12 March 2019

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевал

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории молиявии дуҷониба доир ба Барномаи ояндаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазина дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” баррасӣ гардид.

Читать далее

МУАРРИФИИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мақом ва нақши васоити ахбори омма дар таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Пешбурди чунин кори пурмасъулият маҳз аз сатҳу сифати маводҳои иттилоотӣ ва дараҷаи касбияти рӯзноманигорон вобастагии калон дорад. Дар низоми давлатҳои мақоми демократӣ васоити ахбори оммаро баъди шохаҳои ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ дар ҷои чорум гузоштаанд.

Таҷриба собит намуд, ки рӯзноманигорони тоҷик натанҳо дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳамчунин дар баррасии масъалаҳои муҳими умумибашарӣ тавоноии кофӣ доранд. Далели ин гуфтаро фаъолияти барномаи телевизионии шабакаи якум «Тоҷикистон ва ҷаҳон» собит менамояд.

Ин барнома воқеияти Тоҷикистонро бо ҷаҳони пуртаззод муқоиса намуда, бинандагони худро ба тафаккури созандаи ватандорӣ, хизмат ба инсоният, боло бурдани ҳисси баланди башардӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, шинохти фалсафӣ ва сиёсиву амниятии ҷаҳон, забономӯзиву забондонӣ, таҳаввулоти илму технология, ҷаҳиш дар улуми кайҳоншиносӣ, дарки дурусти қазияҳои сиёсиву иҷтимоиро ташвиқ менамояд.

Қобили зикр аст, ки бо гузашти 7 сол аз таърихи таъсиси барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» дар Телевизиони Тоҷикистон масъалаҳои зиёде дар меҳвари ин барнома баррасӣ гардида, манзури тамошобинон ва ҳаводорон гардидаанд. Васоити ахбори омма дар сарнавишти халқҳо ва миллатҳо муассиртар аз солҳои қабл аст. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди асосӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сиёсати иттилоотӣ ва фароҳаморандаи имкониятҳои васеъ баҳри тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҷиҳати иттилоърасонӣ ва огоҳии аҳолии кишвар мебошад.   

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли масоили экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таъмини оби нӯшокӣ барои сокинони ташналаби ҷаҳон, баргузор намудани бузургтарин конфронсҳо ва ҳамойишҳои дохиливу байналмилалӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дифоъ барои Ватан ва тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон, тарғиби ҳувият ва хештаншиносӣ, баррасии соҳаи туризм ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, шинохти фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолагони миллати куҳантамаддуни тоҷик низ аз масъалаҳои меҳварии барномаи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар соли 2019 ба шумор меравад.

Муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” Фатҳиддини Замон ҳамзамон дар кишварҳои мухталифи сайёра барномаро дар мавзӯъҳои гуногун сабт ва таҳия намуда, манзури тамошобинон ва ҳаводорони «Телевизиони Тоҷикистон» намудааст. Дар сафари илмӣ ва омӯзишии худ ҳайъати эҷодии барнома дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ, шаҳрҳои Ҷопон аз ҷумла Токио, Хиросима, Киёто, Нагасаки, Москваи Федератсияи Россия, Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия, шаҳрҳои Дубай ва Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб, Масқати Салтанати Уммон, Давҳаи Давлати Қатар ва ғайра масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон, истифодаи таҷрибаҳои пешрафтаи ин давлатҳоро таҳлил ва баррасӣ карда, манзури сокинони кишвар намуданд.

Аз ҳар нигоҳ вуҷуди чунин як барномаи сиёсиву таҳлилии муваффақ дар муҳити расонаии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ барои дифоъ аз сиёсати иттилоотӣ ва даъвати ҷомеа ба шинохти набзи пурҷараёни сайёраи ошӯбзадаву сиёсатзадаи Замин муҳимтар аз ҳар вақти дигар аст. Бахусус, зери шиори «Иттиҳоди мо ин қудрати мост!» барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони донишманди кишвар баҳои баланд гирифтааст. Чуноне ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ қайд менамояд: «Мо дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» - и Телевизиони Тоҷикистон таҳлил ва баррасии муҳимтарин масоили рӯзи ҷаҳон, вазъияти кишварҳои зери сояи ҷанг, муҳоҷирату паноҳҷӯии сокинони кишварҳои ҷангзада ва поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои паноҳҷӯёни бесарпаноҳро ба осонӣ мушоҳида менамоем. Воқеан, ин барнома дар фазои расонаҳои Тоҷикистон як таҳаввулотеро ба вуҷуд овардааст.

Дар шароити таҳоҷуми фарҳангӣ ва рақобати иттилоотии кишварҳо мо боз ҳам ба чунин барномаҳои дорои сифату маънои баланд ва аҳамияти сиёсиву давлатидошта ниёз дорем. Умедворем, ки рӯзноманигори ҷавон Фатҳиддини Замон барои баланд бардоштани сатҳу сифати барнома кӯшиш намуда, дар тарғиби дастоварду арзишҳои милливу фарҳангии миллату давлати Тоҷикисон саҳмгузор хоҳад шуд.

Шӯҳрат Саидзода,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ,
дотсент, раиси шӯрои олимони
ҷавони вилояти Суғд

Читать далее

Мулоқоти судманд

Дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамасола 11 - уми март Иди матбуот таҷлил мегардад мулоқоти рӯзноманигорони шинохта бо донишҷӯёни бахши журналистика баргузор гардид.

Рӯзноманигорон Илҳоми Ҷамолиён, Карим Шариф, Мухтори Абдулло, Фарҳод Қосимов, Илҳом Ҳошимов дар ҷарайёни мулоқот бо донишомӯзон вобаста ба сатҳу сифат ва меъёру талаботи кунунии журналистика суҳбат карданд.

Донишҷӯён бештар роҷеъ ба унсурҳои нави журналистикаи кунунӣ, сатҳу сифати риояи меъёрҳои забон дар ВАО, расонаҳои иҷтимоӣ ва таъсиру аҳамияти онҳо ба журналистика ва дигар паҳлӯҳои барояшон норавшан суолҳо манзур намуда посухҳои мушаххас гирифтанд.

Мухтори Абдулло - сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» иброз дошт, ки дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯёни имрӯза дар қиёс ба донишҷӯёни солҳои қаблӣ фарқияти зиёд дорад. Ба таъкиди номбурда барои ҳар як рӯзноманигор қабл аз ҳама дониши мукаммал ва ҷаҳонбинии васеъ лозим аст. Зимни мулоқот инчунин, роҷеъ ба журналистикаи шаҳрвандӣ, баъзе аз меъёру талаботи қонунгузорӣ дар ин соҳа сатҳу сифати маводҳои ВАО, мавқеи сомонаҳои интернетӣ, истифодаи дурусти сарчашмаҳо ҳангоми таҳияи мавод ва дигар мавзӯҳо андешаву таҷриба ва мушоҳидаҳо баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби донишҷӯён доир ба таъсиси нахустрӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» саҳнаҳо манзур карда шуд.

Таҳмина УСМОНОВА,
таҷрибаомӯзи
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Матбуоти миллӣ - тарғибгари ахлоқи ҳамида

Мулоқоти журналистони рӯзномаҳои вилоятӣ бо донишҷӯён ва устодони Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик хотирмон гузашт. Собиқадори матбуот, корманди рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» Хуршеда Содиқова, рӯзноманигори «Суғд ҳақиқати» Бихалича Аҳмадова ва намояндаи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Шоира Салимова меҳмони донишкада гаштанд. 

Ҷонишини ректори донишкада Манзура Сайдуллоева меҳмононро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки чорабинии мазкур дар доираи қарори Раиси вилоят дар бораи таҷлили Рӯзи матбуот ва бо назардошти саҳми кормандони васоити ахбори оммаи вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои истиқлолият баргузор гардида, таҷлили 5-солагии таъсисёбии нашрияи донишгоҳ «Маъданшинос» дар радифи ҷашнҳои дигар ба хурсандии ҷомеаи меҳнатӣ шодии бештаре зам кардааст.

Хуршеда Содиқова нахуст андешаҳояшро дар бораи таъсиси аввалин рӯзнома дар Бухоро бо унвони «Бухорои шариф», ки 11-уми марти соли 1912 ба забони тоҷикӣ нашр шудааст, оғоз бахшид. Шурӯъ аз он санаи таърихӣ ба шарафи нашри нахустшумора дар тақвимҳои кишвар 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил мегардад.

