April 2019

04 April 2019

ҲАМВАТАНОНИ БЕГОНАПАРАСТ

Роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ боз аз шеваи дерини худ истифода карда, мардуми тоҷикро аз нав ба доми худ кашида, зиндагии ободи хамватанони моро ноором карданианд.

Онҳо сохибистиклолиро дар бадномкунии роҳбарон аз онҳо истеъфо талаб кардан дида, худро дилсӯзи Ватану мардумпарвар эълон дошта, оммаро ба қонуншиканиву бетартибиҳо даъват менамоянд. Бо айби ҳамин «ватанхоҳону ҳомиёни истиклолият» солҳои 90-уми асри гузашта кишвар оғуштаи хун гардид. Ҳазорон бегуноҳон ба ҳалокат расидаю иқтисодиёти кишварамон харобу валангор ва дастгоҳи давлатдориамон фалаҷ гардид.

Шукри Офаридагор, ки оқибат даҳшату ҷангу сарсонию саргардониҳо дар кишвари тоҷик бахту саодат ва сулҳу субот ҳукмрон гардид, ки ин дастовардҳо барои қулли мардум аз ҷонашон ҳам азизтар аст.

Агар ин “ватанхоҳону ҳомиёни истиқлолият” (ТТЭ ҲНИ) воқеан миллатдӯсту ватанпарвар мебуданд, бо назардошти риояи маърифати баланди гузаштагонамон дар як кишвари бегона боз забон ба бадномкунии ҳамватанони хеш намекушоданд.

Бешак, онҳо боз нияти пиёда кардани нақшаҳои навбатии худро доранд, ки ин нақшаҳои дар ҳамкори бо душманони хориҷии миллату мамлакатамон тарҳрезидашуда ба миллату Ватан ба ҷуз бадбахти чизе намеоваранд.

Аммо мо аҳли зиёи ҷомеа, ба ин ҳамватонони бегонапарастамон бо қатъияти том исҳор медорам, ки дигар касе ба ҳарзаҳои шумо гӯш намедиҳад.

Аз Шумо, ҳарзагӯёни ақлбохта даъват ба амал меоварем, ки ба амалҳои нангини хеш хотима бахшидаву нисбати сиёсати давлату ҳукумат некнияту хайрхоҳ бошед, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем.

Маъмуров А.М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Читать далее

Душманони миллат ба ҳадаф нахоҳанд расид…

Сардабири сомонаи «Ахбор» Мирзои Салимпур изҳор намудааст, ки рӯзҳои охир зери фишори равонӣ ва шантаҷ қарор гирифтааст. Ӯ қайд намудааст, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook «фермаи ҷавоб» фаъолият мекунад ва он гӯё ки марбут ба мақомоти амнияти Тоҷикистон аст. Изҳор дошта мешавад, ки танҳо дар як гурӯҳи фейсбукии «Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон», ки ба фикри ӯ ба минбари асосии «фермаи ҷавоб» табдил ёфтааст, дар тӯли як моҳи охир зиёда аз 200 мақолаҳои гуногун нашр шудаанд. Аммо, бояд таъкид намуд, ки дар шабакаи Facӯӣook ягон «фермаи ҷавоб» вуҷуд надорад. Мақолаҳое, ки дар гурӯҳҳои мухталифи фейсбукӣ ҷойд дода мешаванд, мавқеи шаҳрвандии ҳар як муаллиф аст, на чизи дигар. Агар мавқеи муаллифони мақолаҳо бо мавқеи чунин шахсони ифротгаро монанди Мирзои Салимпур рост наояд, пас онҳо дарҳол изҳор медоранд, ки гӯё «фермаи ҷавоб» вуҷуд дорад ва он аз тарафи мақомоти амнияти Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Имрӯз кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеаи равона карда шудааст. Аммо мутаасифона баъзе аз ашхоси дар хо

риҷа умр ба сар баранда мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд ва ба ин васила ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Онҳо манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоман ба инобат намегиранд ва фикр доранд, ки гӯё онҳоро мардум дастгирӣ менамоянд. Вале, онҳо иштибоҳи калон мекунанд, зеро ки мардуми шариф ва соҳибфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард.

О. Н. Холдоров, 
сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии ДДХ

Читать далее

ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернети хоинони миллат чунон дурӯғу бӯҳтонҳое ба давлати осудаву гул-гулшукуфон карда истодаанд, то ки ҷавонон ва халқи осударо бераҳа созанд.

Онон падарсолори дурӯғгӯён буда, бо баҳонаи иттилоотрасонӣ ба мухолифоне, ки рақиби сиёсии давлат мебошанд, минбар додаанд, он қадар дурӯғ коридаанд, ки ҳисобашон гум аст. Саркардаҳои ҳизби ифротиро чеҳраву ниқоби дунявӣ пӯшонида, доимо тарғиб мекунанд. Наҳзати исломӣ ҳизби террористӣ эълон шудааст, ки ин истилоҳи устувори ҳуқуқист.

Эй ноинсонҳо, ифлосҳо бо ин шайтонии худ мардумро аз қафои худ бурда наметавонед! Шахсони равшанзамир намегузоранд, ки моён низ ёрдамчии онон ҳастем ва ногуфта намонад, Суди Олӣ ин халқи заҳматкаш мебошад, ки қилро аз хамир дар як сония бехато ҷудо менамояд. Бинобар он ба гумроҳ намудани онҳо қувва ва вақти худро беҳуда масраф нанамоед!

Мо қишри таълим ва тарбия диҳандаи ҷомеъа, ки дастурдиҳанда ва ибратомӯзи ҷавонон мебошем, бояд дар ҳар қадами худ ба онҳо фарқи сафедро аз сиёҳ бифаҳмонем ва мо доимо ин амалро иҷро карда истодаем. Ва дар як вақт дар назди Ватан ваъда медиҳем, ки барои якпорчагии Тоҷикистон то ҷон дар рамақ дорем бар зидди хоинон он мубориза мебарем. Инчунин кӯшиш менамоем, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллӣ тарбия намоем, то  мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати ватанро софдилона ва сидқан адо намоянд ва шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми  байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар таҳдидҳои замони мо, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва ҷинояткорони интернетӣ ҳамкорони табиии тамоми давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошанд.

Ҷалилова У. – сармуаллимаи кафедраи
фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Читать далее

Таҳкими арзишҳои ватанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон

Замони таҳаввулоти куллӣ дар афкори ҷомеа, айёме, ки фазои иттилоотӣ басо фарох аст, барои инсон, бахусус, насли ҷавон дарки мушаххассозии самти муайян ва манфиатовари мавқеи ҷамъиятӣ мушкилотро ба миён меорад. Зеро даврони ҷавонӣ овони муайянсозии мавқеъ дар ҷомеа арзёбӣ мешавад. Маҳз, дар ҳамин гуна шароит ҷавонон дар ҷустуҷӯи роҳи дурусти зиндагӣ ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Тағйироти мунтазам ва пурталотуми ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷаҳонишавии босуръат, боиси бозсозии фаъоли равандҳои маънавии вобаста ба тасаввури шахсият нисбат ба нақши худ дар ҷомеа, андешаи шахсӣ нисбат ба ватан, нисбат ба арзишҳо ва амсоли инҳо гардиданд. Муносибат нисбат ба ватандустӣ ва хуввияти миллӣ ҳамчун арзиши олӣ, ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолати ногувори ҳаёти ҷамъиятӣ набояд аҳамияти худро гум кунад, баръакс, шахсиятро чиҳати бартараф намудани ҳама гуна мушкилоту санҷишҳои таърих раҳнамун созад.

Дар таърих намунаҳои зиёди каҳрамонӣ, ҷоннисорӣ, муборизаҳои шадид ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани арзишҳои ватандӯстӣ собит шудаанд, ки ҳамаи онҳо баҳри муваффақ гардидан ба мақсаду вазифаҳои марбут ба муташаккилӣ, ваҳдату ягонагӣ, созандагиву бунёдкорӣ нигаронида шудаанд.

Мо ба ҷавонони мамлакат, ки ояндасози миллатанд, эътимоди комил дорем, ки онон арзишҳои таърихиви фарҳангии миллат сулҳу суботро ҳифзу ҳимоя менамоянд, бо пайроҳаи дурусти зиндагӣ, ки асосаш хизмат ба Ватан, боз ҳам ободу зебо ва шукуфо гардондани он аст, гом мезананд ва баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ талош меварзанд.

Н.Азизова,
                                                      устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
                                                      бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

 

Читать далее

Ҳадафҳои муғризонаи ТТЭ ҲНИ

Имрӯзҳо туҳмату ғайбат ба ҷузъи ҳаррӯзаи ҳаёти масъули сомонаи «Ахбор.ком» Мирзо Салимпул ин рӯзноманигори козиб табдил ёфтааст.

Яъне, ҳодисаи маъмулиро расонаӣ карда, назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷурми содирнашударо барҷаста сохтааст. Гап сари он меравад, ки Мирзои Салимпул бо ин кораш ду ҷиноят содир кардааст. Якум маълумоти бардурӯғ бо мақсади боғаразона паҳн кардааст. Дуюм дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ дурӯғпароканӣ намудааст. Шаффофият ва адолати касби ҷурналистӣ тақозо мекунад, ки ба нашри ин гуна ахбори дурӯғ эҳтиёткорона муносибат намояд.

Вақтҳои охир сомонаи «Ахбор.ком» амалан ба пойгоҳи иттилоотии иғвогаронаи Муҳиддин Кабирӣ табдил ёфтааст. Новобаста аз он, ки чандин дафъа иттилоотрасонии зиёновари ӯ ифшо гаштааст, боз ҳам дар тафсири воқеаву рӯйдодҳои ҷумҳурӣ назари якҷониба ва манфиатталабона дорад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки сарпарасти молии «Ахбор.ком» наҳзат буда, ин сомона ҳамчун ҷузъи сохтори матбуотии ТТЭ ҲНИ ва Паймони ба ном миллӣ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон фаъолият мебарад. Мирзои Салимпул бошад, ба ҳайси сухангӯйи ин хоинони Ватан вазифаи бешарафонаро адо мекунад.

Д.АМИНОВ,
дотсенти  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

УМРИ ДУРӮҒ КӮТОҲ АСТ!

Васоити ахбори омма имрӯз қувваи бузургест барои дар майнаҳои одамон ташаккул додани ақида ва нигоҳи муайян. Телевизион, радио, интернет аз воситаҳоест, ки фарогири доираи хеле васеи инсонҳост.

Хуб аст, ки инсони имрӯза манбаъҳои ахбороти интернетиро варақ мезанад, оинаи нилгунро тамошо мекунад ва доир ба масоили мубрам ақидаи шахсӣ, мавқеъ пайдо менамояд.

Агар васоити ахбори омма принсипи объективӣ, бетарафӣ ва таҳлили ҳаматарафаро нисбати масъалаи мушаххас пеша накарда, баръакс, ба оммаи васеи мардум маълумоти дурӯғро пеш оварад, пас мазмун ва аҳамияти бевоситаи васоити ахбори омма гум мешавад. 

Имрӯзҳо дар телевизион маълумот хеле васеъ аст ва ҳар кас бо тамошои он ақидаи субъективии худро пайдо менамояд. 

Вале кам нест нафароне, ки васоити ахбори оммаро ба бозиҳои ифлоси сиёсӣ мубаддал мегардонад ва бо пеш овардани маълумоти бардурӯғ мақсадҳои зиштро пайгирӣ менамояд. Ба ин сифат имрӯз  ҷурналисти қалбакӣ Мирзо Салимпур, ки коргоҳи нав бо номи «Фабрикаи ҷавоб»-ро таъсис додааст, баромад менамояд. Вай фабрикаеро барои баёни дурӯғ  ташкил намудааст ва маҳз дар оғози фасли баҳор ин амал тасодуфӣ нест, зеро майли хиромон хабар чидан ва бар кайфи наҳзат дурӯғ оғозидан, хоси сармуҳаррири ноби ин фабрикаи ситораҳост.

Лекин ба ин нигоҳ накарда, мо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд ахбори дурустро аз дурӯғ ва сафсата ҷудо намоем. Хабаре, ки барои дасиса, нооромӣ ва тезиву вайронкорӣ даъват менамояд, он аз манъбаҳои беэътимод аст, дурӯғ ва моли душманони давлат ва миллати тоҷик мебошад.

И.СОЛИЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

02 April 2019

Ифтитоҳи киштии рамзӣ - Тарабхонаи “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд киштии рамзӣ-тарабхонаи “Темурмалик”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тарабхона аз ду ошёна ва тахҳона иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст, ки ҷойи хеле хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мебошад.

Читать далее

Иштирок дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" дар шаҳри Хуҷанд

Дар рӯзи чоруми сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" иштирок намуданд.

Дар соҳили дарёи Сир, дар мавзеи тамошобобу хушбоду ҳаво беҳтарин ошпазҳои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷамъ омада, бештар аз 50 намуд таомҳои миллии наврӯзиро ба намоиш гузоштанд. Ба Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" ҳамчунин ҳунармандону ошпазон аз ташкилоту идораҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳо ҷалб шуда, дар маҷмӯъ тавонистанд як унсури асосии иди аҷдодӣ-оростани дастархони наврӯзиро дар сатҳи олӣ намоиш диҳанд. Ҳамин тариқ, дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" 50 намуди хӯроки миллӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шавла, оши бурида, мастова, кашк, ҳалвои тар, омоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, мошпиёба, ширбиринҷ, боқала, оши бо дӯғ, угропалов, оши кӯча ва амсоли ин омода ва пешниҳоди мардум карда шуд. Дар се деги калони яктоннагӣ бошад, ошпазони вилоят суманак, оши палов ва ҷаварӣ пухтанд, ки хеле лазиз буд.

Читать далее

Ифтитоҳи “Роҳи танобӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Роҳи танобӣ”-ро аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр мавриди истифода қарор доданд.

“Роҳи танобӣ” дар доираи эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи хеле зебою дилписанд барои сайёҳони дохилию хориҷӣ- соҳили дарёи Сир ва Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст.

Читать далее

Иштирок дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд

Субҳи рӯзи 2 апрели соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани фестивали «Сайри гули лола», озмуни вилоятии «Гулҳо» ва истиқболи шоистаи меҳмони олиқадр - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони баргузории чорабинӣ – Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба як лолазори бузург табдил ёфта буд.

Читать далее