April 2019

23 April 2019

ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД!

Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар Театри давлатии мазҳака мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ доир гардид. Мақсади баргузории фестивал ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ин эҳёи анъанаи ниёгон, ба танзим даровардани фурӯши маҳсулотҳои қадима ва таърихӣ, маҳсулоти миллӣ, сарҷамъ намудани мутахассисон ва нигоҳдорандагони ашёҳои қадимаю таърихӣ, бозёфт ва харидории ашёҳои аҳамияти таърихидошта буд.

Назира Ғаффорӣ иброз дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар ин замина бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир аз тарафи роҳбари давлат дастгирӣ гардида истодааст.

Дар фестивал - озмун маҳсулоти ҳунармандони касбӣ ва маҳаллӣ аз қабили кашидадӯзӣ, йӯрмадӯзӣ қолинбофӣ, сабадбофӣ, қуроқдӯзӣ, устоҳои шонасоз, кордсоз, оҳангар, сангтарош пешкаши харидорону тамошобинон гардонида шуд.

Дар бахши таоми миллӣ ва шириниҳо аз ноҳияи Мастчоҳ ҳунарманд Саломат Азизова, дар бахши беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз матоъ ва пашму пӯст Саёҳат Зиёева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бахши чӯб ва гилу гаҷ Исмоилхӯҷа Музаффаров аз шаҳри Исфара ва дар бахши истифода аз санг ва оҳан Ислом Аюбов аз шаҳри Истаравшан сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд.

Муҳтарам Мамадрасулова - ҳунарманд аз ноҳияи Ҷаббор Расулов: - Мо, ҳунармандон барои эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ ба монанди сӯзанидӯзиву қуроқдӯзӣ, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ тавонистем, пеш аз ҳама, руҳи гузаштагонро шод гардонем, маҳсули дастони онҳоро аз нав зинда карда, барои имрӯзиён муаррифӣ намоем ва насли навинро аз нозукиҳои ҳунарҳои ниёгон бохабар созем, ҳамчунин номи неки худро дар симои садҳо шогирду ҳунаромӯзон ва пайвандони хеш бубинем.

Усто Ҳайдарҷони дукчӣ аз шаҳри Исфара имрӯз хурсанд аз он аст, ки бо иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳунармандӣ дар ҳама ҷода рушд гирифта, дар мадди назари ҷомеа қарор дорад.

Ҳунарманд бештар дар дастрас кардани ашёи хом танқисӣ мекашад. Хуб мешуд, ки ҳунармандон ашёи хоми ватаниро истифода мебурданду харҷашон камтар мегашт, - андеша дорад ӯ.

Ҷойҳои намоёнро ҳунармандон аз ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан сазовор гардиданд. Шукри давлати соҳибистиқлол, ки барои давом додани касби аҷдодӣ - адрасбофӣ шароит муҳайё гашту насли навин метавонад, бо ин ҳунари ниёгон ошно шавад, барои худ шуғли доимӣ пайдо намояду дараҷаи некӯаҳволии хонаводаашро баланд бардорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзури тамошобинон гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Раиси вилоят роҳбарияти корхонаи мошинбарории “Белл”-ро ба ҳузур пазируфт

22 апрели соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти корхонаи мошинбарории “Белл”-ро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят зимни суҳбат иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноату куҳкорӣ дар мамлакат рушд ёфта, дар ин замина як қатор корхонаҳои муштарак низ фаъолияти пурсамар доранд.

Қайд карда шуд, ки ҳангоми иҷрои корҳои гуногун, махсусан истихроҷу интиқоли маъдан дар корхонаҳо, аз ҷумла дар корхонаи муштараки “Апрелевка” мошинҳои боркаши корхонаи “Белл” истифода мешавад.

Читать далее

22 April 2019

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни кишти пахта дар ноҳия шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст ба Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳия ташриф оварда, дар маъракаи кишти пахта иштирок кард. Чуноне иттилоъ дода шуд, кооперативи мазкур дорои 1598 гектар замини обӣ аст ва соли равон дар 640 гектари он пахта кишт карда мешавад. Дар кооператив ҳамчунин 368 гектар боғ мавҷуд буда, дар заминҳои боқимонда деҳқонон ғалладонагиҳо, картошка ва сабзавот коштаанд.

Читать далее

Машқҳои мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷамъбаст шуд

20 апрели соли равон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят даври ҷамъбастии машқҳои мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми ба амал омадани заминларза» баргузор гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки рӯзҳои 18 ва 19 апрел дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машқҳои мукаммал гузаронида шуда буд. Давоми ин рӯзҳо дар се марҳила тавассути панҷ бонги шартӣ дар машқ қувва, техника ва воситаҳои сохторҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягона ва хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳрҳо ҷалб гардида, ҳамоҳангии онҳо ҳангоми сар задани ҳолати фавқулода пурра санҷида шуданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

«Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “Сиситивӣ” (CCTV-русӣ), рӯзноманигорони Агентии иттилоотии “Синхуа” ва нашрияи бонуфузи “Женмин Жибао”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд.

Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ташкил медиҳад. Ҳар ду ҷониб дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории босамарро ба роҳ монда, аъзои ташкилотҳои бонуфузи олам, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи театри тобистонаи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омада, туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.

Читать далее

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии «Комбинати орди Душанбе» оғоз бахшиданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иқбол Сафаров — директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” пурра аз нав бунёд гардида, он аз чор ошёна, таҳхона ва се бино иборат аст ва бо назардошти стандартҳои муосири меъморӣ бунёд ёфтааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»-ро тасдиқ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»- ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Дар ин намуна ҳадафҳои озмун, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар тасвири манзараҳои кӯҳии кишвар, рангҳои парчам, ҳафт ситора, асбобҳо ва рамзҳои мусиқӣ, пари қалам ифода ёфтаанд.

Читать далее