March 2019

31 March 2019

Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи ноҳиявии рақами 3 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беморхонаи ноҳиявии рақами 3-ро бо 120 кат мавриди истифода қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити замонавии беморхона, ки аз 4 шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат мебошад, шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Читать далее

Ифтитоҳи Коргоҳи истеҳсоли арматура дар шаҳри Гулистон

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бунёд шудааст. Баъди ифтитоҳи корхона 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Читать далее

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Парчами давлатиро барафрохтанд.

Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Гулистон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд.

Хушҳоливу болидарӯҳии сокинони шаҳрро дар ин рӯз ҳадду канор набуд. Зеро барои онҳо боз як макони истироҳату фароғат, ки дорои ҳама гуна шароит мебошад, фароҳам омад.

Читать далее

Ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи «Парасту» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

Дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои кӯдакистони давлатии “Парасту” - ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии кӯдакистони мазкур зиёда аз 1 гектарро дар бар гирифта, аз се бино иборат мебошад.

Ин иншоот тайи солиёни зиёд ба харобазор табдил ёфта буд ва он аз ҷониби ҶДММ “Авитсена” дар шаҳри Гулистон пурра таъмиру навсозӣ шудааст.

Читать далее

30 March 2019

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бунёди токзори нав

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон токзори нав ва боғи суперинтенсивии дарахтони гелосу шафтолуро бунёд карданд.

Дар токзори нав, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд гардид, ангури навъҳои “шоҳона”, “ҳусайнии сафеду сурх”, “кишмиши сиёҳ” ва “победа” шинонида шуд.

Читать далее

Тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл ва супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба 10 нафар эҳтиёҷмандону камбизоатон дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи ҷомеаро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳруманд, бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло, ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ ҳидоят намуданд.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Қасри ҷавонон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 700 ҷойи нишаст мебошад.

Читать далее

Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» дар маркази шаҳри Бӯстон

Дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи нави хизматрасонии «Баҳор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Мадина Самандарова ва Икром Содиқов сохта шудааст. Ошёнаи якуми маҷмааи хизматрасонӣ барои кошонаи ҳусн ва маркази савдо, ошёнаи дуюм барои тарабхона ва ошёнаи сеюм барои меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи «Гули наврӯзӣ» дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Гули наврӯзӣ»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорон таъмиру навсозӣ шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди кӯдакистони мазкур дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳтарин туҳфаи Пешвои миллат ба сокинон ва кудакони шаҳр гардид.

Читать далее

Ифтитоҳи корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении ҶДММ «Суғдполитекс» дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд нахуст ба фаъолияти корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдполитекс» оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот дар ин корхонаи саноатӣ аз наздик шинос шуданд.

Сохтмони корхона соли 2017 дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ба роҳ монда шуда, он дар муддати камтар аз ду сол бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ босифати баланд сохта ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин гардидааст.

Читать далее