April 2019

19 April 2019

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти кишти пахта дар Конибодом

Нимаи дуюми рӯзи 19 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти кишти пахта ба шаҳри Конибодом сафар намуда, раванди корҳои саҳроиро дар хоҷагиҳои деҳқонии "Сазовор" ва "Азиз" мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Тавре зимни суҳбат бо Раиси вилоят масъулини соҳаи кишоварзии Конибодом иттилоъ доданд, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти пахта муташаккилона идома дошта, то имрӯз кишоварзон дар 4800 гектар пахта коштаанд. Қайд гардид, ки имсол саҳмдорони 2500 хоҷагии деҳқонӣ ба кишту парвариши пахта машғул хоҳанд шуд ва нақшаи кишт дар шаҳр 6000 гектарро ташкил медиҳад.

Читать далее

ҲАМА ҲАСТИИ МО ФИДОИ ВАТАН!

Хизмати дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони баору номус мебошад. Ҳар сол, мувофиқи нақша дар ду мавсими сол баҳору тирамоҳ маъракаи муҳими даъватӣ баҳрӣ оғоз бахшидани хизмати ҳарбии ҷавонон доир мегардад, ки тантанаи он тамоми қаламрави ҷумҳуриро фарогир аст. Ба ин хотир бо масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ ва дуои неки падарону модарон ҷавонон ба Комиссариати ҳарбии вилоят ҳозир шуда,  бо дили гарму азми қавӣ баҳри иҷрои вазифаи муқаддас хизмати Ватан – Модар камари ҳиммат бастаанд.

Имрӯзҳо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ шароитҳои ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ буда, дар шаҳракҳои ҳарбӣ барои фаъолияти ҳамарӯзаи сарбозону афсарон тамоми лавозимоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Фиристодагони вилоят низ чун ворисони арзандаи насли дар тамоми гӯшаву канори кишвар қарзи фарзандии худро софдилона ба ҷо оварда, сазовори таҳсину офарин ва боварии ҳайатҳои фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ гардидаанд.

Даъватшавандагон, ки дар саҳни Комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъ омада буданд, ҳар яке бо рӯҳияи баланд, ифтихор аз давлату миллати хеш омодагии худро барои баҷо овардани хизмати модар - Ватан баён доштанд: 

Абдулқосим  Ҳасанов – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

-Ман Ватан ва миллатамро дӯст медорам. Ватан - Модар ин ду рукни муқаддасест, ки бидуни он, ҳеҷ фарде бо сари баланду ифтихори инсонӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Ҳар қадаре, ки давлат муқтадир ва пояи давлатдорӣ мустаҳкам бошад, ҳамон қадар ҳаёти осоиштаи шаҳрванд ва оромии осоиштаи ҷомеа бештар таъмин мегардад. Ман бовар мекунонам, ки бо масъулияти баланд хизмати худро оғоз намуда, вазифаи ба зиммаашон вогузор шударо софдилона иҷро менамоям.

Меҳрулло Мӯсоев  - даъватшаванда аз ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки баъди хатми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо хоҳиши худ ба хизмат меравам. Мо бояд ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро “нерӯи пешбарандаи кишвар” мегӯянд, сазовор бошем. Нагузорем, ки осудагиву оромии кишвари моро касе халалдор созад. Хизмат дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҷавонони тоҷик бояд бо хоҳиши худ ва амри дил, баҳри ҳимояи кишвар раванд.                                    

Нозимҷон Халлоқов - даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара:

- Воқеан Ватан барои ҳар як шахс азизу муқаддас аст. Ҳимояи марзу буми он неъмати бебаҳои таърих буда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо хоҳиши худ иқдом гирифтам, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намоям ва Ватани азизам - Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намоям. Ваъда медиҳам, ки сарбаландона хизмат намуда, бо одобу ахлоқи намунавӣ ва бо сари баланд содиқонаю софдилона Ватани азизро ҳимоя менамоям.

Абдурасул Баротов – даъватшаванда аз шаҳри Конибодом:

- Ватан азизтарин муқаддас барои ҳар як фарди бонангу худогоҳи миллат аст.  Онро касе аз таҳти дил ва мағз андар мағзи ҷон дӯст дошта метавонад, ки ифтихори баланди ватандӯстӣ дошта бошад. Садоқат ба Ватан барои инсонҳо хислати неку арзандаест, ки баҳри боз ҳам мардона ҳифз намудани марзу буми кишварамон бояд ҷаҳду талош намоем.

Бино ба гуфти Рустам Ғаниев – сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилоят имрӯз даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар мавсими баҳорона ҷараён дорад. Дарвоқеъ, аз як апрел маъракаи сафарбарии  ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Алҳол ҷавонон бештар худашон ташаббус нишон дода, ихтиёрӣ ба комиссия  ҳозир шуда, изҳор мекунанд, ки аризаашонро ба хизмати ҳарбӣ рафтан қабул намоем. Бояд қайд  кард, ки аксар ҷавонон дарк намудаанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандии онҳост. Ин бори дигар собит месозад, ки ҳисси ватандӯстию ҷавонмардии онҳо рӯз аз рӯз ташаккул меёбад, - гуфт мавсуф.

- Таъмини иҷрои нақшаи даъват дар шаҳру навоҳӣ якхела нест. Дар вилоят  аввалин шуда, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро кард. Инчунин, ноҳияҳои Зафаробод, Айнӣ ва Шаҳристон низ азм доранд, нақшаро дар муҳлатҳои кутоҳ  иҷро кунанд.  Ҳар сол вилояти Суғд дар мӯҳлати муайяншуда нақшаро сарбаландона иҷро мекунад. Алҳол наздик 48,8 фоизи нақшаи даъват иҷро шудааст. Боварӣ дорам, ки комиссариятҳои дигар шаҳру навоҳӣ маъраки даъвати имсоларо барвақтар ҷамъбаст мекунанд.

Имрӯз садҳо ҷавонмардони баору номуси диёр бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва ифтихори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан - Модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ худ ҳозир шуда истодаанд. Онҳо хуб дарк намудаанд, ки дӯст доштани Ватан дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият омода ҳастанд, ки қарзӣ ҷавонмардии худро иҷро намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Панҷакент: Роҳи Ҳафткӯл кай таъмир мешавад?

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба яке аз муҳимтарин нукта: бо эълон кардани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қалби ҳазорон мардуми дар деҳа сукунатдоштаро шоду мамнун сохтанд.

Сокинони деҳаҳои Панҷакент умед доранд, ки маҳз бо дастури Сарвари мамлакат ҳаммому сартарошхона, марказҳои хизматрасонӣ, фароғативу ҳунармандӣ ва муҳимтар аз ҳама роҳҳои зодгоҳашон таъмир ва обод мегардад.

Ҳафткӯл яке аз мавзеъҳои машҳури сайёҳӣ буда, дар Ҷамоати деҳоти Шинг, дар 75 - километр ҷанубу шарқии шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст ва тамошогоҳи ҳазорон ҷаҳонгардони хориҷиву дохилист. Имрӯз роҳи ин мавзеъ он қадар обод нест. Қисмате аз роҳҳои Ҳафткӯл бо ташаббуси сокинони деҳаи Шинг тозаву ҳамвор карда мешаванд.

Ба андешаи меҳмононе, ки аз Ҳафткӯл дидан кардаанд, аз кӯли 6 - ум то кӯли 7 - ум ҳолати роҳ тамоман хатарнок буда, на ҳама нақлиёт метавонад тариқи он ҳаракат кунад. Танҳо ронандаи бомаҳорат метавонад дар ин роҳи валангору танг нақлиётро идора намояд. Ҳамин минтақаи роҳи Ҳафткӯл мавзеи обраву селгузар буда, зуд - зуд вайрон мешавад.

Солҳои 2019 - 2021 дар кишварамон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Таъмиру таҷдиди роҳҳо ҳам ба яке аз инфрасохтори рушди сайёҳӣ дар кишвар дохил мешавад. Дарозии роҳи Ҳафткӯл зиёда аз 10 километрро ташкил медиҳад.

Панҷакент бо доштани 11 ширкати сайёҳӣ дар мамлакат, яке аз шаҳрҳои пешрафта дар бахши туризм дониста мешавад. Дар ҳоле ки гузаргоҳи сарҳадӣ бо давлати Ӯзбекистон боз гардидааст, вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон тариқи роҳи Панҷакент афзоиш хоҳад ёфт. Бинобар ин шояд ин роҳ бо ҷалби мардони саховатпешаи Ватан тармиму таъмир гардад?

Хуршед ФОЗИЛОВ,
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Ҳавсала гарон, ранги кор ҳамон?

Собиқадори соҳаи маориф ҳастам. Беш аз 50 сол мешавад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм мегузорам. Имрӯзҳо аз корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу гулу лолазор гардидани боғу хиёбон ва шафати кӯчаву роҳҳо, аз ҳама фараҳовараш ворид шудани автобусҳои мусофиркашони замонавӣ ба маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд хушнуд гардида, ба маданияти шаҳрдории роҳбарияти вилояту шаҳр пайваста миннатдорӣ баён менамоям. Лекин вақтҳои охир аз ҳолати хизматрасонии автобусу микроавтобусҳо ва рафтори баъзе сокинони вилоят, ки ба заҳмати кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр хунукназарона рафтор менамоянд, водор намуд, ки қалам ба даст гирифта, андешаҳои хешро рӯи коғаз оварам.

Вақте автобусҳои замонавии зебо ба шаҳри Хуҷанд ворид шуданд, хурсанд гаштем, ки акнун хизматрасонӣ ва маданияти мусофиркашонӣ аз ҷониби ронандагони ботаҷрибаи ба таври озмун пазируфташудаи КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» баланд мегардад. Зеро мардуми шаҳр солҳост, аз бенизомии гаштугузор ва ба қоидаҳои роҳу фаровардани мусофиронро риоя накардани ронандагони микроавтобусҳо дар дохили шаҳр дилгир гашта буданд. Онҳо ба қавле «худашон шоҳу табъашон вазир» дар куҷое, ки хоҳанд нигоҳ дошта, одам мегирифтанду дар куҷо мусофирон манъ кун гӯянд, медоштанд.

Имрӯзҳо хушбахтона, бо дастгирии роҳбарияти вилоят сад автобуси боҳашамати замонавӣ ворид гардида, дар ҳафт хатсайр ба сокинону меҳмонони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хизмат мерасонанд.

Лекин мушоҳида кардам, ки ронандаҳои онҳо ҳам ба монанди микроавтобусҳо дар ҷойҳое хоҳанд мошинро манъ намуда, мусофиронро мегиранду мефароранд. Имрӯзҳо дар дохили шаҳр беш аз даҳ истгоҳи замонавии зебо бунёд гардида, боз истгоҳҳои дигар дар бари кӯчаҳои марказии шаҳр сохта шуда истодаанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани маданияти хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Ҳаминро бояд зикр намоям, ки дар ҳақиқат ба меҳнату заҳмати кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дилам месӯзад.

Зеро вақтҳои охир бинобар идомаи сохмони истгоҳҳои нав дар кӯчаи марказии шаҳр - паҳлӯи хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ дар гардишгоҳи чорроҳаи маҳаллаи 20 - ум, поёнтари мағозаи «Раҳимӣ» автобусу микроавтобусҳо истгоҳи муваққатӣ ташкил кардаанд, ҳангоми фаромадан ва баромадани мусофирон ба автобусу микроавтобусҳо ҳатман онҳо дар шафати роҳ гулҳои шинонидаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки зеби мавзеъанд, хоҳ нохоҳ зер карда мегузаранд. Ба фикрам, бисёр гуноҳи азим заҳмати кормандонро қадр накардан ва ин нишонаи коҳиш ёфтани маданияти шаҳрдорӣ мебошад. Инчунин, ин истгоҳи муваққатӣ ба гаштугузори дигар нақлиётҳо дар чорроҳаи мазкур халал эҷод менамояд.

Боз муаммои дигар якбора аз байн рафтани чиптаи роҳкиро дар автобусҳо аст. Боварии комил дорам, ки бе ин амал ҳар рӯз чанд ҳазор маблағ ба хазинаи коргоҳ ворид нашуда, роҳгум мезанад. Бепарвоии дигар аз тарафи роҳбарияти муассисаи нақлиёти мусофиркашони шаҳр он аст, ки кор накарда, аллакай ҳавсалаашон магар пир шудааст. Зеро мардум вақти бештари хешро дар интизори автобусҳо гузаронида, гоҳо маҷбур мешаванд, аз баҳри онҳо баромада, ба микроавтобусҳо ё таксиҳо савор шаванд. Роҳбарияти муассисаи мазкур ва шахсони масъул бояд бобати ин муаммоҳои ҷойдошта чораҳо андешанд.

Маҳмадназир АҲМАДОВ,
Корманди шоистаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Франсия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз имкони навбатии дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, доир ба нақшаву ниятҳои тақвиятбахши муносибатҳои шарикии дуҷонибаву бисёрҷониба табодули афкор намуданд.

Читать далее

АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Аз маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва ба истифода супурдани киштии рамзӣ - тарабхонаи «Темурмалик» дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилоятро басо хушнуд гардонд. Номи қаҳрамони халқи тоҷикро гирифтани ин ду мавзеи сайёҳию истироҳатӣ идомаи тадбирҳои созанда баҳри шукуфоии кишвари азизамон мебошад. Дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта ба истифода додани тарабхонаи барҳавою замонавӣ ва минтақаи истироҳатию сайёҳӣ дар ҷазира боис мегардад, ки минбаъд аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон барои фароғати хеш аз онҳо пурсамар истифода намоянд.

Чаро мавзеъҳои сайёҳию фароғатӣ Темурмалик номгузорӣ шуд? Темурмалик кист ва барои халқи худ чӣ хизмати арзанда кардааст? Оё мо ин шахсияти таърихиро мешиносем?

Пайгири суолҳои худ ба авроқи рангини таърих назар андохта, дар ин бора чанд нафарро пурсон шудем.

Саҳифаҳои дурахшони таърих

Таърих гувоҳ аст, ки шаҳри Хуҷанд монанди чандин шаҳрҳо ва ноҳияҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон таҳти ҳуҷуми бегонагон, аз ҷумла Чингиз қурор гирифта буд. Дар он ҷо аз тарафи султон Муҳаммад дастаи аскарии муҳофизат гузошта нашуда буд. Бинобар он ҳокими Хуҷанд - қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба хубӣ медонист, ки агар ватан аз даст рафта поймоли суми аспони душман шавад, ӯ зинда намемонад ва агар зинда монад ҳам, бономусона ва қаҳрамонона дар сафи ҷанги мудофиаи Ватан кушта шудан ҳазор бор аз он гуна зиндагонии сарпарастона, асирона ва беномусона беҳтар аст. Бинобар ин ӯ қарор дод, ки ба ҳар роҳе, ки бошад, ба қадри қувват ва имкон дар мудофиаи Ватан кӯшиш намояд.

