April 2019

24 April 2019

Раиси вилоят намояндагони корхонаи автобусбарории “ЛиАЗ”-ро ба ҳузур пазируфт

Нимаи дуюми рӯзи 23 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони корхонаи автобусбарории “ЛиАЗ”-и Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раиси вилоят иброз дошт, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” соли гузашта ба маркази вилоят 100 адад автобуси тамғаи “ЛиАЗ” ворид карда шуд ва автобусҳо ба беҳсозии вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ мусоидат намуда истодаанд. Таъкид гардид, ки дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво дар маркази вилоят гарм аст ва дохили автобусҳо бояд ба ҳарорати муътадил таъмин карда шавад. Дар ин росто зарур шуморида шуд, ки барои таъмини ҳарорати муътадил дар дохили автобусҳо мутахассисони корхона ба шаҳри Хуҷанд ташриф оваранд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо директори Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Лин

23 апрели соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Лин мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, иҷрои уҳдадориҳои корхона, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бунёди боз як корхонаи нав баррасӣ гардид.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин нақши Корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро дар рушди иқтисодиёти шаҳри Панҷакент ва вилоят назаррас арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки  дар семоҳаи аввали соли равон дар корхонаи мазкур ба маблағи 563,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд мебошад.

Читать далее

Ярмаркаи «Интихоби мутахассиси арзанда»

Фароҳам овардани ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ҷалби шумораи ҳарчӣ зиёди бекорон аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон зикр медоранд, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бояд мутахассисони сатҳи касбияташон баланд омода шаванд. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба омодасозии мутахассисони соҳаи муҳандисӣ, техникаву технология бештар аст. Иқтидори истеҳсолии кишвар дар сурате пеш меравад, ки ин соҳаҳо рушд ёбанд.

Бо ин мақсад ҳамасола дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холии «Интихоби мутахассиси арзанда» доир мегардад.

Дар саҳни донишкада намоиши дастоварду ихтирооти устодону донишҷӯён, ҳамчунин имконият ва афзалияти 60 коргоҳи вилоят тавассути видеоролик, варақаҳо ба маъраз гузошта шуданд.

Муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов баён дошт, ки роҳбарияти донишкада сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар менамояд.

Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Натиҷаи ҳамкориҳо буд, ки донишкада назди ташкилоту муассисаҳои корхонаҳои муштараки “Ҷавонӣ”, “САТН”, “Тиниал”, “Суғдшаҳрофар - М”, бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ - 4” ва “Ассотсиатсияи АББАТ” кафедраҳои сайёри худро таъсис дод.

Чорабинии мазкур низ имконият медиҳад, ки хатмкунандагон тавассути интихоби коргоҳ роҳи худро дар зиндагӣ ҷӯё шаванд.

Дар баромадҳои Тӯра Атамов - директори шабакаҳои барқии Суғд, Нарзулло Дадобоев - муовини раиси раёсати Ассотсиатсияи “Кедр”, Зафар Охунов - директори генералии ширкати сохтмонии “Тиниал” зикр шуд, ки баргузории чунин чорабинӣ имконият медиҳад, ки ташкилоту коргоҳҳо мутахассисони ояндаро интихоб намоянд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
рӯзноманигор

Читать далее

Намаки «Экстра» чаро аз истеҳсол бозмонд?

Фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд, зеро афзудани ҳаҷми истеҳсолот ба беҳтар шудани некуаҳволии мардум боис мегардад. Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти коргоҳ мо ба заводи Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи «Намаки Ашт» рафтем.

Ба гуфти муовини директори генералии ҶСК «Намаки Ашт» Ҷамшед Ёрматов дар семоҳаи соли 2019 - ум дар маҷмӯъ қариб 290 тонна намаки техникӣ содирот шудааст, ки аз он 142 тонна ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 144,9 тонна ба Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Ин нишондод нисбат ба семоҳаи соли 2018 - ум 167 тонна зиёд аст.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Намаки Ашт» хатти истеҳсоли намаки «Экстра» бо иқтидори барориши 100 тонна намак дар як шабонарӯз фаъолият дошт. Мутаассифона, айни ҳол он аз фаъолият бозмондааст. Чаро? Сабабҳои фаъолият накардани ин хатти нави истеҳсолиро Зиёмиддин Равзалиев, сардори хоҷагии ёрирасон чунин шарҳ дод:

