оин, иду ҷашнҳои миллату қавмҳои навмусулмоншуда ба инобат гирифта намешуд, манфиати миллатҳои ғайри араб сарфи назар карда мешуд.

Соли 700-ӯми мелодӣ Нуъмон ибни Собит дар шаҳри Кӯфа дар оилаи форс-тоҷик ба дунё омаданд ва дар назди устодони бузург таълимоти ҳамаи улуми замони худро аз худ карда дар байни халқ соҳибфатво шуданд.

Барои Имоми Аъзам(р) ислоҳоти куллӣ дар ақида, мактаби фиқҳӣ ва андешаҳои миллӣ ва илмӣ пеш омад, ки он кори осон набуд, аммо Имоми Аъзам(р) бо роҳи оқилона чорчӯбаи муқаррар гардидаро шикастанд ва аз оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои шариф, ки арзишҳои миллиро тарғиб мекунад бо далелҳои раднопазир масъалаҳои шаръиро бо тариқи нав фатво доданд аз ҷумла тафсир ва тарҷимаи Қуръонро бо забони форси-тоҷикӣ ва ба шарҳу таъвили оятҳо дохил намудани баёни фикри муфассиронро низ  иҷозат доданд, ҳатто дар  намоз бо забони форси-тоҷикӣ ибодатро фатво доданд, бо ин мавқеи муайян ва навовариҳо дар таълимоти дин ин фарзанди фарзонаи миллат  ба мазаммату маломати баъзе душманони миллатҳои ғайри араб рӯ ба рӯ шуданд.

Имоми Аъзам дар ҳуҷҷатоварӣ  ҳар вақто, ки аз Қуръон ва ҳадис далел пайдо намешуд, фикри худро бо овардани мисоли фиқҳӣ аз рӯи "Қиёс"масъалаҳои минтақавӣ ва фарҳангии қавму халқҳоро яъне масъалаи миллиро ҳамаҷониба ҳаллу фасл менамуданд.

Имоми Аъзам дар усули фиқҳ бо дохил намудани "Урф" анъанаҳои миллӣ, урфу одат, либоси миллӣ, забони миллат, иду ҷашн ва маросимҳои миллиро бо баёни он, ки инҳо хилофи шариат нестанд иҷозат фармуда роҳи миллати моро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ фарох намуданд.

Ин ҳама хидматҳои Имоми Аъзам маънии онро дошт, ки арзишҳои миллӣ ва камтар аз падидаҳои динӣ ва мазҳабӣ нест ва онҳо дар рӯзгори инсоният нақши бориз дорад ва бидуни онҳо инсоният асли худро аз даст хоҳад дод.

Имрӯз мо ходимони дин дар кишвар бояд фаромӯш накунем, ки мо дар асри бисту як зиндагӣ мекунем ва бояд донем, ки миллати Тоҷик зиёда аз 1300 сол пеш дини мубини исломро қабул кард, фарзандони ин миллат дар мисоли Имоми Аъзам, Имом Ал-бухорӣ, Хоҷа Ҳафси кабири Бухорӣ ва садҳо нобиғаҳои миллат ба дини мубин ва пойдории шариат хизмат карданд, аммо арзиш ва муқаддасоти миллиро ҳама вақт дар мадди аввал гузоштанд ва муваффақ ҳам шуданд.

Барои ҳамин ҳам ман ҳамчун як фарзанди миллат, як ходими дин нооромиҳои олам ва хусусан аз дини ислом сӯиистифодаро дида бо ҳисси масъулият ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва хусусан ба ходимони дини кишвар муроҷиат менамоям, ки дин имрӯз ҳамчун ақидаи муқаддас, пок, беолоиши сиёсӣ, тарғибгари одобу ахлоқ, дӯстию рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари мардум хизмати худро баҷо биёрад, мо ходимони дин дар пайравии ин бузургони миллат бояд дар байни мардум чунон фаъолият намоем, ки дар зиндагонӣ ва давлатдории миллии тоҷикон миллати мо зери парчами миллӣ ҷамъ ояд, ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хидматҳои  Пешвои миллат  бирасем, ҳамаи мо таҳти роҳбарии одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамонро обод кунем.

Агар мо андешаи миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, саодати миллат бардавом ва  дар он вақт рӯҳи бузургон аз мо шод, кишвар обод ва миллат сарбаланд мешавад.

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА
Сархатиби вилояти Суғд 

Читать далее

Тапончаи обдори сухан аст, на «фабрикаи ҷавоб»

Муҳиддин Кабирӣ дар суханрониҳои охиронаш доир истилоҳи наверо кор фармуда, онро «фабрикаи ҷавоб» номгузорӣ кардааст. Думравонаш ба ин пайравӣ карда, «мудири фабрика», «мудири ферма» ва амсоли инро фикр карда баромаданд. Бар замми ин онҳо боз истилоҳи «ятиморветс»-ро ҳам истифода мебаранд. Манзури Кабирӣ аз ин истилоҳ ҷавобҳои мардуми қишрҳои гуногуни ҷомеа, вокуниши зиёиён ва хизматчиёну коргарон нисбат ба кирдору гуфтори пайравонаш аст.

Фабрикаи ҷавобе, ки онҳо мегўянд, аслан ифодагари дарду дил ва мавқеи мардуми озодандеши тоҷик аст ва он бо тақозои ягон сардор ва ё мудире нест. Аслан, мухолифин дар солҳои 90-уми асри гузашта одат карда буданд, ки ба баромадҳояшон касе эътирозе намекард, шояд он замон шуури сиёсӣ ба қадри даркорӣ инкишоф наёфта буд ва ё гоҳо «абрро бонги саг зиён накунад» гуфта, чизе намегуфтанд ва наменавиштанд. Аммо имрўзҳо мардум онҳоро шинохтааст ва кӣ ва чӣ буданашонро медонанд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки аз демократия ҷор мезанад, пас чаро пайравонашро хабарҳое, ки ба гуфти худаш «фабрикаи ҷавоб» омода кардааст, ба талвосаву таҳлука медарорад? Ҷавобҳои мардуми зиёӣ ва нафароне, ки аҳли қаламанд, ба сари пайравони Паймони миллии Тоҷикистон мисоли мушти обдор аст, ки гурс-гурс зада меистад.

Дигар мухолифине, ки дар майдони сиёсат худро шер мепиндоштанд, яккатозӣ надоранд ва маълум гашт, ки ҷавобу вокунишҳои мардум рўбоҳакони шернамо буданашонро собит мекунад.

Ҳамаи вокунишҳо ва посухҳоро ба суханон ва кирдорҳои Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш мардуми ватанпарвару ватанхоҳ бо амри виҷдон менависанд ва аз касе барои навиштаҳояшон подоше умедвор нестанд. Муҳимтарин подоши онҳо аз хоинони фитнагар озод кардани миллат аст.

Хуб аст, ки «фабрикаи ҷавоб» мавҷуд аст, вагарна ин хиёнаткорон чиҳо намегуфтанду намекарданд. Ҷавобу вокунишҳо ба гуфтору кирдори хиёнаткорон реаксияи воқеии зиёиён нисбати чолишҳои нодуруст аст!

Дар чанд соли охир Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ бо таҳия ва пахши чанд филми мустанад аз рўзгори Қиёмиддин Ғозӣ, Айёмиддин Сатторов ва чанд тани дигар пардаҳоро аз кардаҳои ТТЭ Ҳизби наҳзат бардошт ва ҳақиқатро манзури омма гардонид. Гуфтан ва намоиш додани ҳақиқат низ ба пиндори Муҳиддин Кабирӣ кори «фабрикаи ҷавоб» аст.

Дар хабари охирон, ки «Фабрикаи ҷавоб»: ҳукми Эшони Қиёмиддинро 18 сол кам кардаанд» унвон дорад ва онро мухолифин паҳн кардаанд, эҳсос мегардад, ки аз хабари кам шудани хукми ҷазо хурсандӣ зоҳир накарда, балки аз ҷавоби сазовор андўҳгинанд.

Дигар Суди Олӣ мақомоти бесалоҳият низ нест, ки ҳукмро кам карда натавонад. Пас, вақте чунин хабарро расонаҳои иттилоотӣ паҳн мекунанд, чаро он маҳсули кори «фабрикаи ҷавоб» будааст? Вақте Эшони Қиёмиддини Ғозӣ сидқан пушаймон шудаасту 25 соли ҷазои ў ба 7 сол табдил гаштааст, пас ин чӣ бадӣ дорад?

Хурсандии воқеии банда дар он аст, ки чунин вокунишу раддия ва чавобдиҳӣ ба кирдору гуфтори хиёнаткорон ҷой дорад ва аз онҳо душманони миллат ба ҳарос меоянд.