Темурмалик барои иҷрои ин мақсади худ атрофи шаҳри Хуҷандро аз назар гузаронида, дар миёни оби дарёи Сир ҷазираеро ёфт, ки дар он ҷо қалъае сохтан мумкин буд. Ӯ пеш аз ҳама, мардуми Хуҷандро сафарбар намуда, дар он ҷазира барои бунёди як қалъаи мустаҳкам оғоз кард. Ҳарчанд шаҳри Хуҷанд қалъаи мустаҳкаме дошта бошад ҳам, назар ба фикри Темурмалик бо одами кам ба он қалъа ворид шуда, дар муқобили чингизиён муддати дароз истодагарӣ намуда, ҷангидан мумкин набуд. Чунки онҳо бо аскари бисёр қалъаи хушкиро дар муҳосираи сахт гирифт, бо манҷаниқҳои калон (асбоби сангандозии замони қадим), ки ягона яроқи қалъагирии он замон ба ҳисоб мерафт, шаҳр ва деворҳои вайро хароб карда, зарфҳои пурнефтро оташ задаю ба шаҳр андохта, сӯхторҳо ба амал меоварданд.

Аммо қалъае, ки Темурмалик дар миёни об сохтан мехост, аз хавфи манҷаниқ ва оташи нефт дар амон буд. Зеро бинобар аз хушкӣ дур будани қалъаи обӣ, сангҳо ва зарфҳои пурнефт, ки аз канор андохта мешуданд, ба вай намерасиданд.

Мақсади Темурмалик аз сохтани қалъаи обӣ ва пур кардани вай бо озуқа он набуд, ки дар даруни қалъа аз ҳуҷуми муғулони эмин бинишинад, балки мақсади ӯ аз ин кор ба он такя карда, бо душман ҷангидан ва ба қадри имкон ва қувваи худ аз муғулони ваҳшии хунхор интиқом кашидан буд. Вақте ки муғулҳо ба муқобили ин сангари мудофиакунандагони Хуҷанд чорае наёфтанд, ба ин фикр омаданд, ки бар рӯи оби дарёи Сир садде сохта, ба ин васила худро ба ҷазира расонанд. Онҳо бо ин мақсад хеле асирони ҳарбиро водор намуданд, ки аз кӯҳ санг кашонда садд бисозанд. Аскарони Темурмалик барои бетаъсир кардани тири душман рӯи киштиҳои худро бо намад пӯшида, бо гил андова намуданд. Онҳо шабона ва субҳдам бо чунин киштиҳо ба соҳил наздик шуда, ба лашкари истилогарон ҳамла меоварданд ва садди онҳоро вайрон карда пас мегаштанд. Корнамоии Темурмалик ҳангоми якка мондани худ ва дар дақиқаҳои охирини умр низ зада аз по афтонидани чанд ҷангии муғул ба назар мерасад. Аз камарбанди ӯ дарёфтани як мушт хоки ватан ва васиятномаи ӯ нишонаи олии ватандӯстию ватандорист.

Воқеан, қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Онҳо бо вуҷуди хеле кам будани қувваи худ муборизаро ба муқобили қӯшуни пуршумори душман қатъ накарданд. Бино ба сабаби шикастнопазирию далериаш муғулон Темурмаликро Ирвес - Паланг меномиданд. Ва месазад, ки номи ин қаҳрамони халқи тоҷикро абадан дар хотир нигоҳ дорем.

Баъд аз 800 сол

Санаи 31-уми марти соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатӣ воқеъ дар мавзеи Сартӯқайи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба хотири гиромидошти қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба истифода дода шуд. Маҷмаа «Ҷазираи Темурмалик» унвон дошта, он дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфтааст.

Ҳудуди панҷгектараи ҷазира имрӯз он қадар ободу зебо шудааст, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ин мавзеъ барои ташкили парваришгоҳи махсусгардонидашудаи мурғи даштӣ (тазарв), моҳӣ, бунёди инфрасохторҳои лозимӣ ва дидбонгоҳи экологӣ аз ҳисоби заминҳои дарёи Сир бунёд ёфта, ба мавзеи тамошобобу истироҳатӣ табдил гаштааст. Барои гузаштан ба ҷазира ҳар сайёҳро лозим меояд, ки бо заврақ дарёро убур намояд ва тавассути ду истгоҳ (пантон) вориди ҷазира гардад. Алҳол чаҳор заврақи намуди «Меркурий» аз кишвари Олмон харида шуда, омодаи хизмат аст. Баробари наздикшавӣ ба ҷазира манзараи нотакрори табиат, дидбонгоҳи экологӣ, мизу курсиҳои аз чӯби дарахтон сохташуда, роҳравҳои гулпӯш, шипангҳои бо санъати миллӣ ва чӯбҳои табиӣ орододашуда, ҷӯи пуроби аз оби дарё ҷоришаванда, бинои истироҳатӣ ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ пеши назар ҳувайдо гашта, қалби кас моломоли шодиву сурур мегардад.