- Ин коргоҳ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ сохта шуда, баъди фаъолият хароҷот рӯйпӯш нашуд. Соли равон масъалаи нарасидани нерӯи барқ пеш омад. Таъминот бо барқ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Барои мисол, агар як бор барқ ба муддати ним соат хомӯш шавад, намак дар дегҳои намактайёркунӣ сахт мешавад. Лозим меояд, ки намаки шахшударо бо оби ширин шуста партофта, аз нав ба дегҳо оби шӯр пур намуда, ҷараёни корӣ аз аввал оғоз ёбад. Дар ин сурат хароҷоти истеҳсолот меафзояд. Лекин талабот барои намаки «Экстра» зиёд аст.

Ҳарчанд мутасаддиёни соҳа ба сохторҳои дахлдор оид ба ин масъала борҳо тариқи хаттӣ муроҷиат намуда бошанд, ҳам аммо то ҳол натиҷае ба даст наомадааст.

Имрӯзҳо Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Намаки Ашт» маҳсулоти худро фақат бо роҳи йодноккунӣ ва дар халтачаҳои махсус истеҳсол намуда, ба фурӯш мебарорад. Маҳсулоти коргоҳ ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.

«Намаки Ашт» то соли 2015 - ум дар озмунҳо ва намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар ҳамчун маҳсулоти беҳтарини сол эътироф гардидааст. Айни ҳол бино ба гуфти кормандони ҷамъият асосан ба сифати маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои таъминоти аҳолӣ намаки йодкардашударо пешкаш мекунанд.

Ҳангоми азназаргузаронии бозорҳо, марказҳои савдо ва мағозаҳои шаҳру навоҳӣ, мо бештар маҳсулоти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Намаки Ашт», аз ҷумла намаки оширо дидем. Дар ин раванд зимни суҳбат бо мардум дар бобати сифати намак пурсон шудем:

- Ман ба оилаи худам ҳангоми харидории намак ба халтачаи он ҳатман аҳамият дода, танҳо намаки йодноккардашударо харидорӣ мекунам. Инчунин, ба хешовандонам низ намаки йодкардашударо тавсия медиҳам, чунки он манфиати бештар дорад, - гуфт дар суҳбат Сурайё Тоштемирова, соҳибхоназан.

Донишҷӯи соли аввали Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Аҳмадҷони Толиб гуфт, ки ба харидории намак он қадар ҷиддӣ муносибат намекунад.

Мудири шуъбаи Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд Муродҷон Норматов бар он назар аст, ки аҳолӣ, алалхусус занону кӯдакон ҳатман бояд намаки йодкардашударо истеъмол намоянд, зеро он дар организм элементи йодро таъмин намуда, аз бисёр бемориҳо эмин медорад.

Аз пурсишҳо аён мегардад, ки аҳолӣ ба харидани намак, бахусус намаки йодкардашуда аҳамият медиҳанд ва манфиатовар будани онро дарк намудаанд. Аз ин лиҳоз, масъулини соҳаи истеҳсоли намакро зарур аст, ки ба масъалаҳои ҷории коргоҳ ва истеҳсоли навъҳои наву рақобатпазир таваҷҷуҳи хоса диҳанд. Дар ин самт ворид намудани технологияи нав дар истеҳсолот, ки тавассути он бо харҷи кам натиҷаи баланд ба даст оварда мешавад, ба манфиати кор аст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

23 April 2019

Магар қимат шудани нархи интернет дар доираи манфиатҳои миллист?

Боло рафтани нархи интернети мобилӣ вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Воқеият чист? Ҳадаф аз боло бурдани нарх чист ва он чӣ пайомадҳое хоҳад дошт?

Хабарнигори «Tajikistantimes» бо Илҳом Атоев, муовини сардори  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате орост, ки пешкаши хонандагон мегардад.

-Истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ аз боло рафтани нархи интернет эҳсоси нороҳатӣ мекунанд ва ҳанӯз ҳам огаҳӣ аз сабабҳои ба чунин иқдом даст задани ҳукуматро наметавонанд дарк кунанд. Шояд шумо инро шарҳ медиҳед?

Читать далее

Як қатор таъйиноти кадрӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Хуршед Исмоил сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзуллозода Файзулло муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Читать далее

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 23 апрели соли 2019 №174
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ
таъин намудани Ҳукмиддинзода Х.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад:
Ҳукмиддинзода Хайриддин Ҳукмиддин муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда шавад.

Читать далее

Завқ пешрафти ҳунари волост!

Таърихнигорон шаҳодат медиҳанд, ки тақрибан ду ҳазор сол қабл дар ҳудуди Осиёи Марказӣ гилемҳо бофта мешудаанд. Онҳо дар аввал якранг ва бепат буданд ва маъмулан барои гарм нигоҳ доштани хонаҳо истифода мешуданд. Баъдан одамон гилемро бо нақшу нигор ва рангҳо ороста, барои ороиши хона низ ба кор мебурданд.

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ ва симу зар иваз кардан ғайриимкон аст. Он зиндагии ҳар як ҳунарманди соҳибзавқро зебоиву тароват мебахшад. Имрӯз занони меҳнатдӯсту соҳибхиради деҳаҳои дурдасти вилояти Суғд дар баробари таълиму тарбияи фарзандон инчунин, барои омода намудан ва дӯхтани ҳамагуна либосҳои қадимаи миллати тоҷик машғул мешаванд. Яке аз чунин бонуи ҳунарманд, ки зодаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнист, Ҳикоят Тилабова ба ҳисоб меравад. Мавсуф бештари вақти худро барои ривоҷи сӯзанидӯзӣ, гилембофии дастӣ ва дӯхтани либосҳои миллӣ сарф мекунад.

Ҳунари дастии ин бонуи тоҷик дар зодгоҳаш паҳн гардида, барои ҳамагон мақбул гардидааст. Зикр бояд намуд, ки маҳсули ҳунарашро мизоҷонаш қадр карда, бо ӯ ҳамкорӣ менамоянд. Гилемҳои дастибоф аз матои пашми табиӣ омода шуда, барои саломатӣ фоидаовар аст. Зеро, гилемҳои омодагардида, аз пашми гӯсфандони маҳаллӣ ва нахҳо тайёр мешавад.

Аксар гилембофони ноҳияи Айнӣ аз ресмони пахтагин, ки аз пашми бузу гӯсфандон омода мешавад истифода мебаранд, зеро он аз ҷиҳати сифат хуб буда, барои истифода қулай аст. Аслан, бофтани гилеми дастӣ аз тор, пуд ва дастгоҳи заминӣ, ки дар он риштаҳои гилемро бастаанд, иборат мебошад. Қисми дигар ин тор буда, то 50 метр дарозӣ дорад ва дар ҷойи мувофиқ дар ду мехи калон дар масофаи муайян ба ҳам пайваст мешавад.

Баъдан пуди омоданамударо аз байни тор барои гилемро ба ҳам пайваст намудан гузаронда мешавад, - мегӯяд ҳунарманди чирадаст Ҳикоят Тилабова.

Дар ҳақиқат, дастони эҷодкори ин нафарро ҳангоми боздиди маҳсули эъҷодаш мушоҳида намудан мумкин аст. Зеро завқи баланд ва маҳорати ҳунармандиашро ҳар як нафар метавонад дар баробари дидан баҳо диҳад.

Гуфтан мумкин аст, ки ҳар ҳунармандро аз маҳсули ҳунарҳояш баҳо медиҳанд, ки чунин ҳолатро мо дар қаҳрамони матолиби хеш дарёфтем.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Вазифаи муқаддаси ҳар ҷавон хизмат кардан аст!

Мавсими навбатии даъвати ҷавонони кишвар ба хизмати ҳарбӣ идома дорад, ки он боиси сарбаландии мост. Ҳамин аст, ки ин рисолати муқаддасро ҷавонон бештар дарк намуда, хизмат ба Ватани азизу муқаддасамонро бо дилу ҷон мепазиранд.

Артиши миллӣ айни замон дорои шароити хуб буда, теъдоди шомилшавии ихтиёрии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба солҳои гузашта меафзояд. Ин аз дарки баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва қавииродагии ҷавонони мо шаҳодат медиҳад. Нуктаи дигаре ҳам боиси қайд аст, ки аксари падару модарон ва пайвандони даъватшавандагон барои шомилшавии онҳо ба сафи Артиши Миллӣ мусоидат намуда истодаанд.

Мутаассифона, шахсоне низ ҳастанд, ки аз иҷрои вазифаи муқаддаси хеш саркашӣ намуда, аз хизмати ҳарбӣ даргурез мешаванд. Мо – ҷавонон набояд нисбати пешомади кишвари худ бетарафӣ ва беаҳамиятӣ зоҳир намоем.

Имрӯзҳо баъзе падару модарон аз вазъияти имрӯзаи қисмҳои ҳарбӣ хабар надоранд. Тавассути васоити ахбори омма беҳбудии шароити қисмҳои ҳарбӣ ва беҳтар гардидани муносибат ба наваскарон ба эътибори волидон ва худи ҷавонон расонида мешавад.

Мо – ҷавонон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ба Сарвари давлатамон пайравӣ ва баҳри ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон софдилона хизмат менамоем. Ватану миллатро дӯст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад.

Маҳз, Ватан – Модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад. Хизмат ба Ватан – Модар қарзи ҳар як соҳибватан аст!

Яъқуб Ҳошимзода,
донишҷӯи Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Мақсад: Таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат

Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд.

Дар ин раванд ташкил ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои хурду бузург дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардида, инчунин сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида истодаанд. Чунин як иқдоми саривақтиро соҳибкори ватанӣ Алиҷон Раҳматов пеш гирифта, дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркарди равғанро таъсис дод, ки имрӯз фаъолияташро хуб ба роҳ мондааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ноҳия корхонаи нави истеҳсоли равған дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25 - солагии Истиқлолият” ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Ташкили чунин як корхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯ саривақтӣ буда, аз тарафи дигар бошад, барои таъмини бозорҳои дохилии кишвар бо маҳсулоти босифати ватанӣ мусоидат хоҳад кард. Зеро равғани истеҳсолгардида, аз маҳсулоти сирф маҳаллӣ буда, аз ҷиҳати экологӣ безарар ҳисобида мешавад.

Бино ба гуфти директори ҶДММ «25 – солагии Истиқлолият» Алиҷон Раҳматов коргоҳи мазкур, метавонад дар як шабонарӯз 65 тонна маҳсулоти хоми ватаниро коркард намояд. Иқтидори солонааш бошад, беш аз 20 ҳазор тонна пахтаро дар бар мегирад. Алҳол дар коргоҳ 16 нафар сокинони маҳаллӣ дар ду баст, бо ҷойи кори доимӣ ва шароити хуби корӣ таъмин гардидаанд. Инчунин, дар оянда дар нақша ҳаст, ки сафи коргарон то ба 25 нафар расонида шавад.

- Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад. Алҳол танҳо коркарди чигит ва кунҷора ба роҳ монда шудаасту халос. Дар ояндаи наздик мо коркарди дигар маҳсулотро низ ба роҳ мемонем. Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад, - мегӯянд масъулин. Равғани босифати растанӣ, ки дар зарфҳои аз 2 то 5 литра ҷой дода шудааст, алҳол ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд ба фурӯш бароварда мешаванд. Дар дегҳои равғаннигоҳдории корхона беш аз 70 тонна маҳсулот мавҷуд буда, рӯзҳои наздик бо номи равғани «Холис» ба фурӯш бароварда мешавад, - иброз намуд Алиҷон Раҳматов

Ҳангоми боздид маълум гардид, ки таҷҳизоти корхона замонавӣ буда, он аз ширкатҳои пешрафтаи Федератсияи Русияву Чин ворид шудааст. Маҳсулоти хомро бошад, коргоҳ аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилоят тариқи шартнома дастрас намуда, коркард менамояд.

- Имрӯз мо хурсанд аз он ҳастем, ки соҳиби ҷои кор дар Ватан ва назди хонаводаи худ зисту зиндагонӣ дорем. Миннатдории худро ба ташкилкунандаи корхона мерасонам. Таҷҳизотҳо бошанд, замонавӣ буда, машаққати зиёдро талаб намекунад. Музди маошамон хуб ва онро сари вақт мегирем, - гуфт зимни суҳбат корманди корхонаи мазкур Ворис Ҳайдаров.

Убайдулло Рустамов - сокини ноҳияи Спитамен низ аз ташкили чунин як корхона хеле хушҳол буда, миннатдориашро ба Пешвои миллат баён дошт. Имрӯз соҳибкорони ватанӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурду бузург сохта, ба истифода дода истодаанд, ки мо сокинон бе ягон муаммо дар ин корхонаҳо кору фаъолият мебарем.

Ҳадафи асосии роҳбарияти корхона ба бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо ин васила ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ равона шудааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее