04 March 2019

Мастчоҳ: Майдони кишти картошкаи барвақтӣ меафзояд

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ буда, дар пешрафти иқтисодиёти ноҳияи Мастчоҳ нақши аввалиндараҷа мебозад. Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар асоси супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят майдони кишти картошка зиёд гардида истодааст. Муллосоқӣ Атовуллозода - муовини аввали раиси ноҳия дар суҳбат гуфт, ки мувофиқи нақша имсол дар майдони 150 гектар картошка кишт мешавад. Бино ба иттилои манбаъ соли ҷорӣ дурнамои кишти баҳорӣ ба тавсиб расидаву тибқи он аз 10 феврал кишти картошка оғоз гардидааст.

- Дар маҷмўъ 450 хоҷагии деҳқонӣ дар майдони умумии 150 гектар картошка кишт мекунанд. Кишти картошка бо истифода аз тухмиҳои босифат ва ба шароити маҳал мутобиқ оғоз шудаву то 1 марти соли равон 100 фоиз иҷро гардид.

Мастчоҳ ноҳияи кишоварзист ва хоҷагидорони он маъмулан ба кишти пахта, чормағзи заминӣ, зироатҳои полезӣ ва сабзавот машғуланд. Соли гузашта ба роҳ мондани кишту парвариши картошка пеши роҳи қимматшавии онро гирифт ва масъулин саъй доранд, ки имсол дар майдони бештар картошка кишту парвариш намоянд.

Соли 2017 дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар ноҳия ҳамагӣ 13 - 15 гектарро ташкил медод. Соли гузашта, ки соли аввали таҷриба буд, 141 гектарро ташкил дод, ки ҳосилнокӣ хуб нашуд, чунки мардум таҷриба дар ин самт надошт. Тибқи маълумоти мутахассисон бояд 200 – 250 сентнер аз як гектар ҳосил ба даст оварда мешуд, вале соли гузашта камтар гардид.

Раёсати кишоварзии ноҳия дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саҳмдорон тасмим гирифтаанд, мувофиқи дурнамо имсол кишти картошкаро хуб анҷом дода, ҳосилнокӣ ва нақшаи истеҳсолиро бо истифода аз таҷрибаҳои нав аз мўлҷари пешбинишуда барзиёд иҷро намоянд.

Ҳамчунин, номбурда зикр дошт, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани киштукори баҳорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида таваҷҷуҳи махсус дошта, ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Аз ин рў, хоҷагидоронро низ зарур аст, ки барои саривақт омода намудани заминҳо ва таъмини нақшаи кишти баҳорӣ бештар талош варзанд.

Тибқи иттилои саркишоварзи Ҷамоати деҳоти Оббурдон Иброҳим Бузурков дар ҷамоат мувофиқи нақша дар майдони 35 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шавад, вале аз сабаби баъзе омилҳо то имрўз дар майдони 28 гектар кишт ба роҳ монда шудааст. Аҳли Хоҷагии деҳқонии «Дилшоди Муллораҷаб», ки дорои 15 гектар замин мебошад, дар 0,50 сотих кишти картошкаи барвақтиро ба роҳ монда, ният доранд, ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки имрўзҳо хоҷагиҳои деҳқонии «Мунаввариён», «Зардинов», «Тўрахон», «Кабутбум», «Аҳмадзода 2014», «Раҷабмаҳмад» ва «Розиқзода» аввалин шуда, дар ҷамоат кишти картошкаро сад дар сад ба охир расониданд.

Деҳқонони ҷамоат талош бар он доранд, ки аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода бурда, ҳосили дилхоҳ рўёнанд ва мардумро бо маҳсулоти хушсифати худӣ таъмин намоянд.

Дар заминҳои деҳоти Мастчоҳ кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст, зеро мардум бартарияту манфиати иқтисодии онро хуб дарк намудаанд. Шароити мусоид ва талаботи бозорҳои шаҳру навоҳӣ тақозо дорад, ки ин намуди зироат бештар кишт гардида, ба ин васила баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Истиқболи ният ва амали нек

Бо чанде аз собиқадорони соҳаи кишоварзӣ, деҳқонони пахтакори дар солҳои пешин номдор ва пешсафи хоҷагии ба номи Калинин иттифоқ афтод, суҳбат намоям. Мақсадам ин буд, ки дар хусуси заминдорӣ, муносибат ба кори кишоварзӣ, тадбирҳои фаровонҳосилии пахта, умуман чӣ гуна оғоз кардани мавсими кишту бой гардонидани таркиби хок аз забони онҳо тавсияҳо, маслиҳатҳо ва моҳияти хоҷагидориро дониста гирам.

Нафари солор, ки тамоми ҳаёти бошууронаи худро дар саҳроҳои доманфарохи мавзеъҳои Еттитеппа, Оппони Поён ва Оппони Боло барои парваришу рўёнидани ҳосили пахта бахшидааст, гуфт:

 - Дар бригадаи пахтакории саркори номии хоҷагиамон Олимбой Сафаров кор кардаам. Дар заминҳои мавзеи Еттитеппа, ки имрўз онро Ҳафттеппа мегўянд, меҳнат менамудам. Дар аввали азхудкунии заминҳои Ашти Калон қитъаҳои пахтакорӣ шўрзамин, санглох буданд, ки имконияти кишту парвариши зироати пахта ба осонӣ муяссар намешуд. Барои он аввалан, тадбири ниҳоят зарурии деҳқонӣ-шўршўйкунии замин гузаронида шуд. Хоки замин ба гуфти худи деҳқонони кордида ширин гардида, чигитро нағз қабул кард. Дигар ин, ки вақте ба ҳар ҷўяки замин об мемондем, обро хоки санглох фурў мебурд, Олимбой-саркор чораи онро ёфт: дар саргаҳи қитъа ҳавзчае кофтем, оби дар он бударо бо хоки ширин ё худ мегўянд, хоки бегона лойоб намуда, баъд обёрӣ менамудем, ки чашмакҳои хоки ҷўякҳо аз лой пур шуда, об бемалол то охири ҷўякҳо меомад, замин нағз об мехўрд, яъне хок сиёҳ мешуд.

Ба суҳбат пири кори калонсолтаре ҳамроҳ шуд. – Ҳамин амали каналу заҳбур кофтану сарҷўйу тирҷўйҳоро тоза кардан ҳам ҳикмате дорад. Хокҳое, ки аз онҳо мебароянд, таркибашон аз ғизо бой буда, заминро бисёртар ҳосилбахш мегардонанд. Ин хокҳо бо навбат ба заминҳо пеш аз кишт дароварда мешуд, яъне таркиби хок бой мегардид. Бар замми ин, дар фасли зимистон ба заминҳо поруи маҳаллӣ мувофиқи нақша дароварда, пошида мешуд. Гумон мекунам, ки ин корҳо имрўз низ муҳим ва зарурианд. Ин амалҳоро худи деҳқонон бо тавсияи мутахассисон, алалхусус, агрономҳо пеш мебурданд.

Таркиби хоки замини киштро баробари хоки бегонаву поруи маҳаллӣ бино ба тавсияи агрономҳо нуриҳои минералӣ – ба мисли азотӣ, фосфорӣ ва калийгӣ бой ва ҳосилхез мегардонанд. Ин фикрро сардори хоҷагии инфиродии оилавии дар Ҷамоати деҳоти Шодоба будаи ба номи Т.Бекматов омўзгори собиқадор Ҳаким Бекматов тасдиқ кард ва гуфт:

- Дар мо қоида шудааст, ки ба ҳар кор, пеш аз ҳама, аз нуқтаи назари иқтисодӣ муомила ва рафтор мекунем. Канали калони хоҷагиамонро тоза карда, лою хокашро бо гузашти вақт ба замин медарорем. Замини кишт гўё хокпайванд, ҳосилбахшиаш дучанд гардида, заминро аз харобшавӣ нигаҳ медорад. Бар замми ин, ҳар сол аз ҳисоби фоидаи маблағи хоҷагӣ ҳосилнокии ҳар гектар пахтазор ба 22 сентнерӣ ва аз он болотар мерасад. Нуриҳои минералӣ захира менамоем. Заминамон аз тухмии сабзшуда, таркиби хок аз ғизо боз ҳам файзбахшу ҳосилдеҳ мегардад.

Хулоса, барои иҷрои вазифаи хизматӣ ба мутахассисони Сарраёсати кишоварзии вилоят муроҷиат намудам. Коршиносон изҳор карданд, ки ҳамаи чордаҳ шаҳру ноҳияи ба кишоварзӣ мансубиятдошта ба захира кардани нуриҳои минералӣ эътибори алоҳида медиҳанд. Масалан, мувофиқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои марбута захираи нуриҳои минералӣ, аз ҷумла азотӣ, фосфорӣ ва калийгӣ гуногунанд. Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳрҳои Конибодом дар умум 1462 тонна, Истаравшан 690 тонна нуриҳои минералӣ захира карданд. Ноҳияи калонтарини вилоят – Бобоҷон Ғафуров 970 тонна, ноҳияи Спитамен 300 тонна захираи нуриҳои кимиёвӣ доранд. Ин нишондиҳандаҳо аз як ҷониб сазовори зикр бошад, ноҳияи Зафаробод, ки заминҳои кишт дар ин ҷо асосан ба воситаи пойгоҳҳои обрасонӣ шодоб мегарданд, ба нуриҳои минералӣ ва хоки бегонаву поруи маҳаллӣ зарурати беш доранд. Дар ин ноҳияи калони кишоварзӣ 580 тонна аз ҷумла, 500 тонна нуриҳои азотӣ ва 80 тонна фосфордор захира гардидаанд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров захираи нурии фосфатӣ, ки таркиби хокро нарму нам нигоҳ медорад, 470 тонна мебошад, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов дар қиёс ҳамагӣ 60 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Ашт ин намуди нурии кимиёвӣ 300 тонна захира гардида, захиракунии нурии калийгӣ дар шаҳри Конибодом 163 тонна, ноҳияи Ашт 100 тонна ва Кўҳистони Мастчоҳ 2 тоннаро ташкил додааст.

Аз маълумот аён мегардад, ки шояд дигар шаҳру ноҳияҳои самти кишоварзидошта ба нурии калийгӣ эҳтиёҷе надошта бошанд! Ноҳияҳои Шаҳристон, Мастчоҳ, Деваштич, Айнӣ захираи нурии фосфорӣ надоранд.

Ба ёд меорем. Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси фақид Абдуғаффор Муллоев дар як суҳбати тахассусӣ гуфта буд, ки «заминро эъҷоз кунӣ, эъҷоз мешавад». Ин бо як сухан маданияти заминдорӣ ва корубори деҳқонро бозгўй аст. Таъсир ва аҳамияти поруҳои маҳаллӣ, хоки бегона ва нуриҳои минералӣ ба замину ҳосил, дарахтону майдони боғот алоҳида - алоҳида муҳим аст.

Нурии азотӣ қувват бахшад, фосфорӣ намии замин ва решаи растаниҳоро нигоҳ дорад, нурии калийгӣ ҳосилро нигоҳ дошта, дар омехтагии поруи маҳаллӣ ва хоки бегона заминро чун хамири расида мегардонад.

Аз ин лиҳоз, дар миқёси вилоят дар маҷмўъ 5536 тонна нуриҳои минералӣ захира шудааст, ки аз он 3528 тонна нурии азотӣ, 1743 тонна фосфорӣ ва 265 тонна калийгӣ мебошанд.

Имрўз иқтисоди бозорӣ ҷараён дорад. Биноан, ҳар мурвату қисмҳои иқтисоди миллиро донистан талаб карда мешавад. Кишоварзон низ бо ҳамин андоза саъйу кўшиш мебаранд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Насли китобхон тарбия намоем!

«Аз хурдӣ дар ёд дорам, ки мардуми тоҷик байни китобҳо девони Ҳофизро китоби муқаддастарин шуморида, ҳатто дар гаҳвора онро зери болини тифли навзод мегузоштанд, то ки фарзанди онҳо хушбахт ва ҳамчун одами назаркарда бузург шавад ва монанди Ҳофиз азизи мардумон гардад», - гуфтааст устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода.

Бале, китоб тавонотарин қувваест, ки ғояҳои бузург, мақсадҳои олии моро дар роҳи ояндаи саодатманд мунаввар мегардонад. Дар он фикру сухан, илму санъат, ҳаёти маънавии аҳли ҷомеа ба ҳам меомезанд. Китоб аслиҳаи меҳнати фикрист.

Ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, мо - кормандони соҳаи маорифро хушнуд гардонид.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханварону сухандонон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва шинохти инсондўстию маърифатпарварии насли навин баргузор гардида, дар тарбияи маънавии инсон нақши босазо мегузорад.

Барои худшиносӣ ва шинохти дигарон китоб зарур аст. Халқи бе китоб ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе ойина рўи худро дида наметавонад. Хушбахтона, халқи тоҷик аз қадимулайём фарҳангдўсту маорифпарвар буда, бо асарҳои оламшумули бузургони олам Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҳофизи Шерозию Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайёму Фаррухии Сиистонӣ, Садриддин Айнию Ҷалол Икромӣ, Пайрав Сулаймонию Ҳаким Карим, Мирзо Турсунзодаю Абдусалом Деҳотӣ, Лоиқ Шералию Фарзона ва даҳҳо дигарон ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Намунаҳои асарҳои назмию насрии адибони классик ва муосири тоҷик ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, «Қобуснома» - и Унсуралмаолии Кайковус, «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ, «Гулистон» - у «Бўстон» - и Саъдии Шерозӣ ва дигарон китоби рўимизии ҷаҳониён гаштааст, зеро китобҳои хуб ҳеҷ гоҳ кўҳна намешаванд, умри ҷовидон доранд.

Мо - омўзгоронро мебояд, ки барои китобхону фарҳангдўст шудани шогирдонамон ҳанўз аз зинаҳои поёни мактабӣ дар ниҳоди онҳо шавқи китобхониро бедор намоем. Ба онҳо рўйхати китобҳои пурмазмуну шавқоварро пешниҳод карда, дар ташаккули маънавияти онҳо саҳмгузор бошем.

Шаҳодат АЛИХОНОВА,

омўзгори Гимназияи № 4,

шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Коргоҳҳои нав - бозгўи ҷойҳои корӣ

Барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мунтазам чораву тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Бино ба иттилои Зуҳриддин Эшматов - мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2018 тибқи нақша таъсиси 1 корхонаи саноатӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи истифодаи имкониятҳои дохилӣ давоми сол 3 коргоҳи саноатӣ ташкил карда шуданд.

Дар маркази ноҳия бо дастгирии соҳибкорон 2 коргоҳи дўзандагӣ, ки самти фаъолияти хешро барои дўхтани либосҳои мактабӣ нигаронидааст, ба кор оғоз намуд.

Ҳамчунин, аз тарафи ҶДММ «Хорои Хуҷанд» дар ноҳия коргоҳи коркарди «Санги хоро» бо таҷҳизоти муосири хитоӣ бунёд шуд, ки иқтидори истеҳсолии он 3 ҳазор метри мураббаъ дар як сол буда, 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Мувофиқи нақша давоми соли 2019 дар ҳудуди ноҳия ташкили 4 корхонаи нави саноатӣ пешбинӣ шуда, то охири сол ба кор андохтани коргоҳҳои қаннодӣ, банду басти меваи хушк дар зарфҳои гуногунҳаҷм ва истеҳсоли хишт дар назар аст.

Рушана ШОМАТОВА,
таҷрибаомўзи «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее