April 2019

30 April 2019

Власти Сингапура введут ограничения в интернете

Власти Сингапура введут ограничения в интернете

Премьер-министр республики Ли Сянь Лун подчеркнул, что не существует общества, где была бы абсолютная, неконтролируемая свобода слова

СИНГАПУР, 29 апреля. /ТАСС/. Правительство Сингапура введет ограничения для пользователей интернета, чтобы защитить свободу высказываний и предупредить распространение фальшивой информации еще до того, как она сможет нанести серьезный ущерб обществу. Об этом заявил в интервью, опубликованном в понедельник в местной прессе и показанном по телевидению, премьер-министр республики Ли Сянь Лун.

Читать далее

Бунёди бинои нав: Мусоидат бо сатҳи хуби хизматрасонӣ

Кормандони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд соҳиби бинои наву замонавӣ хоҳанд шуд. Зеро иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин қарори Раиси вилоят оид ба эълон намудани «1300 - рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро мардуми шарифи вилоят дар фазои сулҳу якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ хуб дарк намудаанд.

Бо дастгирии директори Агентии “Тоҷикстандарт” - и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қудрат Қамбар ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои маъмурии Маркази “Тоҷикстандарт” оғоз гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Сохтмончиёни ҶДММ «Авитсена» - ро бо роҳбарии Парвиз Ҷӯраев дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд андармони бетонрезӣ дарёфтем. Дар масоҳати 0,6 гектар замин бинои панҷошёна қомат хоҳад афрохт. Дар таҳхонаи бинои асосӣ шуъбаи таъминоти метрологӣ, озмоишгоҳ ҷойгир буда, зиёда аз 50 утоқи корӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин, дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва толори машваратӣ барои 30 нафар пешбинӣ гардидааст. Ошхона низ дар ошёнаи якум ҷойгир хоҳад шуд.

Музаффар Шокиров иброз дошт, ки теъдоди беш аз бистнафараи сохтмончиён ҳамарӯза фаъолият дошта, барои хушсифату то муҳлати муайян ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Сармуҳандис Ҷӯрабой Ҷӯраев барои сари вақт дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ, устоҳо банду басти Азимҷон Худойбердиев, Неъматҷон Шокиров, Нурмуҳаммад Тошматов, устоҳои банду басти арматур ва бетонрез Р.Бойматов, К.Ҷумъабоев, А.Эргашев, Р.Ҳакимов ва дигарон бо кӯшишу ғайрати том фаъолият доранд.

Парвиз Ҷӯраев иброз медорад, ки аз аввали моҳи апрел бунёдкорони ҶДММ «Авитсена», ки наздик бист сол инҷониб фаъолият доранд, сохтмони биноро ба уҳда гирифта, дар ин замина ба таъсиси ҷойҳои корӣ замина гузоштаанд. Ҳамчунин, барои кам кардани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дур аз ёру диёр дар кишварҳои хориҷа кор мекарданд, шароити корӣ фароҳам оварда, барои некуаҳволии аҳли оилаашон мусоидат намудаанд. Абдуазиз Эргашев, ки таи ду сол инҷониб дар ин ширкати сохтмонӣ фаъолият мебарад, чунин изҳор дошт:

- Ду - се сол қабл ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам. Албатта, дур аз оила ва ёру дӯстон бароям мушкилиҳо меовард. Бар замми ин хароҷотам ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ хеле гарон буд. Пазмони аҳли оила, падару модар ва пайвандон мешудам. Алҳол дар ин ширкати сохтмонӣ меҳнат мекунам. Музди маоши хуб мегирам. Гумон мекунам, ки агар ҷавонмард соҳиби касбу кори муайян бошад, ҳоҷати ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан нест.

Маҳмуд Зоҳиров ва Муҳаммад Ортиқов низ, ки чанд сол дар шаҳрҳои Федератсияи Россия муҳоҷири меҳнатӣ буданд, мақоли халқии «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар»-ро сармашқи кори худ қарор додаанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳарчанд солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷират буданд, аммо ҳеҷ гоҳ маблағи ҳангуфт ба даст наовардаанд. Дар Ватан онҳо бо кору маоши хуб таъминанду бар замми ин дар ободии диёри хеш ҳиссагузоранд.

Сардори дафтари матбуоти Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов иброз медорад, ки ҷомеаи беш аз 140 нафараи Марказ аз бунёдсозии бинои нав шоду хурсанд ҳастанд. Зеро онҳо ҳамарӯза саҳми хешро дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии маҳсулоти ғайристандартӣ мегузоранд. Бо бунёд шудани бинои нав ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ сатҳи хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Деваштич: Тадбирҳои нав дар корхонаи оҳакбарорӣ

Оҳак маҳсулотест, ки дар сохтмони хонаву таъмири он, сафед кардани бинову иншоот ва танаи дарахтон истифода мешавад. Барои истеҳсоли оҳак соли 2010 - ум дар ноҳияи Деваштич аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен» заводи оҳакбарорӣ таъсис дода шуд. Коргоҳ аз соли 2011 - ум ба фаъолият оғоз карда, ба истеҳсоли масолеҳ шурӯъ намуд ва он ба таври мавсимӣ фаъолият дорад.

Барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва самаранок истифода бурдани технологияҳои муосир роҳбарияти Ҷамъият ба хулоса омад, ки раванди истеҳсолот ба таври замонавӣ ба роҳ монда шавад.

Бо ин мақсад дар коргоҳ соли 2018 азнавсозии куллӣ ба амал бароварда шуд.

Директори генералии коргоҳ Ҷамшед Давлатов зикр намуд, ки ба роҳ мондани истеҳсолот тавассути таҷҳизоти нав ва технологияи муосир иқтидори корхонаро нисбатан афзун намуд.

Имрӯз коргоҳ дар як шабонарӯз 20 - 22 тонна оҳак истеҳсол менамояд, аммо вобаста ба талаботи мардум метавонад, иқтидори онро то 50 тонна расонад.

Дар маҷмӯъ, коргоҳи оҳакбарорӣ дар соли 2018 - ум 1286 тонна оҳак истеҳсол намудааст. Дар дурнамои соли 2019 бошад, истеҳсоли 1500 тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст. Дар семоҳаи аввали соли равон коргоҳ 62 тонна маҳсулот истеҳсол кардааст.

Маҳсулоти завод дар халтаҳо бо вазни 50 килограммӣ сарбаст карда мешавад. Ҳоло коргоҳ фурӯши маҳсулоташро дар бозорҳои дохили вилоят ба роҳ мондааст. Роҳбарияти корхона мақсад дорад, ки дар оянда маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон содирот намояд.

Бо эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – рушди саноатикунонӣ ҶДММ «Спитамен» барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам саъйу кӯшиши худро ба он равона намудааст, ки иқтидори истеҳсолӣ ва сифати маҳсулотро боз ҳам баланд бардошта, баҳри таъмини мардум бо масолеҳи сохтмонӣ аз тамоми захираву имкониятҳо истифода барад.

Баланд гардидани иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки фурӯши маҳсулоти он берун аз қаламрави ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шуда, минбаъд он ба боз ҳам рушд намудани коргоҳ, баланд гардидани музди маоши коргарон замина мегузорад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мақсад: Инкишофи салоҳияти эҷодкории наврасон

Дар замони зудтағйирёбанда, тараққиёти техника ва технологияи иттилоотии муосир ҷараёни таълим чӣ дар макотиби миёна ва чӣ дар макотиби олӣ ба инкишофи ҳаматарафаи шахсияти толибилмон бояд равона шавад. Дар ин самт саҳми омӯзиши забони англисӣ хеле бузург аст. Дар замони муосир васоити технологияи иттилоотии муосир, амсоли интернет, телефонҳои мобилӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ тавассути забони англисӣ амалӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз, омӯзиши забонҳои анлисӣ ва русӣ дар муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият мақоми баланд гирифта, то дараҷаи сиёсати давлат расид. Дар ин самт корҳои зиёди таълимиву методӣ ва илмӣ - тадқиқотӣ ба анҷом расонида шуд ва ин ҷараёни ислоҳот давом дорад.

Маълум аст, ки омӯзиши забони англисӣ пеш аз ҳама, азбар намудани он чун воситаи муошират аст. Муоширату омӯзиши забони англисӣ он имкониятҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва инкишофии беканор дорад.

Аз ин лиҳоз, дар бораи имкониятҳои дарси забони англисӣ барои инкишофи шахсияти хонандагон чанде фикри худро баён менамоям.

Имрӯзҳо ҷараёни таълим дар муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ навгониҳо ба вуҷуд омаданд, яъне омӯзгор фаъолияти таълимии хонандагонро дар дарсҳо тавассути усулҳои фаъоли таълим бояд баланд бардорад. Масалан, дар дарсҳои забони англисии синфҳои 3 - 4 истифодаи бозиҳои гуногун барои ташаккул ва инкишофи салоҳияти фикрронӣ, эъҷодкорӣ ва тафаккури интиқодии хонандагон мусоидат мекунад. Дар ташаккул, такомули салоҳияти эҷодкорӣ ва тафаккури интиқодӣ аз бозиҳои гуногун истифода бурдан аҳамияти калон дорад.

Омӯзиши забони хориҷӣ барои беҳтар ва амиқтар фаҳмидани хусусиятҳои забони модарии хонандагон мусоидат мекунад. Малакаи талаффузи лексикиву грамматикӣ ва муоширати забони хориҷӣ имкон медиҳад, ки нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони модарии хонандагон сайқал ёбад.

Ҳамин тавр, омӯзиши забони хориҷӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ рисолати маърифатӣ, тарбиявӣ ва инкишофи салоҳияти эҷодкорию тафаккури интиқодии хонандагонро дорад. Ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ хонанда бо фарҳанги мардуми забонаш омӯхташаванда шинос шуда, ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад ва ҳамзамон расму оинҳоро муқоиса карда, фазилатҳои худшиносӣ ва худогоҳӣ пайдо намояд.

Л.БЕРДИЁРОВА,
донишҷӯи курси дуюми факултети
забонҳои хориҷии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

29 April 2019

Сафари Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон

26 апрели соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо даъвати роҳбарияти вилояти Ботканд ба ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонашро дар ноҳияи Лайлак намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Пас аз маросими истиқбол мулоқоти роҳбарони вилоятҳо доир шуд ва ҷонибҳо оид ба тақвияти дӯстиви ҳамкорӣ, густариши робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо ҷалби фарҳангиёну варзишгарон мубодилаи афкор намуданд.

Читать далее

Раиси вилоят дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид

Дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, тибқи нақшаи чорабиниҳо бунёду сохтмони иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад.

Рӯзи шанбеи 27 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун шинос гардида, баҳри тақвияти корҳои ободонӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят дастуру супоришҳо дод. Раиси вилоят дар ин рӯз аз ҷумла рафти корҳои таҷдиду барқарорсозии меҳмонхонаи “Ленинобод”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.  Тавре ҳангоми боздид аён гардид, навсозии меҳмонхона тибқи нақша ҷараён дошта, наздик 70 нафар сохтмончиён барои омодасозии ҳуҷраҳои истироҳатӣ, қаҳвахона, мағозаҳои фирмавӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори машқу тамрин, истгоҳи нақлиётӣ ва дигар иншооти ёрирасон машғуланд.

Читать далее

Ярмарка - фурӯши маҳсулот

Таваҷҷуҳ барои фаровонии дастархони мардум

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 27 – уми апрели соли равон ба шарафи моҳи шарифи Рамазон дар майдони назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ниёзи аввалия ташкил карда шуд, ки дар ифтитоҳи он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровонтар намудани номгӯи маҳсулот дастуру супориши мушаххас дода, таъкид дошт, ки бояд нархи маҳсулот аз бозор нисбатан арзон бошад. Ҳамчунин, ба сифати маҳсулоти ниёзи аввалия таваҷҷуҳи бештар бояд зоҳир карда шавад, то ин ки дастархони идонаи мардум таъмин гардад.

Читать далее

Меҳвари асосӣ – таъминот бо кор

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, раисони Шӯрои занону духтарони донишгоҳҳо, коллеҷҳо, ҷамоатҳо, фаъолзанон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷаласаи ҳисоботии Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дарсемоҳаи аввали соли 2019 баргузор гардид.

Ҷаласаро Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода ҳусни оғоз бахшид. Сармутахассиси Раёсат Гулнора Гадойбоева дар бораи фаъолияти семоҳаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят, инчунин Барномаҳои давлатии марбут ба соҳа маълумоти муфассал дод. Дар вилоят аз 1 миллиону 323,2 ҳазор нафар занону духтарон 6733 нафар зани роҳбарикунанда, 1267 нафар хизматчиёни давлатӣ, як нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакили Маҷлиси вилоятӣ, 11 нафар доктори илм ва 281 нафар номзадҳои илм фаъолият мебаранд.

Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қарор дошта, таъсиси грантҳои Президентӣ ва Раиси вилоят имкон фароҳам овард, ки барои занону духтарон ҷойҳои корӣ таъсис дода, соҳибкорӣ рушд ёфта, вазъи иқтисодии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ орад. Бо ин мақсад 60 нафар соҳиби гранти Раиси вилоят гардиданд, ки дар маҷмуъ 420000 сомониро ташкил кард. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳунарҳои миллии ниёгон эҳё гардида, аз 311 маркази таълимӣ - истеҳсолӣ 83 - тоашро маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ташкил медиҳад, ки дар онҳо зиёда аз 754 адад дастгоҳ насб карда, 1004 нафар ҳунарманд 7130 нафар ҷавондухтаронро ҳунар омӯзонида, 35892 нафар занон дар хонаҳои худ фаъолияти ҳунармандиро ба роҳ мондаанд. Шумораи занони хонанишин 200000 нафарро ташкил намуда, то ин давр 20 ҳазор нафари онон бо шуғл фаро гирифта шуданд.

Мушовири оилавии Маркази иттилотӣ – машваратии Раёсат Рафоат Бобоева ва собиқадори меҳнат Шуҷоат Ҳасанова дар бораи иҷрои қонуну санадҳои давлатӣ, ҳимояи иҷтимоии занони деҳот, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳамкорӣ бо шӯроҳои ҷамъиятии амалкунанда ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷалби занони мушоҳидакор, кам кардани шумораи бекоркунии ақди никоҳ, барқарор намудани суди сайёр ва дигар таклифу пешниҳодоти хешро иброз доштанд.

Сардори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилоят Зайниддинзода Амирҷон фаъолияти Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба риштаи таҳлил кашида, оиларо чун ҷамъияти мустақил дониста, дар бораи татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, танзими ҷашну маросимҳои миллӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, содиршавии ҷиноят аз ҷониби занон ва пешгирии он маълумоти муфассал дод.

Дар анҷом Нигора Ғаффорзода оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, дар мисоли ҷудошавии оилаҳои ҷавон, содиршавии ҷиноят аз ҷониби занону духтарон аз мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру навоҳӣ пурсиш ба амал оварда, доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои минбаъда мутасаддиёнро вазифадор намуд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Зафаробод: Нақшаи даъват иҷро гардид

Даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад. Бино ба иттилои Комиссариати ҳарбии вилоят, нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 63 фоизро ташкил медиҳад.

Масъулин иброз намуданд, ки то имрӯз ба ғайр аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ноҳияи Зафаробод низ нақшаи даъватро ба пуррагӣ иҷро намуд. Ноҳияҳои Айниву Шаҳристон ба наздикӣ нақшаро таъмин хоҳанд кард.

- Ҳамчунин, шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ашт ва Ҷаббор Расулов кӯшиш доранд, нақшаи даъватро тезтар таъмин намоянд, - мегӯянд масъулини соҳа.

Дар маъракаи даъвати имсола шаҳрҳои Хуҷанд бо 37 фоиз, Истиқлол бо 41 фоиз аз қафомондатаринҳо ба ҳисоб рафта, бо мушкилии зиёд аз паи иҷрои нақшаанд.

Ёдовар шудан лозим аст, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ҳамасола ду маротиба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргузор мегардад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

26 April 2019

Мулоқот бо донишҷӯён

Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  вохӯрии раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода бо донишҷуёни Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил менамояд баргузор гардид.

Мулоқот дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки гуруҳи меҳмонон ва шахсони барӯманди ноҳия, ки дар маркази ҷумҳурӣ кору фаъолият менамояд аз ҷумла вакили МНМО Исмоилзода Зуфар, Латофат Кенҷаева ва Зулфия Атоӣ  доир гардид. Мулоқотро муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода ифтитоҳ намуд.

Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода зимни баромад аз донишҷӯён даъват ба амал оварда қайд намуд, ки аз донишҷуён умедвории басо муҳим дорад, зеро ҳар яки Шумо баъди хатми донишгоҳ соҳиби маълумот гардида, баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Инчунин барои донишҷӯёни кабизоат ва ятим кӯмакпулии яквақта ва барои донишҷуёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее