April 2019

11 April 2019

ДАР ИТОАТИ ХОҶА

Ибораи терроризмро борҳо шунида ва ҳатто дар бораи ин падидаи номатлуб ҳамчун вабои асри 21 мақолаҳо мутоила намудаем. Аммо  ба ин нигоҳ накарда, зарурияти мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби аср аҳамияти худро гум накардааст.

Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷаҳони муосир таҳлил намуда, дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст додан лозим нест, ватандӯсту ватанпарвар будан, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор намуда, баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодон заҳмат кашидан зарур аст. Имрӯз қариб 100 давлати дунё дар ин ё он шакл ба оғӯши ҷангу низоъҳои иҷтимоӣ кашида шудаанд, ки дар нотинҷ гардонидани ҳаёти ин давлатҳо террористон даст доранд.

Ба таври фарогир паҳн гаштани ақидаҳои иртиҷоии онҳо собит менамояд, ки дар ҳақиқат террорист миллат ва ватан  надорад. Муҳимияти дарки ин масъала барои мардуми мо дар он аст, ки баъд аз саркӯб гаштани қувваҳои бунёдгароии исломӣ дар Сурия ва Ироқ, боқимондагони онҳо дар Афғонистону Покистон, дар якчанд давлатҳои Африқо амалҳои террористии худро  фаъол намуданд. Ин ҳолат моро дарҳақиқат водор менамояд, ки ҳамеша зирак бошем. Ҳодисаи моҳи ноябр дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон рух дода ин андешаро боз ҳам қувват мебахшад. Мардуми Тоҷикистон бояд амиқан дарк намоянд, ки ғояҳои бунёдгароён ин мубориза баҳри тозагии ислом, нест балки  маънои аслии экстремизм ин ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан аст.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шахсоне ёфт мешаванд, ки ба давлати худ хиёнат карда, тарафдори гуруҳҳои ифротӣ мегарданд. Масалан, Мирзои Салипур мебошад, ки аз соли 2000 дар дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе ва аз соли 2002 дар маркази радиои Озодӣ дар шаҳри Прага фаъолият бурда, бар зидди давлат мақолаҳои худро ба чоп баровардааст.

Ин гуна шахсон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ва махсусан Ҳзиби наҳзати исломӣ кӯмак расонида, акидаҳои онҳоро тариқи сомонаи “Ахбор.ком” паҳн мекунанд. Пас ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки Мирзои Салимпур ва сомонаи ӯ пурра дар итоати Муҳиддин Кабирӣ мондааст. Паймони ба ном миллӣ хоҷа ва пуштибонии молии Мирзои Салимпул ба ҳисоб меравад.

Шокирова М.М. – ассистенти кафедраи системаҳои
иттилоотии автоматикунонидашудаи ДДҲБСТ

Читать далее

Ҳезуми тарест, ки оташ надорад

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешавад, шарики онҳо буда, ҳаммаслаки мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зидди давлатии онҳост. Яъне ӯ душмани давлат ва миллати худ буда, бар зидди ватани худ қарор мегирад. Ҳамин тариқа ӯ хоин ва ба тамоми маънояш ватанфурӯш мешавад!

Абармардони миллат оғози Ватанро аз шири модар ва гавҳора меҳисобанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинона ва хиёнаткоронаи ин ашхосро маҳкум намуда, ба онҳо нафрат доранд. Баҳри чунин ҷавонони маслакгумкарда заҳр бод шири модар! Ин гуна ҷавонон на ҷаҳонбинии динӣ, на ҷаҳонбинии дунявӣ ва на ҷаҳонбинии илмӣ дошта, раҳгумзадаву тираақланд. Аз таълимоти ислом ва сиёсати гурӯҳҳои манфиатхоҳ огоҳ нестанд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки дар ин ҷода ҷавононро барои ворид нашудан ба созмонҳои тундраву тундгаро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намоем.

Агарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи мо зиёиён ва шаҳрвандон низ зарур аст.

Баҳри баланд бардоштани ҷаҳонбинии динӣ, дунявӣ ва илмии наврасону ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, масъулияти баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббат ба касбу корро васеъ ба роҳ монем, то шомилшавӣ аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳнатдӯстӣ ва нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористӣ ва экстремистӣ метавонад шомилшавии ҷавононро ба ин гуна равияҳо боз дорад.

Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.

Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.

Беҳтар мешуд, агар сомонаи “Ахбор” ва сардабири он низ баҳри пешрафти Ватани худ хизмат мекарданд, на бо мақсади он ки ана ин навишта ва ё ин хабар сомонаро серхонандаву серхаридор мекунад. Ҳамон ахбор ва далелҳое, ки шумо Мирзои Салимпур ҳамчун пешбаранда ва ё серхаридор намудани сомонаи худ меҳисобед ҳезуми тарест, ки бешак дар байни ҷомеа оташи бадбинӣ ва рашку ҳасудро ҷорӣ менамояд ва боиси ана ҳамин гуна ба эҳсосот дода шудани шумо ва берун аз доираи одоб сухан ронданатон мешавад.

Ш. Шаропов, С. Рабиев, А.Убайдуллоев,
устодони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Читать далее

МУХОЛИФОНИ ВАТАНГУМКАРДА

Мухолифони тоҷик аз рӯзҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди сулҳу оромии тоҷикон мебошанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон оиди ҳодисаҳои нангини соли 90-ум хуб огоҳанд.

Дар ин сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ барпо гардида буд, дар ҳамон давра одамон ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд, яъне гурӯҳи “Озодӣ” ва гурӯҳи “Шаҳидон”. Гурӯҳи “Озодӣ” тарафдори пойдор намудани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон буданд, лекин гурӯҳи “Шаҳидон” зидди сулҳу оромӣ буда, онҳо ниятҳои нопок доштанд, мехостанд ҳокимияти давлатиро ба даст дароранд.

Имрӯз низ мухолифони тоҷик ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистон нарасида, онҳо берун аз давлатамон зидди Тоҷикистон баромад намуда, мехоҳанд ниятҳои нопоки худро ҷорӣ намоянд. Масалан, 24 нафар намояндагони оппозитсияи фироркардаи тоҷикон ба монанди Саидюнуси Истаравшанӣ, Салимпур, Кабирӣ ва дигарон худашонро чун дилсӯзу ғамхори халқи тоҷик муаррифӣ менамоянд, лекин онҳо танҳо манфиатҳои нопоки худро фикр менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки онҳо нисбати халқи тоҷик ягон ғамхорӣ накардаанд ва нахоҳанд кард.

Ҳар як масъала хоҳ сиёсӣ аст ё иҷтимоӣ аст, зуҳуроту паҳлӯҳои гуногун дорад, ҳамаи онро кадом як Саидюнусу Салимпурҳо ошкор карда наметавонанд, чунки онҳо имконияту қобилияти омӯхтани фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандони чандин миллионнафараи Тоҷикистону Қазоқистонро надоранд. Ба ҳеҷ яки онҳо кафолати таҳлигариро касе надодааст. 

Дар замони муосири Тоҷикистону Қазоқистон ҳамаи муаммоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ худро бе маслиҳати хоинони кишвар ҳал менамоянд. Ба маслиҳату тавсияҳои онҳо эҳтиёҷ надорад. Зиндагонии ҳаррӯзаи мардуми ду кишвар бо маҷрои худ объективона пеш меравад. Онҳо дар фазои сулҳу ваҳдат бо бунёдкориву созандагӣ машғуланд. Ақидаю андешаҳои шаҳрвандони ду кишвар дар фазои ҳастии ҷамъиятии онҳо эҷод мешаванд. Ҷомеа низ мутобиқи қонунҳои худ чун ҷараёни яклухт ба туфайли робитаҳои ҳамаи муносибатҳои дар ҷомеа роҳандозӣ шуда пеш рафта, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва маданияти халқҳои гуногуни ҷаҳон сарчашма мегирад. Раванди ҷаҳонишавии моддию маънавиро ҳеҷ кас гирифта наметавонад, аз таълимоти динӣ ё сиёсии тоҷикони фирорӣ манша намегирад.

Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика, пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Читать далее

Барои баъзе доираҳои манфиатдор хизмат накунед!

Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ солҳои 90 - уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид ва низоми сиёсию иқтисодии кишварро фалаҷ намуд. Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири омӯзгору аҳли илм, мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард. Ҳаракатҳои онҳоро баъзе душманони Тоҷикистон то ҳоло давом дода истодааст, ки исботи ин мақола бо ном «Майдони баҳс» мебошад. Дар он пур аз таҳқир номаи як нафар, ки худро Куруши Кабир муаррифӣ мекунад (агар ҳақиқат бошад) оварда шудааст, пурра аз мулоҳизаҳои туҳмат иборат аст.

Агар ӯ тарафдори озодии баён бошад, барои чӣ ному насаби худро рамзан Куруши Кабир гуфтааст? Ҳақиқатгӯӣ бошад, барои чӣ дар ин мамлакати биҳишт озодона зиндагӣ карда, аз обу ҳаво ин сарзамин нафас гирифта ба мардуми ин диёр хиёнаткорона муносибат мекунад? Мо ҳайрони ин мард ҳастем! Инчунин, ҷамъбасти сухани ӯ далолат мекунад, ки аъзои фаъоли ҲНИ мебошад.

Ба онҳо чунин даъват мекунем: ба сармоягузории хоҷагони берунии худ маҳлиё нашавед, фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафаронро вайрон нагардонед. Тавассути расонаҳо афкори хурофотӣ ва туҳматиро таблиғ нанамоед. Дар Аврупо панаҳ бурда, барои баъзе доираҳои манфиатдор хизмат накунед!

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии омӯзгорону аҳли илм, зиёиён, донишҷӯён ва дигар шаҳрвандон мавқеи ҷиддитару қотеъонаро нисбат ба онҳо гирифтааст ва барои ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва давлат чораҳои қатъӣ меандешад. Ин ба манфиати халқу миллат мебошад.

Р.Усанов,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

БӮИ ПУЛ МЕОЯД

Барои наҳзатиён боз як шахсияти кундандешаи мағрур, ки аз дунё бехабар аст, барои ҳамкорӣ ба сӯи онҳо шитофт. Ин шахсият бо номи Мирзо Салимпур будааст, ки худро бо лақаби  “Гелмут – Ҷонона”ба мухолифин муаррифӣ намудааст.

Бояд қайд намуд, ки чӣ Салимпурро маҷбур сохт, ки ба наҳзатиён пайванд шавад ва пойбанди ин беадолатон бошад.  Магар Салимпури нобакорро дар ватани аҷдодӣ кору пайкор нест, ки бозичаи дасти ифротиён шудааст. Ба андешаи банда бӯи пули ҳароми хоҷагони хоричӣ ба димоғаш ворид шудааст.

Ҳамкорӣ бо ифротиён оид ба паҳнсозии хабарҳои бардурӯғ, туҳмату бӯҳтонҳо дар ҳаққи ватани биҳиштосо ғизои асосии ифротиён бахусус Салимпур ба ҳисоб меравад.  Мақсади асосии мухолифин ин ҳарчӣ бештар ҷалб намудани гумроҳон ба сафи худ  мебошад.  Мирзои Салимпурро иҷозат додааст, ки ба мухолифин ҳамроҳ шавад.

Гуфтан зарур аст, ки Салимпур ба дарбори Кабирӣ хизмати хирсона намуда, мехоҳад барои ҷомеа иттилоотҳои бардурӯғ расонад ва пулҳои бе дарди миёнро гирад ва ба ҳаммаслакони худ онро расонад.

Вақте, ки ба расонаҳои хабарӣ назар менамоем маълум мегардад, ки мухолифин ҳар гуна сенарияҳои худро ба кор бурда истодааст. Маълум гардидааст, ки гӯё Кабирӣ барои худ созмонеро таъсис менамояд, ки дар он калимаи “ислом” вуҷуд  надошта  бошад. Мирзо Салимпур ба ном рӯзноманигоре мебошад, ки танҳо бо пешниҳод ва пахши барномаҳои бардурӯғ машғул шуда, ба ивази ин хабарҳои бардурӯғ аз хоҷагони худ маблағҳои пулӣ мегиранд.

Ғайр аз ин маълум гардид, ки барои нобакориҳо  Мирзои Салимпурро  ҳатто падараш аз баҳраш гузаштааст. Салимпурро зарур аст, ки оқилона андеша намояд, аз хизмати хирсона барои ифротиён даст кашад, аз кардаҳои худ пушаймон шавад ва дар қатори мардуми ба нангу номуси кишвар дар фазои сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ меҳнату заҳмат кашад.

Дар акси ҳол таърих ва мардуми сарбаланди тоҷик ӯ ва ҳаммаслаконашро то абад намебахшад. Дар урфият мегӯянд, ки хоки ватан беҳ аз тахти Сулаймон аст.

Мирзоев А. – сармуаллими кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Читать далее

Террористӣ будани ҳамкорони ҳизби наҳзат ошкор мегардад

ИМА созмони ҳарбии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро, ки дар ҶИЭ фаъолият мебарад – Созмони террористии байналхалқӣ эълон кард. Ниҳоди номбурда бо амри Руҳуллоҳ Хумайнӣ барои пиёда сохтани сиёсати давлатии ҶИЭ ва нигаҳ доштани инқилоб ва давлати номбурда таъсис ёфта буд. Ниҳоди номбурда дар кишварҳои дигари олам низ ба фаъолияти ҳарбӣ машғул аст ва аз ҳама бештар он дар Шарқи Наздик амал мекунад. Ҳадафи ин созмон дар олам паҳн кардани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ногуфта намонад, ки ин созмон аз ҳамкорони ҳизби наҳзат низ мебошад. Вақте ки соли 2015 Тоҷикистон ҲНИТ-ро террористӣ эълон карда буд, аксари кишварҳо иддао доштанд, ки он террористӣ нест. Анкун Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ИМА расман созмони террористии байналхалқӣ эълон кард. Ин ниҳод бо ҲНИТ ҳамкориҳо дошт.

Аз ин пеш Созмони посдорони инқилоби исломӣ ба бомбгузорӣ дар Ҳинд, Баҳрайн, ҷосусӣ дар Кувайт, ҳузур дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ айбдор мегаштанд.Иттиҳоди Аврупо ҳисобҳои бонкии мутааллиқи ин созмонро маҳкам карда буд. Нисбати фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ ИМА ва Аврупо таҳрим эълон кардааст. Ҳоло ИМА иддао дорад, ки он ширкатҳое, ки бо созмони номбурда ҳамкорӣ мекунанд, амалашон ҳамчун ҳамкорӣ бо террористон баҳо дода мешавад.

Дар робита ба ин ҳаминро гуфтан сазовор аст, ки Созмони посдорони инқилоби исломӣ ҳамфикрони худро дар тамоми олам дастгирӣ мекунанд ва дар байни опозитсияи тоҷик ҳаводорону ҳавохоҳони ин созмон кам нестанд. Бисёр фаъолони мухолифини тоҷик ё хатмкардаи мактабҳои олии Эронанд ва ё бо намоядагиҳо ва созмонҳои ин кишвар ҳамкории устувор доранд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ яке аз ҷонибдорони наҳзатиҳои тоҷик аст ва кам нестанд пайравони ҲНИ, ки ин созмонро надонанд ва ё дар он таълим гирифта набошанд.

Эълон гаштани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон дуруст карда будааст, ки ҲНИТ-ро террористӣ эълон кардааст.

Раҳимов Б.
муовини декан оид ба тарбияи факултети забонҳои шарқ
и ДДХ

Читать далее

10 April 2019

Вохӯрии самимӣ ва қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ

9 - уми апрели соли равон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Раиси вилоят бо сокинони ҷамоат мулоқот намуда, бобати ҳалли арзу дархостҳои онҳо масъулинро вазифадор намуд.

Дар мулоқот Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, бобати омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят ҳарф зад. Зикр гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар қаламрави вилоят ба истиқболи ҷашн беш аз 6500 иншоот бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. То ин дам беш аз 2200 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Ворух

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 – и Ҷамоати деҳоти Ворух мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ҷамоат баргузор гардид, ки дар он роҳбарони идораву сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти шаҳри Исфара ва масъулини соҳаҳо ширкат варзиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҷараёни корҳои омодагӣ ва рафти бунёди иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Исфара ҳарф зад.

Читать далее

Қасри фарҳанг навсозӣ мешавад

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳини сафари корӣ ба вазъи корҳои азнавсозии Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ворух ошноӣ пайдо намуд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ин иншоот, ки солҳои сол дар ҳолати ҳузнангез қарор дошт, навсозӣ мегардад.

Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри бо сифати баланд ва бо истифода аз ҳунарҳои миллӣ тавсеа додани корҳои азнавсозӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо дод.

Читать далее

Варзиш - бақои солимӣ ва нерӯмандӣ

Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Қалъачаи Ҷамоати деҳоти Ворух ба сохтмони толори варзишӣ санги асос гузошт.

Раиси вилоят дар мулоқот бо сокинони маҳал, ки аксаран дӯстдорони варзиш буданд, суханронӣ намуда, дар бобати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашни бузург дар вилоят беш аз 6,5 ҳазор иншооти мухталиф мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамзамон, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.

Читать далее