Афсона ё ҳақиқат?

Нахуст таваҷҷуҳи бинанда ба он равона мегардад, ки тавассути дидбонгоҳи экологӣ, ки дар баландии 15 метр ҷой гирифтааст, табиати гирду атрофи соҳили дарё аҷаб зебову нотакрор метобад. Оби гоҳ орому гоҳи дигар хурӯшони дарёи пурасрори Сир, заминҳои ҳосилхезу хуррам, кӯҳи Мевағул, мавзеъҳои ободи Хуҷандшаҳр табиати афсонавиро ба худ гирифтааст.

Обҳавзи сунъӣ барои парвариши моҳиҳои хушзоти анбари сафед, алоча, пешонапаҳни сафед ва дигар намуди моҳиҳо дар назар дошта шуда, алҳол 1300 моҳӣ дар обҳавз парвариш ва нашъунамо меёбанд. Дар наздикии обҳавз ҷой барои нишастану тамошо кардани моҳиҳо аз чӯб сохта шудааст, ки инъикосгари санъати миллии тоҷикона мебошад.


Дар қафаси калони декоративӣ, ки паҳноиаш 50х9 метр аст, мурғи даштӣ - тазарви сирдарёӣ нигоҳдорӣ ва парвариш ёфта, алҳол теъдодашон ба беш аз 130 адад мерасад. Масъулини парваришгоҳ ба он ақидаанд, ки минбаъд парвариши ин намуди парранда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, теъдодашон меафзояд. Дар назди қафас ҳайкали мурғи тазарвро ҷой додаанд, ки бовиқор истода, ҳамҷинсонашро дидбонӣ менамояд. Ҳамчунин, дар ин мавзеъ алҳол наздик 30 адад мурғи марҷон ва 20 адад ғоз низ парвариш меёбанд.

Бинои истироҳатии ташрифоварандагон ҳаматарафа оинабандӣ гардида, манзараи гирду атроф ба хубӣ аз он ҷо намоён аст. Ҳамчунин, ҳар истироҳаткунанда метавонад аз зебогии гирду атроф баҳраманд гардида, дар як вақт дар толори нишаст маърака ва маҷлисҳо баргузор намояд, аз хизматрасониҳои нуқтаи санитарӣ баҳраманд шавад, дар роҳаткурсиҳои чӯбини табиӣ ва шипангҳои аз чӯбҳои гуногун сохташуда нишаста, истироҳати бофароғат гузаронад. Масъулини Маҷмаа бар он ақидаанд, ки дар оянда истироҳаткунандагон аз хӯрокҳои хуштаъми дар танӯру оташдон пухташудаи ошпазҳои моҳир чашида, ба санъати баланди таомпазии миллии тоҷикона баҳои баланд хоҳанд дод.

Табиати атрофи истироҳатгоҳ, ҳатто шабона, тамошобобу нотакрор аст, зеро парваришгоҳ бо барқ таъмин буда, сутунҳо бо таҷҳизоти равшанидиҳанда таъминанд. Ҷӯи аз мобайни ҷазира ҷойгиршаванда бо сангҳои сой оро дода шуда, аз болои он пули декоративӣ роҳро ҷониби дигар пайванд месозад.

Ибрат ба имрӯзиён

«Ҷазираи Темурмалик» унвон доштани маҷмааи истироҳатии навбунёд мардуми вилояти Суғд, бахусус сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Fафуровро шод гардонд. Зеро тавассути он таърихи наздик 800 - солаи халқи тоҷик бори дигар ба ҳамагон муаррифӣ гардид. Насли навин дарк намуданд, ки гузаштагони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои пеш баҳри ободию озодӣ ва зиндагии осоиштаи мардум ҷонфидоӣ намудаанд. Ба номи ин қаҳрамони халқи тоҷик гузошта шудани макони фароғатии нав- бунёдро сокинон чунин пазируфтанд.

Умринисо Шарифова - собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Чиҳил сол инҷониб ба шогирдон дарси ватандорию ватанпарастӣ меомӯзам. Барои меҳнатдӯсту меҳанпараст ба воя расидани фарзандони мардум овардани воқеаҳои таърихӣ, нақли рӯйдодҳои муҳим барои мо, таълимдиҳандагон хеле зарур аст. Дар баробари ҷонбозиҳои Деваштич, Восеъ, Муқаннаъ, Томирис ва Шераку Спитамен фидокориҳои қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро ҳамарӯза ба таълимгирандагон нақл менамоям. Зеро тавассути он метавон дар замири хонандагон хислатҳои фидокорию далерӣ, қаҳрамонию ҷасурӣ ва сабуру устувор ба қавли худ буданро тарбия кард. Таърих гувоҳ аст, ки дастаи мусаллаҳонаи чингизиён ба шаҳри Хуҷанд ҳуҷум овардаанд. Яке аз ватандӯстон, ки то имконияти охирин ба чингизиён муқобил истод, Темурмалики қаҳрамон буда, дар канораҳои қисми охири дарёи Сир - наздикиҳои кӯли Арал дар ҷазирае бо ҷанговарони худ маскун гирифта, мардонавор ҷангид. Зикри қаҳрамониҳои хуҷандиёнро бо роҳбарии Темурмалик дар асарҳои таърихнависон Ибни Асир, Минҳоҷ Сироҷ ал - Ҷузҷонӣ, Шаҳобуддин ан - Насавӣ, Герман Вамберӣ, В.В.Бартолд, А.М.Беленитский, Мирзо Улуғбек, Мирхонд, Хондамир, таърих-нигорони тоҷик Зариф Раҷабов, Бобоҷон Fафуров, Ҳасанбой Шарифов, Назирҷон Турсунов ва дигарон мутолиа намудан мумкин аст. Зиёда аз ин аз аҳли адаби тоҷик Садриддин Айнӣ аввалин нависандаест, ки очерки таърихии “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” - ро навиштааст. Мухтор Ашрафӣ мусиқии балети худро бо номи “Темурмалик” эҷод намуда, баъдтар бо номи “Шамшер ва муҳаббат” такмил додааст. Адибон Сотим Улуғзода драмма ва Ҳақназар Fоиб манзумаи “Темурмалик” - ро навишта, қаҳрамониҳои тоҷикписаронро васф кардаанд. Аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони сайёҳие бо номи “Ҷазираи Темурмалик” ба фаъолият шуруъ кардааст. Гумон меравад, ки ин ҷазира айнан ҳамон ҷоест, ки наздик 800 сол қабл яке аз ҷонфидоён ба муқобили чингизиён ҷангида буд. Бигзор ин макони таърихӣ ёд аз гузашта оварда, барои имрӯзиён дарси ибрат бошад.

Назира Рустамова - сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров:

- Духтараки хурдсол будам. Падарам дар мавзеи Сартӯқайи кунунӣ, ки он вақт бо номи Арал машҳур буд, замини шолӣ доштанд. Гоҳ - гоҳ барои хабаргирии нашъунамои шолӣ ва оби он ба падарам ҳамроҳӣ мекардам. Он кас низ хурсандона маро ба сари замин, ки «шолипоя» мегуфтем, гирифта мерафтанд ва маро дар саргаҳи замин гузошта, худ андармони кор мешуданд. Азбаски ҳаво гарм ва замин тасфон буд, камина баъди андаке нишастан зиқ мешудам ва гирду атрофро тамошо карда, бо суолҳои бешумор ба падарам муроҷиат менамудам. Вақте дар бораи чаро дар мобайни дарё ҷо гирифтани хушкӣ пурсон мешудам, падарам дар баробари қиссаву ҳикоятҳои дигар воқеаи бароям аҷиберо нақл карданд. Назар ба гуфти он кас замоне дар ин хушкӣ Темурмалик ном писари қаҳрамон ба зидди душман ҷангида будааст. Ҳангоми нақли падарам дар бораи сохтани 12 киштии филмонанд, задухӯрдҳои хунин, аз кӯҳи Муғул сангкашонии асирон, қатли ом ёфтани аҳолии шаҳри Хуҷанд, ваҳшонияти муғулҳо ва дигар воқеаҳо нақл мекарданд, мани хурдсол бемуҳобот ҳунгосзанон мегиристам. Падарам барои тасаллои мани гирён дар бораи қаҳрамониҳои Темурмалик нақлҳои ҷолиб мекарданд. Калимаҳои «қодирандоз» ва «қадарандоз» - ро аз забони падар бори аввал шунида ба ҳайрат афтодам ва маънои онҳоро пурсон шудам. Аз нақли падар маълум шуд, ки ҳар ҷанговареро, ки сахттарин камонҳоро кашида тавонад, «қодирандоз» ва тираш ҳеҷ хато нахӯрад, «қадарандоз» мегуфтанд. Ба ин маънӣ Темурмалик ҳам қодирандоз ва ҳам қадарандоз буд. Зиёда аз ин аллакай медонистам, ки дар ин хушкӣ, ки номаш ҷазира будааст, писари Темурмалики қаҳрамон зиндагӣ кардаву бо падараш мулоқот оростааст.

Воқеаҳои шунидаам то ҳанӯз дар хотирам нақш бастааст. Хотиротам дар бораи ҷазира ва воқеаҳои ба вуқуъпайваста он гоҳ варақгардон шуданд, ки ташрифи Президенти мамлакатро ба ин макони таърихӣ дидам. Ба мавзеи истироҳатию саёҳатӣ табдил шудани ҷазира ва номгузории он ба номи ин абармарди қаҳрамон боиси ифтихори мо, сокинони гирду атрофи ҷазира аст.

Алексей Грачев - намояндаи Донишгоҳи зоологии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон:

- Мо, як гурӯҳ намояндагони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Русия барои иштирок дар семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ» меҳмони тоҷикистониён шудем. Аз табиати мафтункунандаю биҳиштосо ба ростӣ, ба қавле қариб ки мадҳуш мешудам. Тоҷикистонро чунон зебою афсонавӣ дарёфтам, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. «Баҳористон» - и тоҷикистониён дар ҳақиқат баҳореро мемонд, ки бо тамоми ҳусну тароваташ ҷило медиҳад. Давоми чанд рӯзи дар ин кишвари ободу соҳибистиқлол меҳмон будан, дарёфтем, ки беҳуда тоҷиконро тоҷдор намегуфтаанд. Дар баробари истироҳату фароғат карданамон аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии ин кишвар аз «Ҷазираи Темурмалик», тарабхонаи «Темурмалик», роҳи танобӣ ва дигар мавзеъҳо дидан карда, аз насими дарёи Сир шамидем, таомҳои лазизи тоҷикона тановул кардем, дар шипангҳои бо санъати миллӣ орододашуда нишаста истироҳат намудем. Бароям бахусус, шабонгаҳ, вақте ки тавассути дидбонгоҳ табиати атрофи шаҳрро тамошо мекардем, писанд афтод. Шамоли серуни баҳорӣ ҳамнавои мавҷзании дарёи пурасрор гашта, табъамонро шод мекард.

Абдумуталиб Шафиев - донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ:

- Азбаски дӯстдори соҳаи сайёҳӣ ҳастам, ҳар гоҳ тавассути заврақ ба он соҳили дарё мегузарам ва зиндагии худро рангин мегардонам. Замоне ҷазирае, ки ҳоло обод шудааст, макони нообод ва пур аз рустаниву алафҳои худрӯй буд. Хушбахтона, ба шарофати соҳибистиқлолӣ ин ҷо ба мавзеи парвариши паррандаю моҳӣ ва минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Бигзор ин макони алҳол зебою обод ёд аз Темурмалики қаҳрамон оварад ва мо, ворисони арзандаи ин ҷавонписари далеру шуҷоъ гардем. Зиндагиномаи ӯро омӯзем, сармашқи кору фаъолияи худ қарор диҳем ва барои ободии кишвари худ саҳмгузор бошем.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

18 April 2019

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳо баргузор шуд.

Зери Изҳоротии муштараки Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 17 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар вохурии ҳайтаҳои васеъи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид.

Читать далее

Ватан аз мост, онро ҳифз бояд кард!

Дар даъвати баҳоронаи имсола, то ин дам 16 нафар фарзандони хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ бо хоҳиши хеш барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар равона гардидаанд!

Имрӯзҳо дар қаламрави вилоят маъракаи гусели наваскарон бо тантана идома дорад. Аз ҷумла, имрӯз дар майдони назди Комиссариати ҳарбии вилоят ҷавонони синни даъватии шаҳру навоҳии вилоят бо хоҳиши худ ҷамъ омада, барои хизмат ба Ватан равона гаштанд. Хурсандии ҷавонони далеру шуҷоъро аз рақсу бозӣ ва суханҳои ватандӯстонаашон дарк намудан мумкин буд, зеро онҳо бо як эҳсоси баланд мегуфтанд, ки хизмати Ватан – Модар вазифаи мо - ҷавонмардон аст.  

Алҳол маъракаи сафарбаркунӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят суст ҷараён дошта, то 18 - уми апрели соли равон 45,3 фоизи  нақша таъмин гардидааст.

Бархе ҷавонон хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф меҳисобанд. Тибқи иттилои масъулини соҳа то ин дам 16 нафар фарзандони ашхоси соҳибмансаб баҳри хизмат ба Ватан сафарбар гардиданд. Мо бо чанде аз ин наваскарон ҳамсӯҳбат гардидем.

Бахтиёр Нодиров – наваскар аз ноҳияи Айнӣ гуфт, ки имрӯз бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардида, барои давлати соҳибистиқлолам хизмат хоҳам кард. Ман аз оилаи хизматчии давлатӣ буда, хатмкардаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳастам. Пас аз хатм чанд муддат дар Бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудам. Хостам, қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро адо намоям. Бояд ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар барои ҳимояи марзу буми Ватани азизи хеш содиқона хизмат намояд, Ватани аҷдодии худро бо тамоми ҳастияш аз дилу ҷон дӯст дошта, ба ҳимояи он доимо тайёр бошад,  зеро ояндаи Ватани азизамон дар дасти мо, ҷавонон аст.

Абдулқосим Ҳасанов корманди шабакаҳои барқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аз суханронии ҷавонони далеру шуҷои Ватан тариқи оинаи нилгун илҳом гирифта, барои хизмати Модар – Ватан омода гардидааст. Ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносии ин ҷавони далеру шуҷоъ буд, ки софдилонаву ҷавонмардона баҳри хизмати Модар – Ватан ва қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овардан камари ҳиммат бастааст. Ӯ мегӯяд, ки имрӯз дар қисмҳои низомӣ барои хизмати сарбозон ҳамаи шароитҳо муҳайё аст.

Шаҳбоз Аминов – даъватшаванда аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – зимни сӯҳбат гуфт, ки  фарзанди хизматчии давлати буда, имрӯз худи ӯ ба хизмати Модар - Ватан рафта истодааст. Ҳимояи марзу буми кишвар  вазифаи  мардон аст  ва инсон дар хизмати ҳарбӣ қадри сарзамин, обу хоки он,  қадри падару модарро дарк мекунад. 

         Ватан бар ман азизӣ ҳамчунонебартанамҷонам,

         Ба ҷузнафъиватанчизидигарроманнамедонам.

         Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳдупаймонам,

         Тамоми ҳастиям пайваста бо ту, эй Ватанҷонам!

Ман  ният доштам, ки баъди хатми мактаби миёна хизмати Ватанро иҷро намоям. Шукр мекунам, ки дар қатори дигар ҷавонон ман низ соҳиби номи пуршарафи сарбоз мегардам,- мегӯяд ӯ.

Аҳлиддин Ҷабборов, бо дуои неки волидайн хизмати Модар - Ватан рафта истодааст. Ҳимояи марзу буми кишвар  вазифаи  мардон аст  ва инсон дар хизмати ҳарбӣ   қадри сарзамин, обу хоки он ва қадри падару модарро дарк мекунад.  Ман  ният доштам, ки баъди хатми мактаби миёна хизмати Ватанро иҷро намоям. Шукр мекунам, ки дар қатори дигар ҷавонон ман низ барои ҳимояи марзу буми Ватан омодаам,- мегӯяд ӯ.

Инчунин,  зикр намуд, ки ин сарзамин  Ватани мост, мо ҳимоя накунем, каси дигар  ҳимоя намекунад. Бояд мо, ҷавонони бонангу номус нагузорем, ки ҳама гуна ифротгароён тинҷиву оромии миллати моро халалдор намоянд. Бояд бар зидди онон мубориза бурда,  Ватани азизи хешро ҳимоя намоем.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ПИРӮЗИИ “ХУҶАНД” БАР “ДОРДОЙ”

 

 

 

Виталий Левченко мураббии нави бошгоҳи «Хуҷанд» - и шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро бо пирӯзӣ оғоз намуд. Ин дар ҳолест, ки Нӯъмон Юсуфов мурабби пешинаи ин даста, бинобар нокомиҳои охири даста, ки дар бозии аввали гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё(КФО) – 2019 бар дастаи «Истиқлол» - и Душанбе ва дар Лигаи олии кишвар аз дастаи «Истаравшан» - Истаравшан ба амал омада буд, аз вазифаи мураббигиаш озод гардида, ба ҷояш Виталий Левченко собиқ - бозингари дастаи “Хуҷанд” ва тими миллии кишвар таъин гардид.

Дар вохӯрии даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) - 2019  дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд  дар майдони худ дастаи “Дордой” - и Ҷумҳурии Қирғизистонро қабул намуд. Вохӯрии байни дастаҳо дар варзишгоҳи “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир гардид. Дар ин вохӯри ҳарду ҷониб бозии хуб нишон дода, нахуст Бекжан Сагинбаев футболбози дастаи меҳмонон ҳисоби бозиро дар дақиқаҳои  17 – ум кушод. Пас аз бозигузориҳои зиёд дар қисми аввали бозӣ ҳамлагари шинохтаи дастаи  “Хуҷанд” Дилшод Восиев ҳисоби бозиро тағйир дода, қисми аввалро бо мусовӣ хотима намуданд. Бахт ба рӯи дастаи «Хуҷанд» хандид.

Дар дақиқаи 63 - юми бозӣ Дилшод Восиев голи дуюми дастаро ба нишон расонида, дар номи худ «дубл» - ро сабт намуд . Футболбозони дастаи «Хуҷанд» бо бозии зебои худ ҳар лаҳза ба ҷаримагоҳи ҳариф ворид гардида, хатарҳои зиёдро эҷод мекарданд. Ниҳоят, дар охирҳои қисми дуюми бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 89 – ум аз ҷониби дастаи меҳмонон қоидаи бозӣ вайрон гардида, довари ҳиндустонӣ зарбаи ҷаримавии 11- метраро пешниҳод намуд. Ҳамлагари дигари дастаи мизбон Ҷаҳонгир Эргашев аз ин зарба голи сеюми дастаашро ба самар расонида, пирӯзии “Хуҷанд” - ро таъмин намуд.

Пас аз ин бошгоҳи “Хуҷанд” бо се имтиёзи ба даст овардаи худ дар гурӯҳи «D» ба зинаи дуюм роҳ ёфт.  Зинаи аввали ҷадвалро дастаи дигари кишвар дастаи “Истиқлол” – и Душанбе бо касби 4 имтиёз соҳиб гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки шогирдони Виталий Левченко дар майдони худ санаи 30 – юми апрели соли равон дар даври сеюми бозӣ бо дастаи “Алтин – Асир” - и Туркманистон майдондорӣ мекунанд. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Читать далее