April 2019

10 April 2019

Оғози бунёди мактаби замонавӣ дар Сангтӯда

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара

9 - уми апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ ва мулоқот бо сокинон ба ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафари корӣ намуд.

Нахуст Раиси вилоят ба маҳаллаи наздимарзии Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Ворух ташриф оварда, ба корҳои сохтмонии мактаби нави замонавӣ ҳусни оғоз бахшид. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони маҳалла, омӯзгорон ва ҷавонони деҳот аз амалишавии ҳадафҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон аз ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ дар вилоят, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ҳарф зад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ таъйин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати мамлакат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардид.

Читать далее

Рӯзгори собиқадорон – намунаи ибрат ба ҷавонон

Аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Конибодом меистад, он фардони таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхтаро ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, пеш аз ҳама, ба тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ, муносибати бошуурона ба меҳнат, садоқат ба анъанаҳои ҷангиву меҳнатии авлоди калонсол ҷалб намоем. 

Шӯрои собиқадорони шаҳр дар ҳамкорӣ бо раёсати маориф, шуъбаи корҳои дохилӣ, беморхонаи марказӣ соли гузашта вохӯриву мулоқот доир намуд, ки дар он зиёда аз 4,5 ҳазор хонандагони синфҳои боло ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ ширкат намуданд. Дар назди ҷавонон собиқадорони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯъҳои ахлоқу одоби ҷавонон, қарзи шаҳрвандӣ будани хизмат ба Ватан, бурдани тарзи ҳаёти солим ва дода нашудан ба равияҳои мухталифи ифротӣ ва риояи волоияти қонун суҳбат карданд.

 Бо ибтикори Шӯрои собиқадорон тайи чаҳор рӯз барои муҳассилини синфҳои 10-11 дар қисмҳои низомӣ Рӯзи дарҳои кушод ташкил намуда, наврасон бо шароитҳои  будубош, таъминот бо озуқа, рафти хизмати сарбозон ошно гардиданд.

 Барои ҷавонон рӯзгори ибратангези собиқадорон, ки дар оиладорӣ намунаи ибратанд, мунтазам тарғиб карда мешавад. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Зиндагӣ ва корнамоиҳои ветеранҳо, хусусан имрӯз барои мо намунаи ибрат бояд бошад».

Дар Шӯрои собиқадорон 1848 нафар  қарор доранд. Аз ин теъдод ду нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 26 нафар Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мебошанд.

Роҳбарияти созмони собиқадорон (аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъминоти моддии ин шахсони ба халқу диёр хизматнамударо аз мадди назар дур намесозанд. Шӯро ният дорад бо тадбиру чорабиниҳои амалии худ дар пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти ҷавонон саҳм гузорад.

Исмоилҷон ЮСУФОВ,
Тоҳирҷон FАНИЕВ,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Тақвият бахши фазои таҳсилоти олӣ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Нақши технологияҳои информатсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим» баргузор гардид. Дар он олимону мутахассисони соҳавӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ташкилоту ширкатҳои бонуфуз ширкат доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода зикр дошт, ки тараққиёти илму техникаҳои муосир водор месозад, ки ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият, бахусус,  идоракунии раванди таълим дар  муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ,  ки  талаботи даврони муосир аст, мувофиқ гардонида шавад.  Зеро, истифодаи самараноки васоити муосири техникӣ дар  таъмини сифати таҳсилот, воридшавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  фазои  ягонаи  таҳсилоти  ҷаҳонӣ  ва  татбиқи  намудҳои гуногуни таҳсилот – кредитӣ ва фосилавӣ   нақши муассир дорад.   

Сипас, устодони донишгоҳҳои олии вилоят Маҳмуд Тошматов, Амрулло Нурализода, Хуршед Мақсудов, Шоира Муҳаммедова баромад карда, нақши технологияҳои иттилоотӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот муҳим арзёбӣ намуда,  барои татбиқи боз ҳам босамари он пешниҳодҳои муфид карданд.

Менеҷери  лоиҳавии  Фонди қарзии хурди «Микроинвест” Насиба Мирпочоева перомуни таҷрибаи истифодабарии технологияи информатсионии мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи маориф ҳарф зада, таъкид дошт, ки аз таҷрибаи пешқадами ин давлатҳо дар  ҷараёни таҳсил фаровон бояд истифода кард.

Ҳадафи ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бо ҷалби намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи кишвар  тақвияти боз ҳам бештари фазои таҳсилоти олии кишвар бо истифода ва татбиқи воситаҳои технологияҳои инноватсионӣ ва телекоммуникатсионӣ, касб намудани  мақоми хосса ва мавқеи муайян дар фазои таҳсилоти олии давлатҳои Аврупо мебошад.

Сино FАФУРӢ,
мутахассиси шуъбаи таҳлил ва
робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнесва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

09 April 2019

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!

Файзу шукӯҳи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро пешравии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бунёди корхонаву муассисаҳо ва ободу зебо намудани диёр дар худ таҷассум менамоянд. Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи иншооти таъиноташон гуногун ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Гулистон низ якчанд иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сокинони шаҳр аз сафари Сарвари давлат бо болидарӯҳӣ назари худро чунин баён намуданд:

Умеда Комилова - сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон:

- Тамоми корҳои созандаву бунёдкорона аз ғайрату заковат ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулистонро ба боғшаҳри ҳақиқӣ табдил дода, ба ҳусни шаҳри сайёҳии мо таровати тозае ато намуд. Майдони мазкур барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ мусоидат намуда, шукӯҳу шаҳомати Истиқлолият ва дастовардҳои беназири онро муаррифӣ менамояд. Мо аз ин туҳфаи наҷиб миннатдор буда, саъйу кӯшиш менамоем, ки барои ободии Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем.

Мафтуна Ҷӯраева - мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа:

- Шодиву нишот ва хурсандии мо, ҷавонони гулистониро ҳадду канор нест, чунки парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар майдони сабзу хуррам аз сулҳу ободӣ, осудаҳоливу сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамеша дастурамали фаъолияти мо хоҳад буд. Мо, ҷавонон бо садоқат ва меҳнати софдилона ба Ватану миллати худ, ободиву пешравии давлатамон аз таҳти дил хизмат мекунем.

Маҳбуба Шодизода - мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

- Пешравии соҳаи саноат дар ифтитоҳи боз як корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри саноатии Гулистон инъикос гардида, он туҳфаи беназир барои ҳамагон аст. Мо бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва сиёсати раиятпарваронаи Пешвои миллат ифтихор намуда, аз кору фаъолият дар партави сиёсати ояндасози Пешвои миллат сарфарозем. Ҳамзамон, файзи пурсамари Истиқлолият ва зиндагии осудаву рушди босуботро шукрона менамоем.

Сайҳуна Шарифзода - хизматчии давлатӣ, сокини шаҳр:

- Мавриди истифода қарор гирифтани Майдони Парчами давлатӣ боиси ифтихори ҳар як сокини шаҳри Гулистон мебошад. Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, аз ҷумла дар ин шаҳри саноативу сайёҳӣ дигаргуниҳои бузург, вусъат ва густариши тоза пайдо кардани соҳаи саноат, туризм ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба вуқӯъ пайваст.

Таҳмина Ашӯрқулова - мудири МДТТ № 1 «Офтобак» - и шаҳри Гулистон:

- Аз ҷониби Пешвои миллат, ба истифода дода шудани кӯдакистони «Парасту» ба сокинон ва аҳли маорифи шаҳри соҳили Баҳри Тоҷик туҳфаи арзишманд аст. Таҳсилу тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ барои рушди зеҳнӣ ва донишомӯзии кӯдакон заминаи асосӣ мегузорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро яке аз соҳаи афзалиятнок ва калидӣ арзёбӣ карда, ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар кӯдакистони «Парасту» 360 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, то 40 нафар сокини шаҳр бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Аз ин дастгирӣ ва ғамхории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон ва аҳли маорифи шаҳр шоду хурсанд буда, миннатдорӣ ва арзи сипоси худро баён медоранд. Шод аз он ҳастем, ки кӯдакони хуштолеи мо дар чунин кишвари ҳамешабаҳор ва муҳити ободу озод ба воя мерасанд.

Бо ин ҳама назарҳо моро бори дигар ифтихор намудан аз давлату миллати хеш зарур меояд. Чунки ҳар як фарди соҳибхираду хештаншинос ва садоқатманд ба Ватан аз файзи Истиқлол ифтихор мекунад. Месазад мисраҳои Суруди миллиро бовиқор ва сари баланд такрор ба такрор замзама намоем:

Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ДАРАХТОНИ 1000 - СОЛА ДАР САБРИСТОН

Эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мардуми кишвари биҳиштосои тоҷиконро хушнуд гардонд. Зеро яке аз самтҳои асосии иқтисодии давлат ин рушди соҳаи туризм ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ ба шумор меравад. Дар ин замина ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва нигоҳ доштани неъматҳои табиӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад.

Харитаи ҷаҳони муосирро наздик 200 кишвари гуногун фарогир буда, ҳар кадоми онҳо дорои халқу миллат, расму оин, фарҳанг ва анъанаҳои гуногун мебошанд. Ин гуногуниҳо инсонро водор месозад, ки ба гӯшаҳои мухталифи дунё сафар карда, аз рангорангӣ ва ҷолибияти сайёраи Замин дидан намоянд. Тоҷикистон чун нигини ҳамешарахшон миёни кишварҳои мутараққӣ мақоми хосаеро касб кардааст. Миллати соҳибтамаддуни мо дар фосилаи тӯлонии таърихӣ бо тафаккури созандаи худ арзишҳои фарҳангиеро эҷод ва арзёбӣ намудааст, ки имрӯз тамоми сокинони сайёра орзуи диданашро доранд. Кишвари офтобрӯяи тоҷикон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангию таърихӣ аз қабили шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо ва маҷмааҳои меъморӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори набототу ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ дорад.

Ёдгориҳои табиӣ - ин объектҳои табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ пурарзиш буда, синну соли зиёда аз 100 ва дар баъзе ҳолатҳо зиёда аз 1000 сол дошта, барои замони муосир, тарбияи насли наврас ва туризми экологӣ аҳамияти калон дорад. Яке аз неъматҳои табиӣ, ки ҳамчун ёдгориҳои табиӣ эътироф шудааст, ин мавҷудияти дарахтони азимҷуссаи бисёрсола дар ҳудуди вилоят маҳсуб меёбад. Аз маълумоти мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маълум аст, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба миқдори зиёда аз 110 бех дарахти нодири азимҷуссаи аз 100 то 900 сола, беш аз 40 адад зиёратгоҳи табиии аҳамияти туризми экологидошта, зиёда аз 65 адад ҳудуди табиии аҳамияти истироҳатӣ ва солимгардонидошта, 80 адад ҳудуди табиии дорои манзараҳои беҳамто ва олами набототу ҳайвоноти нодир мавҷуд аст.

Дар ин замина дарахти аз ҳама калонсоли 900 солаи бурси шарқӣ дар мавзеи кӯҳистони деҳаи Вени шаҳри Панҷакент дар ҳолати танҳоӣ ба қайд гирифта шуда, танаи дарахт дар сатҳи 1 метр аз замин 7,5 метр, қутри он наздик ба 2,5 метр, баландии дарахт 20 метр, қутри давраи шохсор 15 метр дар ҳолати сабзиш мебошад.

Ҳамчунин, дарахти бузургҷуссаи яккаи нодири 800 - 900 - солаи бурси шарқӣ дар мавзеи кӯҳистони ноҳияи Ашт, 7 бех бурси шарқии 800 - сола дар деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан, бурси шарқии 850 – сола ва тути 800 сола дар шаҳри Хуҷанд, дарахтони нодири беш аз 800 - сола дар ноҳияҳои Шаҳристон, Бобоҷон Fафуров, Спитамен ва шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом мавҷуд мебошанд.

Дарахтони азимҷусса ва бузургсоли мавзеи Сабристони деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан таърихи беш аз 1000 - сола дошта, ҳарчанд дар бораи пайдоиши дарахтон ягон асоси илмӣ мавҷуд нест, аммо қиссаву ривоятҳои гуногун аз забон ба забон гузашта, мардум дар бораи пайдоиши ин мавзеъ нақл менамоянд.

Аз рӯи нақли шайхи ин мавзеи таърихӣ Бобосалим Ҷабборов дарахтони Сабристон қаблан ёздаҳ адад буда, алҳол шаш дарахт боқӣ мондаасту халос. Панҷ дарахтро солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бинобар сардии ҳаво аҳолии ин мавзеъ бурида, барои гармию равшанӣ истифода бурдаанд.

Ба тамошои ин дарахтони нодири азимҷусса, ки баландиашон 50 ва паҳноӣ ё худ ғафсиашон 14 метрро дар бар мегирад, на танҳо аз дохили мамлакат, балки аз кишварҳои хориҷа низ сайёҳон меоянд. Ҳарчанд ин мавзеи таърихӣ Сабристон ном дорад, дарахтони мазкур сабр ва ё савр нестанд. Мувофиқи маълумоти коршиносон онҳо ба гурӯҳи дарахтони коҷ шомиланд. Коҷ намуди дарахтест ҳамешасабз буда, тамоми фасли сол ранги сабзро ба худ дорад.

- Чанде пеш чаҳор ҷуфт зану шавҳари ҷавон, ки тавассути ширкати сайёҳӣ аз мамлакати Олмон ба Суғди бостон ташриф оварда буданд, аз мавзеи Сабристони шаҳри Истаравшан дидан карда, аз бузургию шаҳомати дарахтони сабр ангушти ҳайрат газидаанд. Онҳо иброз доштанд, ки ҳарчанд то кунун дар кишварҳои гуногуни қитъаи олам буданд, аммо мисоли Тоҷикистон мавзеи хушобу ҳаво ва табиати нотакрорро кам дидаанд, - хотираҳояшро аз ташрифи меҳмонон ба ёд овард бобои Бобосалим.

Бале, дарахтони мавзеи Сабристон ба номгӯи ёдгориҳои табиӣ дохил мешавад. Ҳифзу нигоҳдошти онҳо бошад, вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Имрӯз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар оянда бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тартиб додани Кадастри давлатии ёдгориҳои табиии вилояти Суғд ва таъсиси китоби “Ёдгориҳои табиии вилояти Суғд” дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят корбарӣ намояд.

Шоира САЛИМОВА,
Зуфрад ТӮЙЧИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Файзу фараҳмандӣ, нишоту сарбаландӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ

Ҳар сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯшаю канори кишвар файзу баракот ва шукӯҳу шаҳомат меоварад. Ин аст, ки сокинони мамлакат ташрифи Пешвои муаззамро бесаброна интизорӣ мекашанд. Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба оғози фаъолияти иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ фотеҳаи нек доданд.

Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави беморхонаи ноҳиявии №3 барои 120 кат ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, Қасри фарҳанг бо 400 ҷойи нишаст, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масоҳати он 2 ҳазору 400 метри мураббаъро дарбар гирифта, баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии мо, ки 50 метр мебошад, оғоз бахшиданд. Бояд зикр кард, ки атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулзор шуда, бо гузоштани 12 нишасткурсӣ ва чароғон намудани он имрӯз ба яке аз мавзеъҳои дилфиребу писандидаи сайругашти сокинон мубаддал гардид. Бунёди чунин иншоот як омили муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромидошт ба муқаддасоти миллӣ мебошад. Баъдан мулоқоти гарму самимии Пешвои муаззами тоҷикон дар Қасри тозабунёди фарҳанги Ҷамоат бо фаъолони соҳаҳои гуногуни ноҳия баргузор гардид.

Бо истифода аз фурсат чанде иштирокчиёни ин рӯйдоди фараҳбахш таассуроти хешро чунин иброз намуданд:

Абдурауф Муллобоев - сартабиби Беморхонаи ноҳиявии №3 – и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов:

- Муассисаи табобатии мо барои 35 кат соли 1959 дар заминаи бинои раёсати колхози ба номи Рокосовский (алҳол ҶС ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев) ба истифода дода шуда буд. Он солҳои охир бинобар зиёд гаштани шумораи сокинони ҷамоат, фарсудашавии бино ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дошт. Хушбахтона, бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои нави беморхона, ки аз таҳхона ва се ошёна иборат аст, бо тарҳу усули муосири меъмории миллӣ бунёд ёфт.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар вазъияти тантанавӣ Пешвои муаззами миллат лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти беморхонаи наву муосир барои 120 кат оғоз бахшиданд, ки хурсандии мо – ҷомеаи табибонро ҳадду канор нест.

Бояд гуфт, ки ба шарофати ин дастгирӣ доираи фаъолияти беморхонаи мо васеъ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба сокинон хеле беҳтар шуд. Агар то ин дам дар беморхона танҳо ду шуъба - касалиҳои дарунӣ ва асаб амал мекард, акнун боз ду шуъбаи дигар - бачагонаву ҷарроҳии калонсолон ҳар яке 20 катӣ низ ба фаъолият оғоз кард. Аз ин пас дар муассисаи мо ба ғайр аз таҳлилҳои лабораторӣ, ҳамчунин аз усули диагностикии муайян намудани касалиҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Зеро, дар утоқи махсус таҷҳизоти зарурӣ насб карда, 20 ҷойи нави корӣ муҳайё шуд. Инчунин утоқи хатнаи кӯдакон низ таъсис ёфт.

Аз ин рӯ, 31 - уми марти соли 2019 дар солномаи муассисаи мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Абдукарим Аминов, роҳбари Мактаби мусиқии ба номи Маъруфхоҷа Баҳодурови Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳот:

 - Соли равон ба таъсиси Ҷамоати деҳоти мо – ба номи Ҳайдар Усмонов расо 50 сол пур мешавад. Қасри фарҳанги ҷавобгӯ ба талаботи муосир бешак, туҳфаи хуби Пешвои муаззам ба сокинони ҷамоат аст. Бояд хотиррасон кард, ки сокинони яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия чандин солҳо орзу менамуданд, ки ин гуна Қасри фарҳангро бо 400 ҷойи нишаст дошта бошанд.

Ин орзуву ниятҳои некашон бо шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокашон дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз амалӣ гашт. Аз ин пас мо имкон пайдо кардем, ки кулли чорабиниҳои фарҳангиамонро дар чунин як кохи зебову банур доир намоем, ки бешак, илҳоми аҳли ҳунарро ба ҷӯш меоварад.

Иловатан, дар ин Қаср мактаби мусиқӣ низ амал мекунад, ки дар ин муассиса санъакторони наврасро тарбия хоҳем кард. Воқеан, бунёди ин қасрро Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамеша орзу мекарданд ва ният доштанд, дар ин ҷо базмҳои «ширу шакар», шабҳои эҷодии шоирон ва аҳли ҳунарро барпо намоем. Аммо, умр барояшон вафо накард.

Аз номи кулли сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи олии наврӯзӣ арзи сипос менамоям.

Шавкат Масаидов - соҳибкори инфиродӣ, роҳбари ҶДММ «Зафариён, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Худро хеле хушбахт меҳисобам, ки дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Усмонови ноҳия бо аҳли ҷамоатчигӣ ва кормандони соҳоти гуногуни хоҷагии халқ ширкат дошта, аз дастуру ҳидоятҳояшон бобати рушд бахшидани кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, хоса кишоварзӣ бархурдор гардидам.

Аз он ки муассисаи мо ба коркарди ашёи пурқиммати саноатӣ-пахта машғул аст, мо эҳтиёҷманди ашёи хом ҳастем. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки дар шароити имрӯз марди деҳқон ба дастгирии моддӣ, хусусан дар давраи оғози кишту кори баҳорӣ сахт муҳтоҷӣ мекашад. Мо қарор додем, ки ана дар ҳамин гуна шабу рӯзҳои муҳим деҳқононро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунем ва тирамоҳ бар ивазаш бо ашёи хом бозҳисобӣ намоем. Худи ҳамин сол мо масоҳати 200 гектар пахтазорони хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» - и ноҳияро сарпарастӣ кардем, бо умеди он ки фасли ҷамъоварии ҳосил ҳам бо маблағи сарпарастишуда бозҳисобӣ мекунему ҳам ҳосили боқимондаро боз харидорӣ намоем. Яъне, ки мо бобати ашёи хом хотирамон ҷамъ буда метавонад.

Дар ин мулоқот маро суханони зерини пурқиммати Пешвои муаззами миллат басо муассир сохтанд: зиндагии инсон бо каму беш мегузарад. Ба халқу Ватан, баҳри ободии сарзамину мардумон хизмат бояд кард. Андеша кунем, ки мо чӣ тавр ва бо кадом роҳ метавонем Ватанамонро ободу сарсабз ва сарватманд сохта метавонем?! Бояд Ватани худро дӯст дорем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат гуфта метавонем, мо ватандӯстем…

Бубинед, чӣ гуна суханони пурҳикмату пур аз меҳру муҳаббат ба Ватан. Ман ба худ қавл додам, ки минбаъд низ бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат баҳри ободиву сарсабзӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳам сохт.

Шоира Бузурукова, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд:

- Дар мулоқоти худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов доир ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, изҳори нигаронӣ карданд, ки дониш ва маҳорати касбии на ҳама хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи тибби кишвар имрӯз ҷавобгӯи талаботи замони муосиранд.

Бинобар ин ҳам ба мо масъулони соҳа дастур доданд, ки нисбат ба ин масъала басо ҷиддӣ бошем ва мутахассисони арзандаро ба камол расонем.

Дар таваллудхонаи вилоятӣ барои ҳалли ин масъала мо қарор додем, ки усули «устоду шогирд» - ро истифода барем. Яъне, ки ҳар хатмкардаро ба як нафар собиқадори соҳа вобаста мекунем, то ки дониши назарияи дар мактаби олӣ омӯхтаашро бо амалия муттаҳид созад.

Аз тирамоҳи соли рафта то имрӯз ба муассисаи мо 18 нафар мутахассисони ҷавон ба кор омаданд, ки мо онҳоро ба таҷрибадорон вобаста кардем ва айни ҳол фаъолияти худро идома дода истодаанд. Боварӣ дорам, ки ин усул натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

08 April 2019

Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент

Бар асари боронҳои пайдарпайи шаби 5 апрел дар Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омад, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматии бархе аз сокинон аз лойу об зарар дид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент аз деҳаи Амондара боздид намуда, бо сокинон суҳбат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дастур дод, ки техникаҳои заруриро ҷудо намуда, барои тоза сохтани сой ва анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Читать далее

Баргузории мусобиқаи бузкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент

6 апрел бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент мусобиқаи бузкашӣ баргузор гардид, ки дар он човандозони беҳтарини вилояту ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз гӯшаву канори вилояту ҷумҳурӣ, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, Ҷиззаху Қашқадарёи Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд.

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони шаҳри Панҷакент

Рӯзи 6 апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.

Дар маҷлиси фаъолон дар баробари баррасии омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ натиҷагирӣ шуд.

Читать далее