14 March 2019

«Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC​ роҳ пайдо кард

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019-ро дар майдони худ бо тими “Аҳал”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ пайдо кард.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал”, ки рӯзи 13-уми март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 25 000 тамошобин доир гардид, бидуни гол ба поён расид.

Бозии аввали ин дастаҳо 6-уми март дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Дастаи ғолиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум гардид. Як голи дар меҳмонӣ задаи “Хуҷанд” ба даста пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, “Хуҷанд” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), "Дордой" (Қирғизистон) ва "Алтин Асир" (Туркманистон) рақобат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

ГУМРОҲИ РИСОЛАТИ ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛИСТ!

Таҳлилҳои сиёсӣ нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир дар ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчӣ бештар кӯшиш мекунанд амалҳои номатлуб ва хиёнаткоронаи худро содир намоянд.

Пӯшида нест, ки ин тоифа гумроҳон барои амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои тахрибкоронаи хеш ниқоби дини мубини Исломро ба бар намуда, мардумро рӯирост ба гумроҳиву хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекарданд.

Баҳри амалӣ намудани нақшаҳои нопоки хеш ин қабил афроди ҷинояткор барномаҳои гуногуни иғвогаронаро таҳия намуда, хостори ҷалби бештари ҷавонон ва мардуми осоишта ба сафҳои хеш мебошанд. Вобаста ба ин ба хоинони миллати тоҷик дар симои Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Илҳом Ёқубов муроҷиат намуда, гуфтанием, ки бо баргузор намудани ҳазорон митингу раҳпаймоӣ ва ивази номи ташкилоти ифротии хеш шумо - нохалафон дигар имкони ба боварии мардуми тоҷик сазовор шудан ва ба сафҳои нопокатон шомил кардани ҷавонони саодатманди моро надоред. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳиштосояш имрӯз новобаста аз найрангҳои бамиёномада дар ҷаҳон мавқеи асосӣ дорад ва ҳар як фарди он барои посдории сулҳу ваҳдат ва арзишҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бинобар ин, сарварони «Паймони миллӣ» бояд бидонанд, ки ин талошҳояшон кори беҳудаест, зеро дигар мардуми кишвар чеҳраи воқеии ин ҳомиёни дурӯғини исломро шинохтааст ва ҳаргиз ба онҳо имкони фитнаангезиро нахоҳад дод.

А.БОБОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ХИЁНАТ БА ВАТАН – ГУНОҲИ НОБАХШИДАНӢ

Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди амалҳои нангини ифротгароӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмоннишин ва минтақаҳои дигари ҷаҳон шуда истодаанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ ва баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ мехоҳанд бо дасисабозиҳо  вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд.

Яке аз ин чеҳраҳои манфур Илҳом Ёқубови дурӯяву дуруғгӯй аст, ки баъди муваффақ нагардидани намояндагони ин ҳизб дар интихобот бо ҳилаву найранг аз пушаймониҳо сухан ронда, дар ботин аз ғуломи Кабирӣ буданаш ҳеҷ гоҳ даст накашидааст.

Ӯ дар гузашта бо тахаллуси Илҳом-боксёр ба авбошию қонуншиканиҳо машғул буд. Падараш Дадоҷон Ёқубов - собиқ устоди донишгоҳ, узви ашаддии ТТЭ ҲНИ ва хизматгори Кабирӣ буда, имрӯз ҳамроҳи фарзанди беномусаш дар хориҷи кишвар қарор дорад.

Ҳамкорони Дадоҷон Ёқубов баён менамоянд, ки вай шахси якрав, тундраву ифротӣ буда, ба тарғиби ғояҳои муғризона машғул буд. Шахсоне, ки ин оиларо хуб мешинохтанд, бо ҳайрат иброз менамоянд, ки онҳо аз як оилаи қашшоқ бо кадом пулу мол якбора дар шаҳри Хуҷанд хонаи боҳашамат сохтанд ва сарватманд гардиданд. Аниқ аст, ки ин пулҳо аз ҷониби хоҷагонашон барои иҷрои дастуру супоришҳои хиёнаткорона инъом гардидаанд.

Ҳамин тариқ, Илҳом Ёқубов мисли Кабириву Саидюнус ва ду - се хоине, ки худро бо ҳар мақому маром муаррифӣ карданӣ мешаванд, дар асл шахсони кӯрнамак, нотавонбин, ватанфурӯш ва хоин буда, ҳеҷ гоҳ ба давлату миллати худ садоқат надоранд. Амалу кирдорҳои зишт, ба амалиётҳои ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонони роҳгумзада, туҳмату даъватҳои ғайриқонунии ин афрод нобахшиданианд.     

Ҷавоне, ки воқеан Ватани худро дӯст медорад ва ободиву тараққиёти онро мехоҳад, бояд ба иғвои чунин дасисабозону хоинон дода нашавад, аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошад ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намояд.

Д.ВАЛИЕВА,
ассистенти кафедраи аудит ва ревизияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Инсоф бояд маҳаки зиндагии инсон бошад

Воқеаҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳанд, инсонро ба андешаҳои амиқи илмиву ҳаётӣ мебаранд, то аз рӯи ақлу заковат хулосаҳои дуруст барораду ба ҳаводис баҳои ҳаққонӣ диҳад. Гоҳо аз дурӯягиву ноҷавонмардии ашхоси алоҳида ангушти ҳайрат  мегазад .

Қазияи рухдода бо Шарофиддин Гадоев ин гуфтаҳоро тасдиқ менамояд. Инсоне, ки ба Ватан баргашт ва тавбаву изҳори  пушаймонӣ намуд ва мавриди авфи миллату давлат қарор гирифт, боз роҳеро барои худ интихоб кард, ки он баёнгари беинсофиву бевиҷдонӣ ва бедиёнативу беимонии ӯро ифода мекунад.

Наход баъди ин қадар дуриҳо аз Ватан ва расидан ба дидори модари азизу дӯстон дар дили Шарофиддин Гадоев заррае муҳаббати инсонӣ бедор нашуд? Аз кардаҳо, тӯҳмату дасисаву номардиҳои худ пушаймон нагардид? Наход муҳаббати хоҷаҳои бегона аз муҳаббати Модар боло истад? Ин ҳама суолҳоеанд, ки ҳар як инсон баъди бозгашти Ш.Гадоев ба Аврупо ва садо баланд кардани ӯ хоҳад дод. 

Аз ҷониби дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба адолат ва инсофи давлати мо  эътимоди бештаре пайдо намуд. Аз ин рӯ, ба ин гуна инсонҳои беватан ва бемеҳр гуфтаниам, ки дар зиндагӣ ва сиёсат маҳаки асосӣ бояд инсоф бошад. Вагарна чун имрӯз рӯсиёҳу бадном хоҳед буд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон фирефтаи ин дасисаҳо намешаванд ва баҳри ободонии диёр дучанд заҳмат хоҳанд кашид. Мо дар роҳи рост қарор дорем ва он моро ба манзили мурод мерасонад.

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
САРХАТИБИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Читать далее

Ҳадафҳои бебунёди ифротгароён

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбаста дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гардидааст.

Дар сиёсати давлатдории дунявӣ ифротгароиву паҳннамоии андешаҳои экстремистиву террористӣ бар қасди давлати сулҳбунёду рӯ ба инкишоф ин азимтарин қонуншиканӣ асту аз лиҳози дини мубини Ислом гуноҳи нобахшиданист. Шукр мекунем, ки имрӯзҳо байни мардуми шарафманди кишвари азизамон ба ин тамоюлҳо баҳои дуруст медиҳанд.

Маҳз, фаъолияти нодурусти ҳизби наҳзат буд, ки баъзе афроди ҷомеа таъсири худро расонида онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил гардониданд. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта ҷинояткор ё аз илму маърифат дурр будаанду мақсадҳои солим надоштанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон бо фиребу найранги динӣ аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои ифротгаро барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, монанди собиқ роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ҳамакнун раиси «Паймони миллӣ» Муҳиддин Кабирӣ. 

Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд донем, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 ҳазорҳо мардуми тоҷик маҳз, бо нерӯву ҳаракатҳои чунин гурӯҳҳо ҷони худро аз даст доданд ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ бар сари Тоҷикистон омад. Баъди солҳои зиёд акнун, ки сулҳ дар тамоми қаламрави мамлакати биҳиштосои мо пойдор аст, ин шахсони ғаразноки беинсоф мехоҳанд ақидаҳои худро байни ҷомеа паҳн намоянд. Аз инҷост, ки ҳамаи намудҳои фаъолияти ифротгаронаи наҳзатро ба назар гирифта, фаъолияти ин ҳизбро дар ҳудуди ҷумҳурӣ мамнӯъ гардониданд. Зеро, мақсади ин ҳизб дар байни мардум ақидаи экстремизму терроризмро паҳн кардану мардумро ба равияҳои нодуруст бурдан буд.

 Аз ин рӯ, мо - мардуми шарафманди тоҷик садди роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо бояд шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми босазои худро гузорем.

М.ДОНИЁРОВ,
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ПАЙМОНШИКАНОНИ БЕВАТАН

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи заҳматкаши тоҷик рӯзҳои вазнину сангинро паси сар намуда, имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун давлати рушди устувор дошта ва босубот шинохта шудааст.

Дастовардҳое, ки мо тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба он ноил гардидем ба рушди давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои мухталиф ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат намуданд. Ғамангез аст, ки  душманони давлату миллати мо, нафароне, ки нангу номус, шараф, дину мазҳаб ва арзишҳои дигари инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинона фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ радди маърака гардидаанд ва тири бадхоҳонаашон солҳои 90-ум хок хӯрда, некӣ бар зидди қувваҳои аҳримании онҳо ғолиб омада буд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбат ба давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангез, тарғиботи ғайриқонуниро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ  баён намоянд.

Яке аз аъзоёни фаъоли ҳизби наҳзат Илҳом Ёқубови савдогар ва бесаводу хушомадгӯй аст.

Илҳом, ки дар як муддати кӯтоҳе, вазифаи раиси Федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда гирифта буд, чанд тан ҷавонони варзишгарро гумроҳ намуда, ҳамақидаи худ гардонид. Баъди чанд соли нопадидӣ Илҳоми хоин худро ҳамчун раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, зери қаноти Кабирӣ бо косалесию хушомадгӯӣ худро аъзои ташкилоти худрӯиди “Паймони миллӣ” меҳисобад. Ӯ мисли Кабириву Сайидюнус ва ду се хоине, ки худро бо ҳар мақому маром муаррифӣ карданӣ мешаванд дар асл, шахсони кӯрнамак, нотавонбин, ватанфурӯш ва хоин буда, ҳеҷ гоҳ барои давлату миллати худ садоқат надоранд. Амалу кирдорҳои зишт, бероҳа намудан, ба амалиёти ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонони роҳгумзада, тӯҳмату бӯҳтон ва даъватҳои ғайриқонунии ин афрод нобахшиданист.

Мо – омӯзгорон, бояд  ба муқобили амалҳои душманонаи хоинони миллат, ки тайи чанд сол хоки муқаддаси ватанамон санги маломат мепартоянд, зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандорию инсоншиносии худро дучанд зиёд намуда, нагузорем то ба суботу оромии кишвари мо халале ворид намоянд, ҷавононро аз ҳадафҳои онҳо огоҳ созем, ба роҳи рост раҳнамун бошем.

Д.Мирзоева,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Тоҷикон аз қадим миллати сулҳпарвар, фарҳангдӯст, созандаву бунёдкор, порсою маърифатпарвар буданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба андешаву ақидаҳои таассубӣ, наҷодию зӯроварӣ ва фишори сиёсию таъкиботи динӣ такя накардаанд.

Мутаассифона, имрӯз терроризм ҳамчун масъалаи доғи рӯз ва хатарнок сайёраро ба ташвиш андохтааст.

Он яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини ҷомеаи имрӯзаи мо буда, на танҳо характери миллӣ, балки байналхалқӣ дорад, чун манбаи ҳодисаҳои мудҳиштарини ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст.

Хусусияти фарқкунандаи терроризм хатари оммавӣ доштани он аст, ки дар натиҷаи амалиёти барои ҷомеа хатарнок ва ё таҳдид ба миён меояд.

Мақомотҳои қудратии давлатӣ вазифадор гардиданд, ки дар мубориза ба терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ оштинопазирона баҳри оромии ҷомеа мубориза баранд.

Айни ҳол дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Мо набояд роҳ диҳем, ки чунин унсурҳо ҷомеаи моро ноором созанд.

Мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла бо дини мубини Ислом надорад. Терроризм бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовар мехоҳад номи поки ин динро доғдор созад. 

Таъмини амнияти давлат фақат вазифаи мақомоти дахлдор нест. Моро зарур аст, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлубу хатарнок муборизаи якдилона барем, фарзандони содиқи Ватан бошем.

Барои таъмини амнияти давлат, сулҳу субот, ободонию пешравии кишвари азизамон бо ҳисси баланди ватандорӣ, меҳанпарастӣ саҳмгузор бошем.

Ҳ. САТТОРЗОДА,
судяи Суди вилояти Суғд

Читать далее

ҲАР АМАЛИ БАДРО САЗОЕСТ…

Ҳама амалҳои разилонаи роҳбари «Паймони миллӣ» Кабириро Шарофиддин Гадоев, даҳҳо ҷавонони дигар медиданду наззора мекарданд. Дар ин ҳолат бозгашти Шарофиддин Гадоев як амали одилона ва холисона мебошад.  Вокуниши Шарофиддин наметавонист ба ҷуз аз баргаштан ба Ватан чизи дигар бошад.

Кабирӣ ва хоинони гирду атрофаш ҳоло вазъиятро ба гунаи дигар нишон дода, ҷор мезананд.  Онҳо ба ҳарфи модар ва мусоҳибаи Шарофиддин бовар надоранд. Ин хислати хоси муллоҳои мутаассиб аст.

Вазъ тақозо менамояд, ки имрӯз симои воқеии  ин паймони  зиддимиллӣ ҳам барои миллату дин ва ҳам барои тамоми башарият фош карда шавад.

 Мо, сокинони кишвар бояд ҷомеаи тоҷикро як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми башарият намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо ақидаҳои солимро парварем, онҳоро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, хизмат баҳри шукуфоии Ватан раҳнамун созем.

А.БОБОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

МОҲИЯТИ ҶИНОИИ ҲАДАФҲОИ ИФРОТГАРОЁН

Экстремизми динӣ яке аз падидаи манфии иҷтимоиест, ки ба шууру рӯҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва хати равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ  дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад. Барои муборизаи муваффақона  алайҳи экстремизми динӣ ва терроризм пешгирии саривақтии онҳо, моҳияти ҷиноятии ин зуҳуротро дуруст бояд дарк кард.

Муборизаи беамон бо экстремизми динӣ ва терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гуна шакли зоҳиршавии он, хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим аст.

Гурӯҳҳои экстремистӣ, пеш аз ҳама ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Аз ин нуқтаи назар мо - устодони муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ барои боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи хайрхоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия намоем. Бояд ба толибилм фаҳмонид, ки сулҳу оромиш, фазои беғубори Тоҷикистони азиз барои  мо хеле муҳим аст.

Гиромидошти ин арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.

Отабек КАТТАЕВ,
устоди Колллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Читать далее

БА ТАҚДИРИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ БЕПАРВО НАБОШЕМ

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Таҳлили воқеият  нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад.

Созмонҳои экстремистӣ, террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеои наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда тарафдорони худро зиёд  менамоянд.

Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва нисфи  зиёди аҳолиашро  ҷавонон ташкил медиҳад.

Имрӯз  масъалаи наврасону ҷавонон  ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат  мебошад.  Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон, маърифати баланди онҳо аз тарафи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд ба сомон расонида шуда, баҳри тарбияи дурусти онҳо шароитҳо муҳайё мегарданд.

 Ба монанди таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопӣ китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаи таълими амалӣ гардонида шуд.

Нигора ДАДОБОЕВА,
омӯзгори МТМУ №10, шаҳри Хуҷанд

Читать далее