Бихалича Аҳмадова дар бораи кушодашавии марзҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва дар ин замина мустаҳкам гардидани муносибатҳои ҳамкории рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек сухан кард. Шоира Салимова дар мавриди таърихи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ва давраҳои ташаккулёбии он ба донишҷӯён маълумот дода, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кард.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки сол аз сол нуфузи рӯзномаҳои вилоятӣ боло рафта, ҳайати эҷодии нашрияҳо бо қалами буррои хеш, суханҳои арзишманду мақолаҳои хондании худ мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ, корнамоиҳо баҳри обод намудани диёр сафарбар менамоянд.

Донишҷӯёни донишкада дар шаҳри Бӯстон аз меҳмонон маълумоти бештаре дар бораи нақши воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзнома пайдо карданд, ки дар ҳаёти минбаъдаашон кӯмакрасон хоҳад шуд.

Шукрона ШАРИФӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

11 марти соли 2019 бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи матбуоти маркази вилоят бо иштироки беш аз 100 нафар собиқадорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоятро ба муносибати Рӯзи матбуот табрику таҳният гуфта, ба аҳли қалами вилоят саломатию сарбаландӣ, бурдборӣ ва комёбиҳои эҷодӣ таманно намуд.

Назира Ғаффорӣ таъкид дошт, ки матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардидаанд ва нақши онҳо дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеияти рӯзгор барҷаста ифода меёбад.

-Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди воситаҳои ахбори омма шароитҳои мусоидро фароҳам овард ва дар натиҷа шумораи нашрияҳо, радиову телевизион ба маротиб афзоиш ёфт. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди зиёди воситаҳои ахбори омма дар вилояти Суғд мавҷуд мебошад, ки боиси хушҳолӣ аст. Зеро фаъолияти пурсамари воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа сари вақт бо ахбори саҳеҳ дастрасӣ пайдо намояд. Алҳол дар қаламрави вилоят 17 шабакаи телевизионӣ (аз ҷумла 1 телевизиони давлатӣ), 14 шабакаи радиоӣ (аз ҷумла 1 радиои давлатӣ), беш аз 50 ҳафтанома (аз ҷумла 21 ҳафтаномаи давлатӣ), 6 маҷалла (аз ҷумла 1 маҷаллаи давлатӣ) дар тақвияти фазои иттилоотӣ фаъолият дошта, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маданияту фарҳанг, забондонӣ ва завқи аҳли ҷомеаи муосир, инъикоси дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла корҳои созанда ва пешравиҳои рӯзгори мардуми вилоят саҳми назарраси худро мегузоранд,- иброз дошт муовини Раиси вилоят.

Зикр карда шуд, ки мардуми шарифи мамлакат барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат намуда истодаанд ва дар ин росто аҳли қалам низ тавассути навиштаҳои таъсиргузор ва маҳсули хомаи созандаи хеш саҳми назаррасашонро дар истиқболи самимона ва шоёни ин ҷашни бузурги миллат хоҳанд гузошт.

Сипас, ба гуруҳе аз журналистон ва ҳайати эҷодии нашрияҳо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз қабили компютеру принтер тақдим гардид. Ҳамзамон ба барандагони Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ диплом ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуд. Раиси Созмони журналистони вилоят Илҳоми Ҷамолиён эълон намуд, ки тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун имсол Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ насиби Файзуллохоҷа Атохоҷаев ва Исоқҷон Зокиров гардид.

Дар ҷамъомад журналистону собиқадорон Тӯҳфа Расулӣ, Бобоҷон Икромов, Ҷовиди Аштӣ, Ҷӯра Юсуфӣ, Маҳбуба Ҷамолова сухан гуфта, ба роҳбарияти вилоят ҷиҳати ҳусни таваҷҷуҳ ба фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори омма сипосмандӣ баён доштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки бахшида ба Рӯзи матбуот дар қаламрави вилоят як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла мулоқоту вохӯриҳо бо донишҷӯёни кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил гардида, наздик 50 нафар собиқадорони матбуот аёдат карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее