April 2019

08 April 2019

Шиносоӣ бо рафти кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент, ки рӯзи 6 апрели соли равон сурат гирифт, бо рафти кишти картошка дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла аз хоҷагии деҳқонии “Шашқат”-и Ҷамоати деҳоти А. Рӯдакӣ, хоҷагии деҳқонии “Фирдавсӣ”-и Ҷамоати деҳоти Амондара ва хоҷагии деҳқонии “Сӯҷина”-и Ҷамоати деҳоти Сӯҷина боздид карда, бо деҳқонону картошкапарварон суҳбатҳо доир намуд ва ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи тухмиҳои хушсифат, истифодаи самараноки обу замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсол дастуру тавсияҳои муфид дод.

Читать далее

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон то имрӯз дар Панҷакент 150 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд

6 апрели соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо фаъолон ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар Раиси вилоят дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти гуногун, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст, шинос гардид. Раиси вилоят аз ҷумла зимни боздид аз Беморхонаи марказии шаҳр бо ҷараёни сохтмони бинои нави беморхона ошно шуда, ҷиҳати тезонидани суръати корҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Читать далее

05 April 2019

СУҒД: Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

Рӯзи 5 апрели соли равон аввалин гуруҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Ба муносибати гусели наваскарон дар Қасри варзиши маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва беш аз се ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон, кормандони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, волидони даъватшавандагон ва фаъолони вилоят чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Читать далее

FОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мусобиқаи варзишӣ-ниммарафонии байналмилалии ҷашни Наврӯзӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он  варзишгарони 28 кишвари дунё байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Зодаи шаҳри Панҷакенти бостонӣ, донишҷӯи бахши дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шодибек Шоҳимардонов масофаи 22 километрро  дар муддати 1 соату 45 дақиқаю 5 сония тай намуда, дар қатори 4 варзишгари тоҷикистонӣ медали мусобиқаро ба даст овард.

Бояд қайд кард, ки Шодибек гирандаи сипосномаи раиси шаҳри Панҷакент ва дорандаи Ҷоми Раиси вилоят байни донишҷӯён оид ба варзиши сабук мебошад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Истаравшан: Вусъати бунёдкорӣ

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои гиромидошти арзишҳои волои Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти тафаккури созандаву бунёдкорона, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни “ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчунин дар доираи эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Истаравшан сохта ба истифода додани 450  иншооти гуногуни маишиву иҷтимоӣ, аз қабили биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, солимгардонӣ ва дармонгоҳҳои замонавӣ, меҳмонхонаи замонавии “Истаравшан серена”,  майдончаҳои  варзишӣ, кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаҳои ҳусн  ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст. Танҳо дар соли 2018-ум 112 иншоот  мавриди истифода қарор гирифт.

Чунончӣ,  дар Ҷамоати деҳоти Сабристон  8 синфхонаи иловагӣ  барои 240 нафар, дар маркази деҳаи Қалъачаи Калон маҷмааи солимгардонии “Истиқлол” ва дар шаҳраки Гули Сурх маҷмааи фароғатии  “Чойхонаи Гули Сурх” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд.              

Зуфрад ТӮЙЧИЕВ,
таҷрибаомӯзи рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Тоҷикистон падару модари ман...

Хонае, ки тифл дорад, ғусса дар он хона нест.

Хонае, ки тифл дорад, ғайбати бегона нест.

Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки хушбахтии ҳар инсон аз доштани фарзанд аст. Фарзанд неъмати бузургест, ки ба инсон аз тарафи Оллоҳ ато мешавад. Вале, афсӯс на ҳар як шахс ба ин неъмати бебаҳо шукргузорӣ мекунад. Имрӯз дар ҷомеаи мо баъзе нафарон аз тавлиди духтар изҳори норозигӣ мекунанд. Аммо, онҳо инсонҳоеро тасаввур намекунанд, ки ақаллан боре рӯи фарзанд надидаанд. Дар ҷомеаи мо ҳастанд, падару модароне, ки  аз фарзандони худ даст мекашанд, чӣ қадар аламовар аст!

Дар муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии “Хонаи кӯдакон”– и шаҳри Хуҷанд кӯдаконе нигоҳ дошта мешаванд, ки падару модарашон аз пуштибони онҳо даст кашидаанд ё муваққатан тибқи шартнома таҳти ғамхории давлат гузоштаанд. Дар ин муассиса аз кӯдакони навзод то синни мактабӣ нигоҳубин карда шуда, онҳо бо хӯроку пӯшок, либосҳои тозаву покиза ва ҳуҷраҳои гарм таъминанд.

Мураббиён бо онҳо мисли фарзанди хеш меҳр мебахшанд, аммо ҳеҷ кас ҷойи падару модарро гирифта наметавонад.

Хушбахтона, ин кӯдакон бо ҳам мисли хоҳару бародаранд ва худро яккаву танҳо ҳис намекунанд.

Кӣ маро гуфт; Ятимам дар даҳр?

Тоҷикистон падару модари ман.

Рӯдҳояш ҳама чун додари ман,

Кӯҳҳояш ҳама чун хоҳари ман...

Муассиса аз тарафи давлату ҳукумат ва соҳибкорону савобҷӯён дастгирӣ гардида, дар ин ҷо ҳамаи шароит барои кӯдакон фароҳам аст, вале аз чашмони ранҷолуди тифлон ба хулосае омадем: кош падару модарон ҷигарбандашонро пуштибонӣ намуда, ба онҳо меҳру муҳаббати хешро арзонӣ медоштанд. 

Адиба Юлдошева,
Таҳмина Усмонова,
 таҷрибаомӯзони
рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

04 April 2019

Шахси бадгуфторро теғи забонаш мекушад

Воқеан ҳам баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ ва эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ин имкон медиҳад, ки дар арсаи ҷаҳони нақш ва нуфузи ҳудро пайдокарда тавонад. Имруз боиси хушбахтист, ки санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва бо заҳмату талошҳои шаҳрвандони меҳанпараст имруз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳон бо расмият шинохт ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро ба роҳ мондааст.

Бояд қайд кард, ки яке аз хабарнигори хориҷӣ, ки Мирзои Салимпур ном дорад дар хориҷи мамлакат истода мехоҳад имруз сиёсати давлатро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёҳ кунанд. Хостааст, ки имруз ки яке аз сохтори асоси сутунпояи асоси давлат, ки ин сохтор Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мебошад суханони қабеҳу фитнаангезро паҳн кунанд.

Ба хотир оред воқеҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро дар чи ҳолат қарор доштем ин марди Худо сабаб гардид, ки кишвари парокандашудаистода сарҷам гардад. Зиёда як миллион нафар гурезагон ба Ватан бар гардонида шуд. Магар ин қаҳрамони нест. Имруз шаҳрвандони кишвар сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд.

Имруз ҳамаи шумо бозичаи шахсони “абарқудрат” ҳастед. Мисоли одди бози шохмот дар ҳамин бози яке шоҳ мешавад дигаре мот, тири Шумо алакай бар хок бархӯрд, қувваи некӣ аз болои баъди ғалаба кард ва имруз шоҳ дар ҷамъият мартабаи худро ёфт ва ғолиби ана ҳамин бозӣ гардид, ҳеҷ гоҳ пиёди танҳо шоҳ шуда шоҳро мот карда наметавонанд. Бинобар ҳамин роҳе, ки шумо интихоб кардаед охир надорад, ин умри ду рузае ки доред бо хурсанди гузаронедва мо имруз ҷавонони далеру шуҷои мамлакат намегузорем, ки дар дили мо низоъ андозед.

Инчунин ин шахс Мирзои Салимпур қайдкардааст, ки шахсоне, ки нисбати кирдорҳои ғайриқонунӣ ва амалҳои нопоке, ки имруз ин шахсиятҳо берун аз хориҷи мамлакат истода сиёҳ мекунанд, нависандагони моро “Фермаи ҷавоб” номидааст. Бигузор ҳамин тавр гӯянд. Имруз мо нону намаки ин сарзаминро хурда ба воя расида мисли Шумо бар зидди давлати худ силоҳ набардоштаем ва агар хизмати мо дар назди Ватан нисбати амалҳои нопоки Шумо бо ҳамин роҳ мубориза бурдан бошад мо лозим ояд дар роҳи пойдори сулҳи давлат ҷони худро фидо хоҳем кард.

Рӯзиев С.Т. –
омӯзгори кафедраи
 сиёсатшиносии МДТ “ДДХ
ба номи академик Б.
 Ғафуров”

Читать далее

Бори каҷ ба манзил намерасад...

Мусаллам аст, ки барои сохтани давлати пуриқтидори миллӣ қалами буранда ва наққошии моҳиронаи худшиносии миллӣ ба мисли воридшавии ҳаво ба шуши инсон лозим ва муҳим мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ муҳофизи арзишҳои миллӣ будан кори душворест.

Боиси нигаронист, ки имрӯз иддае аз мардуми дур аз илму маърифат ва беиродаву ноқис барои ночизтарин молу сарват даст ба амалҳое мезананд, ки ба ҳастиву оромӣ ва обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳдиду иснод меоварад.

Ҳуқуку озодиҳои шаҳрвандон, масоили рушди иқтисод, назоратиистифодаи мақсадноки маблағҳоидавлатӣдар Тоҷикистон имрӯз роҳи ҳалли худро комилан ёфтааства ба дахолати ягон давлати бегона ниёз надорад.МардумиТоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусусҷавонон, ки табиатансулҳхоҳу сулҳдӯсту сулҳофаранд,азрух додани чунинҳодисаҳохулосаҳои зарурӣбароварда, барои доғ наоварданба миллату модаркӯшишменамоянд, чункибарои инҳамаишароиту имконият:Ватани ободу озод, табиатибиҳиштосо, сарвариоқилу доно, адабиёти бою фарҳангутамаддуниинсонгароёнаросоҳибӣ доранд.

Изҳороти устодони кафедраи назария
ва методикаи таълими забони модарии
факултети педагог
ии ДДХ

Читать далее

НАЙРАНГБОЗИҲОИ “ҶОНОНА”

“Ҷонона”, лақаби тозаинтихоби Мирзо Салимпул мебошад. Ҳамин ҳоло, ки баҳсҳои муҳаррири сомонаи “Ахбор.ком”, гумоштаи собиқадори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ-Мирзои Салимпурро дар шабакаи иҷтимоӣ мехонем, ҳамон “Ҷононае”, ки иддае аз ҳамкасбонаш ӯро бо ин лақаби маҳрамона ном мегиранд, пеши назарамон меояд.

“Ҷонона”, Мирзо Салимпур – ғайбатчине, ки ангушти шашуми ҳизби берешаву бун-наҳзатӣ-босмачӣ аст. Ва тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки 3 насл муқаддам аҷдоди Мирзои Салимпур аз ноҳияи Нурободи ҳозира ба водии Ҳисор кӯч баста, амалан решапайванди мустақим бо боқимондаи саркардаи босмачиҳо Фузайл Махсум дар минтақаи Қаротегин доштаанд. Хунбаҳои муаллимаҳои кушташуда дар ноҳияи Ғарм дар солҳои 20-уми асри гузашта, ки тарафдори ҳукумати шӯравӣ буданд, ҳама бар сари ин авлод аст.

Шоҳидони ҳол қоиланд ва ин ҳам ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст, ки бо барқарор шудани ҳукумати советӣ, чун бобокалонҳои Мирзо Салимов (ҳоло Салимпур) иштироки фаъол дар қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва кормандони давлатӣ доштанд, хонахез аз ин водӣ фирор карда, аз ҷавобгарӣ дар назди қонун сар мепечанд. Аслан кореро ки Салимпул такрор мекунад. «Оянда роҳнамое ҷузъ таърих надоштааст». Хислатҳое аз қабили давлатбадбинӣ, нафрат ба кормандони ҳукуматӣ, овозапароканӣ, муллову балвопарастӣ, митингбозӣ, надоштани эҳсоси миллӣ дар вуҷуди ин хомакаҷ решаи авлодӣ дошта, аз аҷдодони босмачиаш ба мерос гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, вақте Салимпур босмачиҳою наҳзатихоро ҳимоя мекунад, ӯ амалан ба ҳимояи аҷдодони худ даст мезанад.

Салимпур лаганбардор ва таблиғгари навбосмачиҳо ва кашишу ҷазабаи Салимпур ба ақидаи босмачизм-наҳзатизм ва эҳёи ин ҳаракатҳои ақибмондаи асримиёнагӣ дар махзани шайтонии «Ахбор.ком», паҳлӯҳои норавшанеро аз шаҷараи авлодии Салимпур ифшо месозад. Рост мегуфтаанд, ки хун сӯи хун мерафтааст.

Хонандаи ҷавон, ки воқеаҳои солҳои 90-умро надидааст, ба муаррифии бештари Салимпур ниёз дорад. Ӯ чун дӯкондорони дин, озодиҳои бесару нӯги горбачёвиро имконияти хуби тахрибкорӣ ва худтаблиғкунӣ пиндошта, ба ҳаракати хатарноки наҳзатӣ, вале дар асл зиддимардумӣ пайвастааст.  Салимпур, падарсолори дӯрӯғгӯён бошад, бо баҳонаи иттилоотрасонӣ ба мухолифоне ки рақиби сиёсии давлат мебошанд, минбар додааст, он қадар дурӯғ коридааст, ки ҳисобаш гум аст. Саркардаҳои ҳизби ифротиро чеҳраву ниқоби дунявӣ пӯшонида, доимо тарғиб мекунад.

Наҳзати исломӣ ҳизби террористӣ эълон шудааст, ки ин истилоҳи устувори ҳуқуқист.  Салимпур аз ҷумлаи афродест, ки танҳо пазириши арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду худхоҳу мағрур аст, ба инсонҳо нафрати беандоза дорад, ҷанҷолдӯстдору пархошгар аст. Агар ин хислатҳо ёру ёвари М.Салимпур намебуд, оё ба минбари ифротзадаҳо табдил меёфт? Нерӯи эътирозии бемавридашро нисбат ба ҳамватанонаш сарф намекард.   Ин хабарнигори шариатмадори кабирипараст бо ёрдамчиҳои «манбаъи иттилоотӣ»-аш ғайбату дурӯғро дар бораи вазъияти ҷумҳурӣ дар пеши хоҷагонаш чаппаву воруна нишон медиҳад ва бар ивази он хоҷагонаш ба назди ӯ устухоне мепартоянд.

Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накуст!

Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.

Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.

Вобаста ба ин хуб мешуд, агар сомонаи “Ахбор” ва сардабири он низ баҳри пешрафти Ватани худ хизмат мекарданд. На бо мақсади он, ки ана ин навишта ва ё ин хабар сомонаро серхонандаву серхаридор мекунад. Ҳамон ахбор ва далелҳое, ки шумо Мирзои Салимпур ҳамчун пешбаранда ва ё серхаридор намудани сомонаи худ меҳисобед ҳезуми тарест, ки бешак дар байни ҷомеа оташи бадбинӣ ва рашку ҳасудро ҷорӣ менамояд ва боиси ана ҳамин гуна ба эҳсосот дода шудани шумо ва берун аз доираи одоб сухан ронданатон мешавад.

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки таъсири сомонаҳои хабарӣ ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Сомонаҳои хабарӣ набояд аз ваколатҳои худ сӯиистифода намоянд. Набояд ба тамоюли низоъангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, тарғиби фаҳш ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ диҳанд.

Хуб мешуд агар шумо ва сомонаатон суханҳои чидашударо, ки ҳамчун хабар ба шумо пешкаш мекунанд ба тарозуи ақлу идрок андохта, бо риояи одоби рӯзноманигорӣ ҳолатҳои мусбӣ ва манфии онро ба сомонаи худ ва ҷамъият ба ҳисоб мегирифтед. Беҳуда нафармудаанд: “Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст”.

Ин хабаррасонҳои шумо тавонистаанд, шуморо ба як сангале, ки бо ниҳодҳои давлатӣ мубориза мебаред табдил диҳанд.

Шумо ва хабаррасонҳои шумо бояд аз чоп ва пахши маводе худдорӣ намоед, ки ба нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум нагардад ва вазъи ҷомеаро ноором насозад.

Аз рӯи маълумоти мавҷуда аён аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд.

Ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакаи радиову телевизион хусусӣ мебошад.

Ин, албатта, хуб аст, зеро фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд.

Хуб мешуд, агар сомонаи “Ахбор” – и Шумо муҳтарам Мирзои Салимпур низ дар ин раванд баҳри гул – гул шукуфии Тоҷикистион ва ташвиқу тарғиби ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекард, на ба таҳлил ва баррасии шахсиятҳои алоҳида, ки боиси баҳсбарангезӣ ва коста шудани мартабаи сомонаи “Ахбор” мегардад.

Кучибоев Ш.И. и.в.
мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умум
ии ДДХ
Қаюмов С.Р.
муаллими кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умум
ии ДДХ

Читать далее