01 March 2019

Раҷаббой Аҳмадзода: Мо як ҳадаф дорем, ободии Ватани азиз!

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо саноатчиён ва соҳибкорон

1 марти соли 2019 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони соҳаи саноат ва соҳибкорони вилоят баргузор гардид.

Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, кормандони соҳаи саноат ва соҳибкорон ширкат варзиданд.

Читать далее

Кишоварзони вилояти Суғд дар 1395 гектар картошкаи барвақтӣ кишт намуданд

Имрӯзҳо дар навоҳии вилояти Суғд кишти картошкаи барвақтӣ ҷараён дошта, то имрӯз нақшаи кишт дар вилоят 93 дарсад иҷро шудааст.

Тибқи маълумоти фаврии бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят деҳқонони вилоят дар 1395 гектар картошкаи барвақтӣ кишт кардаанд. Шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов нақшаи киштро пурраву барзиёд иҷро намудаанд. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод бошад кишти картошкаи барвақтӣ дар арафаи анҷомёбист.

Ёдовар бояд шуд, ки нақшаи кишти картошкаи барвақтӣ дар вилоят 1500 гектар муқаррар гардидааст, ки нисбати соли гузашта 250 гектар зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ​ бо Жениш Рустамбеков

28 феврали соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Жениш Рустамбековро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, оид ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019” гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.

Читать далее