И.Раҳимзода,
 номзади илмҳои филологи ДДХ

Читать далее

Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ»

Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи баргузории Фестивал-озмуни вилоятии «Чакомаи гесӯ» санаи 11-уми феврали соли 2019 дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Чакомаи гесӯ” бо иштироки донишҷӯдухтарони факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Фестивали мазкурро ректори донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷамшед  Ҳабибулло ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба тарбияи ахлоқиву маънавӣ, зебоипарастӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва амсоли ин бетаъсир нахоҳад буд.

Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” дар се бахш гузаронида шуд, ки дар он беш аз 80 нафар духтарони донишгоҳ ширкат варзиданд. Яке аз шартҳои он ороиш ва мӯйбофии қадима, намоиш додани ҳунари волои машшотаҳо, дар доираи расму оинҳои миллӣ саршӯёну арӯсбарон, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ бо либосҳои хоси маҳал ва амсоли инҳоро ташкил медод.

Донишҷӯдухтарони донишгоҳ маҳорати баланди худро нишон доданд, ки дар натиҷа, ҷойи аввал насиби Мутриба Атабаева - донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва иқтисодиёти бозор, ҷойи дуюм Хушнура Мирбобоева – донишҷӯи  факултети филологияи рус ва Саидабону Икромова ба ҷойи сеюм аз факултети забонҳои шарқ муваффақ гардиданд.

 Шарти дигари озмун, ки ба олами афсона ва зебоӣ шабоҳат дошт, ҳусну малоҳат ва таровати мӯй ба таври бадеӣ дар асоси ривоятҳои халқӣ ва асарҳои классикӣ бо истифода аз фалак, шашмақом, бадеҳахонӣ пешкаши ҳамагон гардид, ки дар он ҷойи аввал насиби Парвина Ғафурова - донишҷӯи курси аввали факултети таърих ва ҳуқуқ, ҷойи дуюм Умеда Ризақулова -донишҷӯи курси 1-уми факултети математика ва Шаҳноза Қурбонзода ба ҷойи 3-юм аз факултети тарбияи ҷисмонӣ сазовор гардиданд.

Шарти сеюм фарогири ороиш ва мӯйбофии замони муосир буда, дар иҷрои ин шарт ороиши мӯй ба тарзи замонавӣ бо либосҳои хоси миллии замонавӣ сурат гирифт. Дар он Мадина Эшмуродова -донишҷӯи соли дуюми факултети геоэкология сазовори ҷойи аввал, Манзура Комилова -донишҷӯи соли дуюми факултети телекоммуникатсия ва ТИ ба ҷойи дуюм ва донишҷӯи соли сеюми факултети биология ва химия Муҳаббат Шамсия ба ҷойи сеюм ноил гардиданд.

Дар охир ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлили
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

13 February 2019

Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ "Хуҷандторгмаш"

13 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандторгмаш», ки дар майдони истеҳсолотии он боз як корхонаи нави истеҳсоли трансформаторҳо бунёд мешавад, боздид намуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав бо саҳми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон сохта шуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз технологияҳои олмонӣ ба роҳ монда мешавад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Спитамен

12 феврали соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дода, бо рафти бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ аз наздик шинос гардид.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ноҳияи Спитамен низ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як қатор иншооти гуногун, аз ҷумла майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаи марказӣ ва осорхонаи миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат, муассисаҳои таълимӣ, азнавсозии қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Куруш ва дигар корҳои ободонӣ ҷараён дорад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди иншооти гуногун дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

12 феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сохтмони як зумра иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дошта, дар назар аст, ки то соли 2021 дар шаҳр 150 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шавад.

Читать далее

МАВЗЕЪҲОИ ИСТИРОҲАТИВУ САЙЁҲӢ РУШД ХОҲАД ЁФТ

- Соли 2018 - ум 10 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, 170 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи беш аз 1 миллиону 146 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 95 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - изҳор дошт Зариф Назирӣ - раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО - и вилоят.

Ҳамчунин, қайд шуд, ки дар ин давр аз 103 корхонаи саноатии ноҳия 59 коргоҳ нисбат ба ҳамин даври соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Дар маҷмӯъ алҳол дар коргоҳҳои саноатии ноҳия қариб 2200 нафар фаъолият бурда, маоши кормандони соҳа 1255 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша мебоист дар ноҳия соли гузашта аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ва ҷалби сармояи соҳибкорон ва аҳолӣ 244 километр роҳ обод шавад, вале ба нақша гирифта шуда, дар даври ҳисоботӣ ба маблағи беш аз 12 миллион сомонӣ 256 километр роҳи ноҳия мумфарш, шағалпӯш ва таъмири ҷорӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади муаррифии минтақаҳои сайёҳии ноҳия, маҳсули меҳнати ҳунармандон аз ҷониби масъулин чорабиниҳо гузаронида шуда, дар ин самт боз ҳам корҳои ободониву рушди он идома дорад. Боиси қайд аст, ки дар ноҳия ташкили якчанд минтақаҳои истироҳатӣ дар назар дошта шудааст.

Зариф Назирӣ ҳамзамон оид ба омодагӣ ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз дошт, ки тибқи нақша дар ҳудуди ноҳия 98 иншоти хурду бузург таъмир ва сохта мешаванд.

Дар фарҷоми нишаст роҳбарияти ноҳия ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма посухҳои мушаххас дод.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳадаф: Дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои беасосу такрорӣ дар фаъолияти соҳибкорони ба истеҳсолот машғулбуда, давоми солҳои 2019 - 2020 мораторий эълон намуданд.

Яъне барои тақвият бахшидан ба раванди рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ зарур шумориданд, ки тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда шавад. Инчунин, таъкид намуданд, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти гумруку андоз татбиқ шаванд.

Ҳукумати мамлакат барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ чораҳои дахлнопазир меандешад. Эълон гардидани мораторий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин маротиба набуда, қаблан мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моратория ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна” аз 26 марти соли 2009, №505 ба муҳлати ду сол ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1146 аз 30 - юми сентябри соли 2011 ба ҳамаи намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ моратория қабул шуда буд. Ҳатто дар солҳои аввали 1994 якчанд номгӯй молу маҳсулоти истеҳсолшавандаи ватанӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод шуда буданд.

 Ҳамчунин, дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 - юми декабри соли 2017 баргузор гардида буд, бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба гузаронидани санҷишҳо ва муҳайё намудани шароити лозима барои пешрафти кори соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми солҳо мораторий эълон карда буданд. Оид ба ин масъала Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 - уми январи соли 2018, №990 “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ” қабул шуд, ки қариб 2000 нафар соҳибкори соҳаи истеҳсолӣ аз он бархурдор шуданд.

Акнун вақти он расидааст, ки бар ивази ин ғамхориҳои доимии Сарвари давлат андозсупорандагон фаъолияти худро дар самти афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, беҳтар намудани сифатнокӣ, зиёд кардани ҷойҳои кории нав, пешниҳод намудани ҳисоботи андоз, эъломияҳои андоз ва маълумоти вобаста ба андозбандиро дуруст ба роҳ монанд.

Дар навбати худ кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон дар хотир бояд дошта бошанд, ки тибқи нақшаи тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли 2018 - ум 13 фоиз, аз ҷумла дар вилояти Суғд 20 фоиз афзоиш ёфтааст. Чӣ тавре ки дар суханронии Пешвои миллат гуфта шуданд, барои таъмини он сарчашмаҳо мавҷуданд.

Яке аз омилҳои асосие, ки ба ворид шудани маблағҳои пешбинишуда ба буҷети давлатӣ мусоидат менамояд, ин фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ мебошад.

Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти соҳибкориро дар мамлакат доимӣ дастгирӣ карда, дархосту пешниҳоди онҳоро мунтазам ба инобат гирифта, барои рушди фаъолият имтиёзҳои андозӣ пешниҳод намуданд. Бешубҳа, ин омилҳо барои таъмини нақшаи пешбинишудаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2019 мусоидат хоҳанд намуд.

Валаматшех Маҳмудов,
собиқадори соҳа, Аълочии мақомоти
андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Гулдастаи ғазали Камол дар Тошканд

Дар арзҳои дӯстӣ

Нашриёти «Noshirlik yog’dоsi»-ии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  маҷмӯи ғазалҳои шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандиро интишор ва дастраси ҳаводорони шеъри ноб сохт.

Маҷмӯаро Шӯҳрат Бобоҷонов омода сохта, он шомили ғазалҳои дилнишини шоири хушгуфтор Камоли Хуҷандӣ мебошад.

Мураттиб қайд мекунад, ки ин маҷмӯа барои муаллимон, донишомӯзону донишҷӯён ва ҳаводорони осори адабӣ, бо забони тоҷикӣ манфиатбахш хоҳад буд.

Зимнан гуфтанист, ки  баъди ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҳоратӣ ва илмиву фарҳангӣ бамаротиб таҳҳким ёфтанд.

«Гулдастаи ғазал» низ ҳосили хамин ҳамкорӣ ва таҳкими робитаи илмист.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

12 February 2019

Маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзун мегардад

Нишасти матбуотии роҳбарони сохторҳои маҷмӯи иқтисодии вилоят - Сарраёсати молия, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти ин мақомот дар соли 2018 бо рӯзноманигорон баргузор гардид.

Тавре сардори Сарраёсати молияи вилоят Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ зикр дошт, чун ҳарвақта соли 2018 дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ-маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида шуда, дар маҷмуъ ба ин соҳаҳо 1370,5 миллион сомонӣ равона гардид, ки баробари 81 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар ин давр нисбат ба соли 2017 - ум ба андозаи 8,8 фоиз ва ба маблағи 110,5 миллион сомонӣ афзун гаштааст.

Ба суоли он, ки ба таъмири асосии роҳҳои вилоят маблағҳо аз кадом ҳисоб ҷудо карда мешаванд, Анвар Мирзозода зикр намуд, ки соли 2018 - ум бо ин мақсад бештар аз 52 миллион сомонӣ равона гардида, маблағҳо аз рӯи нақшаи тасдиқшудаи соли 2018 - ум ҷудо гардидаанд.

Бояд гуфт, ки ба таъмири роҳҳо маблағгузорӣ сол аз сол зиёд гардида, нисбат ба даҳ соли охир чанд баробар афзун шудааст. Дар соли 2019 ба таъмири куллии роҳҳо (бе назардошти таъмири ҷорӣ) 57 миллион сомонӣ равона хоҳад гашт.

Ба саволи он, ки воридоти ғалладона, аз ҷумла, гандум ба вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад, сардори Сарраёсати омори вилоят Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин зикр кард, ки дар робита бо он, ки давоми ду - се соли охир майдони кишти гандум аз ҳисоби афзун намудани заминҳои кишти пахта ва картошка дар хоҷагиҳои вилоят коҳиш дода шуд, соли 2018 - ум ба вилоят аз хориҷи кишвар 1 миллиону 11 ҳазор тонна гандум ворид карда шуда, воридоти орд бошад, кам гардидааст. Ҳамчунин ба пурсиши рӯзноманигор дар бобати он ки чаро дар баъзе деҳоти навоҳии вилоят рақамгузории кӯчаву ҳавлиҳо ба назар намерасад, сардори Сарраёсати омор посух дод, ки то ин дам дар ин самт дар деҳоти дурдасти қаламрави вилоят эътибор ба таври кофӣ набуд ва рақамгузорӣ аз 56 то 60 фисадро ташкил медод. Алҳол баҳри ба тартиб овардани рақамгузорӣ аз буҷети вилоят маблағи муайян ҷудо гардид ва то моҳи апрели соли равон ин кор ба субут расонида хоҳад шуд.

Инчунин, қайд шуд, ки соли 2020 - ум дар мамлакат Барӯйихатгирии зарурӣ гузаронида мешавад ва баҳри дар сатҳи кофӣ доир намудани ин маъракаи муҳим тибқи қарори Раиси вилоят гурӯҳи корӣ таъсис шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Вале новобаста аз он, ки дар ҳар даҳ сол барӯйихатгирии аҳолӣ доир мешавад, аз ҷониби идораи омор нуфузи аҳолии вилоят давоми ҳар моҳ ба рӯйихат гирифта мешавад ва ба санаи 1 - уми январи соли 2019 шумораи сокинони вилояти Суғд беш аз 2 миллиону 651 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Марзҳои байни ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон боз шуданд. Ҳамкориҳои иқтисодии байни ин ду кишвар айни ҳол дар кадом сатҳанд? Ба ин суол сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов посух дод, ки ҳамкориҳо дар бисёр соҳаҳо бо ҷумҳурии ҳамсоя ба роҳ монда шуда, давоми як сол ба бозори Тоҷикистон ба маблағи 142,8 миллион доллари амрикоӣ гардиши савдо ба амал омад.

Алҳол аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳудуди вилоят Корхонаи муштараки истеҳсоли трансформатор сохта шуда истодааст. Аз кишвари ҳамсоя ба вилоят маҳсулоти озуқа, хока ва моддаи ҷомашӯӣ, техникаи рӯзгор, нуриҳои азотӣ, мошини сабукрав ворид гашта, соли 2018 - ум ҳаҷми содирот аз вилояти Суғд ба Ӯзбекистон зиёд шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим ба пурсишҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее