15 March 2019

Бояд байни ду кишвари ҳамсояву дӯст нифоқ набошад

Воқеан ҳам пас аз изҳороти Маркази матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир ба ҳодисаи ғайриинсонии ҷониби Қирғизистон аксари мардуми кишвар нигарон намудааст.

Дар пайи ин ҳодиса ҳатто ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Ҳусейн дар қаламрави шаҳри Исфара ба ҳалокат расиданд ва мо хуб огаҳӣ дорем, ки бо барангехтани чунин воқеаҳои мудҳиш дар ин минтақаи сарҳадии кишвар чандин нафар ба ҳалокат расида, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Тагисада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷа Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шудаанд.

Ин, албатта, ба оини неки ҳамсоягӣ рост намеояд, ки чунин муносибатро маҳкум менамоем. Тавре аз гузориши масъала бармеояд саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткент Роза Усарова мебошад, ки ин иқдомро барои ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст. Яъне зоҳиран ҳамин гуна аст. Вале, маълум аст, ки ҳодисаи мазкур пас аз оғози  сохтмони роҳи «Коктош – Оқсой - Тамдиқ» ба вуқӯъ пайвастааст. Шуруи корҳо дар ин қисмати сарҳад хилофи қарордоди байни ду кишвар Тоҷикистон ва Қирғизистон  ба шумор меравад. Ҷумҳурии Қирғизистон бояд эҳсос кунад, ки дар шароити кунунӣ ба вуқӯъ пайвастани чунин воқеаҳо ба фоидаи ҳарду ҷониб намебошад. Мо мардуми тоҷик намехоҳем, ки байни ду кишвари ба ҳам дӯст ва бародар ягон хушунату нифоқ ба вуҷуд ояд. Бояд ин масъаларо низ онҳо эҳсос кунанд.       

Абдуллоев РОМИЗ,
сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

«ТОҶИКИСТОН ДАР МАВРИДИ ҲАМСОЯҲО ҲАҚШИНОС АСТ…». Мулоҳизаҳои собиқ Раиси Суди Олии Тоҷикистон Ҳизбулло Хоҷаев дар бораи сабабҳои моҷаро миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон

«Баҳси истифодаи замину об дар ин минтақаи наздисарҳадӣ (Тоҷикистону Қирғизистон – тавзеҳи АМИТ «Ховар») сабабҳои  таърихӣ низ дорад ва имрӯз ҳал кардани он кори мушкилу мураккаб буда, таҳаммулу гузашти тарафайнро тақозо мекунад, зеро то замони инқилоби шӯравӣ халқҳои дар ин минтақа сукунатдошта, аз ҷумла тоҷикон ва қирғизҳо, давлати миллии худро бунёду марзу буми онро муайян накарда, дар ҳолати паҳну парокандагӣ қарор доштанд», — навиштааст собиқ Раиси Суди Олии Тоҷикистон Ҳизбулло Хоҷаев зери унвони «Воқеияти таърихӣ набояд таҳриф шавад» 21 июли соли 2018 дар рӯзномаи «Садои мардум» (нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба табъ расида буд. Муаллиф, ки худ зодаи деҳаи Ворухи шаҳри Исфара аст, аз сабабҳои асосии ин моҷаро, ки дар замони шӯравӣ сар зада буд, хуб огоҳ аст, аз ин лиҳоз мулоҳизаҳояш роҷеъ ба ин масъалаи доғи рӯз қобили таваҷҷуҳ хоҳанд буд.

Воқеияти таърихӣ набояд таҳриф шавад

Баҳсу моҷаро барои истифодаи обу замин байни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизис­тон солҳо боз тезутунд ва ҳалталаб аст. Бори аввал байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ моҳи декабри соли 1974 дар деҳаи Ворух барои истифодаи замин задухӯрд рӯй дода, боиси захм бардоштани аҳолии ҳар ду ҷониб гардид. Мутаассифона, ин ҳодиса аз ҷой доштани баҳсҳои ҳалталаб дар муносибатҳои марзию заминистифодабарӣ дарак дода бошад ҳам, барои ёфтани роҳи ҳалли он ва пешгирии пайдошавии дигар моҷароҳои марзӣ чораҳои амалӣ андешида нашуд.

Тоҷикон мавҷудияти ин баҳсҳоро аз собиқ роҳбарони ҳизбию давлатии Тоҷикистон медонанд ва тасдиқ мекунанд, ки онҳо бо мақсади озод шудан аз андози замин қисмати зиёди заминҳои дар истифоданабудаи захираи давлатиро ба Қирғизистон гузашт намудаанд. Қирғизис­тон, бинобар ҷумҳурии чорводор будан, бо қарори Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз додани андози замин озод буд. Аз ин хотир, бо гузашти солҳо хатти сарҳади онҳо аз теғаи кӯҳҳою баландиҳо «хазида», ба ҳамворӣ фаромад ва то маҳалҳои зисти тоҷикон расид.

Бояд зикр кард, ки баҳси истифодаи замину об дар ин минтақаи наздисарҳадӣ сабабҳои дигари таърихӣ низ дорад ва имрӯз ҳал кардани он кори мушкилу мураккаб буда, таҳаммулу гузашти тарафайнро тақозо мекунад, зеро то замони инқилоби шӯравӣ халқҳои дар ин минтақа сукунатдошта, аз ҷумла тоҷикон ва қирғизҳо, давлати миллии худро бунёду марзу буми онро муайян накарда, дар ҳолати паҳну парокандагӣ қарор доштанд. Қисми шимолии Тоҷикистон бо Қирғизис­тон солҳои 70 – уми садаи ХIХ ба Россия ҳамроҳ шуда, ба генерал – губернатори Туркистон итоат мекард ва байни онҳо сарҳади давлатӣ мавҷуд набуд.

Тақсимоти ҳудудию маъмурии соли 1924 дар Осиёи Миёна гузаронидаи Ҳукумати Шӯравӣ низ ба муттаҳид намудани миллати тоҷик ва барпо кардани давлати миллӣ равона нашуда буд. Ин тақсимоти ноадолатона бештар ба тоҷикон зарар расонд.

Бояд зикр намуд, ки ҷудокунии ҳудудию маъмурии дар Осиёи Миёна суратгирифта, ба ғайр аз ҳуқуқҳои тоҷиконро маҳдуд намудан ва онҳоро дар як давлат муттаҳид накарданаш, байни халқҳои минтақа моҷароангез буд. Ин тақсимот марзи Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизис­тонро аломатгузорӣ нанамуд. Байни онҳо дар ин минтақа заминҳои дар гардиш қарордоштаю истифодашавандаро дар маҳалҳои аҳолинишин тақсим намуд, вале ҳудуди онҳоро дар заминҳои истифоданашаванда муайян накард. Нотамом мондани тақсимоти ҳудудию маъмурӣ ва аломатгузорӣ нашудани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин минтақа натиҷаи кори комиссияи байнидавлатии ҳар ду ҷумҳурӣ, ки баъди соҳибис­тиқлол гардиданашон ташкил шуд, тасдиқ мекунад. Ин комиссия аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро оғоз намуд, аммо чанд сол гузашта бошад ҳам, онро ба охир нарасонид.

Масъалаҳои марзӣ байни ҷумҳуриҳо дар замони шӯравӣ муҳиму ташвишовар набуд, зеро Иттиҳоди Шӯравӣ хонаи умумии ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳисоб мешуд. Сарҳади байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шартан чун марзи дохилии байни воҳидҳои маъмурӣ маҳсуб меёфт ва бо иродаи марказ минтақаю вилоятҳо аз ихтиёри як ҷумҳурӣ ба дигар ҷумҳурӣ бе гузаронидани раъйпурсӣ дода мешуданд. Мисоли чунин муносибати марказ минтақаи Қримро аз тобеияти Россия бе гузаронидани раъйпурсии халқҳо ба Украина тақдим кардан мебошад. Илова бар ин, ҳеҷ кас шак намеовард, ки Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат, чун дигар империяҳои аз таърих маълум, дер арзи вуҷуд намекунад ва зуд барҳам мехӯрад.

Аз қадимулайём тоҷикони Исфара ба деҳқонию боғпарварӣ машғул буданд. Барои равнақи ин шуғл заминҳои талу теппа ва доманакӯҳи атрофи маҳаллашонро ҳамвору обшор намуда, истифода мебурданд ва ё дар минтақаи сербориши кӯҳӣ ба лалмикорӣ машғул мешуданд.

Қирғизҳо бошанд, ба чорводорӣ шуғл варзида, асосан бодиянишинӣ мекарданд. Солҳои 60 – уми садаи гузашта қирғизҳо шуғли мушкилу он солҳо камдаромади чорводориро партофта, аз кӯҳҳо ба ҳамворӣ фаромаданд. Онҳо аз мавзеъҳои кӯҳии Кэх, Тӯшқалиқ, Кишамиш, ки дар атрофи деҳаи Ворух буданд, кӯчида, заминҳои аломатгузоринашудаи назди деҳаи Хоҷаи Аълоро ҷойи зисти доимӣ қарор доданд. Бо дастгирии ҳокимияти маҳаллиашон ба набудани хатти марз байни ду ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, заминҳои бекорхобидаи мавзеи соҳили дарёи Ворух, ки аз он ҷо роҳи автомобилгарди Исфара – Ворух мегузашт ва дигар қитъаҳоро худсарона ишғол намуданд. Онҳо ба тоҷикон имконият намедоданд, ки аз ҳисоби заминҳои аломатгузоринашуда маҳалли зистро васеътар намоянд. Бо ин мақсад манзилҳоро дар канори маҳалҳои тоҷикнишин сохта, бо онҳо ҳамсояи девордармиён мешуданд. Дар натиҷа, маҳалҳои омехташудаи тоҷику қирғиз дар Ворух, Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ пайдо шуд.

Ворухиҳо ҳам бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии афзудаистода ва барои сохтмони манзил бо замин таъмин намудани оилаҳо қарор доданд дар мавзеи Оқсой, ки дар тарафи чапи дарёи Ворух воқеъ буд, заминҳои бекорхобидаро обшор намуда, ба истифода дароранд. Ба онҳо тааллуқ доштани ин мавзеъ шубҳа надошт, зеро он ҷо оромгоҳи бузурги деҳа — Хоҷаи Ғор воқеъ буд ва дигар далелҳои таърихӣ ин ҳақиқат­ро тасдиқ мекарданд.

Корҳои азхудкунии заминҳои ин мавзеъ чанд сол ошкоро, пеши назари қирғизҳо ба итмом расонида шуда бошад ҳам, онҳо ягон эътироз нисбат ба ин иқдоми ворухиҳо намекарданд. Баъди аввал бо насос, пас оби худҷорӣ оварда, ин мавзеъро аз сангу хок тоза карда, пастию баландиҳояшро ҳамвор намуда, бошишгоҳҳои саҳроиро сохта, боғҳоро бунёду заминро киштукор кардан онҳо барои ба даст даровардани ин заминҳо иғвою моҷароро оғоз намуданд. Қирғизҳо бар ивази бо роҳи гуфтушуниду мувофиқи нишондоди қонун ва тартиби муқарраршуда ҳал кардани ин масъала қувваю зӯриро истифода бурда, охири моҳи декабри соли 1974 бо ворухиҳо занозанӣ ташкил намуда, боиси зарари ҷисмонӣ бардоштани одамони ҳар ду ҷониб гардиданд. Барои таъмини тартиботи ҷамъиятию бехатарии аҳолӣ дар ин минтақа вазъияти фавқулода эълон карда, баҳри ҳал намудани ин масъалаи баҳсӣ комиссияи муштараки байнидавлатӣ таъсис дода шуд. Шояд бо мақсади зудтар ба марказ дар бораи ором шудани вазъ гузориш додан ё бо сабаби дигар бошад, ки комиссия ба зудӣ барои 500 гектар замини бо азобу машаққат ва хароҷоти калон ободкардаи ворухиҳоро бо бошишгоҳҳои саҳроиаш ба қирғизҳо додан ба хулоса омад. Дар баробари ба ворухиҳо таърихан тааллуқ доштани замин комиссия аҳамият надод, ки қирғизҳо дар ин маҳал барои истифода бурдани замин қувваи корӣ надоранд. Ҳол он ки дар деҳаи аҳолиаш он замон беш аз 10 ҳазорнафараи Ворух бекорон зиёд буданд.

Қирғизҳо барои банд намудани замини аз ворухиҳо кашидагирифта як гурӯҳ одамонро аз қисми шимоли ҷумҳуриашон кӯчонда оварда, дар манзилҳои дар ду тарафи роҳи автомобилгарди Ворух – Исфара сохта маскун намуданд. Дар натиҷаи беадолатии комиссияи муштарак на фақат боғҳои ворухиҳо бунёднамуда бе нигоҳубин монда, хушк шуда, заминҳои ободкарда бе киштукор монд, балки вазъият ба ҷойи орому муътадил гардидан боз ҳам моҷароангезтар шуд.

Дертар қирғизҳо ҳаракати нақлиётро низ дар ин роҳи дохили маҳаллашон таҳти назорат гирифта, сабабгори моҷароҳои дигар шуданд. Барои онҳо ба ҳаракати автомашинаҳои тоҷикон монеъ шудан, санг партофта шишаҳояшро шикастан, ронандаю мусофиронро зада маҷрӯҳ кардан ва ба кашондани бору гузарондани чорво халал расондан кори муқаррарӣ гардид. Гузашта аз ин, бо ҳар баҳона ин роҳ деҳаи Ворухро бо дигар минтақаҳо мепайвандад, якчанд рӯз баста, ба рафтуомади мардум монеъ мешуданд.

Дар натиҷа, тобистони соли 1989 бори дигар задухӯрди шадид байни тоҷикону қирғизҳо ба вуҷуд омад. Қирғизҳои ба ин задухӯрд тайёридида аз яроқи оташфишон истифода бурда, 18 ворухиро маҷрӯҳ карданд. Бо ин сабаб бори дуюм дар он ҷо вазъияти фавқулода ва соати комендантӣ эълон карда шуд.

Он вақт ман дар вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардам. Тақрибан пас аз ду ҳафтаи моҷарои сарҳадӣ дар бинои Шӯрои вазирон бо муовини Раиси Шӯрои вазирон, раиси Комитети агросаноатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳоб Воҳидов, ки раиси комиссияи баробарҳуқуқ аз ҷониби Тоҷикистон таъин шуда буд, вохӯрдам. Ҳангоми суҳбат ӯ аз вазъи Исфара, муҳтавои протоколи созиш изҳори норозигӣ намуд. Гуфт, ки аъзои комиссия аз имзо намудан ба протокол даст кашидаанд ва аз ман хоҳиш кард, ки ба Исфара рафта, ҳамдиёронро ба имзои протоколи созиши комиссияи баробарҳуқуқ розӣ намоям. Азбаски барои ҳал кардани ин масъалаи муҳим супориши ӯ ба ман салоҳият намедод, аз иҷрои он худдорӣ намудам. Баъди чанд рӯз Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев маро даъват намуда, супориш доданд, ки ба Исфара рафта, барои ба имзо расондани протоколи комиссияи созиш мусоидат намоям.

Иззатулло Ҳаёевро аз давраи дар шаҳри Кӯлоб кор карданам мешинохтам. Дар вазифаҳои раиси комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб, баъд котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб кор мекарданд. Ҳамчун роҳбар хоксору босалоҳият ва кордон, нисбат ба халқ ғамхору дилсӯз буданд.

Дар иҷрои ин супориш маро муовини якуми вазири алоқа И. Усмонов ҳамроҳӣ мекард. Дар фурудгоҳи Хуҷанд моро муовини раиси Комитети иҷроияи вилояти Ленинобод, раиси Комитети агросаноатии вилоят М. Орифов ва имомхатиби масҷиди ҷомеи вилоят М. Мукаррамов пешвоз гирифтанд ва ҳамроҳ ба шаҳри Исфара рафтем. Котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳри Исфара Гулафзо Савриддинова моро бо протокол шинос кард. Протокол аз як ҷумла иборат буда, фақат эътирофи заминистифодабарии ҷориро муқаррар менамуд ва онро танҳо раиси комиссияи баробарҳуқуқ В. Воҳидов имзо карда буд. Маълум шуд, ки аъзои комиссия, бинобар ба муқаррароти протокол норозӣ будан, аз имзо гузоштан ба он даст кашидаанд. Бо протоколи созиш шинос шуда, дарк намудан мушкил набуд, ки он рӯякӣ, яктарафа ва ба манфиати қирғизҳо тартиб дода шудааст.

Дар вохӯрӣ аъзои комиссия сабаби ба протокол имзо нагузоштанро ба ҳолатҳои дар боло нишондода алоқаманд намуданд. Пеш аз ҳама, муқаррароти протокол ҳуқуқи ворухиҳоро ба заминҳои баҳсӣ қатъ месохт ва масъалаи ниҳоят вазнин — кушодани роҳи автомобилгарди мустақими Ворух – Исфараро ҳал намекард. Агар ба тартиби замин­истифодабарии қирғизҳо пешниҳоднамуда розӣ шуда, протоколро имзо менамуданд, ин маънии рӯирост эътироф кардани дар анклава (дар иҳотаи Қирғизистон) мондани Ворух буд. Инчунин, дар протокол муҳлати иҷораи чарогоҳи тобистонае, ки қирғизҳо барои 50 сол ба тоҷикҳо дода буданд, баррасӣ намегардид. Бинобар ин, шартномаи нави иҷоравӣ ё барои чорвои исфарагиҳо чарогоҳи тобистона ҷудо кардан зарур буд.

Хулоса, протоколи мазкур, ки гузаштҳои яктарафаи зиёд дошт, вазъияти ворухиҳоро боз ҳам вазнинтар карда, сабабгори тезутундшавии муносибати байни тоҷикону қирғизҳо дар ин минтақа мегардид. Бинобар ин, ба хулоса омадем, ки оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта аввал ба Раиси Шӯрои вазирон И. Ҳаёев маълумот диҳем. Ҳамин тавр, супоришро иҷро накарда, бегоҳии ҳамон рӯз ба шаҳри Душанбе баргаштем.

Рӯзи дигар ба назди Раиси Шӯрои вазирон даромада, дар бораи хулосаҳо оид ба сабабҳои ба протокол имзо нагузоштани аъзои комиссия маълумот додам. Шояд аз иҷро нашудани супориши додаашон бошад, ки чеҳраи Иззатулло Ҳаёев тира гашта, хомӯш монд. Ман дар наздашон монданамро нолозим шуморида, иҷозат пурсида рафтам.

Идомаи таърихи ин протоколи комиссияи баробарҳуқуқ тартибдодаро раиси онвақтаи комитети иҷроияи шаҳри Исфара Мирзошариф Исломиддинов чунин шарҳ дод:

— Муҳлате пас аз гузаштани иҷлосияи Шӯрои Олӣ ва барои ратификатсия пешниҳод накардани протоколи имзонашуда, дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии роҳбарони аввали ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Барои иштирок дар он Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва Раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев ба шаҳри Исфара омаданд. Онҳоро дар ин сафар муовини раиси комиҷроия, раиси Комитети агросаноатии вилоят М. Орифов, котиби якуми комитети ҳизби коммунисти шаҳри Исфара Г. Савриддинова ва М. Исломиддинов ҳамроҳӣ намуданд. Дар комитети ҳизби коммунисти Бодканд онҳоро Котиби КМ ҲК Қирғизистон Масолиев бо Раиси Шӯрои вазирони Қирғизистон ва намояндаи Москва, котиби КМ ҲКИШ, узви Бюрои сиёсӣ А. Н. Гиренко мунтазир буданд. А. Н. Гиренко аз шаҳри Москва пештар ба он ҷо омада буд. Қиёфаи онҳо баъди шабнишинии давомнок хеле хаста менамуд.

Баъди ба паси мизи машварат нишастан А. Н. Гиренко манфиатдориашро нисбат ба қирғизҳо пинҳон надошта, аз Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Ҳаёев пурсид, ки барои чӣ протоколи комиссияи баробарҳуқуқдодаро ба имзо нарасондааст. Иззатулло Ҳаёев ҷавоб дод, ки бо муҳтавои ин протокол мардуми минтақа розӣ нестанд. Гиренко баъди шунидани ҷавоб бо оҳанги таҳдидомез ва густохона нисбат ба яке аз роҳбарони аввали Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Агар халқатро розӣ кунонда, протоколро ба имзо расонда натавониста бошӣ, ту Раиси Шӯрои вазирон шуда кор карда наметавонӣ, ба истеъфо рафтанат лозим аст».

Аз ин муносибати ниҳоят дағалу беэътиноёна нисбат ба халқи тоҷик ва роҳбари воломақоми ҷумҳурӣ Иззатулло Ҳаёев ба ғазаб омада, бо мушташ ба рӯйи миз зада, аз ҷояшон хеста, ҷавоб медиҳанд: «Ту маро бо истеъфо метарсонӣ? Ман омода ҳастам, ки худи ҳозир ба истеъфо равам. Лекин ман ба халқам хиёнат намекунам ва манфиатҳояшро намефурӯшам».

Баъди ин гуна ҷавоби сазовори Иззатулло Ҳаёев Гиренко, мисли он ки баъди шабнишинӣ ҳушёр шуда бошад, чӣ хел давом додани вохӯриро надониста монд. Ӯ ин гуна ҷавобро мунтазир набуд.

Баъди се соат вохӯрӣ ба охир расид ва дар роҳи бозгашт Иззатулло Ҳаёев изҳор намуд, ки ин протокол ҳеҷ гоҳ имзо намешавад. Ҳамин тавр, дар ин вохӯрии сатҳи баланд роҳбарони ҷумҳурӣ нишон дода тавонистанд, ки протоколи созиш яктарафа тартиб дода шуда, талабу дархости ворухиҳо бе баррасӣ мондааст.

Дар вохӯрии Бодканд дар бораи идома додани кори комиссияҳои баробарҳуқуқи ҷумҳуриҳо ба хулоса омада бошанд ҳам, масъалаҳои баҳсӣ ҳалли худро наёфтанд. Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ аз созмон додани комиссияи ҳукуматӣ барои баррасӣ намудани масъалаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон низ вақти зиёд гузашт, вале дар ҳалли онҳо пешравии ҷиддӣ мушоҳида намешавад.

Аз вазъи номусоиди коммуникатсионии Тоҷикистон истифода бурда, қирғизҳо на фақат ҳалли масъалаҳои баҳсии сарҳадро кашол дода истодаанд, балки созишҳои дар бораи худдорӣ намудан аз амалҳои нооромкунандаи вазъият дар сарҳадро сарфи назар намуда, бо истифода аз сарбозон замини тоҷиконро ғасб ва вазъиятро хавфноктар месозанд. Баъди заминҳои Оқсойро беасос кашида гирифтан, қирғизҳо ба замини маҳалли истиқоматии дар дигар минтақаҳо ҷойгиршудаи ворухиҳо даъво оғоз намуда, моҷаро барангехта истодаанд. Онҳо дар роҳи мавзеи Чакак дидбонгоҳи сарҳадӣ гузош­та, ба ворухиҳо барои дар заминҳои дар он ҷо воқеъбуда киштукор кардан монеъ шуданд. Моҷарои барангехтаи онҳо боиси аз тири сарҳадбононашон ба ҳалокат расидани як ворухӣ гардид. Ҳоло қирғизҳо аз пуртоқатии ворухиҳо истифода бурда, ба кашида гирифтани заминҳои мавзеи Пули Офтобрӯ ва чарогоҳҳои тобистона оғоз кардаанд.

Сарҳадбонони қирғиз ворухиҳоро таҳти латукӯб қарор дода, аз заминҳои ин мавзеъ ронда, бошишгоҳҳои онҳоро вайрон карда, дар чарогоҳҳои тобистона барои чорвояшонро чарондан монеа эҷод карда истодаанд. Мақсадашонро оид ба ғасб намудани заминҳои дар мавзеи Кэх воқеъбуда низ пинҳон намекунанд. Ҳол он ки тақсимоти ҳудудию маъмурии соли 1924 гузаронида ба ворухиҳо тааллуқ доштани ин заминҳоро эътироф намуда буд ва онҳо дар истифодаи ворухиҳо қарор доштанд.

Қирғизҳо амалҳои моҷароангезро бо харитаҳои дар замони шӯравӣ тартибдода алоқаманд мекунанд, ки асос надорад. Дар харитаҳо қитъаҳои заминҳои баҳсӣ гуногун — дар баъзеяшон дохили сарҳади Тоҷикистон ва дар дигарашон дохили сарҳади Қирғизистон нишон дода шудаанд, ки далели нодуруст будани даъвои онҳою шубҳаовар будани харитаҳоро исбот менамояд. Ба ғайр аз ин, дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо тартиб додану ба расмият даровардани харитаҳо низ муайян нест ва аломатгузорӣ нашудани сарҳад дар ин минтақа ҳақиқати раднашаванда мебошад. Модом ки сарҳад аломатгузорӣ нашудааст, дар харитаҳо хатти сарҳадро ҷудо нишон додан шартӣ мебошад. Аз ин рӯ, он харитаҳо чун маълумотномаи бемуҳр арзиши ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун далел барои ҳал намудани баҳси сарҳадӣ набояд истифода шаванд. Масъалаи баҳсӣ бояд дар асоси воқеияти таърихӣ ва муносибатҳои дӯстию ҳамсоягӣ ҳал карда шавад.

Тоҷикистон дар мавриди ҳамсояҳо ҳақшинос аст ва нисбат ба онҳо беҳтарин муносибатро, ки хусумату зиддиятро бартараф, дӯстиро мустаҳкам мекунад ва ҳамкориро ривоҷу равнақ мебахшад, пеш гирифта, дар бисёр маврид гузашт намудааст. Аз ҷумла, бо дархости Қирғизистон барои ноҳияҳои Лайлаку Бодкандро бо роҳи автомобилгарди мустақим пайвастан аз деҳаи Чоркӯҳ ба тарафи Якауруки Қирғизистон барои роҳ кушодан иҷозат дод. Ҳоло қирғизҳо ин роҳро ҳамчун роҳи дохилии худашон истифода мебаранд ва нақлиёташон бе санҷишу назорати сарҳадию анҷом додани расмиёти гумрукӣ ба ҳар ду ноҳияи вилояти Бодканд рафтуомад менамояд. Ҳамчунин, баъди моҷарою задухӯрдҳои охирин дар назди деҳаҳои Воруху Хоҷаи Аъло ба қирғизҳо дар заминҳои баҳсӣ сох­тани роҳу пули мустақим, ки деҳаи Оқсойро бо ноҳияи Бодканд пайваст менамояд, иҷозат дода шуд. Аммо амалишавии гузашти ҳамсояҳо дар бораи кушодани роҳи мус­тақими деҳаи Ворух ба шаҳри Исфара ва дигар минтақаҳо кашол ёфта истодааст. Дар назар бояд дошт, ки баъди ба итмом расидани бунёди роҳе, ки ноҳияҳои Бодканду Лайлакро тавассути Оқсой мепайвандад ва нолозим шудани роҳи ҳудуди деҳаи Чоркӯҳро убуркунанда, кушодани роҳи мустақими Ворух ва аз анклава баровардани он боз ҳам мушкил мегардад.

                                                   Ҳизбилло ХОҶАЕВ,
судяи мустаъфӣ,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                           (Рӯзномаи  «Садои мардум” №89 (3883) 21.07.2018)

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

ХОҶАЕВ Ҳизбилло (тав. 10. 1. 1945, деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара, вил.Суғд), ходими давлатӣ. Узви ҲКИШ аз с. 1969.  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978) ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1984)-ро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз с. 1961 оғоз ёфтааст. Колхозчии колхози «Правда»-и ноҳияи Исфара, харороти заводи «Тоҷиктекстильмаш» ба номи Дзержинский (1961—68), муфаттиши прокуратураи  ноҳияи Исфара, машваратчии калони шуъбаи адлияи Комиҷроияи иҷроияи вилояти собиқи Ленинобод (1968—75), аъзо, ҷонишини раис, раиси суди вилояти собиқи  Кўлоб (1975—-86) буд.  Солҳои  1986 – 2009, то ба нафақа рафтанаш  дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти судии мамлакат, аз ҷумла Раиси Суди Олии Тоҷикистон ва Раиси Суди конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон   кор кардааст.

Номзад ба аъзоии КМ ПК Тоҷикистон (аз 1986). Депутати  Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 11). Бо медали «20-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—45» мукофотонида шудааст.

Қирғизистон сокинони ду деҳаи назди марзи Тоҷикистонро ба Ботканд кӯчонд

Сокинони деҳаҳои наздимарзии Оқ-Сой ва Кӯк-Тош дар пайи ҷанҷоли марзӣ ба Ботканд кӯчонида шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» навиштааст, дар ин бора «Sputnik Қирғизистон» бо истинод ба  хадамоти матбуоти Ҳукумати Қиғизистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ин дар ҳолест, ки гуфтушунидҳои ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон идома доранд.

«Гуфтушунидҳо шоми 14 март дар деҳаи Кӯк-Тоши ҷамоати Оқ-Саройи ноҳияи Ботканд тақрибан як соат давом карданд», — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҳайъати Тоҷикистонро муовини Сарвазири кишвар Азим Ибориҳим ва ҳайъати Қирғизистонро муовини Сарвазири кишвар Ҷаниш Разақов роҳбарӣ мекунанд.

«Дар рафти гуфтушунидҳо тамоми масъалаҳои доғ баррасӣ шуданд», — менависад манбаъ.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додааст, ки шоми 14 март, соатҳои 21:00 сокинони деҳаи Оқ-Сой ва Кӯк-Тош ба воситаи автобус ва худравҳо ба шаҳри Ботканд интиқол дода шуданд. Онҳоро дар мактаб ва яке аз хонаҳои кӯчаи Айтматов ҷой додаанд.

«Мақомоти маҳаллӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд», — афзудааст дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти  Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод,  13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба  сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд.  Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди ҶТ Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Тагисада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ,  новобаста аз чораҳои андешидашуда  вазъият дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон то охири рӯз мураккаб боқӣ  монд.

14 март шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара қарор доштанд, монеи гуфтушуниди ҳайатҳо гардиданд.

Тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсойи ҶҚ, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омада, роҳҳоро баста буданд, бе асос ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони ҶТ маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ карда,  ба сокинони вилояти Ботканд ҷавоб гардонанд. Сипас, сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расулиддин Имомбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок гардид.

Шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Ансориддин, соли таваллудаш 2003, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш ярадор шуда, дар беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бистарӣ мебошад. Ҳамзамон, қирғизҳо ба манзили истиқоматии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниева Мавлуда, соли таваллудаш 1970 ва Воҳидов Абдуманон, соли таваллудаш 1955, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҳамла намуда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расониданд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ,  аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишвар ҳолатҳои дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ, итоат накардан ба сохторҳои марбути он давлат, ки боиси тавлиди ташаннуҷ, беназмӣ ва оқибатҳои хавфнок дар сарҳади давлатӣ мегардад, бараъло ба назар мерасад.

Феълан вазъият ба эътидол омада, таҳти назорати ҷиддии қувваҳои сарҳадии ҳарду кишвар қарор дорад.

Читать далее

ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Маркази матбуоти  Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ЧТ хабар медиҳад, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда  вазъият дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад.

14 марти соли 2019 шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара қарор доштанд, монеи гуфтушуниди ҳайатҳо гардиданд.

Тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсойи ҶҚ, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омада, роҳҳоро баста буданд, бе асос ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони ҶТ маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ карда,  ба сокинони вилояти Ботканд ҷавоб гардонанд. Сипас, сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расулиддин Имомбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок гардид.

Шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Ансориддин, соли таваллудаш 2003, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш ярадор шуда, дар беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бистарӣ мебошад. Ҳамзамон, қирғизҳо ба манзили истиқоматии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниева Мавлуда, соли таваллудаш 1970 ва Воҳидов Абдуманон, соли таваллудаш 1955, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҳамла намуда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расониданд.

Аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишвар ҳолатҳои дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ, итоат накардан ба сохторҳои марбути он давлат, ки боиси тавлиди ташаннуҷ, беназмӣ ва оқибатҳои хавфнок дар сарҳади давлатӣ мегардад, бараъло ба назар мерасад.

www.khovar.tj
Читать далее

Маҳкум мекунем!

Субҳ вақте ба кор омадам, чеҳраи ҳамкоронамро маҳзун дидам. ҳангоми пурсиш маълумам гардид, ки боз ду маҳал, ду ҳамсоямиллат, ду ҳаммарзон бо ҳам созиш наёфтаанд. Вақте бар асари неш задани нохалафон аз миллати қирғиз ва ҷон бохтани ду нафар тоҷикписар магар синаи модари қирғиз ба дард наомад? Магар ӯ натавонист, бар ҷигарбанди хеш бигӯяд, ки «ту ин корро макун! Ӯ ҳам модар дорад, ӯ ҳам дар хона фарзанди ноболиғ дорад ва вазифаи ҷонии ӯст, ки пораи ҷигарашро ба по рост кунад!»

Ин ҷо порае аз шеъри шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба хотирам омад, ки гуфта буд: 

Ин сӯ нигарам: душмани қаттоле ҳаст,

Он сӯ нигарам: каҷдили баттоле ҳаст.

Боло нигарам: Худо хомӯш асту хомӯш,

Пойин нигарам: коми сияҳҷоле ҳаст.

Оҳ,оҳ, аз зотҳое, ки басо

Аз сафои рӯзгор маҳрумат кунанд,

Худ ҳама гумгаштагони зиндагӣ,

Сӯи гумномӣ ба роҳат чоҳ кананд!

Воқеан, байни сарварони ду миллат созишнома дар бобати амнияти сокинони байнимарзӣ баста шуда буд, пас он чӣ гунна аз ҷониби қирғизҳо риоя карда шуд? 

Т. Алиева,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Осуждаю!

Таджикский народ и киргизский народ давно, в течение столетий и даже более лет  жили, работали, творили в различных сферах жизнь бок-о боком уникальные чудеса. Жители Согдийской области  Республики Таджикистан с жителями Боткентского района Ошской области Республики Киргизстан во времен СССР и до нашей время Независимости считали себя братьями, товарищами и близкими добрыми соседями. Особенно жители селении Воруха Таджикистан и селе Оксой Киргизстан.

  Эти  добрососедства были для всех приграничных районов примером. Но, к сожалению события, которые возникли в 14 марта 2019 года в территории сельского Джамоата Ворух со стороны группа жителей селения Оксуй, стало и трагическими, унёсшие двух человеческих жизни-жителей махалле Тидана Джамоат Воруха. Это действие, меня как ветеран труда и средств массовой информации, не можеть оставить неравнодушным.

.Очевидно, что вышеупомятутый смысль мне толкает на судьбы человека-надо дружно жить на земле, разделение богатства дающая от Бога-это  самый опасный вид стольпов жизни. Формы насилия и давления неуместимый для человека, тем более близким соседам. Эти события ни каким образом не  оправдывает и не может поощрят какого-либо прояления насилия. Сосед, как всегда-таджик и киргиз творили добро и мир между сами.

Ато ТУРДИПУР,
журналист, г.Худжанд

Читать далее

Обеспокоены случившим инцидентом

Мы, жители Согдийской области очень обеспокоены обстоятельствами на границе между двумя соседними республиками-Таджикистана и Киргизстана. То, что там были обстрелы, драки, в результате которой погибли люди-две жители нашей Республики, десятки людей получили тяжёлые огнестрельные ранения.

Мы, жители Согдийской области издавна знаем жителей пограничных регионов Киргизстана-Баткент, Исфара и других как дружественных соседей. Лично я со своей семьёй много раз бывали в гостях в местность Исфара. Жители Исфары очень дружелюбные, гостеприимные. С городом Баткент и Боткентской области наша Согдийская область в течении долгих лет в дружеских отношениях и мы сотрудничаем во многих отраслях. Представители этой области систематично участвуют в наших областных мероприятиях, в наших народных праздниках, торжеств. Одним словом, мы жители двух областей и соседи, и родня. И факты, случившие с 13-го марта в пограничных местах, а именно в Джамоате Ворух, нас не оставить относиться к этому безразличным.

Как мы узнали из достоверных источников, этот инцидент было запланировано ещё заранее. Провокационные действие начались ещё недели назад. Что отдельные жители близлежащих к границу районах без спроса вошли в дворах, садах жителей Джамоата, сорвали плодовые деревья, топтали площади сева пшеницы-хлеба жителей этого региона.

Если этим спорам и непониманиям основная причина строившиеся дорога, или же водная проблема, эти проблемы же можно решить на почве межрегиональных договоренностей. Не так ли. Если есть желания, все проблемы решыми.

А в соответствии Международных правилах и согласно множественных соглашениях, которые подписаны руководителями наших областей, эти правила должны соблюдать обоюдно.

В результате не соблюдения этих правил двое невинных людей стали жертвами, десятки получили ранения. Эти поступки со стороны представителей Киргизстана не только не соответствует многовековым добрососедским отношениям между таджиками и киргизами, но и приведёт к осложнению наших отношений. А этого не хотят не таджики, не киргизы.

Р. Негматдухт

Читать далее

Саркардагони хомушнишин

Мардуми тоҷик аз қадим меҳмоннавозанд, эҳтироми ҳамсоядориро риоя намуда,  бо ин хислати худ шӯҳратманд гардидаанд. Имрӯз ҳодисаҳое, ки дар марз бо мардуми меҳнатқарини минтақаи Ворухи шаҳри Исфара рух додааст, моро нигарон намуд. Чаро ҷониби Қирғизистон бар хилофи хислатҳои инсонӣ ва созишномаҳои амалкунанда рафтор намуда, сокинони осоиштаи ин минтақаро ранҷ медиҳанд?

Дар пайи муноқишаи рӯзи 13 – уми марти соли равон, ки  бар хилофи қарордодҳои дуҷониба аз тарафи қирғизҳо оғоз шуданисохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро сар зад, ду нафар ҳамватанони мо ҳалок гаштанд. Ин навбат дар баробари эътирози мардум, ҷониби қирғизҳо ба тарафи сокинони минтақаи Ворухи шаҳри Исфара бо истифодаи силоҳ  муқовимат нишон доданд. Албатта, ин амали онҳо бар хилофи қарордодҳои дуҷонибаи байни ду кишвар буда, амали тир кушодани онҳо тарфи дигари масъала аст, ки моро ба ташвиш овардааст. 

Гаравгон гирифтани сокинони бегуноҳи тоҷик ва таҳти роҳбарии раиси Ҷамоати  деҳоти Оқсойи қиргизҳо  сангпартоӣ намудан, ва тиркушодаи онҳо ба ҷониби мардуми тоҷик амали ваҳшиёна мебошад.

Сангпартоиро ба «хонаи ҳамсоя» худи онҳо оғоз намуда, боз худро «мусичаи бегуноҳ»  нишон медиҳанд, ки гӯё гунаҳкори ин ҳодисаҳо нестанд.

 Истамҷон НАҶМИДДИНЗОДА

Читать далее

Ба амали қотилонаи худ ҷавоб гуянд

Воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар Ҷамоатҳои  наздисарҳадии ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст, ягон ашхоси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад. Чунки дар ин баҳси бемаънову бемантиқ, ки ҷониби қирғизҳо идао доранд, риштаи умри ду тан ҷавонмард - ду падар, ду шавҳар, ду писар канда гардиду дар дили модарону ҳамсарону фарзандон доғи ҷудоиро гузошт. 

Давоми чандин соле, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон махсусан дар Ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ деҳаи Хоҷаи Аъло муноқишаҳо сар мезананду ба ҳаёти мардуми осоиштаи тоҷик халал ворид месохтанд, кор бо мусолиҳаю муноқишаҳои бардавом  анҷом  меёфт.  Мардуми қирғиз чизеро баҳона мекарданду боиси халалдор гардидани амнияти мардуми тоҷик мегашт. Аммо имрӯз  беягон сабаб  тири ноҷавонмардонаи худро  сӯи мардуми осоишта равон намуданд, бояд назди мардум ҷавоб гӯянд.

Бале, имрӯз дар назди амали қотилонаю разилонаи худ ҷавоб бояд  гӯянд.

Тӯли ду рӯз  ба воситаи расонаҳо фаҳмидем, ки марзбонони тоҷик ҷониби Қиризистонро айбдор карданд, ки якҷониба ба сохтани роҳи баҳсии Кӯктош-Оқсой -Тамдиқ оғоз карда, ба муноқиша роҳ кушодаанд. Марзбонони тоҷик ҳамчунин Роза Усарова, раиси деҳаи Оқсойро айбдор кардаанд, ки аз муташанниҷ  гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик  машғул аст. Дар хотироти шахсони воломақом, ки солҳои пеш дар  мусолиҳаҳои марзӣ  ширкат дошта буданд, аён мегардад, ки номи ин зан ҳамон солҳо низ  барои барангехтани низои миллӣ  расонаи гардида буд.  Яке аз роҳбарони комиссияи ҳамонвақта изҳор доштанд, ки он солҳо низ дар он ҷое, ки муноқиша буд, Роза Усарова  дар он ҷо буд.

Имрӯз ӯ ҳамчун зан, ҳамчун модар, ҳамчун сарвар бояд ба умри зоеърафтаи ин ду фарзанди тоҷик ҷавоб гӯяд.

Г. ҲАКИМДУХТ,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее