April 2019

25 April 2019

Ҳимоягари ташкилотҳои террористон ва экстремистон

Дар вақтҳои охир дар саҳифа, шабака ва расонаҳои иҷтимоии «Паём.нет», «Востокньюс», «Озодандешон», «Кимиеи Саодат», «Ахбор.ком» баъзе машмашаҳои ноасос ва ақидаҳои ноҷӯр пайдо шуда, оромию озодии кишвари халқи тоҷикро вайрон кардан мехоҳанд. Ин сайтҳо дар Тоҷикистон ар асоси Қарори Суди Оли ташкилоти террористи-эктремисти эълон карда шудааст. Онҳо дар ҳимояи ва сарпарасти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва КСИР (Корпуси ҳимояи инқилобии Ислом) фаъолият бурда, бар зидди ҳукумати қонунии Тоҷикистон мубориза мебарад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад,барои ҳаминфаъолияти ҳар як мақомоти Олӣ, ҳукуматҳои марказию маҳаллӣ, ҳифзи қудрати,корхонаю ташкилотҳо ва ҳатто ҳар як шахс дар асоси Конститутсия, қонунҳои қабул шуда ва санадҳои байналмилали ба роҳ монда шудааст. Дар кишвар озодию бародарии тамоми миллатҳо, халқиятҳо таъмин карда шудааст. Тамоми мардуми кишвар бо фаъолияти ободкорую созандагӣ, ташвиқотчиги тааббускорӣ, бунёдкорӣ барои баланд бардоштани дараҷаи неку аҳволи машғул аст.

Аммо дарбайни мардум баъзан кам бошадҳам гуруҳҳои пайдо мешавад, ки ин муваффақиятҳои халқи қадимаи ориённаҷод-халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониёнро дида наметонад. Гоҳ дидан ҳам намехоҳанд. Барои он, ки дар хориҷи кишвар хоҷагони вайронкор бо маблағу ақидаи вайронкорона таъмин менамоянд. Ҳатто дар шабакаҳои интернати бо номҳои бегона баромадҳои беасос карда, ақидаҳои созандагии тоҷиконро вайрон кардан мехоҳанд.

Ҳатто аз истифодаи симкортҳои Тоҷикистон душманона истифода мебаранд ва ба ин восита ваҳдат ва оромии кишварро вайрон кардан меҳоханд. Агар мутахассис болояқат, маърифатнок, фарҳангдӯст бошад, дар ҳама ҷо фаъолият бурдан ҳуқуқи инсони доранд, он фарзанди халқи тоҷик аст. Ба мо маълум аст, қарор ва қонунро як кас қабул намекунад, онро мақомоти олӣ ва ҳукумат қабул менамояд. Аммо, мо бовар мекунем, ки халқи тоҷик ба ин таклифу пешниҳодҳои беасоси террористон ва экстремистон Ҷундуллоҳ, Ансоруллоҳ, Ҷамияти озод, ҳизби Нахзати Ислом, Ҳизби ул-Таҳрир, салафия, ваҳҳобизм, Ҳаракати исломии Туркистон ва дигар душманони миллат тарафдори ҳам намекунанд.

Халқи тоҷик бо фаъолияти бунёдкори барои пуршараф пезвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати машғул аст.Агар ҳар кас ҳақиқатан ҳам фарзанди фарзонаи миллат бошад, барои созандагию гул-гулшукуфони Ватани ҷаннатмакон Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд. Ба вайронкори роҳ надеҳанд! Оромии кишварро вайрон накунедон ҳамсояҳо ва дар акси ҳол шумоён душманони халқи тоҷик мебошед. Умед дорем, роҳбарияти давлати Эрон-ҶИЭ аз ин фаъолияти террористи ҳам хулосабардори намоянд, оянда бо корҳои бунёдкорую созандагö дар раванди баланд бардоштани мардуми кишварашон бошанд.

Эркаев Сафар Абдулхайрович-дотсенти кафедраи Таърихи
ватан ва археология, факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ
ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

НАҚШАҲОИ ПАСИПАРДАГӢ

Дар шароити кунунӣ новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст.

Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву ободи кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд. Дар сари ин гуна ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва ватандустона ТТЭ ҲНИ меистад, ки аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз амалҳои хиёнаткоронаи худро нисбати давлату миллат тарҳрезӣ карда истодааст. Лек ин амалҳои пасипардагии наҳзатиён ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун, амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик  ба «шарофати» ин ҳаракатҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми ҷомеа мегарданд.

Ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзат беш аз таърихи 40 сола дорад, лек ин таърихи сиёҳи онҳо дар хотираи мардум бо рӯзҳои сиёҳ нақш бастааст. Ҳанӯз аз солҳои 70 – уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи ба сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Маҳз дар сари урдугоҳи мухолифин роҳбарияту размандагони наҳзатӣ меистод ва то ба охир мақсади аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистонро дошта буданд. Лек диданд, ки дар ҷанг бо ҳокимияти конститусияонӣ мағлуб мешаванд, роҳи сулҳ пеш гирифтанд ва баъди имзои созишномаи сулҳ, ин ҳизб парлумонӣ гардид. Аммо набудани имконоти сари қудрат омадани наҳзатиён тавассути интихобот, оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳоро кушод.

ТТЭ ҲНИ мисли солҳои 90 –ум сенарияи табаддулотро истифода намуд.  Ин амали хиёнаткоронаи наҳзатиён, охирин шонси ба сари қудрат омадан буд, ки билохира он шикаст хӯрд. Он нақшае, ки аз ҷониби баъзе аз кишварҳои хориҷӣ, бо дасти ТТЭ ҲНИ ва размандагонаш табаддулоти давлатӣ дар Ватани азизамон – Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.

Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

ДӮСТДОРОНИ ПУЛИ ХОҶА

Намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷа қарор доранд, мехоҳанд бо ҳар роҳу васила дар сомонаҳои интернетӣ бадномкунии Ҳукумати Тоҷикистонро идома диҳанд. Онҳо бар болои як дуруғ чанд дуруғи дигареро ҷамъ намуда, дар сомонаҳои иҷтимои паҳн мекунанд ва мехоҳанд халки оддиро ба сари давлат барангезанд.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст баъди кушиши табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия фирор карданд. Баъдтар ҳукуматдорони Туркия ин хабарро шунида онҳоро аз ҳудуди давлати худ ронданд ва қайд карданд ки дигар онҳоро дар сарзамини Туркия ҷой нахоҳанд дод. Онҳо низ барои мубориза алайҳи терроризм ва ифротгарои ба мо ёрӣ хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ хоинони миллат аз ҳудуди Ҷумҳурии Туркия ронда шуда дар ҳудудҳои давлатҳои Аврупо иқомат доранд ва мувофиқи нақшаҳои хоҷагони палиди хориҷиашон ҳар замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, мехоҳан ҷамъияти ҷавони кишвари азизамонро ба тафриқа андозанд  ва худро ҳамчун неруи мухолифин нишон диҳанд. Ман мутмаинам, ки онҳо ба ғайр аз тафриқаандозии ҷамъият ва майдагапӣ дигар истеъдоде надоранд.

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ намояндагони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ танҳо бо танқид машғул шуда, роҳи ҳалли масъалаҳои ба миёнгузоштаи худро нишон намедиҳанд, ки он ҳам аз характери тафриқаандозии ин ташкилот гувоҳӣ медиҳад. Мардуми тоҷик, ки ҳануз таҷрибаи солҳои 90-умро ҳоло фаромуш накардаанд чунин иқдомҳои ТТЭ  ҲНИ-ро ҳамчун иқдомҳои экстремистӣ дуруст дарк карда истодаанд ва нахоҳанд гузошт, ки солҳои 90-ум ба сари онҳо такрор ояд.

Хулоса, Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни пулпарастӣ ӯ солҳо дар сарзамини Тоҷикистон умр басар бурда буданд. Пули хориҷиро дида ба миллати худ хиёнат карданд ва он ки дар хаққи кас хиёнат мекунад оқибат ба нафрати халқ ба Худованд дучор мегардад. Дуруғ ва иғвоҳои онҳо умри дароз надоранд.

Тошматова М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

АСОСҲОИ ЮРИДИКИИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯии ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сабабу шароите, ки ба содир шудани ҷиноят мусоидат кардааст, мавзӯи исботро ташкил медиҳад ва бартараф карда шудани он боиси саривақт пешгирӣ кардани ҷиноятҳои нав мегардад.

Зарар ва нобасомониҳои аз содири ҷиноятҳои мазкур бар омада, моро водор месозад, ки мафҳум ва мазмазмуни пурраи зуҳуротҳои мазкурро маълум намоем. Барои он, ки дар ҳолати мазкур мо метавонем таҳаммул намоем, ки нисбати содиркунандаи чунин кирдорҳои ғайриинсонӣ чигуна ҷазои қонунгузорӣ пешбиникардаро бояд татбиқ намуд.  

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад.

Терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатҳ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи  байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ  ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.

Мо дар баробари ин таъкид намудани ҳастем, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст нисбати шахсоне, ки талаботи қонунгузориро вайрон намуда ҷиноятро содир менамояд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Албатта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан низ мақсади ислоҳ намудани шахс ва дар оянда халалдор насохтани амнияти давлатро ташкил менамояд.

Аз ҳамин нуқтаи назар ба андешаи мо Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони бояд аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ, байниҳукуматӣ ва дигар созмонҳои озод, ки фаъолият менамоянд дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигарӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлат барои мубориза бо ифротгароӣ ва ифротгароён мусоидат намоянд. Дар як маврид давлатҳои мутараққии дунё бошад дар асоси эҳтироми халқиятҳои сукунатдоштаи давлатӣ муборизабаранда ва амали намудани ӯҳдадориҳои конститутсионӣ барои дастгир ва сарнагун сохтани гурӯҳҳои нияти нопокдоштаро нисбати давлати мубориз дастгир ва таслим намояд, то он мавриде, ки онҳо ба нияти ғаразноки худ нарасанд.

Дар охир таъкид намудан мехоҳем, ки мо аҳли ҷавонон ва халқи Тоҷикистон барои муборизаи беамон бо равандҳои ифротгарӣ, новобаста аз мавқеи ишғолнамудаамон омода ҳастем ва хоҳем буд. Аз ҳамин нуқтаи назар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  ба ҳадафҳои солими мо ҳеҷ гоҳ аз дохил ва хориҷи кишвар рахна гузошта наметавонанд ва нахоҳанд гузошт. Маҳз ба туфайли ваҳадату ягонагии халқамон бар муқобили ингуна аҳримангуруҳҳо муборизаи беамон мебарем.

Холиқов И.А. – ассистенти кафедраи
назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Читать далее

ҒУЛОМИИ САЛИМПУР

Хиёнат ба Ватан, миллат ва давлат нобахшиданист. Алҳазар, аз хиёнату хиёнаткорон. Алҳазар, аз онҳое, ки дар вазнинтарин лаҳзаҳо бар осиёби душман об мерезанд.

Мирзои Салимпур аз қабили чунин ашхос аст. Пайваста аз дуриҳои дур истода ҷониби Ватану миллати худ санг меандозад. Бо «Ахбор»-и мардумфиребу моҷароангезаш шаҳд ба «ком»-и нотавонбинони миллат мерезаду иттилооти бофта ва сохтаашро нисбати Ватани аҷдодӣ паҳн мекунад. Ин ҷову он ҷо шикоят мебарад, ки «фейк»-ҳо таҳқиру тавҳинаш кардаанд. Хиёнаткору душмани миллаташ гуфтаанд. Дуруст аст, ки «ҳақиқат ба чашм мехалад».

Салимпур, бисёр мехостам аз ту бипурсам, ки барои Ватанат чӣ кардаӣ? Ҷуз тӯҳмат, ғайбат, дурӯғпароканӣ ва моҷароангезӣ?! Ҷуз таблиғи он ашхоси раҳгуме, ки бо ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро алоқамандӣ доранд?! Ҷуз паҳн кардани афкори пӯсида ва ҷаҳолатомези фарҳанги бегона?! Ҷуз иҷро намудани супоришоте, ки аз тарафи маблағгузоронат ҳидоят мешаванд ва алайҳи манофеи миллати худат иҷро мекунӣ?!

Мехоҳам, нақли як ҳамсабақамро биёрам, ки дар агентии сайёҳӣ кору фаъолият дорад. Рӯзе дар назди коргоҳашон истода будаанд ва назди гӯшаи таблиғоти сайёҳӣ як марди чинӣ (хитоӣ) истода, маводҳои гӯшаро тамошо доштааст. Баъди лаҳзае ваҷоҳати ӯ тағйир меёбад ва рафта аз боғчаи назди бино сангеро бардошта меояд ва бо як зарба шиша гӯшаи таблиғотиро зада майда-майда мекунад. Милисаи дарбон ва ҳамроҳони ӯ шаҳрванди чиниро боздошт карда, ба идораи милиса мебаранд ва чун шарҳи кирдори шӯрапуштонаашро мепурсанд, посух медиҳад, ки харитае дар гӯша ҷойдодашудааст, як қисмати ҳудудии Ҷумҳурии Халқии Хитой аз они давлати Ҳиндустон нишон дода шудааст. Ман ҳаргиз роҳ нахоҳам дод, ки як ваҷаб хоки кишварамро ҳатто дар рӯйи коғаз гиранд.

Оё ту Салимпур ба чунин коре қодир ҳастӣ? Албатта, танҳо дар ҳарфу сухан. Ба ном фаъолияти ватандустонаро тариқи сомонаи иттилоотии худ ба роҳ мондаӣ.

Бобоев А.Х. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

Читать далее

ЗАҲРПОШИҲОИ КАБИРӢ

Дар гӯшаҳои гуногуни олам муаммоҳои дучоршавӣ ба доми низоъхоҳон идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳои гуногун эҷод карда истодаанд. Давлатҳои дунё мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротгароён қарор гирифта ба хулосае омаданд ки барои пешгирии он чораҳои зарурӣ андешанд.

Имрӯзҳо пайравон ва аъзои ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, ки дар давлатҳои хориҷи кишвар қарор доранд, бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд  вазъияти ороми кишварҳои ҷаҳонро халалдор намуда, миёни онҳо низоъ барпо  намоянд.

Яке аз раҳнамои чунин ташкилот Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Солҳост у барои ноором кардани вазъиятхои сиёсӣ дар Тоҷикистон харакат мекунад. Дар ин роҳ ӯ ба ҷони чандин нафарон зомин шуда, гуноҳро бар души Ҳукумати Точикистон бор карда истодааст. То ҳол фикр дар сар дорад, ки халқи тоҷик ба найрангҳояш бовар доранд. Ҳатто ӯ дар ин роҳ созмони ба ном Паймони миллии Тоҷикистон ташкил додааст ва тавассути ин созмонаш тариқи шабакаҳои интернетӣ заҳр бар замини тоҷикон пошида истодааст. Оре, ман уро ба монанди море тасаввур мекунам. Море, ки дар ривояти “Дарвеш ва мор” оварда шудааст. Дарвеш ба мор раҳм карда уро дар остини худ ҷой медиҳад ва бар ҷавоби ин некиаш мор изи ашкашро дар бадани дарвеш гузошта ӯро заҳролуд мекунад.

Кабирӣ низ аз насли ана ҳамингунаҳост! Ӯ бар ивази меҳрубониҳои халқи тоҷик бар онҳо мушкилиҳои гуногун эҷод карда, кӯркӯрона ба суханҳои хоҷагони хориҷиаш бовар кардааст. Ин ҳама нафси бад мебошад. Бар ивази пул миллаташро фурухт ва  ба ҷони чандин нафарон зомин шуд.

Абдуллоева М.Ғ. – сармуаллими
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

Зангӣ ба шустан нагардад сапед…

Дар зеҳни наҳзатиён ба ҷуз вайронкорӣ, тарсу ваҳм ва ҷудоиандозӣ дигар ҳеч амали хайре намегунҷад. Дидаву дониста ба мардум, ба Ватани хеш хиёнат намуда истодаанд.

Боиси афсӯс аст, ки инро худ дарк карда наметавонанд, зеро аз хоҷагони хориҷиашон муттаҳам ҳастанд. Бархилофи ин ҳама далелҳои муътамаду раднопазире, ки душманӣ ва хоинии террористону экстремистони наҳзатиро собит менамоянд, сухан карда, худро чун обсофкунак покизаю бегуноҳ ва фаротар аз ин дӯсти меҳрубону беғарази мардуми тоҷик нишон доданӣ мехоҳанд. Мубаллиғонашон, ки бо супориш ва дастури хоҷагонашон фаъолият мебаранд, ҳамеша суханони бардурӯғ ва иғвоангез навишта, афсонаҳои гӯшношунид мебофанд.

Далели ин гуфтаҳо интишори номаи саргушодаи раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубов ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани қарори афзоиши дубаробари нархи хадамоти интернет дар кишвар ва хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик хондани он мебошад.

Боло рафтани нархномаи интернетиро дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳангома табдил дода, нияташон халқи кишварро ба муқобили Ҳукумати қонунӣ шӯр андохтанӣ аст. Вале кайҳост, ки мардум аз дасисаву иблисиҳои наҳзатиён хуб огоҳанду ақли солиму нерӯи созанда доранд. Сафедро аз сиёҳ фарқ мекунанд. Афзудани нархномаи интернет ба буҷети мардум халале ворид намесозад. Дар солҳои охир аксар ҷавонон побанди маводҳои интернетӣ шуда буданд. Нафарони зиёде тавассути маводҳои таблиғотии гурӯҳҳои ифротгаро раҳгуму задаву ба кирдорҳои ношоиста даст заданд.

Фоизи муайяни хонавайрон шудани ҷавонон низ ба Интернет вобастагӣ дорад. Зиёда аз ин ҳар гуна маводҳои аз аҳамият холии интернетӣ сабаби коҳиш ёфтани ахлоқу одоби ҷавонон, хоса насли наврас гардид. Яке аз паҳлӯҳои мусбати боло рафтани нархнома дастрасии ҷавонону наврасонро ба Интернет камтар намуда, боиси ба китобхонӣ рӯй овардани насли ҷавони кишвар мегардад.

Манонова М. – муовини декан оид ба
илм ва инноватсияи факултети санъати ДДХ

Читать далее

Тӯҳмату ғаразҳои навбати душманони миллат

Илҳом Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар як номаи саргушода ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани қарори афзоиши дубаробари нархи хадамоти интернет дар кишвар ва хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик хондани он, аз ҳукумат даъват ба амал овардааст, ки дар зудтарин фурсат онро ба ҳолати қаблӣ баргардонад.

Ин ғаразҳои навбатии душманони миллат, чун Илҳом Ёқубов боз як фитнаи иғвои хиёнаткоронаидушманон мебошад, ки ин дӯрӯғи маҳз аст. Илҳом Ёқубов бо даъвои навбати хеш бори дигар Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро айбдор карданист. Ӯ мегӯяд:

“Ҳукумати Тоҷикистон дар ниҳояти амр пешниҳоди Хадамоти алоқа, Кумитаи андоз ва Кумитаи зидинҳисорӣ ҷиҳати боло бурдани баҳои хидматрасонии интернетиро пазируфт. Аммо талабу дархости мардуми худ ва садоҳои олуда ба эътироз ва имдодҷӯёнаи онҳоро, ки аз чунин тасмим сарфи назар кунад, нодида гирифт, писанде ҳам накард. Ҳамакнун тамоми анвои хадамот дар ин бахш аз ду то 8 баробар афзоиш пайдо кард.”

Ин ақидаҳои ғаразноки Илҳом Ёқубов ягон асос ва далел надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боло бурдани баҳои хизматрасони интернети ягон қарори махсус набаровардаст. Илҳом Ёқубов мегӯяд, ки миллати тоҷик дар назди Ҳукумати Тоҷикистон арзиши надорад. Ӯ бо ин баёни фитнаангезонаш Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор карданист. Дар асл бошад, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ғамхори халқу миллати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва пайваста баҳри ободӣ, гулгулшукуфӣ, некӯаҳволӣ ва осоиштаги мардуми азизаш талош меварзад.

Илҳом Ёқубов боз фитнаангезона менависад. “Қабл аз ҳар табақаи дигари Тоҷикистон ин қарори ҳукумат барои ҳамватаноне, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар кору фаъолият мекунанд ва номи муҳоҷири меҳнатиро доранд, мушкилии бештар ба бор меоварад. Маблағе, ки муҳоҷирон ба ватан интиқол медиҳанд, яке аз сарчашмаҳо ва манбаи реалии бюҷети давлат аст. Ҳамин пулҳо ҳастанд, ки кафолати нисбии амният ва оромии иҷтимоӣ дар кишварро таъмин кардаанд. Дар ҳоле, ки худи муҳоҷирон дар бадтарин шароити кору зиндагӣ ба сар мебаранд ва ҳамарӯза барояшон мавонеи ҳуқуқии нав пеш меояд, афзоиши ду то ҳаштбаробарии баҳои хадамоти интернет аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон як тасмими бисёр ҳам ноодилона, беинсофона ва болотар аз ин золимона аст”.

Дар ҳамаи давру замон муҳоҷирони меҳнати ба давлатҳои мутараққӣ сафар намуда, кору фаъолият мекунад, зиндагии худро пеш мебаранд ва аз дастовардҳои технологиюу илмӣ ва иқтисодии кишварҳои дигар бохабар гашта, онро дар фаъолияти хеш пурсамар истифода мебаранд. Яъне, муҳоҷирӣ дар ягон давру замон кори пасту зишт набуд ва нахохат шуд. Зеро муҳоҷирон хамеша ба манфиати давлату халқу миллати хеш меҳнат мекунанд ва талош меварзанд.

Кӯчибоев Ш.,Мавлонова Р., Убайдуллоев А.- устодони кафедраи
умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Терроризм хавфноктарин таҳдид аст!

Дар ҷомеаи имрӯз, ки аз дастовардҳои навину рӯйдодҳои пурфараҳ иборат аст, зиндагии басо хотирмон насиби мардум мебошад. Аммо баъзе аз афроде пайдо шудаанд, ки ҳаёти осоиштаи моро халалдор сохта, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд. Аз ин рӯ, мо новобаста аз он, ки кадом қишри ҷомеа ҳастем, бояд барои аз дасти душманони халқу миллат эмин нигоҳ доштани Ватани азизи худ ҷидду ҷаҳд намоем.

Терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ мебошад. ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гаштааст.

Рахт бастани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро аз зиндагии осоишта маҳрум месозад.

Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст.

Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонмарди ватандӯстро лозим аст, ки Ватани худро аз дасти душманону нохалафон ҳимоя намояд.

Ҳ.Ваҳҳобов,
М.Бобоев,
кормандони идораи нотариалии
давлатии вилоят

Читать далее

24 April 2019

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод

23 – юми апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои аз наздик шинос шудан бо рафти омодагӣ ба мавсими нави обрасонӣ ва ҳамчунин оғози корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Зафаробод ташриф овард. Аён аст, ки беш аз 90 фоизи заминҳои ноҳия тариқи пойгоҳҳо обёрӣ карда мешаванд. Яъне татбиқи босифати корҳои омодагӣ ба мавсим дар ҳамаи 11 пойгоҳ, 8 дастгоҳи обкашиву обтаъминкунӣ муҳим буда, 32 ҳазор гектар замини Зафаробод ва қисман заминҳои ноҳияи Деваштичу шаҳри Истаравшан аз кори борабти чунин иншоот вобастагӣ доранд.

Сараввал Раиси вилоят аз омодагӣ ва сатҳу сифати таъмиру тармими пойгоҳи ҷорӣ намудани обкашии “Мирзочӯл - 1” шинос гардид ва бо ҷорӣ намудани об мавсими имсоларо ифтитоҳ намуд.

Читать далее