05 March 2019

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе

5 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, шинос шуданд.

Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Читать далее

Раиси вилоят Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳхон Тоҳироваро аёдат намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат Ҳамроҳхон Тоҳирова рафта, мавсуфро бо 95 солагиаш табрику таҳният гуфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Ҳамроҳхон Тоҳироваро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар ва бо 95 солагиаш таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки давлату Ҳукумат бо чунин занони матинирода, фарзона ва фазилатпешаи дуогӯйи миллат ифтихор менамояд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушки шаҳри Исфара

Рӯзи 4-уми март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара бо фаъолияти корхонаҳои коркарди меваи хушк – ҶДММ “Исфарафуд” ва ҶДММ “Баракат Исфара”  шинос гардида, бо роҳбарони корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушк мулоқот намуд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Исфара як қатор корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки ба коркард ва банду басти меваи хушк машғуланд. Дар ин ҷода ҶДММ “Исфарафуд” яке аз пешқадамҳо маҳсуб меёбад ва дар он 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёдкориҳо дар Исфара

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Исфара бо лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» шинос шуд.

Бояд зикр кард, ки лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара ва саҳмгузории Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон бо мақсади беҳтар гардонидани саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии деҳот ба воситаи таъмини устувори оби нӯшокию санитарияи бехатар амалӣ мегардад. Дар асоси нақшаҳои пешбинишуда бо татбиқи пурраи лоиҳа беш аз ҳафт ҳазор хоҷагии деҳоти сераҳолии Исфара – Кӯлканд, Лаккон ва Чилгазӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда мешаванд.

Читать далее

Оғози бунёди боғҳои интенсивӣ дар Конибодом ва Исфара

Рӯзи 4 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳрҳои Конибодому Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят дар оғози сафар дар хоҷагии деҳқонии “Суҳроб С”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар гузашта бо сабаби норасоии оби полезӣ боғи хоҷагии деҳқонӣ хушк гардида, бо беҳтар шудани таъминоти оби полезӣ боғпарварон тасмим гирифтанд, ки дар майдони 8 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.

Читать далее